Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 103

Даруни ҳуҷраи дарбаста

Даруни ҳуҷраи дарбаста

БАЪД аз он ки Петрусу Юҳанно қабри Исоро тарк мекунанд, Марям дар он ҷо танҳо мемонад. Ӯ ба гиря медарояд. Сипас, ҳамон тавре ки дар тасвири гузашта дидем, ӯ хам шуда, ба даруни қабр менигарад. Дар он ҷо вай ду фариштаро мебинад! Онҳо аз ӯ мепурсанд: «Чаро гиря мекунӣ?»

Марям ҷавоб медиҳад: «Ҳазрати маро бурданд ва намедонам, ки ӯро ба куҷо гузоштанд». Баъд Марям ба ақиб нигариста, мардеро мебинад. Мард аз ӯ мепурсад: «Киро мекобӣ?»

Марям фикр мекунад, ки ин мард боғбон аст ва мумкин аст, ки ҷисми Исоро ӯ гирифта бошад, аз ин рӯ аз вай мепурсад: «Агар ту бурда бошӣ, ба ман гӯй, ки ӯро куҷо мондӣ». Вале дар ҳақиқат, ин мард Исо аст. Ӯ дар ҷисми наве зоҳир шуд ва бинобар ин Марям вайро нашинохт. Вале ҳамин ки ӯ Марямро бо номаш хонд, Марям фаҳмид, ки ин Исо аст. Ӯ давон–давон ба назди шогирдон рафта, хабар медиҳад: «Ман Ҳазратро дидам!».

Худи ҳамон рӯз, бевақтар, ҳангоме ки ду шогирд ба деҳаи Аммоус равона буданд, марде ба онҳо ҳамроҳ мешавад. Шогирдон аз сабаби кушта шудани Исо хеле андӯҳгин буданд. Вале раҳораҳ ин мард ба онҳо чизҳои зиёдеро аз Китоби Муқаддас шарҳ медиҳад ва ин онҳоро дилбардорӣ мекунад. Дар охир, вақте ки барои хӯрдани хӯрок бозмеистанд, шогирдон Исо будани ин мардро мефаҳманд. Баъд Исо нопадид мешавад ва ин ду шогирд босуръат ба Ерусалим бармегарданд, то ба расулон дар ин бора хабар диҳанд.

Дар ин вақт Исо ҳамчунин ба Петрус зоҳир мегардад. Дигарон аз шунидандани ин ба ҳаяҷон меоянд. Баъд ин ду шогирд ба Ерусалим омада, расулонро меёбанд ва чӣ тавр дар роҳ ба онҳо низ зоҳир шудани Исоро нақл мекунанд. Ва медонӣ, ки айнан дар ҳамон лаҳза, ҳангоми гуфтугӯи онҳо чӣ воқеа рӯй медиҳад?

Ба расм нигар. Гарчанде ки дар баста буд, дар ҳуҷра Исо пайдо мешавад. Шогирдон аз ин чӣ қадар хушҳол мешаванд! Магар ин рӯзи ҳаяҷоновар нест? Ту ҳисоб кардӣ, ки чанд маротиба Исо ба шогирдонаш зоҳир шуд? Панҷ маротиба шуморидӣ?

Ҳангоме ки Исо ба шогирдонаш зоҳир шуд, Тумои расул дар байни онҳо набуд. Шогирдон ба вай мегӯянд: «Мо Ҳазратро дидем!». Лекин Тумо ҷавоб медиҳад, ки то Исоро бо чашмони худ набинад, бовар нахоҳад кард. Хуб, пас аз ҳашт рӯз шогирдон боз дар даруни хонаи дараш қулф, бо ҳам нишаста буданд ва Тумо низ ин дафъа бо онҳо буд. Ногаҳон дар ҳуҷра Исо пайдо мешавад. Тумо ҳам акнун бовар мекунад.