Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 79

Дониёл дар чоҳи шерон

Дониёл дар чоҳи шерон

ВОҲ! Ба сари Дониёл фалокат омадааст. Вале шерон ба ӯ осебе намерасонанд! Медонӣ, барои чӣ? Кӣ Дониёлро ба ин ҷо, ба пеши ин шерон андохтааст? Биё бифаҳмем.

Ҳоло шоҳи Бобил мардест бо номи Доро (Дорёвеш). Ӯ Дониёлро хеле дӯст медорад, чунки Дониёл марди накӯкор ва хирадманд аст. Доро Дониёлро бар салтанати худ ҳоким таъин мекунад. Шахсони дигар бошад, ба Дониёл ҳасад мебаранд, аз ин рӯ бубин чӣ кор мекунанд.

Онҳо назди Доро омада, мегӯянд: «Эй подшоҳ, фармонеро имзо кун, ки дар муддати 30 рӯз касе набояд бар ягон худо ё одам, ба ҷуз подшоҳ дуое кунад. Ҳар касе ки ба ин амр итоат накунад, ба чоҳи шерон партофта шавад». Доро пай намебарад, ки мақсади ин шахсон аз чунин қонун чист. Ӯ фикр мекунад, ки ин ақида хуб аст ва ин манъро тасдиқ карда, ба фармон имзо мекунад. Акнун қонунро тағир додан мумкин нест.

Дониёл аз ин фармон огоҳ мешавад ва ба хонааш омада, чун ҳарвақта дуо мекунад. Он шахсони бад медонистанд, ки Дониёл аз дуо гуфтан ба Яҳува даст намекашад. Онҳо хурсанд мешаванд, чунки акнун нақшаи аз Дониёл халос шуданашон амалӣ мегардад.

Ҳангоме ки шоҳ Доро мақсади ин мардонро аз чунин фармон мефаҳмад, ӯ таассуф мехӯрад. Лекин қонунро тағир дода наметавонад, бинобар ин, ӯ маҷбур мешавад, ки барои ба чоҳ партофтани Дониёл амр диҳад. Вале подшоҳ дар ин ҳангом ба Дониёл мегӯяд: «Ман умед дорам, ки Худои ту, ки ба Ӯ хидмат мекунӣ, туро наҷот хоҳад дод».

Доро чунон ошуфтахотир мешавад, ки он шаб хоб аз чашмонаш мепарад. Субҳи дигар ӯ сӯи чоҳи шерон медавад. Ту ӯро дар ин ҷо дида метавонӣ. Подшоҳ фарёд мезанад: «Дониёл, ходими Худои зинда! Оё Худое, ки ба Ӯ хидмат мекунӣ, туро аз чанги шерон раҳо карда тавонист?»

«Худо фариштаи худро фиристода, даҳони шеронро баст ва онҳо ба ман осебе нарасонданд»,— ҷавоб медиҳад Дониёл.

Подшоҳ хеле хушҳол мешавад. Ӯ амр медиҳад, ки Дониёлро аз чоҳ берун кунанд. Пас аз ин, ӯ мефармояд, то шахсонеро, ки аз Дониёл халос шуданӣ буданд, ба ҳамон чоҳи шерон партоянд. Ҳанӯз ба қаъри чоҳ намерасанд, ки шерҳо ба онҳо ҳамла намуда, ҳамаи устухонҳояшонро пора–пора мекунанд.

Баъд аз ин, подшоҳ Доро ба тамоми мардуми салтанати худ чунин менависад: «Мефармоям, ки ҳар як шахс Худои Дониёлро эҳтиром кунад. Ӯ мӯъҷизаҳои бузурге мекунад. Ӯ Дониёлро аз шерҳо наҷот дод».