Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 91

Исо дар болои кӯҳе таълим медиҳад

Исо дар болои кӯҳе таълим медиҳад

БА ИСОИ дар ин ҷо нишаста нигар. Ӯ одамонро дар болои кӯҳе дар Ҷалил таълим медиҳад. Онҳое ки дар наздикии вай нишастаанд, шогирдонаш ҳастанд. Ӯ 12 нафарро аз байни онҳо интихоб кардааст, то расулонаш бошанд. Расулон шогирдони махсуси Исоянд. Ту номи онҳоро медонӣ?

Дар ин ҷо Шимъӯни Петрус ва бародари вай Андриёс ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанно, ки онҳо ҳам бародаронанд, дида мешаванд. Номи расули дигар Яъқуб аст, нафари дигаре низ Шимъӯн ном дорад. Ду расули дигар ҳам дар он ҷо ҳастанд, ки Яҳудо ном доранд; яке Яҳудои Исқарют ва дигаре Яҳудои Таддо. Боз Филиппус ва Натанъил (ки Барталмо ҳам хонда мешавад) ва Маттову Тумо дар ин ҷоянд.

Баъд аз бозгашт аз Сомария, Исо аввалин бор ба чунин мавъиза сар мекунад: «Салтанати Худо наздик аст». Оё медонӣ, ки ин Салтанат чист? Он ҳукумати воқеии Худост. Исо подшоҳи он мебошад. Ӯ аз осмон ҳукмронӣ хоҳад кард ва ба замин сулҳу оромӣ хоҳад овард. Ба воситаи Салтанати Худо тамоми рӯи замин ба биҳишти зебо мубаддал мешавад.

Исо дар ин ҷо мардумро дар бораи он Салтанат таълим медиҳад. Ӯ мефаҳмонад: «Ин тавр дуо бояд гуфт: “Падари мо, ки дар осмонӣ, номи Ту эҳтиромгузор бод. Салтанати Ту биёяд. Иродаи Ту чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд”». Ин дуо “дуои намунавӣ” ном дорад. Оё ту ин дуоро пурра гуфта метавонӣ?

Исо ҳамчунин одамонро дар бораи муносибат бо якдигар таълим медод. «Ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ бо онҳо ҳамон тавр кунед»,— мегуфт ӯ. Магар ба ту маъқул нест, ки дигарон бо ту ба хубӣ муносибат кунанд? Барои ҳамин, Исо мегӯяд, ки мо ҳам бояд бо дигарон меҳрубон бошем. Вақте ки дар биҳишти заминӣ ҳамаи одамон ба якдигар меҳрубон мешаванд, магар ин олиҷаноб нахоҳад буд?