Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 96

Исо беморонро шифо мебахшад

Исо беморонро шифо мебахшад

ИСО ҳангоми сафараш дар саросари мамлакат, беморонро низ шифо медод. Овозаи ин мӯъҷизаҳо дар шаҳру деҳаҳои атроф паҳн мешавад. Аз ин рӯ, одамон касонеро, ки ланг, ё кӯр, ё кар, ё мубталои бемории дигар буданд, ба назди Исо меоварданд. Ва Исо онҳоро шифо медод.

Аз он вақте ки Яҳё Исоро таъмид дод, зиёда аз се сол гузашт. Акнун Исо ба расулонаш мегӯяд, ки ба қарибӣ ба Ерусалим меравад ва дар он ҷо кушта мешавад ва сипас ӯ аз нав зинда хоҳад шуд. Ҳоло бошад, Исо ба шифо додани беморон давом медод.

Боре, Исо дар рӯзи шанбе таълим медод. Шанбе барои яҳудиён рӯзи истироҳат ҳисоб мешуд. Зане, ки дар ин ҷо мебинӣ, сахт бемор буд. 18 сол боз қомати вай хамида буд ва ӯ рост шуда наметавонист. Исо дастони худро бар ӯ мегузорад ва қомати зан рост мешавад; ӯ шифо меёбад!

Роҳбарони динӣ аз ин хеле ба ғазаб меоянд. «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на дар рӯзи шанбе!» — фарёд мезанад яке аз онҳо.

Исо бошад, ҷавоб медиҳад: «Шумо одамони дилсанг ҳастед. Ҳар яке аз шумо дар рӯзи шанбе гови худро аз охур воз карда, барои об додан мебаред. Пас чаро ин зани бечора, ки 18 сол боз бемор аст, набояд дар рӯзи шанбе сиҳат шавад?» Ҷавоби Исо ин шахсони бадро шарманда мекунад.

Дертар Исо ва расулони вай ба тарафи Ерусалим ҳаракат мекунанд. Ҳамин ки аз шаҳри Ериҳӯ мебароянд, ду гадои нобино мешунаванд, ки Исо аз ин роҳ гузашта истодааст. Ва онҳо фарёд мезананд: «Исо, ба мо ёрӣ деҳ!».

Исо нобиноёнро ба наздаш даъват карда, мепурсад: «Аз ман чӣ мехоҳед?» Онҳо мегӯянд: «Мехоҳем чашмони мо кушода шаванд». Исо чашмонашонро ламс мекунад ва онҳо ҳамон лаҳза бино мешаванд! Медонӣ барои чӣ Исо ин ҳама мӯъҷизаҳои ҳайратангезро ба амал меорад? Барои он ки ӯ одамонро дӯст медорад ва мехоҳад, ки онҳо ба вай имон оваранд. Ва мо метавонем итминон дошта бошем, ки замоне ки ӯ ҳамчун Подшоҳ ҳукмронӣ хоҳад кард, ҳеҷ кас дар рӯи замин дигар бемор нахоҳад шуд.