Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 90

Бо зане дар сари чоҳ

Бо зане дар сари чоҳ

ИСО аз сафар монда шуда, барои дамгирӣ дар сари чоҳе нишаст. Шогирдонаш дар ин вақт барои хариди хӯрокӣ ба шаҳр рафта буданд. Дар ин ҳангом, зане барои обгирӣ меояд ва Исо бо вай сӯҳбат мекунад. Исо аз зан хоҳиш мекунад: «Ба ман барои нӯшидан об деҳ».

Зан ба ҳайрат меафтад. Медонӣ барои чӣ? Чунки Исо яҳудӣ буд, зан бошад сомарӣ. Бисёри яҳудиён сомариёнро дӯст намедоштанд ва ҳатто бо онҳо гап намезаданд! Исо бошад, ҳамаи одамонро дӯст медорад. Ӯ сӯҳбатро давом медиҳад: «Агар медонистӣ, ки аз ту кӣ об мепурсад, худат аз ӯ оби ҳаётбахш хоҳиш мекардӣ».

«Ҷаноб, чоҳ чуқур аст ва сатил ҳам надорӣ, оби ҳаётбахшро аз куҷо гирифтанӣ ҳастӣ?» — мепурсад зан.

— Агар ту аз ин чоҳ об нӯшӣ, аз нав ташна хоҳӣ шуд, вале обе ки ман пешниҳод мекунам, ба кас ҳаёти ҷовидонӣ медиҳад.

— Ҷаноб, ба ман аз он об бидеҳ, то ки дигар ҳеҷ гоҳ ташна намонам ва ба ин ҷо барои гирифтани он наоям.

Зан фикр мекард, ки Исо дар бораи оби воқеӣ мегуфт. Аммо ӯ дар бораи ҳақиқати марбут ба Худо ва Салтанати Ӯ сухан меронд. Ин ҳақиқат монанди оби зиндагибахш аст ва метавонад ба кас зиндагии абадиро бидиҳад.

Акнун Исо ба зан мегӯяд: «Бирав, шавҳаратро гирифта биё».

«Ман шавҳар надорам» — мегӯяд зан.

— Ту рост гуфтӣ, зеро панҷ шавҳар доштӣ ва марде, ки ҳоло бо вай зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест.

Зан хеле тааҷҷуб мекунад, чунки ҳамаи ин рост буд. Исо ин чизҳоро аз куҷо медонист? Бале, сабаб дар он аст, ки Исо он шахси ваъдашуда ва фиристодаи Худост ва худи Худо ба ӯ ин маълумотро медиҳад. Дар ин лаҳза шогирдони Исо бармегарданд ва ба ҳайрат меоянд, ки Исо бо зани сомарие сӯҳбат карда истодааст.

Ту аз ин воқеа чӣ фаҳмидӣ? Он нишон медиҳад, ки Исо ба одамони ҳама миллатҳо меҳрубон буд. Ва мо ҳам бояд ҳамин гуна бошем. Мо набояд фикр кунем, ки баъзе одамон танҳо бо сабаби аз дигар миллат буданашон, баданд. Исо мехост, ки ҳамаи одамон ҳақиқатеро, ки ба ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ мекунад, бидонанд. Ва мо ҳам бояд хоҳиши дар омӯзиши ҳақиқат ба дигарон кӯмак карданро дошта бошем.