Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 87

Исои наврас дар маъбад

Исои наврас дар маъбад

ИН ПИСАРИ наврасро бубин, ки бо мардони калонсол сӯҳбат мекунад. Онҳо муаллимони маъбади Худо дар Ерусалим ҳастанд. Ин писар бошад, Исо аст. Ӯ аллакай ба воя расидааст; ҳоло 12–сола мебошад.

Муаллимон аз дониши зиёде, ки Исо дар бораи Худо ва чизҳои дигари дар Китоби Муқаддас навишташуда дорад, дар ҳайратанд. Вале чаро Юсуфу Марям дар ин ҷо нестанд? Онҳо дар куҷо бошанд? Канӣ, биё буфаҳмем.

Юсуф ҳар сол аҳли оилаашро ба Ерусалим барои ҷашни иди махсусе, ки Фисҳ номида мешавад, мебарад. Носира аз Ерусалим дур аст. Дар он замонҳо мошин ё қатора ҳанӯз вуҷуд надошт. Аксарияти одамон пиёда мегаштанд; тақрибан се рӯз лозим буд, ки онҳо ба Ерусалим расанд.

То ин вақт оилаи Юсуф калонтар шуда буд. Акнун Исо додарчаву хоҳарчаҳо дорад, ки онҳоро нигоҳубин кардан лозим аст. Хуб, имсол ҳам Юсуфу Марям баъд аз ҷашн бо кӯдаконашон ба хона, ба Носираи дур равона мешаванд. Онҳо фикр мекарданд, ки Исо низ ҳамроҳи ҳамсафарони дигарашон рафта истодааст. Вале ҳангоме ки дар охири рӯз бозмеистанд, мебинанд, ки Исо дар ҳеҷ ҷой нест. Онҳо вайро дар байни хешовандон ва дӯстонашон ҷустуҷӯ мекунанд, вале намеёбанд. Аз ин рӯ, ба Ерусалим баргашта, ба ҷустуҷӯи Исо идома медиҳанд.

Дар охир Исоро дар маъбад, дар назди муаллимон меёбанд. Ӯ ба сухани онҳо гӯш мекард ва саволҳо медод. Ва мардум ҳама аз хиради Исо тааҷҷуб мекарданд. Лекин Марям мегӯяд: «Писарам, чаро бо мо чунин рафтор кардӣ? Ману падарат то ёфтани ту хеле ошуфтахотир шудем».

«Барои чӣ маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки ман бояд дар хонаи Падарам бошам?»— ҷавоб медиҳад Исо.

Бале, Исо дар он ҷое, ки дар бораи Худо омӯхтан мумкин аст, буданро дӯст медошт. Оё мо ҳам набояд ҳамин гуна бошем? Дар Носира Исо ҳар ҳафта ба ҷамъомад барои ибодати Худо мерафт. Ва азбаски дар он ҷо ҳамеша бодиққат гӯш мекард, аз Китоби Муқаддас дониши зиёде дошт. Биё мо ҳам ба мисоли Исо пайравӣ кунем.