Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 116

Барои ҷовидона зиндагӣ кардан чӣ кор бояд кунем

Барои ҷовидона зиндагӣ кардан чӣ кор бояд кунем

ИН ДУХТАРЧА бо дӯстони худ чӣ хонда истодааст? Бале, ин ҳамон китобест, ки ту мехонӣ — “Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас”. Ва онҳо айнан ҳамон ҳикояеро хонда истодаанд, ки ҳоло ту мехонӣ: “Барои ҷовидона зиндагӣ кардан чӣ кор бояд кунем”.

Медонӣ, ки онҳо аз ин ҳикоя чӣ фаҳмиданд? Барои ҷовидона зиндагӣ кардан, дар аввал дар бораи Яҳува ва Писари рӯҳонии вай — Исои Масеҳ бояд дониш бигирем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Роҳ ба зиндагии ҷовидона ин аст: дар бораи Худои ҳақиқӣ ва Писари рӯҳонии ба замин фиристодааш — Исои Масеҳ дониш бояд гирифт».

Чӣ тавр дар бораи Яҳува Худо ва писари рӯҳонии вай — Исои Масеҳ дониш гирифта метавонем? Яке аз роҳҳо — аз аввал то ба охир мутолиа кардани “Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас” аст. Ин китоб дар бораи Яҳува ва Исо нақли зиёд мекунад, ҳамин тавр–не? Ва он ҳамчунин дар бораи корҳое, ки Яҳува ва Исо дар гузашта анҷом доданд ва корҳое, ки дар оянда ба амал меоранд, нақл мекунад. Аммо ғайр аз хондани ин китоб, бояд кори дигар ҳам бикунем.

Китоби дигареро, ки дар назди бачаҳост, мебинӣ? Ин Китоби Муқаддас аст. Бигзор касе он қисмҳои Китоби Муқаддасро, ки ҳикояҳои ин китоб бар онҳо асос ёфтаанд, бароят бихонад. Китоби Муқаддас ба таври пурра маълумотеро, ки барои бо тарзи дуруст ибодат кардани Яҳува ва соҳиб шудани зиндагии ҷовидона ба он эҳтиёҷ дорем, бароямон пешкаш мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд одати мунтазам хондани Китоби Муқаддасро дошта бошем.

Аммо фақат донистани Яҳува ва Исои Масеҳ кофӣ нест. Мо метавонем дар бораи онҳо ва таълимоташон маълумоти хеле зиёд бигирем, аммо бо вуҷуди ин зиндагии ҷовидонаро соҳиб нашавем. Медонӣ, ки боз чӣ лозим аст?

Мо бояд мувофиқи чизҳои омӯхтаамон зиндагӣ кунем. Яҳудои Исқарютро дар хотир дорӣ? Ӯ яке аз 12 нафароне буд, ки Исо ҳамчун расули худ интихоб кард. Яҳудо дар бораи Яҳува ва Исо дониши хеле зиёд дошт. Вале бо вай чӣ шуд? Бо гузашти вақт, вай худхоҳ шуд ва Исоро ба 30 тангаи нуқра ба душманонаш фурӯхт. Аз ин сабаб, Яҳудо зиндагии ҷовидонаро соҳиб нахоҳад шуд.

Ё Ҷеҳазиро, ки дар борааш аз ҳикояи 69 фаҳмида будем, дар ёд дорӣ? Ӯ хост, ки баъзе либосҳову пулеро ки ба вай тааллуқ надошт, соҳиб шавад. Аз ин рӯ, барои гирифтани ин чизҳо дурӯғ гуфт. Лекин Яҳува вайро ҷазо дод. Ва Ӯ моро низ агар ба қонунҳояш итоат накунем, ҷазо медиҳад.

Ба ҳар ҳол, одамони хуби бисёре буданд, ки ба Яҳува содиқона хидмат мекарданд. Мо мехоҳем, ки ба онҳо монанд бошем, ҳамин тавр–не? Самуили кӯчак намунаи хубе барои пайравӣ аст. Ба хотир дошта бошӣ, аз ҳикояи 55–ум фаҳмида будем, ки ӯ ҳангоми оғоз кардани хидмат ба Яҳува дар маъбади Худо, ҳамагӣ чор ё панҷсола буд. Бинобар ин, чандсолае ки набошӣ, барои хидмат ба Яҳува ҳеҷ гоҳ барвақт нест.

Албатта, ҳамаи мо мехоҳем, ки ба Исои Масеҳ пайравӣ кунем. Тавре, ки аз ҳикояи 87–ум дидем, ҳатто ҳангоми хеле ҷавон буданаш ӯ дар маъбад бо дигарон дар бораи Падари осмонияш сӯҳбат мекард. Биё, монанди вай мешавем. Биё, ҳар қадаре ки метавонем, ба одамони зиёд дар бораи Худои олии мо — Яҳува ва писари рӯҳонияш — Исои Масеҳ нақл мекунем. Агар ин корҳоро иҷро кунем, он гоҳ метавонем дар биҳишти наве ки Худо дар рӯи замин барпо мекунад, ҷовидона зиндагӣ намоем.