Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 93

Исо одамони бисёреро ғизо медиҳад

Исо одамони бисёреро ғизо медиҳад

ҲОДИСАИ мудҳише рӯй дод. Яҳёи Таъмиддиҳандаро қатл карданд. Ҳиродия, зани подшоҳ, вайро дӯст намедошт. Ва ӯ подшоҳро маҷбур кард, ки сари Яҳёро аз танаш ҷудо кунад.

Вақте ки Исо дар ин бора мешунавад, ӯ хеле андӯҳгин мешавад. Вай ба танҳоӣ ба ҷои хилвате меравад. Вале мардум аз паси вай равона мешаванд. Ҳангоме ки Исо издиҳоми одамонро мебинад, дилаш ба онҳо месӯзад. Ва ӯ ба онҳо дар бораи Салтанати Худо нақл мекунад ва беморонро шифо медиҳад.

Ин бегоҳ шогирдонаш омада, ба вай гуфтанд: «Бевақт шуд ва ин ҷо ҳам ҷои хилвату бекас аст. Мардумро ҷавоб деҳ, ки ба деҳаҳои наздик рафта барои худ хӯрок бихаранд».

«Ҳоҷате нест, ки бираванд; шумо ба онҳо хӯрок диҳед»,— мегӯяд Исо ва баъд ба Филиппус нигариста мепурсад,— аз куҷо ба миқдори кофӣ хӯрок бихарем, ки ҳамаи ин мардум бихӯранд?»

«Барои хариди хӯрок ба андозае, ки ҳар яке аз инҳо ақаллан каме бихӯрад, пули хеле ва хеле зиёд лозим аст»,— ҷавоб медиҳад Филиппус. Андриёс илова мекунад: «Дар ин ҷо писаре ҳаст, ки панҷ нон ва ду моҳӣ дорад. Вале он барои ҳамаи инҳо намерасад».

«Ба мардум бигӯед, ки ба рӯи сабза нишинанд» — мегӯяд Исо. Баъд аз ин, ӯ Худоро барои хӯрок шукр гуфта, ба пора кардани нону моҳӣ сар мекунад. Шогирдонаш ин хӯрокро ба мардум тақсим карда медоданд. Дар он ҷо 5 000 мардон буданд ва ҳамчунин занону кӯдакони хеле бисёре. Ҳамаи онҳо ба серӣ хӯрок хӯрданд. Ва ҳангоме ки шогирдон нони боқимондаро ҷамъ карданд, 12 сабад аз онҳо пур шуд!

Акнун Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки ба қаиқ савор шуда, аз баҳри Ҷалил убур намоянд. Шабона тӯфони сахте ба амал омад ва мавҷҳои баҳри пурталотум қаиқро аз сӯе ба сӯе мепартофтанд. Шогирдон сахт метарсанд. Баногоҳ, дар нимашаб онҳо касеро мебинанд, ки бар рӯи баҳр қадам зада ба тарафи онҳо меояд. Шогирдон аз тарс фарёд мезананд, чунки намефаҳмиданд, ки чиро дида истодаанд.

«Натарсед, ин манам» — мегӯяд Исо. Ҳанӯз ҳам боварии онҳо намеомад. Аз ин рӯ Петрус мегӯяд: «Агар дар ҳақиқат ин ту бошӣ, бифармо, ки ба рӯи об назди ту оям». Исо ҷавоб медиҳад: «Биё!». Ва Петрус аз қаиқ берун баромада, рӯ–рӯи об қадам мезанад! Нохост, Петрус ба ҳарос меояд ва дар ҳамин вақт ба ғарқшавӣ сар мекунад, лекин Исо ӯро наҷот медиҳад.

Дертар, Исо боз ҳазорон нафарро ғизо медиҳад. Ин дафъа вай бо ҳафт нон ва якчанд моҳича ин мӯъҷизаро ба амал меорад. Ва боз ҳам ғизо ба таври кофӣ ба ҳама мерасад. Магар ин ғамхориҳои Исо нисбати одамон беҳамто нестанд? Ҳамон замоне ки ӯ ҳамчун подшоҳи Худо таъинкарда ҳукм хоҳад ронд, моро дигар ҳеҷ гоҳ чизе ғамгин намекунад!