Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 109

Мулоқоти Петрус бо Корнилюс

Мулоқоти Петрус бо Корнилюс

МАРДЕ, ки истодааст, Петруси расул мебошад ва дар паси вай дӯстонаш астанд. Вале чаро ин мард дар пеши Петрус зону задааст? Оё ин тавр карданаш дуруст аст? Кӣ будани ӯро медонӣ?

Ин мард Корнилюс аст. Ӯ афсари лашкари Рум мебошад. Корнилюс бо Петрус шинос нест, вале ба ӯ фармуда шудааст, ки Петрусро ба хонааш даъват кунад. Биё бифаҳмем, ки ин чӣ гуна ба вуқӯъ омад.

Пайравони аввалини Исо яҳудӣ буданд, лекин Корнилюс яҳудӣ нест. Ӯ Худоро дӯст медорад, ба Худо дуо мегӯяд ва ба одамон некиҳои зиёд мекунад. Хуб, боре нисфирӯзӣ фариштае ба Корнилюс зоҳир шуда, мегӯяд: «Худо аз ту розист ва мехоҳад дуоҳои туро мустаҷоб гардонад. Ходимонатро барои овардани Петрус ном марде фирист. Ӯ дар Ёфо, дар хонаи Шимъӯн аст, ки дар соҳили баҳр зиндагӣ мекунад».

Корнилюс фавран ходимонашро барои дарёб кардани Петрус мефиристад. Рӯзи дигар, вақте ки ин мардон ба қарибии Ёфо мерасанд, Петрус дар болои боми хонаи Шимъӯн нишаста буд. Дар он ҷо Худо ба Петрус дар рӯъё суфраи калонеро нишон медиҳад, ки аз осмон мефуромад. Дар рӯи суфра тамоми намудҳои ҳайвонот буданд. Мувофиқи қонуни Худо, ин ҳайвонот барои хӯрдан нопок ҳисобида мешуданд, лекин овозе садо медиҳад: «Бархез, Петрус, забҳ кун ва бихӯр».

«Не! Ман ҳеҷ гоҳ чизи ҳаром нахӯрдаам» — ҷавоб медиҳад Петрус. Вале овоз ба Петрус мегӯяд: «Он чизеро, ки Худо акнун пок мехонад, ту ҳаром нахон». Ин ҳодиса се маротиба такрор мешавад. Ҳангоме ки Петрус дар бораи чӣ маъно доштани ҳамаи ин андеша мекард, фиристодагони Корнилюс ба ин хона расида, ӯро суроғ мекунанд.

Петрус аз бом фаромада, мегӯяд: «Касеро ки мекобед, манам. Бо чӣ мақсад омадаед?» Ин мардон мефаҳмонанд, ки фариштае ба Корнилюс фармуд, то Петрусро ба хонааш даъват кунад ва Петрус барои рафтан бо онҳо розӣ мешавад. Рӯзи дигар ӯ ва дӯстони вай барои мулоқот бо Корнилюс ба Қайсария равона мешаванд.

Корнилюс хешу табор ва дӯстони наздикашро ҷамъ оварда буд. Вақте ки Петрус меояд, Корнилюс ба пешвозаш мебарояд. Ӯ ба пойҳои Петрус афтода, ба вай саҷда карданӣ мешавад, инро ту дар расм дида метавонӣ. Аммо Петрус мегӯяд: «Бархез, ман ҳам инсони оддиям». Бале, Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки инсонеро парастиш кардан нодуруст аст. Мо бояд танҳо Яҳуваро парастиш кунем.

Акнун Петрус ба ҷамъомадагон мавъиза мекунад. «Мебинам, ки Худо тамоми одамонеро, ки ба Ӯ хидмат кардан мехоҳанд, қабул мекунад»,— мегӯяд Петрус. Ва ҳангоме ки ӯ сухан мегуфт, Худо рӯҳулқудси худро фиристод ва одамони дар он ҷо буда, ба сухан гуфтан бо забонҳои гуногун оғоз карданд. Шогирдони яҳудие, ки бо Петрус омада буданд, ҳайратзада мешаванд, зеро онҳо пеш фикр мекарданд, ки Худо танҳо яҳудиёнро меписандад. Вале аз ин воқеа онҳо мефаҳманд, ки Худо ягон миллатро беҳтару муҳимтар аз миллатҳои дигар намеҳисобад. Хуб мешуд, ки ин фикрро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ҳамин тавр–не?