Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 5

Аз асорат дар Бобил то барқароркунии деворҳои Ерусалим

Аз асорат дар Бобил то барқароркунии деворҳои Ерусалим

Дар асорати Бобил имони исроилиён маротибаҳои зиёд таҳти озмоиш қарор гирифт. Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ба кӯраи оташин партофта шуданд, вале Худо онҳоро аз он ҷо зиндаву саломат берун овард. Дертар, баъд аз он ки Бобил аз дасти подшоҳони Модай ва Форс шикаст хӯрд, Дониёл ба чоҳи шерон андохта шуд, аммо Худо даҳони шерҳоро баста, ӯро муҳофизат кард.

Билохир Куруш, подшоҳи форс исроилиёнро озод мекунад. Онҳо ба сарзамини худ баъд аз расо 70 соли асорат дар Бобил бармегарданд. Пас аз бозгашт ба Ерусалим, онҳо пеш аз ҳама ба бунёд кардани маъбади Яҳува шурӯъ мекунанд. Вале душманон хеле зуд кори онҳоро бозмедоранд. Бинобар ин, сохтмони маъбад тақрибан 22 сол пас аз бозгашт ба Ерусалим буд мешавад.

Дертар, мо дар бораи он мефаҳмем, ки чӣ тавр Эзро барои зебо кардани маъбад ба Ерусалим баргашт. Ин воқеа тақрибан баъд аз 47 соли анҷоми сохтмони маъбад рӯй медиҳад. Сипас, баъд аз 13 соли сафари Эзро, дар барқароркунии деворҳои харобшудаи Ерусалим Наҳемё ёрӣ медиҳад. Умуман, қисми 5–ум 152 соли таърихро дар бар мегирад.