Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 107

Истефанусро сангсор мекунанд

Истефанусро сангсор мекунанд

МАРДЕ, ки дар ин ҷо зону задааст, Истефанус мебошад. Ӯ яке аз шогирдони бовафои Исо аст. Аммо бубин, ки ҳоло бо вай чӣ ҳодиса рӯй медиҳад! Ин мардон сангҳои калонро сӯи вай мепартоянд. Чаро онҳо ба Истефанус то дараҷае нафрат доранд, ки бо вай ин тавр бераҳмона рафтор мекунанд? Биё бубинем.

Худо ба Истефанус ёрӣ медод, ки мӯъҷизаҳои ҳайратоваре ба амал орад. Ин шахсон аз ин розӣ нестанд ва бо ин сабаб дар бобати ба мардум таълим додани ҳақиқат бо ҷӯшу хурӯш бо вай баҳс мекунанд. Лекин Худо ба Истефанус хиради бузург ато мекунад ва ӯ ба ин мардон нишон медиҳад, ки таълимоти онҳо нодуруст аст. Аз шунидани чунин суханҳо ин шахсон бештар ба ғазаб меоянд ва ӯро дастгир карда, чанд шоҳиди бардурӯғро барои шаҳодат бар зидди Истефанус даъват менамоянд.

Саркоҳин аз Истефанус мепурсад: «Оё ин ҳама рост аст?» Истефанус бо маърӯзаи олиҷаноби бар Китоби Муқаддас асосёфта ҷавоб медиҳад. Ва дар охири нутқ ӯ нақл мекунад, ки чӣ тавр дар давраҳои пеш одамони бад пайғамбарони Яҳуваро чашми дидан надоштанд. Баъд ӯ мегӯяд: «Шумо айнан ба мисли чунин одамон ҳастед. Шумо ходими Худо — Исоро куштед ва ба қонунҳои Худо итоат намекунед».

Сарварони дин аз ин хеле хашмгин шуданд; дандонҳои онҳо аз ғазаб ғиҷиррос мезаданд! Дар ин вақт Истефанус сари худро бардошта мегӯяд: «Нигоҳ кунед! Ман Исоро мебинам, ки дар осмон ба ямини Худо нишастааст». Баъди ин суханон, онҳо гӯшҳои худро маҳкам карда, ба Истефанус ҳамла меоранд ва ӯро дастгир карда, кашолакунон аз шаҳр берун мебароранд.

Дар он ҷо ин шахсон ҷомаҳои худро аз тан кашида, назди ҷавонмарде бо номи Шоул мегузоранд, то онҳоро нигаҳбонӣ кунад. Шоулро дар расм мебинӣ? Сипас онҳо Истефанусро сангсор мекунанд. Истефанус чуноне ки мебинӣ, зону зада, ба Худо дуо мегӯяд: «Яҳува, онҳоро барои ин гуноҳ ҷазо надеҳ». Ӯ медонист, ки баъзе аз ин мардон аз сарварони дин фиреб хӯрдаанд. Баъд аз ин, Истефанус мемирад.

Ҳангоме ки касе ба ту бадӣ мекунад, оё ту кӯшиш мекунӣ, ки барқасдона ба ӯ бо бадӣ ҷавоб диҳӣ, ё Худоро илтиҷо мекунӣ, ки онҳоро ҷазо диҳад? Истефанус ё Исо ин тавр накарданд. Ҳатто бо шахсоне, ки ба онҳо номеҳрубон буданд, Истефанусу Исо бо меҳр муносибат мекарданд. Биё бикӯшем, ки ба намунаи онҳо пайравӣ намоем.