Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 111

Писаре, ки хобаш бурд

Писаре, ки хобаш бурд

ВОҲ! Чӣ шуд? Чаро ин писар ба замин дароз кашидааст, ягон ҷояшро сахт зада бошад? Нигоҳ кун, марде ки аз хона берун мебарояд, Павлус аст! Тимотиюсро ҳам дар ин ҷо мебинӣ? Наход ки ин писар аз тиреза афтода бошад?

Бале, ҳамин тавр шуд. Павлус барои шогирдон дар Трӯос нутқ мегуфт. Ӯ медонист, ки онҳоро дар вақтҳои наздик нахоҳад дид, чунки рӯзи дигар бояд бо киштӣ сафар мекард. Бинобар ин, ӯ то нимашаб бо онҳо сӯҳбат намуд.

Хуб, ин писар, ки Офтихӯс ном дорад, дар лаби тиреза нишаста буд ва дар он ҷо хобаш бурд. Баногоҳ ӯ аз тирезаи ошёнаи сеюм ба замин афтод! Акнун ба ту сабаби ошуфтахотир будани ин одамон маълум шуд. Вақте ки писарро мебардоранд, мебинанд ки ҳодисае рӯй додааст, ки аз он метарсиданд,— писар мурда буд!

Павлус мебинад, ки писар мурдааст ва худро болои ӯ партофта, вайро ба оғӯш мегирад. Сипас мегӯяд: «Андӯҳгин нашавед. Ҳолаташ хуб аст!». Ва ҳамин тавр ҳам аст. Ин мӯъҷизаест; Павлус ӯро аз нав зинда кард! Мавҷи шодӣ тамоми издиҳомро фаро мегирад.

Онҳо ҳама боз ба ошёнаи боло мераванд ва таоми шом мехӯранд. Павлус то саҳар сӯҳбатро давом медиҳад. Вале ту метавонӣ бовар бикунӣ, ки Офтихӯс дигар дар ҷамъомад хоб намекунад! Баъд Павлусу Тимотиюс бо ҳамсафарони худ ба киштӣ савор мешаванд. Ту медонӣ, ки онҳо ба куҷо равонаанд?

Павлус ҳоло сафари мавъизавии сеюми худро ба анҷом расонд ва акнун ба хонааш бармегардад. Дар тӯли ин сафараш, Павлус танҳо дар шаҳри Эфсӯс се сол истод. Барои ҳамин ин сафари Павлус аз сафари гузаштааш тӯлонитар буд.

Баъд аз тарк кардани Трӯос, киштӣ муддате дар Милитус таваққуф мекунад. Азбаски Эфсӯс ба ин ҷо хеле наздик буд, Павлус кас фиристода, аз пирони ҷамъомади эфсӯсӣ хоҳиш мекунад, ки ба Милитус биёянд, то ӯ бори охирин бо онҳо сӯҳбат карда тавонад. Ва пас аз ин сӯҳбат, ҳангоме ки вақти рафтани киштӣ фаро мерасад, онҳо аз ҷудоӣ бо Павлус хеле ғамгин мешаванд...

Билохир, киштӣ ба Қайсария мерасад. Павлус дар хонаи Филиппуси шогирд мемонад ва дар он ҷо Оғобуси пайғамбар Павлусро огоҳ мекунад; ӯ мегӯяд, ки Павлусро дар Ерусалим ба маҳбас хоҳанд андохт. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъд аз ду соли маҳбусӣ дар Қайсария, Павлусро ба Рум мебаранд, то вайро қайсар — ҳокими Рум ҳукм кунад. Биё бубинем, ки дар роҳ ба сӯи Рум чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.