Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 76

Ерусалим валангор мешавад

Ерусалим валангор мешавад

АЗ ОН вақте ки Набукаднесар беҳтарин донишмандони исроилиро ба Бобил бурд, 10 сол сипарӣ гашт. Бубин, ки акнун чӣ ҳодиса рӯй медиҳад. Ерусалим оташ зада шуд. Ва исроилиёне, ки кушта нашуданд, ба асирӣ ба Бобил бурда мешаванд.

Ба хотир овар, ҳамон тавре шуд, ки пайғамбарони Яҳува огоҳ карда буданд: агар мардум аз роҳҳои бади худ нагардад, Ерусалим нобуд хоҳад шуд. Лекин исроилиён ба пайғамбарон гӯш надоданд. Онҳо ба ҷои ибодат кардани Яҳува, ба бутпарастӣ идома медоданд. Бо ин сабаб, ин одамон ба ҷазо сазовор буданд. Мо аз ин бохабарем, зеро ки пайғамбар Ҳизқиёл дар бораи бадкориҳои исроилиён ба мо нақл мекунад.

Ту медонӣ, ки Ҳизқиёл кист? Ӯ яке аз ҷавонмардоне аст, ки шоҳ Набукаднесар 10 сол пеш аз хароб гардидани Ерусалим ба Бобил бурда буд. Дониёл ва се дӯсти ӯ — Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ҳам ба Бобил дар ҳамон замон бурда шуданд.

Ҳангоме ки Ҳизқиёл ҳанӯз дар Бобил буд, Яҳува ба ӯ корҳои бадеро, ки дар Ерусалим, дар маъбад рӯй медоданд, нишон медиҳад. Яҳува ба воситаи мӯъҷиза ин корро мекунад. Ҳизқиёл воқеан ҳанӯз дар Бобил аст, лекин Яҳува ба вай ҳар чизеро, ки дар маъбад ба амал меояд, нишон медиҳад. Ва он чизе, ки Ҳизқиёл мебинад, мудҳиш аст!

«Корҳои зишти нафратангезеро, ки онҳо дар ин ҷо мекунанд, бубин,— мегӯяд Яҳува ба Ҳизқиёл,— ба нақшҳои мору ҳайвоноти дигар, ки дар деворҳоянд, нигар. Ва исроилиёнро бубин, ки ба онҳо саҷда мекунанд!». Ҳизқиёл ин рӯйдодҳоро мебинад ва менависад.

«Оё ту он чиро ки сарварони Исроил пинҳонӣ мекунанд, дидӣ?» — мепурсад Яҳува аз Ҳизқиёл. Бале, Ҳизқиёл инро ҳам мебинад. Дар он ҷо 70 марданд, ки ба худоёни козиб ибодат мекунанд. «Яҳува моро намебинад. Ӯ ин сарзаминро тарк кардааст» — мегуфтанд онҳо.

Баъд Яҳува ба Ҳизқиёл чанд занро дар назди дарвозаи шимолии маъбад нишон медиҳад. Дар он ҷо нишаста, онҳо ба худои козиб Таммуз саҷда мекарданд. Акнун ба ин мардоне нигар, ки назди даромадгоҳи маъбади Яҳува истодаанд. Онҳо тақрибан 25 нафаранд. Ҳизқиёл ин шахсонро дида истодааст; онҳо ба тарафи шарқ, ба офтоб саҷда мекарданд!

Яҳува мегӯяд: «Ин одамон Маро эҳтиром намекунанд. Бадкорӣ карданашон кам буд, ки омада дар худи маъбади Ман ин корҳояшонро мекунанд!». Аз ин рӯ, Яҳува ваъда медиҳад: «Онҳо нерӯи хашми Маро эҳсос хоҳанд кард. Ва ҳангоми нобудшавиашон таассуф нахоҳам хӯрд».

Аз он вақте ки Яҳува ба Ҳизқиёл ин чизҳоро нишон дод, ҳанӯз се сол нагузашта буд, ки исроилиён бар зидди шоҳ Набукаднесар шӯриш бардоштанд. Ӯ ҳам бар зидди онҳо ба ҷанг баромад. Пас аз яку ним сол бобилиён деворҳои Ерусалимро валангор ва шаҳрро сӯзонида, ба хок яксон мекунанд. Аксарияти одамон ё кушта мешаванд, ё ба асирӣ ба Бобил бурда мешаванд.

Чаро Яҳува гузошт, ки ин фалокати даҳшатнок бо исроилиён рӯй диҳад? Бале, зеро ки онҳо ба Яҳува гӯш намедоданд ва ба қонунҳои вай итоат намекарданд. Аз ин маълум мешавад, ки ҳамеша иҷро кардани гуфтаҳои Худо хеле муҳим аст.

Дар аввал танҳо ба шумораи ками одамон иҷозат дода шуд, ки дар замини Исроил бимонанд. Шоҳ Набукаднесар Ҷадалёҳу ном яҳудиро ба онҳо сарвар таъин кард. Вале баъдтар якчанд исроилиён Ҷадалёҳуро мекушанд. Мардум ба тарс меафтанд, ки бобилиён омада, барои ин корашон онҳоро нобуд хоҳанд кард. Аз ин рӯ, онҳо Ирмиёро маҷбуран бо худ гирифта, ба Миср мегурезанд.

Дар замини Исроил дигар ҳеҷ кас намемонад. 70 сол касе дар он зиндагӣ намекунад. Он комилан холист. Аммо Яҳува ваъда медиҳад, ки Ӯ халқи худро пас аз 70 сол ба ин сарзамин бармегардонад. Вале то ин муддат, бо мардуме ки ба Бобил бурда шудааст, чӣ мешавад? Биё мефаҳмем.