Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 80

Қавми Худо Бобилро тарк мекунад

Қавми Худо Бобилро тарк мекунад

АЗ ОН ВАҚТЕ ки модиён ва форсҳо Бобилро забт карданд, тақрибан ду сол гузашт. Бубин, ки акнун чӣ воқеа рӯй медиҳад; бале, исроилиён Бобилро тарк мекунанд! Онҳо чӣ гуна озод шуданд? Кӣ ба онҳо иҷозати рафтан дод?

Подшоҳи форс — Куруш. Хеле пештар аз вақти ба дунё омадани Куруш, Яҳува ба Ишаъё фармуда буд, ки дар бораи ӯ нависад: «Ту ҳар он чиро, ки Ман мехоҳам, иҷро хоҳӣ кард, дарвозаҳои шаҳр барои ту кушода хоҳанд буд, то онро забт кунӣ». Ва ҳамин тавр ҳам шуд; Бобил зери сарварии Куруш забт карда шуд. Лашкари аҳли Модай ва Форс шабҳангом озодона аз дарвозаҳои шаҳр, ки воз гузошта шуда буданд, ба он ворид шуданд.

Аммо пайғамбари Яҳува Ишаъё ҳамчунин пешгӯӣ карда буд, ки Куруш фармон хоҳад дод, то Ерусалим ва маъбади он аз нав сохта шаванд. Оё баъдтар Куруш чунин фармонро дод? Бале, дод. Ана инанд суханҳое, ки Куруш ба исроилиён гуфт: «Ба Ерусалим биравед ва маъбади Худои худ — Яҳуваро бунёд кунед». Ва инак, ҳоло исроилиён барои ҳамин ба он ҷо равонаанд.

Аммо на ҳама исроилиёне, ки дар Бобиланд, чунин роҳи дарози бозгашт ба Ерусалимро тай карда метавонанд. Ин роҳи дарозе аст, ки тақрибан 800километр мебошад ва зиёди исроилиён акнун хеле пир ё беморанд ва ба ин сафари тӯлонӣ баромада наметавонанд. Ва дигар сабабҳо низ барои нарафтани баъзе исроилиён мавҷуданд. Вале Куруш ба онҳое, ки рафта наметавонанд, мегӯяд: «Ба онҳое, ки барои сохтани Ерусалим ва маъбади он бармегарданд, тиллову нуқра ва ҳадяҳои дигар бидиҳед».

Аз ин рӯ, ба исроилиёне, ки ба Ерусалим равонаанд, ҳадяҳои зиёде дода мешаванд. Ҳамчунин худи Куруш ҳам зарфҳоеро, ки шоҳ Набукаднесар дар вақти хароб кардани Ерусалим аз маъбади Яҳува бароварда буд, ба исроилиён бармегардонад. Халқ бо худ чизҳои зиёде мебарад.

Пас аз чор моҳи сафар, исроилиён айнан дар мӯҳлати пешгӯишуда ба Ерусалим мерасанд. Инак, аз замоне ки шаҳр хароб карда ва комилан беодам гузошта шуда буд, расо 70 сол гузашт. Вале ҳарчанд ки исроилиён ба сарзамини худ баргаштанд, онҳо ба душвориҳои зиёде дучор мешаванд; дар ин бора мо аз ҳикояи оянда хоҳем фаҳмид.