Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 98

Дар кӯҳи Зайтун

Дар кӯҳи Зайтун

ИН ИСО аст — дар кӯҳи Зайтун. Бо вай чор расулаш нишастаанд. Онҳо бародарони ҳамхун ҳастанд: Петрус бо Андриёс ва Яъқуб бо Юҳанно. Аз дурӣ маъбади дар Ерусалим будаи Худо намудор аст.

Аз лаҳзае, ки Исо савори харкурра вориди Ерусалим шуд, ду рӯз гузашт. Ин рӯз сешанбе аст. Субҳ, Исо дар маъбад буд. Дар он ҷо коҳинон саъй карданд, ки ӯро дошта кушанд. Вале онҳо аз кардани ин кор тарсиданд, чунки халқ Исоро дӯст медошт.

«Шумо мор ва афъизодагонед!» — хитоб кард Исо ба сарварони дин ва гуфт, ки Худо онҳоро барои бадкориҳояшон ҷазо хоҳад дод. Сипас, Исо бар кӯҳи Зайтун омад ва дар он ҷо ин чор расулаш ба ӯ саволҳои зиёде доданд. Оё медонӣ, ки онҳо аз Исо дар бораи чӣ мепурсанд?

Дар бораи оянда. Онҳо медонистанд, ки Исо бадиро аз рӯи замин комилан нест хоҳад кард. Вале онҳо фаҳмидан мехостанд, ки ин кай рӯй хоҳад дод. Кай Исо баргашта, чун подшоҳ ҳукмронӣ мекунад?

Исо медонист, ки пайравони вай дар рӯи замин омаданашро нахоҳанд дид. Зеро ӯ дар осмон хоҳад буд ва дар он ҷо дидани вай имконнопазир аст. Бинобар ин, Исо ба расулони худ баъзе рӯйдодҳоеро нақл мекунад, ки дар вақти чун подшоҳ ҳукмронӣ кардани вай дар рӯи замин ба амал хоҳанд омад. Чӣ гуна рӯйдодҳо?

Исо пешгӯӣ мекунад, ки ҷангҳои бузург рӯй хоҳанд дод, одамони зиёде аз бемориҳову гуруснагӣ азоб мекашанд, ҷинояткорӣ зиёд мешавад ва заминларзаҳои сахт ба амал меоянд. Исо ҳамчунин гуфт, ки мужда дар бораи Салтанати Худо дар тамоми гӯшаҳои замин мавъиза хоҳад шуд. Оё мо ин рӯйдодҳоро дар замони худ мебинем? Бале! Ва аз ин сабаб мо итминон дошта метавонем, ки ҳоло Исо дар осмон ҳукмронӣ мекунад. Ба қарибӣ ӯ ба тамоми бадиҳои рӯи замин хотима хоҳад дод.