Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 100

Исо дар боғ

Исо дар боғ

БАЪД аз тарк кардани болохона, Исо ва расулони вай ба боғи Ҷатсамонӣ мераванд. Онҳо пештар чандин бор ба ин ҷо омада буданд. Ҳоло Исо ба онҳо мегӯяд, ки бедор бошанд ва дуо кунанд. Баъд ӯ ба ҷои дуртаре меравад ва рӯй ба замин афтода, дуо мекунад.

Дертар Исо ба назди расулон бармегардад. Ба фикри ту онҳо чӣ кор мекарданд? Онҳо хоб буданд! Се маротиба Исо ба расулон мегӯяд, ки бедор бошанд, вале ҳар дафъа ӯ баргашта онҳоро хуфта меёфт. «Чӣ тавр шумо дар чунин вақт хоб карда метавонед?— дар вақти бори сеюм омаданаш мегӯяд Исо.— Охир, соате расидааст, ки душманон дастгирам кунанд».

Дар ин лаҳза ғавғои издиҳоми наздикшаванда шунида мешавад. Нигоҳ кун: одамон бо шамшеру таёқҳо меоянд! Онҳо дар даст машъалҳо доранд, ки роҳашонро равшан мекунанд. Вақте ки наздиктар омаданд, яке аз байни онҳо ҷудо шуда, рост ба сӯи Исо равона шуд. Чуноне ки дар расм мебинӣ, вай Исоро мебӯсад. Ин мард Яҳудои Исқарют аст! Чаро ӯ Исоро мебӯсад?

Исо аз вай мепурсад: «Яҳудо, ба ман бо бӯса хиёнат мекунӣ?» Бале, бӯса аломате буд, ки ба мардони ҳамроҳи Яҳудо омада, Исоро нишон медод. Он гоҳ душманони Исо ӯро дастгир мекунанд. Аммо Петрус ӯро бе мамоният додан намехост. Ӯ шамшери худро ҷониби касе, ки дар наздаш истода буд, афшонда, гӯши рости вайро мебурад. Вале Исо ба гӯши ин мард расида, онро шифо медиҳад.

Ба Петрус бошад, чунин мегӯяд: «Шамшери худро ба ҷояш мон. Ё гумон мекунӣ, ки ҳоло наметавонам аз Падари худ ҳоҳиш намоям, ки барои наҷоти ман ҳазорҳо фариштаҳоро фиристад?» Бале, ӯ метавонист! Аммо ҳоло Исо аз Худо хоҳиш намекунад, ки фариштагонро фиристад, чунки медонист; вақте расидааст, ки душманонаш бояд ӯро дастгир кунанд. Бинобар ин, мегузорад, ки вайро гирифта баранд. Биё бифаҳмем, ки акнун бо Исо чӣ мешавад.