Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 115

Биҳишти наве дар рӯи замин

Биҳишти наве дар рӯи замин

ИН ДАРАХТОНИ баланд, гулҳои зебо ва кӯҳҳои осмонбӯсро бубин. Манзараи зебоест, ҳамин тавр–не? Нигар, ки чӣ тавр оҳубаррае аз дасти писарча хӯрок мехӯрад. Каме дуртар шерон хобидаанд ва дар наздикияшон аспон мечаранд. Оё намехостӣ, ки дар чунин ҷои хушманазарае зиндагӣ бикунӣ?

Худо мехоҳад, ки ту ҷовидона дар биҳишти рӯи замин зиндагӣ кунӣ. Ва Ӯ намехоҳад, ки ту ҳеҷ яке аз дардҳову ранҷҳоеро, ки имрӯз одамонро азоб медиҳанд, дошта бошӣ. Ин аст ваъдаи Китоби Муқаддас ба онҳое, ки дар биҳишти нав зиндагӣ хоҳанд кард: «Худо бо онҳо хоҳад буд. Дар он ҷо марг, гиря ва дард дигар нахоҳад буд. Ин ҳама хоҳад гузашт».

Исо ғамхорӣ хоҳад кард, то ин дигаргуниҳои бошукӯҳ ба амал оянд. Медонӣ, ки кай? Бале, баъд аз пок кардани рӯи замин аз шарорат ва одамони бад. Ба ёд овар; Исо ҳангоми дар рӯи замин буданаш одамонро аз ҳар гуна бемориҳо шифо мебахшид ва ҳатто мурдагонро аз хоби марг мехезонд. Ӯ бо ин амалҳояш нишон медод, ки дар вақти Подшоҳи Салтанати Худо шуданаш чӣ кор хоҳад кард.

Лаҳзае тасаввур бикун, ки чӣ зиндагии олие дар биҳишти рӯи замин хоҳад буд! Исо бо ҳамроҳии шахсони интихобкардааш аз осмон ҳукмронӣ мекунад. Ин ҳокимон нисбати ҳар як сокини замин ғамхорӣ хоҳанд кард, то ки онҳо ҳама хушбахт бошанд. Акнун бошад, биё мефаҳмем, ки барои боэътимод интизор будани ҳадяи Худо — зиндагии ҷовидона дар биҳишти нав, чӣ кор бояд кунем.