Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 84

Назди Марям фаришта меояд

Назди Марям фаришта меояд

ИН ЗАНИ зебо Марям аст. Ӯ исроилӣ мебошад ва дар шаҳри Носира зиндагӣ мекунад. Худо медонад, ки вай инсони хеле хуб аст, аз ин рӯ фариштаи худ — Ҷабраилро назди вай мефиристад. Оё медонӣ, ки Ҷабраил бо чӣ хабаре назди Марям омадааст? Биё мефаҳмем.

«Рӯз ба хайр, эй пурфайз! Яҳува бо туст»,— мегӯяд Ҷабраил. Марям ин шахсро ҳеҷ гоҳ надида буд. Ӯ ба изтироб меояд, зеро намедонист, ки суханҳои фаришта чӣ маъно доранд. Вале Ҷабраил ба зудӣ ӯро ором мекунад.

Вай мегӯяд: «Натарс, Марям, Яҳува аз ту хеле розист. Бинобар ин, Ӯ бароят кори аҷибе карданӣ аст. Ба қарибӣ ту соҳиби кӯдак хоҳӣ шуд ва номи ӯро Исо мегузорӣ».

Ҷабраил ба фаҳмонидан давом медиҳад: «Ин кӯдак шахси бузурге хоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида хоҳад шуд. Яҳува вайро подшоҳ таъин хоҳад кард, мисли оне ки Довуд буд. Вале Исо ҷовидона ҳукмронӣ мекунад ва салтанати ӯ беохир хоҳад буд!».

Марям мепурсад: «Ҳамаи ин чӣ гуна мешавад, охир ман ҳанӯз ба шавҳар набаромадаам ва бо марде зиндагӣ накардаам, пас чӣ тавр соҳиби кӯдак хоҳам шуд?»

«Қудрати Худо бар ту хоҳад омад,— ҷавоб медиҳад Ҷабраил,— аз ин сабаб кӯдак Писари Худо номида хоҳад шуд. Хеши худ — Элисобаъро ба ёд ор. Мардум мегуфтанд, ки ӯ барои фарзанддор шудан хеле пир аст. Аммо ба қарибӣ ӯ писардор мешавад. Ҳамон тавре ки мебинӣ, коре нест, ки Худо карда натавонад».

Марям ҳамон лаҳза мегӯяд: «Ман канизи Яҳува ҳастам! Бигзор бо ман аз рӯи каломи ту шавад». Дар ин дам фаришта ӯро тарк мекунад.

Марям ба дидори Элисобаъ мешитобад. Ҳангоме ки Элисобаъ овози Марямро мешунавад, кӯдаки дар шикамаш буда аз шодӣ ба ҷунбиш меояд. Элисобаъ аз рӯҳи Худо пур шуда, ба Марям мегӯяд: «Дар миёни занон ту хусусан баракат ёфтаӣ!». Марям тақрибан се моҳ бо Элисобаъ мемонад ва баъд ба Носира, ба хонааш бармегардад.

Марям бояд бо Юсуф ном марде издивоҷ мекард. Вале вақте ки Юсуф дар бораи ҳомиладории Марям мефаҳмад, аз раъйи ба занӣ гирифтани Марям мегардад. Он гоҳ фариштаи Худо ба вай мегӯяд: «Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ба ӯ Худо писар додааст». Марям ва Юсуф хонадор мешаванд ва интизори тавлиди кӯдак мегарданд.