Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 74

Марди нотарс

Марди нотарс

БУБИН, ки чӣ тавр мардум ба ҳоли ин ҷавонмард механданд. Ту медонӣ, ки ӯ кист? Ӯ Ирмиё — пайғамбари хеле машҳури Яҳува аст.

Каме баъдтар аз оне, ки шоҳ Йӯшиёҳу ба вайрон кардани бутҳо дар мамлакат сар кард, Яҳува ба Ирмиё мефармояд, ки пайғамбари Ӯ шавад. Ирмиё бошад, фикр мекард, ки вай барои пайғамбар будан хеле ҷавон аст. Лекин Яҳува мегӯяд, ки Ӯ худ барояш кӯмак хоҳад кард.

Ирмиё ба исроилиён мерасонад, ки ба рафтори бадашон хотима диҳанд. «Худоёне, ки халқҳо ба онҳо ибодат мекунанд, козибанд» — мегӯяд ӯ. Аммо аксари исроилиён бутпарастиро аз ибодат ба Худои ҳақиқӣ — Яҳува афзалтар медонистанд. Вақте ки Ирмиё ба одамон мегуфт, ки Худо онҳоро барои бадкориҳояшон ҷазо хоҳад дод, онҳо ба ҳоли ӯ механдиданд.

Солҳо мегузаранд. Йӯшиёҳу мемирад ва баъд аз се моҳ писари вай Еҳӯёқим ба тахти подшоҳӣ менишинад. Ирмиё ба огоҳ кардани мардум давом медод: «Агар ба бадкориҳои худ хотима надиҳед, Ерусалим валангор хоҳад шуд». «Барои ин суханҳо ту бояд кушта шавӣ!» — фарёд мезананд коҳинон. Онҳо Ирмиёро дастгир мекунанд. Баъд ба мирони Исроил рӯ меоранд: «Ирмиё сазовори ҳукми қатл аст, чунки бар зидди шаҳри мо сухан мегӯяд».

Акнун Ирмиё чӣ кор мекунад? Ӯ наметарсад! Ӯ ба ҳамаи онҳо чунин мегӯяд: «Яҳува маро барои гуфтани ин суханҳо фиристодааст. Агар шумо роҳҳои худ ва корҳои бади худро ислоҳ накунед, Яҳува Ерусалимро валангор хоҳад кард. Дар хусуси ман бошад, инро бидонед: агар маро кушед,— шумо бар хуни бегуноҳ зомин хоҳед буд».

Он гоҳ мирон Ирмиёро зинда гузоштанд, исроилиён бошад, рафтори бади худро тағир надоданд. Дертар, подшоҳи Бобил Набукаднесар бар зидди Ерусалим ба ҷанг мебарояд ва охиран исроилиёнро ғуломи худ карда, ҳазорон нафари онҳоро ба Бобил мебарад. Тасаввур бикун, ки исроилиён дар чӣ аҳвол буданд; мардуми бегона онҳоро аз хонаҳояшон гирифта, ба ғарибӣ бурданд!