Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 114

Хотимаи тамоми бадиҳо

Хотимаи тамоми бадиҳо

ДАР ин ҷо чиро мебинӣ? Бале, ин лашкарест савори аспҳои сафед. Вале аҳамият бидеҳ, ки онҳо аз куҷо меоянд. Аспҳо аз осмон, рӯи абрҳо поён метозанд! Лекин магар аспҳо дар осмон буда метавонанд?

Не, инҳо аспҳои воқеӣ нестанд, зеро мо медонем, ки аспҳо дар рӯи абрҳо тохта наметавонанд. Аммо дар Китоби Муқаддас дар бораи аспҳои осмонӣ гуфта мешавад. Медонӣ барои чӣ?

Барои он ки аспҳоро пеш дар ҷангҳо истифода мебурданд. Китоби Муқаддас бошад, дар бораи савораҳои аспони аз осмон тозанда нақл мекунад ва бо ин нишон медиҳад, ки Худо бо одамони замин ҷанг хоҳад кард. Медонӣ, ки ин ҷанг чӣ номида мешавад?— Ҳармиҷидӯн. Дар ин ҷанг тамоми шарорати рӯи замин нест карда хоҳад шуд.

Ин ҷанги Ҳармиҷидӯнро Исо сарварӣ хоҳад кард. Ба хотир ор; Яҳува Исоро барои подшоҳии ҳокимияташ интихоб кард. Барои ҳамин дар сари Исо тоҷи подшоҳӣ аст. Ва ин шамшери дасташ нишон медиҳад, ки ӯ тамоми душманони Худоро нест хоҳад кард. Магар одамони бадро нест кардани Худо боиси тааҷҷуб аст?

Ба ҳикояи 10–ум баргард. Дар он ҷо чӣ мебинӣ? Бале, Тӯфони азим одамони бадро нест кард. Кӣ ин Тӯфонро ба амал овард? Яҳува Худо. Акнун ба ҳикояи 15–ум нигар. Дар он ҷо чӣ рӯй медиҳад? Садӯму Амӯро аз оташе, ки Яҳува фиристод, нобуд шуда истодаанд.

Ба ҳикояи 33 нигоҳ кун. Бубин, ки бо аспҳову аробаҳои ҷангии мисриён чӣ шуд. Кӣ онҳоро бо об пӯшонид? Яҳува. Ӯ барои муҳофизати халқи худ чунин кард. Ба ҳикояи 76 нигар. Дар он ҷо ту мебинӣ; Яҳува иҷозат дод, ки ҳатто халқи ба Ӯ тааллуқдошта низ ҳамчунин барои корҳои бадаш шикаст хӯрад.

Пас, мо набояд ҳайрон шавем, ки Яҳува барои хотима додани тамоми бадиҳои рӯи замин лашкари осмонии худро мефиристад. Андеша бикун, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад! Саҳифаро бигардон ва биё мебинем.