Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳо барои омӯзиши китоби “Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас”

Саволҳо барои омӯзиши китоби “Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас”

Ҳикояи 1

Худо ба офариниш оғоз мекунад

  1. Ҳама чизҳои хуб аз куҷо пайдо шуданд? Метавонӣ, ки ягон мисол орӣ.

  2. Аввалин офаридаи Худо чӣ буд?

  3. Чаро фариштаи аввал аз фариштагони дигар фарқ мекунад?

  4. Дар бораи чӣ гуна будани замин дар ибтидо, нақл бикун. (Ба тасвир нигар).

  5. Чӣ тавр Худо ба омода кардани замин барои зиндагии одамон ва ҳайвонот оғоз кард?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ирмиё 10:12-ро хонед.

    Кадом хусусиятҳои Худо дар офаридаҳои Ӯ аёнанд? (Иш. 40:26; Рум. 11:33).

  2. Қӯлассиён 1:1517-ро хонед.

    Чӣ тавр Исо дар офариниш иштирок мекард ва ин чӣ гуна таъсире бояд ба муносибати мо нисбати ӯ расонад? (Қӯл. 1:15–17).

  3. Ҳастӣ 1:110-ро хонед.

    1. Замин аз куҷо пайдо шуд? (Ҳас. 1:1).

    2. Дар рӯзи якуми офариниш чӣ ҳодиса рӯй дод? (Ҳас. 1:3–5).

    3. Дар бораи он ки дар рӯзи дуюми офариниш чӣ шуд, нақл кунед (Ҳас. 1:7, 8).

Ҳикояи 2

Боғи зебо

  1. Чӣ гуна Худо заминро барои зиндагии мо тайёр кард?

  2. Дар бораи ҳайвоноти гуногуни Худо офарида, нақл бикун. (Ба тасвир нигар).

  3. Чаро боғи Адан макони махсусе буд?

  4. Худо нисбати замин чӣ ният дошт?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 1:1125-ро хонед.

    1. Дар рӯзи сеюми офариниш Худо чӣ офарид? (Ҳас. 1:12).

    2. Дар рӯзи чоруми офариниш чӣ шуд? (Ҳас. 1:16).

    3. Кадом намуди ҳайвонотро Худо дар рӯзи панҷум ва шашум офарид? (Ҳас. 1:20, 21, 25).

  2. Ҳастӣ 2:8, 9-ро хонед.

    Кадом ду дарахти махсусеро Худо дар боғ шинонд ва онҳо нишонаи чӣ буданд?

Ҳикояи 3

Аввалин мард ва зан

  1. Тасвири дар ҳикояи сеюмбуда аз тасвири дар ҳикояи дуюм овардашуда чӣ фарқ дорад?

  2. Марди аввалинро кӣ офарид ва ин мард чӣ ном дошт?

  3. Худо ба Одам чӣ супорише дод?

  4. Чаро Яҳува Одамро ба хоби гарон андохт?

  5. Зиндагии Одаму Ҳавво чӣ қадар давом карда метавонист ва онҳо аз рӯи нияти Яҳува бояд чӣ кор мекарданд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Забур 83:18 [82:19]-ро дар тарҷумаи форсӣ (ТФ) бихонед: «Ва Худованд ту ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ».

    Номи Худо чист ва мавқеи Ӯ нисбати замин чӣ гуна аст? (Ирм. 16:21; Дон. 4:14).

  2. Ҳастӣ 1:2631-ро хонед.

    1. Дар рӯзи шашум Худо чӣ чизи олиеро офарид ва ин офаридаи Худо аз ҳайвонот чӣ фарқ дорад? (Ҳас. 1:26).

    2. Худо чӣ гуна ризқро ба одамон ва ҳайвонот дод? (Ҳас. 1:30).

  3. Ҳастӣ 2:725-ро хонед.

    1. Барои номгузории ҳайвонот Одам бояд чӣ кор мекард? (Ҳас. 2:19).

    2. Чӣ тавр Ҳастӣ 2:24 нуқтаи назари Яҳуваро нисбати издивоҷ, зиндагии ҷудогона ва талоқ маълум мегардонад? (Мат. 19:4–6, 9).

Ҳикояи 4

Чаро онҳо аз хонаи худ маҳрум шуданд?

  1. Ба тасвир бингар; бо Одаму Ҳавво чӣ ҳодиса рӯй дод?

  2. Барои чӣ Яҳува онҳоро ҷазо дод?

  3. Мор ба Ҳавво чӣ гуфт?

  4. Ба ҷои мор бо Ҳавво кӣ сухан мегуфт?

  5. Чаро Одаму Ҳавво аз хонаи биҳиштии худ маҳрум шуданд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 2:16, 17 ва 3:113, 24-ро хонед.

    1. Чаро аз саволи мор ба Ҳавво, нисбати Яҳува тасаввуроти бардурӯғ пайдо гардид? (Ҳас. 3:1–5; 1 Юҳ. 5:3).

    2. Чаро рӯйдод бо Ҳавво барои мо мисоли огоҳкунанда аст? (Фил. 4:8; Яъқ. 1:14, 15; 1 Юҳ. 2:16).

    3. Чӣ тавр Одам ва Ҳавво нишон доданд, ки ба амалҳои худ ҷавобгар будан намехоҳанд? (Ҳас. 3:12, 13).

    4. Чӣ гуна каррубиёне, ки дар тарафи шарқии боғи Адан меистоданд, ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекарданд? (Ҳас. 3:24).

  2. Ваҳй 12:9-ро хонед.

    То чӣ андоза Шайтон муваффақ гашт, ки одамонро ба муқобили ҳукмронии Худо барангезад? (1 Юҳ. 5:19).

Ҳикояи 5

Зиндагии мушкил оғоз меёбад

  1. Зиндагии Одаму Ҳавво берун аз боғи Адан чӣ гуна буд?

  2. Ногузирии чиро Одаму Ҳавво эҳсос карданд? Барои чӣ?

  3. Барои чӣ фарзандони Одам ва Ҳавво низ бояд пир мешуданд ва мемурданд?

  4. Агар Одам ва Ҳавво ба Яҳува итоат мекарданд, ҳаёти онҳо ва фарзандонашон чӣ гуна мебуд?

  5. Чӣ гуна саркашии Ҳавво сабаби дарду азобҳояш шуд?

  6. Ду писари аввали Одаму Ҳавво чӣ ном доштанд?

  7. Кӯдакони дигаре ки дар тасвир мебинӣ, кистанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 3:1623 ва 4:1, 2-ро хонед.

    1. Лаънате ки Худо нисбати замин эълон кард, дар зиндагии Одам чӣ гуна инъикос ёфт? (Ҳас. 3:17–19; Рум. 8:20, 22).

    2. Барои чӣ номи Ҳавво, ки маънояш “зинда” аст, ба ӯ муносиб буд? (Ҳас. 3:20).

    3. Чӣ гуна Яҳува ҳатто баъди гуноҳ кардани Одаму Ҳавво, ба онҳо ғамхорӣ намуд? (Ҳас. 3:7, 21).

  2. Ваҳй 21:3, 4-ро хонед.

    Бартараф кардани чӣ чизеро ки «пештар буд», ту бахусус интизор ҳастӣ?

Ҳикояи 6

Писари хуб ва писари бад

  1. Қобил ва Ҳобил бо чӣ кор машғуланд?

  2. Чӣ гуна ҳадяҳоро Қобил ва Ҳобил барои Яҳува меоранд?

  3. Чаро Яҳува ҳадяи Ҳобилро хуш карду ҳадяи Қобилро не?

  4. Қобил чӣ хел одам буд ва чӣ тавр Яҳува ба ислоҳ кардани вай саъй намуд?

  5. Ҳангоме ки Қобил бо бародараш дар саҳро танҳо монд, чӣ кор кард?

  6. Нақл кунед, ки бо Қобил баъд аз он ки ӯ бародарашро кушт, чӣ ҳодиса рӯй дод.

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 4:2–26-ро хонед.

    1. Чӣ хел Яҳува Қобилро аз хавфе, ки ба вай таҳдид мекард, огоҳ намуд? (Ҳас. 4:7).

    2. Чӣ тавр ҳолати дили Қобил ошкор гардид? (Ҳас. 4:9).

    3. Назари Яҳува нисбати хуни ноҳақ рехташуда чӣ гуна аст? (Ҳас. 4:10; Иш. 26:21).

  2. 1 Юҳанно 3:11, 12-ро хонед.

    1. Аз чӣ сабаб Қобил хеле хашмгин шуд ва чаро ин барои мо мисоли огоҳкунанда аст? (Ҳас. 4:4, 5; Мас. 14:30; 28:22).

    2. Чӣ хел Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ҳатто дар сурати ба Яҳува зид будани тамоми аҳли оила, мо боисматии худро нигоҳ дошта метавонем? (Заб. 26:10; Мат. 10:21, 22).

  3. Юҳанно 11:25-ро хонед.

    Ба онҳое ки барои ростӣ мемиранд, Исо чӣ итминоне дод? (Юҳ. 5:24).

Ҳикояи 7

Марди ҷасур

  1. Ҳанӯх аз дигарон чӣ фарқ дошт?

  2. Барои чӣ рафтори одамон дар рӯзҳои Ҳанӯх хеле бад буд?

  3. Одамон чӣ гуноҳҳо мекарданд? (Ба тасвир нигар).

  4. Барои чӣ Ҳанӯх бояд ҷасур мебуд?

  5. Давомнокии ҳаёти одамон дар он давра чӣ қадар буд ва Ҳанӯх чанд сол умр дид?

  6. Баъд аз марги Ҳанӯх чӣ шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 5:21–24, 27-ро хонед.

    1. Муносибати байни Ҳанӯх ва Яҳува чӣ гуна буд? (Ҳас. 5:24).

    2. Кӣ мувофиқи Китоби Муқаддас умри аз ҳама дароз дидааст ва ӯ чанд сол зистааст? (Ҳас. 5:27).

  2. Ҳастӣ 6:5-ро хонед.

    Баъд аз марги Ҳанӯх вазъияти рӯи замин то чӣ андоза бад шуд ва дар бобати замони мо чӣ метавон гуфт? (2 Тим. 3:13).

  3. Ибриён 11:5-ро хонед.

    Бо кадом хислаташ Ҳанӯх «ба Худо писанд» омад ва Худо чӣ тавр ӯро баракат дод? (Ҳас. 5:22).

  4. Яҳудо 14, 15-ро хонед.

    Чӣ тавр масеҳиён имрӯз метавонанд ба ҷасурии Ҳанӯх пайравӣ намуда, одамонро аз нобудшавии омадаистодаи ҷанги Ҳармиҷидӯн огоҳ кунанд? (2 Тим. 4:2; Ибр. 13:6).

Ҳикояи 8

Бузургҷуссаҳо дар рӯи замин

  1. Вақте ки баъзе фариштаҳо ба Шайтон гӯш доданд, чӣ ҳодиса рӯй дод?

  2. Чаро баъзе фариштаҳо иҷроиши кореро, ки дар осмон ба онҳо супорида шуда буд, тарк карда ба замин фаромаданд?

  3. Чаро баданҳои одамӣ гирифтан ва ба замин фаромадани фариштагон гуноҳ буд?

  4. Фарзандони фариштаҳо аз бачаҳои дигар чӣ фарқ доштанд?

  5. Ба тасвир нигар. Вақте ки фарзандони фариштаҳо калон ва бузургҷусса мешуданд, чӣ корҳо мекарданд?

  6. Кадом як марди хубе баъд аз Ҳанӯх дар рӯи замин зиндагӣ мекард ва чаро Худо ӯро дӯст медошт?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 6:1–8-ро хонед.

    Чӣ тавр аз Ҳастӣ 6:6 маълум мегардад, ки рафтори мо метавонад ба эҳсосоти Яҳува таъсир расонад? (Заб. 77:40, 41; Мас. 27:11).

  2. Яҳудо 6-ро хонед.

    Чаро барои мо мисоли фариштаҳое, ки дар айёми Нӯҳ «мартабаи худро маҳфуз надоштанд», огоҳкунанда аст? (1 Қӯр. 3:5–9; 2 Пет. 2:4, 9, 10).

Ҳикояи 9

Нӯҳ киштӣ месозад

  1. Оилаи Нӯҳ аз чанд кас иборат буд ва се писари ӯ чӣ номҳо доштанд?

  2. Чӣ супориши аҷиберо Худо ба Нӯҳ дод ва барои чӣ?

  3. Суханони Нӯҳ дар бораи киштӣ ба одамони гирду атроф чӣ таъсире доштанд?

  4. Худо ба Нӯҳ дар бораи ҳайвонҳо чӣ фармоише дод?

  5. Баъд аз он ки Худо дари киштиро маҳкам кард, Нӯҳ ва аҳли оилааш бояд чӣ кор мекарданд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 6:9–22-ро хонед.

    1. Чаро Нӯҳ яке аз ходимони бахусуси Худо буд? (Ҳас. 6:9, 22).

    2. Назари Худо ба зӯроварӣ чӣ гуна аст ва ин ба интихоби вақтхушиҳоямон бояд чӣ гуна таъсир кунад? (Ҳас. 6:11, 12; Заб. 10:5).

    3. Дар мавриди гирифтани дастурот аз созмони Яҳува чӣ хел мо ба Нӯҳ пайравӣ карда метавонем? (Ҳас. 6:22; 1 Юҳ. 5:3).

  2. Ҳастӣ 7:1–9-ро хонед.

    Чӣ тавр оне ки Яҳува Нӯҳро новобаста аз нокомилиаш одил меҳисобид, моро рӯҳбаланд мегардонад? (Ҳас. 7:1; Мас. 10:16; Иш. 26:7).

Ҳикояи 10

Тӯфони азим

  1. Чаро баъд аз сар шудани борон дигар ҳеҷ кас ба киштӣ даромада наметавонист?

  2. Борон чанд шабу чанд рӯз борид ва сатҳи об то чӣ андоза баланд шуд?

  3. Вақте ки об тамоми рӯи заминро фаро гирифт, бо киштӣ чӣ шуд?

  4. Оё бузургҷуссаҳо аз Тӯфон наҷот ёфтанд? Бо падарони онҳо чӣ шуд?

  5. Баъд аз панҷ моҳ бо киштӣ чӣ шуд?

  6. Барои чӣ Нӯҳ зоғро аз киштӣ ба берун сар дод?

  7. Нӯҳ аз куҷо фаҳмид, ки обҳо аз рӯи замин фаромаданд?

  8. Баъд аз он ки Нӯҳ ва аҳли оилааш муддати беш аз як солро дар киштӣ гузарониданд, Худо ба Нӯҳ чӣ гуфт?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 7:10–24-ро хонед.

    1. Ҳаёт дар рӯи замин то кадом андоза нест карда шуд? (Ҳас. 7:23).

    2. То даме ки сатҳи об ба фаромадан сар кард, чӣ қадар вақт гузашт? (Ҳас. 7:24).

  2. Ҳастӣ 8:1–17-ро хонед.

    Чӣ гуна Ҳастӣ 8:17 нишон медиҳад, ки нияти аввалаи Яҳува нисбати замин тағир наёфтааст? (Ҳас. 1:22).

  3. 1 Петрус 3:19, 20-ро хонед.

    1. Вақте ки фариштагони исёнгар ба осмон баргаштанд, онҳо ба чӣ маҳкум шуданд? (Яҳ. 6).

    2. Рӯйдод бо Нӯҳ ва аҳли оилааш, чӣ тавр бовариамонро ба он ки Яҳува ба наҷот додани халқи худ қодир аст, мустаҳкам мегардонад? (2 Пет. 2:9).

Ҳикояи 11

Аввалин рангинкамон

  1. Вақте ки Нӯҳ бо аҳли оилааш аз киштӣ баромад, ӯ пеш аз ҳама чӣ кор кард? (Ба расм нигар).

  2. Баъд аз Тӯфон Худо ба Нӯҳ ва аҳли хонаводааш чӣ фармуд?

  3. Худо чӣ ваъдае дод?

  4. Рангинкамон ба мо чиро бояд хотиррасон кунад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 8:18–22-ро хонед.

    1. Чӣ тавр мо имрӯз метавонем ба Худо «атри гуворо» пешкаш намоем? (Ҳас. 8:21; Ибр. 13:15, 16).

    2. Дар бораи ҳолати дили одамизод Яҳува чӣ гуфт ва дар кадом бобат бояд эҳтиёт бошем? (Ҳас. 8:21; Мат. 15:18, 19).

  2. Ҳастӣ 9:9–17-ро хонед.

    1. Яҳува бо тамоми офаридаҳои заминӣ чӣ гуна аҳде баст? (Ҳас. 9:10, 11).

    2. Аҳди рангинкамон то ба кай дар амал хоҳад буд? (Ҳас. 9:16).

Ҳикояи 12

Одамон бурҷи бузурге месозанд

  1. Нимрӯд кӣ буд ва Худо дар бораи ӯ чӣ фикр дошт?

  2. Барои чӣ одамони дар расм тасвиршуда хишт мерезанд?

  3. Чаро Яҳува аз ин кори онҳо норозӣ буд?

  4. Чӣ гуна Яҳува одамонро аз сохтани бурҷ боздошт?

  5. Шаҳри онҳо чӣ ном гирифт ва ин ном чӣ маъно дорад?

  6. Баъд аз он ки Худо забони одамонро омехт, бо онҳо чӣ шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 10:1, 8–10-ро хонед.

    Нимрӯд чӣ гуна хислатҳоро зоҳир мекард ва ин дар кадом мавридҳо барои мо мисоли огоҳкунанда мебошад? (Мас. 3:31).

  2. Ҳастӣ 11:1–9-ро хонед.

    Мақсад аз бунёд кардани бурҷ чӣ буд ва чаро ин сохтмон бояд завол меёфт? (Ҳас. 11:4; Мас. 16:18; Юҳ. 5:44).

Ҳикояи 13

Иброҳим — дӯсти Худост

  1. Дар Ур чӣ гуна одамон зиндагӣ мекарданд?

  2. Марди дар расм тасвиршуда кист, ӯ кай ба дунё омад ва дар куҷо умр ба сар мебурд?

  3. Худо ба Иброҳим чӣ амре дод?

  4. Чаро Иброҳим дӯсти Худо номида шуд?

  5. Кӣ ҳамроҳи Иброҳим Урро тарк кард?

  6. Вақте ки Иброҳим ба сарзамини Канъон расид, Худо ба вай чӣ гуфт?

  7. Ҳангоме ки Иброҳим 99–сола шуд, Худо ба ӯ чӣ ваъда дод?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 11:27–32-ро хонед.

    1. Иброҳим ба Лут кӣ мешуд? (Ҳас. 11:27).

    2. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки Тораҳ оилаашро гирифта, «ба замини Канъон бирафт», аз куҷо мо медонем, ки ташаббускори кӯчидан Иброҳим буд? Сабаби кӯч бастани онҳо дар чӣ буд? (Ҳас. 11:31; Аъм. 7:2–4).

  2. Ҳастӣ 12:1–7-ро хонед.

    Баъд аз омадани Иброҳим ба сарзамини Канъон, Яҳува ба аҳди худ чӣ чизи наве илова кард? (Ҳас. 12:7).

  3. Ҳастӣ 17:1–8, 15–17-ро хонед.

    1. Чӣ гуна номи Абром дар 99–солагиаш дигаргун карда шуд ва барои чӣ? (Ҳас. 17:5).

    2. Яҳува ба Соро чӣ гуна баракатҳоро ваъда дод? (Ҳас. 17:15, 16).

  4. Ҳастӣ 18:9–19-ро хонед.

    1. Дар Ҳастӣ 18:19 дар бораи кадом масъулиятҳои падарон гуфта мешавад? (ТШ 6:6, 7; Эфс. 6:4).

    2. Кадом воқеаи бо Соро рухдода, нишон медиҳад, ки мо аз Яҳува чизеро пинҳон карда наметавонем? (Ҳас. 18:12, 15; Заб. 43:22).

Ҳикояи 14

Худо имони Иброҳимро меозмояд

  1. Худо ба Иброҳим чӣ ваъда дод ва Ӯ чӣ тавр ин ваъдаашро иҷро намуд?

  2. Чӣ гуна Худо имони Иброҳимро озмуд? (Ба расм нигар).

  3. Гарчанде ки Иброҳим сабаби фармудаи Худоро намефаҳмид, ӯ чӣ кор кард?

  4. Вақте ки Иброҳим кордро барои куштани Исҳоқ гирифт, чӣ ҳодиса рӯй дод?

  5. Имони Иброҳим нисбати Худо то чӣ андоза қавӣ буд?

  6. Худо ба Иброҳим чиро дод, ки чун қурбонӣ тақдим кунад ва ин чӣ тавр воқеъ гардид?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 21:1–7-ро хонед.

    Чаро Иброҳим писарашро дар ҳаштрӯзагиаш хатна кард? (Ҳас. 17:10–12; 21:4).

  2. Ҳастӣ 22:1–18-ро хонед.

    Исҳоқ чӣ тавр ба падараш — Иброҳим итоат мекард ва ин чӣ гуна ба рӯйдоди оянда, ки маънои амиқтаре дошт, ишора менамуд? (Ҳас. 22:7–9; 1 Қӯр. 5:7; Фил. 2:8, 9).

Ҳикояи 15

Зани Лут ба ақиб нигарист

  1. Чаро Иброҳим ва Лут қарор карданд, ки аз ҳам ҷудо зиндагӣ кунанд?

  2. Чаро Лут хост, ки дар Садӯм сокин гардад?

  3. Дар Садӯм чӣ гуна одамон зиндагӣ мекарданд?

  4. Кадом огоҳиро ду фаришта ба Лут расониданд?

  5. Чаро зани Лут ба сутуни намак мубаддал гашт?

  6. Аз ҳодисаи бо зани Лут рухдода мо чӣ дарсе гирифта метавонем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 13:5–13-ро хонед.

    Дар ҳалли мушкилиҳое, ки зимни муносибат бо одамон пайдо мешаванд, чӣ гуна аз Иброҳим ибрат гирифта метавонем? (Ҳас. 13:8, 9; Рум. 12:10; Фил. 2:3, 4).

  2. Ҳастӣ 18:20–33-ро хонед.

    Чӣ тавр сӯҳбати Худо бо Иброҳим моро итминон медиҳад, ки Яҳува ва Исо аз рӯи адолат доварӣ хоҳанд кард? (Ҳас. 18:25, 26; Мат. 25:31–33).

  3. Ҳастӣ 19:1–29-ро хонед.

    1. Чӣ гуна ин порчаи Китоби Муқаддас назари Яҳуваро нисбати ҳамҷинсбозӣ маълум мегардонад? (Ҳас. 19:5, 13; Иб. 20:13).

    2. Чӣ гуна фарқиятро байни Иброҳим ва Лут дар қабули дастурот аз ҷониби Худо дида метавонем ва мо аз ин чӣ дарсе барои худ мегирем? (Ҳас. 19:15, 16, 19, 20; 22:3).

  4. Луқо 17:28–32-ро хонед.

    Ҳолати дили зани Лут нисбати чизу чора чӣ гуна буд ва чӣ тавр ин барои мо мисоли огоҳкунанда шуда метавонад? (Лқ 12:15; 17:31, 32; Мт 6:19–21, 25).

  5. 2 Петрус 2:6–8-ро хонед.

    Муносибати мо нисбати ҷаҳони худоношинос, ки моро иҳота кардааст, дар пайравии Лут бояд чӣ гуна бошад? (Ҳиз. 9:4; 1 Юҳ. 2:15–17).

Ҳикояи 16

Исҳоқ зани хубе мегирад

  1. Ин марду зани дар расмбуда кистанд?

  2. Иброҳим барои ёфтани зани хубе барои писараш, чӣ кор кард ва чаро ӯ маҳз ҳамин тавр намуд?

  3. Дуои ходими Иброҳим чӣ тавр мустаҷоб гашт?

  4. Вақте розигии Ривқоро барои зани Исҳоқ шудан пурсиданд, вай чӣ ҷавоб дод?

  5. Барои чӣ Исҳоқ аз нав шод шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 24:1–67-ро хонед.

    1. Кадом хислатҳои хуби Ривқо ҳангоми дар канори чоҳ бо ходими Иброҳим вохӯрдани ӯ зоҳир шуданд? (Ҳас. 24:17–20; Мас. 31:17, 31).

    2. Ғамхории Иброҳим дар бобати чигунагии зани Исҳоқ, чӣ тавр метавонад барои масеҳиёни имрӯза намунаи хубе барои ибрат бошад? (Ҳас. 24:37, 38; 1 Қӯр. 7:39; 2 Қӯр. 6:14).

    3. Чаро мо бояд мисли Исҳоқ барои мулоҳиза вақт ҷудо кунем? (Ҳас. 24:63 “Тарҷумаи Олами Нав” — ТОН; Заб. 76:13; Фил. 4:8).

Ҳикояи 17

Дугоникҳое, ки ба ҳам монанд набуданд

  1. Эсов ва Яъқуб кистанд ва онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доштанд?

  2. Эсов ва Яъқуб дар вақти фавти бобояшон — Иброҳим чандсола буданд?

  3. Кадом кори Эсов падару модарашро хеле ғамгин кард?

  4. Чаро Эсов ба бародараш Яъқуб сахт дарғазаб шуд?

  5. Исҳоқ ба писараш Яъқуб чӣ насиҳат дод?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 25:5–11, 20–34-ро хонед.

    1. Яҳува нисбати ду писари Ривқо чӣ пешгӯие кард? (Ҳас. 25:23).

    2. Чӣ фарқияте байни назари Яъқуб ва Эсов ба нахустзодагӣ вуҷуд дошт? (Ҳас. 25:31–34).

  2. Ҳастӣ 26:34, 35; 27:1–46 ва 28:1–5-ро хонед.

    1. Ношукрии Эсов нисбати дороии рӯҳонӣ дар чӣ зоҳир шуд? (Ҳас. 26:34, 35; 27:46).

    2. Исҳоқ ба писараш Яъқуб барои соҳиб шудани баракатҳои Худо, чӣ панде дод? (Ҳас. 28:1–4).

  3. Ибриён 12:16, 17-ро хонед.

    Чӣ гуна мисоли Эсов, натиҷаи амалҳои касонеро, ки дороии муқаддасро қадр намекунанд, нишон медиҳад?

Ҳикояи 18

Яъқуб ба Ҳоррон меравад

  1. Ин духтари дар расмбуда кист ва Яъқуб барои ӯ чӣ кор кард?

  2. Яъқуб барои ба занӣ гирифтани Роҳел ба чӣ кор тайёр буд?

  3. Ҳангоми расидани вақт барои додани Роҳел, Лобон чӣ кор кард?

  4. Яъқуб, ки мехост ба ҳар ҳол Роҳел зани ӯ гардад, ба чӣ боз розӣ шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 29:130-ро хонед.

    1. Ҳатто вақте ки Лобон вайро фиреб кард, чӣ тавр Яъқуб нишон дод, ки ӯ бовиҷдон аст ва мо аз ин чӣ омӯхта метавонем? (Ҳас. 25:27; 29:26–28; Мат. 5:37).

    2. Чӣ тавр мисоли Яъқуб фарқияти байни муҳаббат ва ошиқиро нишон медиҳад? (Ҳас. 29:18, 20, 30; С. Сур. 8:6).

    3. Кадом чор зан аъзои оилаи Яъқуб шуданд ва баъдтар ба ӯ писарҳо таваллуд карданд? (Ҳас. 29:23, 24, 28, 29).

Ҳикояи 19

Яъқуб соҳиби оилаи калоне мешавад

  1. Шаш писари Яъқуб, ки зани якуми ӯ — Леё таваллуд кард, чӣ ном доранд?

  2. Кадом ду писарро канизи Леё — Зилфо барои Яъқуб таваллуд кард?

  3. Номи ду писаре, ки Билҳо — канизи Роҳел барои Яъқуб ба дунё овард, чист?

  4. Ду писаре, ки Роҳел таваллуд кард чӣ ном доранд ва ҳангоми тавлиди писари дуюмаш бо ӯ чӣ шуд?

  5. Мувофиқи расми тасвиршуда, Яъқуб чанд писар дошт ва аз онҳо кадом халқ пайдо гардид?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 29:3235; 30:126 ва 35:1619-ро хонед.

    Чуноне ки аз номгузории 12 писари Яъқуб бармеояд, писарҳои яҳудиро дар давраҳои қадим чӣ гуна номгузорӣ мекарданд?

  2. Ҳастӣ 37:35-ро хонед.

    Мо аз куҷо медонем, ки Дино ягона духтари Яъқуб набуд, ҳарчанд ки дар Китоби Муқаддас танҳо вай ёдовар мешавад? (Ҳас. 37:34, 35).

Ҳикояи 20

Дино ба нохушӣ афтод

  1. Чаро Иброҳим ва Исҳоқ намехостанд, ки фарзандонашон бо канъониён издивоҷ кунанд?

  2. Оё Яъқуб аз дӯстии Дино бо духтарони канъонӣ розӣ буд?

  3. Марде ки ба Дино нигоҳ мекунад, кист ва ӯ чӣ кори баде кард?

  4. Бародарони Дино — Шимъӯн ва Левӣ ҳангоми хабар ёфтан аз ин ҳодиса чӣ кор карданд?

  5. Оё Яъқуб аз кори кардаи Шимъӯн ва Левӣ розӣ буд?

  6. Ҳамаи ин нохушиҳое, ки ба сари оилаи Яъқуб омаданд, аз чӣ оғоз ёфтанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 34:131-ро хонед.

    1. Чаро Дино ҳам ба дараҷае барои гум кардани бакорати худ гунаҳкор аст? (Ғал. 6:7).

    2. Чӣ тавр ҷавонон имрӯз нишон дода метавонанд, ки ҳодисаи бо Дино рӯйдода барояшон мисоли огоҳкунанда аст? (Мас. 13:20; 1 Қӯр. 15:33; 1 Юҳ. 5:19).

Ҳикояи 21

Бародарони Юсуф ба вай нафрат мекунанд

  1. Барои чӣ бародарони Юсуф ба вай ҳасад мебурданд ва онҳо чӣ кор карданд?

  2. Бародарони Юсуф дар аввал чӣ кор кардан мехостанд ва Реубен чӣ гуфт?

  3. Ҳангоми дар наздикӣ равона будани тоҷирони исмоилӣ чӣ ҳодиса рӯй дод?

  4. Бародарони Юсуф барои ба марги Юсуф бовар кунондани падарашон чӣ кор карданд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 37:135-ро хонед.

    1. Чӣ гуна масеҳиён метавонанд ба Юсуф пайравӣ намуда, дар бораи гуноҳи дар ҷамъомад содиршуда хабар диҳанд? (Ҳас. 37:2; Иб. 5:1; 1 Қӯр. 1:11).

    2. Чӣ бародарони Юсуфро ба ин хиёнат нисбати вай водор намуд? (Ҳас. 37:11, 18; Мас. 27:4; Яъқ. 3:14–16).

    3. Чӣ кори Яъқуб зуҳуроти табии ғаму андӯҳ мебошад? (Ҳас. 37:35).

Ҳикояи 22

Юсуф ба зиндон меафтад

  1. Юсуф дар вақти ба Миср овардашуданаш чандсола буд ва дар он ҷо бо вай чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

  2. Чӣ тавр Юсуф ба зиндон афтид?

  3. Дар зиндон Юсуф ба кадом вазифа масъул шуд?

  4. Юсуф дар зиндон барои соқӣ ва нонвойи фиръавн чӣ кор мекунад?

  5. Баъд аз озод шудани соқӣ аз зиндон, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 39:123-ро хонед.

    Азбаски дар рӯзҳои Юсуф қонуни Худо дар бораи зино ҳанӯз дар ҳеҷ ҷой навишта нашуда буд, чӣ Юсуфро водор намуд, ки аз зани Фӯтифар бигрезад? (Ҳас. 2:24; 20:3; 39:9).

  2. Ҳастӣ 40:123-ро хонед.

    1. Хоби соқӣ ва таъбиреро, ки Яҳува ба Юсуф дод, кӯтоҳ нақл бикун (Ҳас. 40:9–13).

    2. Нонвой чӣ хоб дид ва хобаш чӣ маъно дошт? (Ҳас. 40:16–19).

    3. Чӣ тавр синфи ғуломи мӯътамад ва доно имрӯз ба Юсуф пайравӣ мекунад? (Ҳас. 40:8; Заб. 35:10; Юҳ. 17:17; Аъм. 17:2, 3).

    4. Чӣ тавр Ҳастӣ 40:20 ба нуқтаи назари масеҳиён нисбати ҷашни зодрӯз равшанӣ меандозад? (Воиз 7:1; Марқ. 6:21–28).

Ҳикояи 23

Хобҳои фиръавн

  1. Бо фиръавн шабе чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  2. Чӣ тавр соқӣ билохир Юсуфро ба хотир меоварад?

  3. Кадом ду хобро чуноне ки дар расм нишон дода шудааст, фиръавн дид?

  4. Ин хобҳоро Юсуф чӣ гуна таъбир кард?

  5. Чӣ хел Юсуф шахси баъди фиръавн бонуфузтарин дар Миср мегардад?

  6. Барои чӣ бародарони Юсуф ба Миср омаданд ва чаро онҳо вайро намешиносанд?

  7. Кадом хобҳои дидаашро Юсуф ба ёд меорад ва онҳо дар фаҳмидани чӣ ба ӯ кӯмак мекунанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 41:157-ро хонед.

    1. Чӣ тавр Юсуф диққатро ба сӯи Яҳува равона кард ва масеҳиён чӣ гуна ба ин мисол пайравӣ карда метавонанд? (Ҳас. 41:16, 25, 28; Мат. 5:16; 1 Пет. 2:12).

    2. Солҳои фаровонӣ ва солҳои гуруснагии пас аз онҳо, чӣ тавр фарқияти байни ҳолати рӯҳонии халқи Худо ва ҳолати рӯҳонии ҷаҳони ба ном масеҳиятро нишон медиҳанд? (Ҳас. 41:29, 30; Ом. 8:11, 12).

  2. Ҳастӣ 42:18 ва 50:20-ро хонед.

    Оё ба масеҳиён агар дар ҷое ин кор маъмул бошад, ба шахсе барои зоҳир кардани иззату эҳтиром таъзим кардан мумкин аст? (Ҳас. 42:6).

Ҳикояи 24

Юсуф бародарони худро месанҷад

  1. Юсуф барои чӣ бародарони худро дар ҷосусӣ айбдор намуд?

  2. Барои чӣ Яъқуб писари хурдии худ Бинёминро барои рафтан ба Миср ҷавоб медиҳад?

  3. Чӣ гуна ҷоми нуқрагини Юсуф ба халтаи Бинёмин андохта мешавад?

  4. Яҳудо барои озод намудани Бинёмин чӣ пешниҳод мекунад?

  5. Бародарони Юсуф дар худ чӣ гуна тағирот карданд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 42:938-ро хонед.

    Гуфтаҳои Юсуф аз Ҳастӣ 42:18 чӣ тавр метавонанд ёдоварии хубе бошанд барои онҳое, ки имрӯз дар созмони Яҳува соҳиби масъулияте ҳастанд? (Наҳ. 5:15; 2 Қӯр. 7:1, 2).

  2. Ҳастӣ 43:134-ро хонед.

    1. Ҳарчанд ки нахустписар Реубен буд, аз чӣ бармеояд, ки аз номи бародарон Яҳудо сухан мегуфт? (Ҳас. 43:3, 8, 9; 44:14, 18; 1 Вақ. 5:2).

    2. Чӣ тавр Юсуф яқинан бародарони худро санҷидан мехост ва барои чӣ? (Ҳас. 43:33, 34).

  3. Ҳастӣ 44:134-ро хонед.

    1. То ки ӯро нашиносанд, Юсуф ба бародаронаш худро ҳамчун кӣ муаррифӣ кард? (Ҳас. 44:5, 15; Иб. 19:26).

    2. Бародарони Юсуф чӣ тавр нишон доданд, ки ҳасади пешдоштаашонро, аз дил бадар кардаанд? (Ҳас. 44:13, 33, 34).

Ҳикояи 25

Хонавода ба Миср кӯч мебандад

  1. Вақте ки Юсуф кӣ буданашро ба бародаронаш гуфт, чӣ воқеа рӯй дод?

  2. Юсуф чиро ба бародарони худ бо меҳрубонӣ фаҳмонд?

  3. Ҳангоме ки фиръавн дар бораи бародарони Юсуф хабардор шуд, чӣ гуфт?

  4. Оилаи Яъқуб ҳангоми кӯч бастан ба Миср аз чанд нафар иборат буд?

  5. Аҳли оилаи Яъқубро бо чӣ ном мехонданд ва барои чӣ?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ҳастӣ 45:128-ро хонед.

    Воқеаи бо Юсуф рӯйдода, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, чӣ гуна нишон медиҳад, ки ҳатто дар он вақте ки ба ходимони Яҳува зарар расонданӣ мешаванд, Худо қудрати ин бадиро баръакс ба фоидаи ходимонаш гардониданро дорад? (Ҳас. 45:5–8; Иш. 8:10; Фил. 1:12–14).

  2. Ҳастӣ 46:127-ро хонед.

    Яҳува ба Яъқуб ҳангоми ба Миср равона буданаш, чӣ итминоне дод? (Ҳас. 46:1–4).

Ҳикояи 26

Айюб ба Худо содиқ мемонад

  1. Айюб кист?

  2. Шайтон ба кадом кор кӯшиш кард ва оё ӯ ба ин муваффақ шуд?

  3. Яҳува ба Шайтон чиро иҷозат дод ва барои чӣ?

  4. Чаро зани Айюб ба ӯ «Худоро лаънат бикун ва бимир» гуфт? (Ба расм нигар).

  5. Яҳува чӣ гуна Айюбро баракат дод ва чаро? (Ба расми дуюм нигар).

  6. Агар мо мисли Айюб ба Яҳува содиқ бимонем, кадом баракатҳоро соҳиб хоҳем шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Айюб 1:122-ро хонед.

    Масеҳиён чӣ гуна имрӯз ба Айюб пайравӣ карда метавонанд? (Аб 1:1; Фил. 2:15; 2 Пет. 3:14).

  2. Айюб 2:113-ро хонед.

    Чӣ тавр Айюб ва зани вай ба озмоишҳои аз ҷониби Шайтон омада ҷавобҳои гуногун доданд? (Аб 2:9, 10; Мас. 19:3; Мик. 7:7; Мал. 3:14).

  3. Айюб 42:1017-ро хонед.

    1. Дар байни инъомҳое, ки Айюб ва Исо барои содиқ мондан ба Худо гирифтанд, чӣ монандие вуҷуд дорад? (Аб 42:12; Фил. 2:9–11).

    2. Донистани он ки Айюб беайбии худро нигоҳ дошт ва аз ин сабаб соҳиби баракатҳо шуд, чӣ гуна моро рӯҳбаланд мегардонад? (Аб 42:10, 12; Ибр. 6:10; Яъқ. 1:2–4, 12; 5:11).

Ҳикояи 27

Дар Миср подшоҳи бад ҳукм меронад

  1. Марде, дар расм қамчин дар даст дорад кист ва ӯ киро мезанад?

  2. Баъд аз марги Юсуф бо исроилиён чӣ шуд?

  3. Чаро мисриён аз исроилиён метарсидагӣ шуданд?

  4. Фиръавн ба занҳое, ки дар таваллуди тифлон ба занони исроилӣ кӯмак мекарданд, чӣ фармуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 1:622-ро хонед.

    1. Яҳува чӣ тавр ба иҷро намудани ваъдаи ба Иброҳим додааш оғоз кард? (Хур. 1:7; Ҳас. 12:2; Аъм. 7:17).

    2. Дояҳои ибрӣ чӣ тавр ба муқаддасии ҳаёт эҳтиром нишон доданд? (Хур. 1:17; Ҳас. 9:6).

    3. Барои садоқаташон нисбати Яҳува дояҳои ибрӣ чӣ гуна инъом гирифтанд? (Хур. 1:20, 21; Мас. 19:17).

    4. Шайтон чӣ тавр кӯшиш кард, ки ба иҷрошавии иродаи Яҳува нисбати Насли ваъдашуда аз Иброҳим, халал расонад? (Хур. 1:22; Мат. 2:16).

Ҳикояи 28

Чӣ тавр Мусои кӯдак наҷот меёбад

  1. Ин кӯдаки дар расмбуда кист ва ӯ ангушти киро дар дасташ медорад?

  2. Модари Мусо барои аз куштан эмин мондани кӯдакаш чӣ қарор кард?

  3. Ин духтарчаи дар расм тасвиршуда кист ва ӯ чӣ кор кард?

  4. Вақте ки духтари фиръавн кӯдакро ёфт, Марям ба ӯ чӣ пешниҳод кард?

  5. Шоҳдухтар ба модари Мусо чӣ гуфт?

Саволи иловагӣ:

  1. Хуруҷ 2:110-ро хонед.

    Модари Мусо чӣ гуна имконияте барои таълиму тарбияи Мусо дар хурдии вай дошт ва чӣ тавр ин мисол метавонад имрӯз барои волидон намуна бошад? (Хур. 2:9, 10; ТШ 6:6–9; Мас. 22:6; Эфс. 6:4; 2 Тим. 3:15).

Ҳикояи 29

Чаро Мусо мегурезад?

  1. Мусо дар куҷо ба воя расид ва чиро дар бораи волидонаш медонист?

  2. Дар вақтҳои 40–солагияш Мусо чӣ кор кард?

  3. Мусо ба мардони исроилие, ки бо ҳам занозанӣ мекарданд, чӣ гуфт ва яке аз ин мардон ба вай чӣ ҷавоб дод?

  4. Барои чӣ Мусо аз Миср гурезон шуд?

  5. Мусо гурехта ба куҷо рафт ва дар он ҷо бо кӣ вохӯрд?

  6. Дар муддати 40 соли пас аз гурехтан аз Миср, Мусо ба чӣ кор машғул буд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 2:1125-ро хонед.

    Ба солҳои зиёди таълимот дар Миср нигоҳ накарда, чӣ тавр Мусо нисбати Яҳува ва қавмаш содиқ буданашро зоҳир намуд? (Хур. 2:11, 12; Ибр. 11:24).

  2. Аъмол 7:2229-ро хонед.

    Аз мисоли Мусо, ки бо қувваи худ барои озод кардани қавмаш саъй мекард, мо чӣ омӯхта метавонем? (Аъм. 7:23–25; 1 Пет. 5:6, 10).

Ҳикояи 30

Хорбуттаи фурӯзон

  1. Номи ин кӯҳи дар расмбуда чист?

  2. Нақл бикун, ки Мусо дар вақти бо гӯсфандон ба кӯҳ наздик шуданаш чиро мебинад.

  3. Овози аз буттаи фурӯзон баромада чӣ гуфт ва ин овози кӣ буд?

  4. Вақте Худо ба Мусо гуфт, ки вай ба қавми ӯ дар баромадан аз Миср роҳбалад хоҳад буд, Мусо чӣ ҷавоб дод?

  5. Агар исроилиён пурсанд, ки Мусоро кӣ фиристод, ӯ аз рӯи фармудаи Худо бояд чӣ мегуфт?

  6. Мусо чӣ тавр исбот карда метавонист, ки вайро Худо фиристодааст?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 3:122-ро хонед.

    Мисоли Мусо чӣ тавр моро мӯътакид мегардонад, ки ҳатто агар худро дар иҷроиши таъиноте ноҳинҷор ҳис кунем, Худо моро дастгирӣ хоҳад кард? (Хур. 3:11, 13; 2 Қӯр. 3:5, 6).

  2. Хуруҷ 4:120-ро хонед.

    1. Чӣ гуна тарзи фикрронии Мусо дар муддати 40 соле, ки дар замини Мидён буд, тағир ёфт ва онҳое ки барои соҳиб шудани таъиноте дар ҷамъомад мекӯшанд, аз ин чӣ дарсе гирифта метавонанд? (Хур. 2:11, 12; 4:10, 13; Мик. 6:8; 1 Тим. 3:1, 6, 10).

    2. Ҳатто агар Яҳува моро ба воситаи ташкилоташ ислоҳ намояд ҳам, мисоли Мусо ба мо чӣ итминоне медиҳад? (Хур. 4:12–14; Заб. 102:14; Ибр. 12:4–11).

Ҳикояи 31

Мусову Ҳорун ба назди фиръавн меоянд

  1. Мӯъҷизаҳое, ки Мусову Ҳорун ба амал оварданд, чӣ таъсире ба исроилиён гузошт?

  2. Мусо ва Ҳорун ба фиръавн чӣ гуфтанд ва фиръавн чӣ ҷавоб дод?

  3. Ҳангоме ки Ҳорун асояшро ба замин партофт, чӣ ҳодиса рӯй дод? (Ба расм нигар).

  4. Яҳува чӣ тавр фиръавнро танбеҳ дод ва муносибати фиръавн бар ин чӣ гуна буд?

  5. Баъд аз рӯй додани балои даҳум чӣ шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 4:27–31 ва 5:123-ро хонед.

    Суханони зерини фиръавн чӣ маъно доштанд: «Яҳуваро намешиносам»? (Хур. 5:2, ТФ; 1 Подш. 2:12; Рум. 1:21).

  2. Хуруҷ 6:1–13, 26–30-ро хонед.

    1. Ба кадом маъно Яҳува худро ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ошкор накарда буд? (Хур. 3:13, 14; 6:3; Ҳас. 12:8, ТОН).

    2. Донистани он ки ҳарчанд Мусо худро ба вазифаи таъиншудааш номуносиб меҳисобид, вале Яҳува ба ҳар ҳол аз ӯ истифода мебурд, чӣ гуна ҳиссиётро дар мо ба вуҷуд меорад? (Хур. 6:12, 30; Луқ. 21:13–15).

  3. Хуруҷ 7:1–13-ро хонед.

    1. Мусо ва Ҳорун бо ҷасурона ба фиръавн хабар додани маҳкумияти Яҳува, чӣ гуна намунаро барои ибрати ходимони имрӯзаи Худо гузоштанд? (Хур. 7:2, 3, 6; Аъм. 4:29–31).

    2. Яҳува чӣ тавр бартарияти худро аз худоёни мисрӣ намоён кард? (Хур. 7:12; 1 Вақ. 29:12).

Ҳикояи 32

10 бало

  1. Аз расмҳои дар ин ҷо додашуда истифода бурда, се балои аввалеро, ки Яҳува бар Миср овард, тасвир бикун.

  2. Се балои аввал аз балоҳои дигар чӣ фарқ доштанд?

  3. Балоҳои чорум, панҷум ва шашум чӣ гуна буданд?

  4. Балоҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳумро тасвир намо.

  5. Пеш аз он ки балои даҳумро ба амал оварад, Яҳува ба исроилиён чӣ фармуд?

  6. Балои даҳум чӣ буд ва баъд аз он чӣ рӯй дод?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 7:19–8:23-ро хонед.

    1. Гарчанде ки ҷодугарони Миср ба такрор кардани ду балои аввали Яҳува қодир буданд, баъд аз балои сеюм онҳо ба эътироф намудани чӣ маҷбур шуданд? (Хур. 8:18, 19; Мат. 12:24–28).

    2. Балои чорум чӣ гуна қудрати Яҳуваро барои муҳофизати халқаш нишон медиҳад ва донистани ин чӣ гуна ҳиссиётро дар ходимони Яҳува дар рӯбарӯгии «азоби азим» ба вуҷуд меорад? (Хур. 8:22, 23; Ваҳй 7:13, 14; 2 Вақ. 16:9).

  2. Хуруҷ 8:24; 9:3, 6, 10, 11, 14, 16, 2325 ва 10:1315, 2123-ро хонед.

    1. Кадом ду гурӯҳи одамон бо 10 бало фош карда шуданд ва ин чӣ тавр метавонад имрӯз ба муносибати мо нисбати ин ду гурӯҳ таъсир расонад? (Хур. 8:10, 18, 19; 9:14).

    2. Чӣ тавр Хуруҷ 9:16 барои фаҳмидани сабаби он ки чаро Яҳува то имрӯз ба вуҷудияти Шайтон роҳ медиҳад, ба мо ёрӣ мерасонад? (Рум. 9:21, 22).

  3. Хуруҷ 12:21–32-ро хонед.

    Чӣ тавр Фисҳ имконияти наҷотро барои одамони зиёде дод ва он ба чӣ ишора мекард? (Хур. 12:21–23; Юҳ. 1:29; Рум. 5:18, 19, 21; 1 Қӯр. 5:7).

Ҳикояи 33

Убур кардан аз Баҳри Сурх

  1. Чанд нафар мардони исроилӣ бо занҳо ва кӯдаконашон Мисрро тарк карданд ва ба онҳо кӣ ҳамроҳ шуд?

  2. Фиръавн баъд аз раҳо кардани исроилиён чиро ҳис намуд ва ӯ чӣ кор кард?

  3. Яҳува барои боздоштани мисриён аз ҳамла ба халқаш, чӣ кор мекунад?

  4. Вақте ки Мусо асои худро ба сӯи Баҳри Сурх дароз намуд, чӣ ҳодиса рӯй дод ва исроилиён чӣ кор карданд?

  5. Ҳангоме ки мисриён аз қафои исроилиён ба даруни баҳр тохтанд, чӣ ҳодиса рӯй дод?

  6. Исроилиён барои наҷот ёфтанашон хурсандиву нисбати Яҳува миннатдор будани худро дар чӣ зоҳир карданд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 12:33–36-ро хонед.

    Яҳува чӣ коре кард, то халқи Ӯ музди меҳнати дар ғуломии Миср кардаашро гирад? (Хур. 3:21, 22; 12:35, 36).

  2. Хуруҷ 14:1–31-ро хонед.

    Суханони дар Хуруҷ 14:13, 14 овардашудаи Мусо ба ходимони имрӯзаи Яҳува, ки шоҳиди муҳорибаи Ҳармиҷидӯн мегарданд, бояд чӣ таъсире гузорад? (2 Вақ. 20:17; Заб. 90:8).

  3. Хуруҷ 15:1–8, 20, 21-ро хонед.

    1. Чаро ходимони Яҳува бояд ба Ӯ бо ҳамду сано сароянд? (Хур. 15:1, 2; Заб. 104:2, 3; Ваҳй 15:3, 4).

    2. Марям ва занҳои дигаре, ки дар соҳили Баҳри Сурх сурудҳои ҳамду сано ба Яҳува сароиданд, чӣ гуна метавонанд барои занони масеҳии имрӯза намунаи ибрат бошанд? (Хур. 15:20, 21; Заб. 67:12).

Ҳикояи 34

Ғизои нав

  1. Ба расм нигар; одамон чиро аз замин ҷамъ мекунанд ва он чӣ ном дорад?

  2. Мусо ба мардум дар бобати ҷамъоварии манн чӣ дастурот медиҳад?

  3. Яҳува ба исроилиён барои рӯзи шашум чӣ кор фармуд ва барои чӣ?

  4. Яҳува бо манни барои рӯзи ҳафтум боқимонда чӣ мӯъҷизае мекунад?

  5. Дар муддати чанд вақт Яҳува мардумро бо манн таъмин менамояд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 16:136 ва Ададҳо 11:7–9-ро хонед.

    1. Аз Хуруҷ 16:8 мо чӣ дарсе нисбати эҳтироми таъиноти теократӣ дар ҷамъомади масеҳӣ меомӯзем? (Ибр. 13:17).

    2. Чӣ гуна дар биёбон ба исроилиён аз Яҳува вобаста будани ҳаёти онҳо ҳар рӯз ёдрас мешуд? (Хур. 16:14–16, 35; ТШ 8:2, 3).

    3. Исо дар бораи кадом маънои рамзии манн мегуфт ва чӣ гуна мо аз ин «нон аз осмон» баҳра мебарем? (Юҳ. 6:31–35, 40).

  2. Еҳушаъ ибни Нун 5:10–12-ро хонед.

    Дар муддати чанд вақт исроилиён манн мехӯрданд, чӣ гуна ин чиз онҳоро меозмуд ва мо аз ин хабар чӣ дарсе барои худ гирифта метавонем? (Хур. 16:35; Ад. 11:4–6; 1 Қӯр. 10:10, 11).

Ҳикояи 35

Яҳува қонунҳои худро медиҳад

  1. Баъд аз ду моҳи баромадан аз Миср, исроилиён дар куҷо хайма заданд?

  2. Яҳува аз мардум чӣ хоҳише кард ва онҳо чӣ ҷавоб доданд?

  3. Барои чӣ Яҳува ба Мусо ду лавҳаи сангӣ дод?

  4. Ба ғайр аз Даҳ Аҳком Худо ба исроилиён кадом қонунҳои дигареро дод?

  5. Кадом ду қонунро Исои Масеҳ қонунҳои бузургтарин номид?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 19:125; 20:121; 24:1218 ва 131:18-ро хонед.

    Чӣ тавр навиштаҳо аз Хуруҷ 19:8 ба мо барои фаҳмидани чӣ маъно доштани “бахшидани худ” ба Худо кӯмак мерасонанд? (Мат. 16:24; 1 Пет. 4:1–3).

  2. Такрори Шариат 6:4–6; Ибодат 19:18 ва Матто 22:3640-ро хонед.

    Масеҳиён чӣ тавр муҳаббати худро ба Худо ва ба наздикон зоҳир мекунанд? (Марқ. 6:34; Аъм. 4:20; Рум. 15:2).

Ҳикояи 36

Гӯсолаи тиллоӣ

  1. Одамони дар расм тасвиршуда чӣ кор карда истодаанд ва барои чӣ?

  2. Чаро Яҳува ба ғазаб омад ва Мусо ҳангоми дидани ин кори мардум чӣ кор мекунад?

  3. Мусо ба баъзе аз мардон чӣ амр дод?

  4. Мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 32:1–35-ро хонед.

    1. Ин воқеа чӣ тавр муносибати Яҳуваро нисбати омехта кардани дини козиб бо ибодати ҳақиқӣ нишон медиҳад? (Хур. 32:4–6, 10; 1 Қӯр. 10:7, 11).

    2. Барои чӣ масеҳиён дар интихоби вақтхушиҳо, аз қабили сурудхонӣ ё рақс бояд эҳтиёт бошанд? (Хур. 32:18, 19; Эфс. 5:15, 16; 1 Юҳ. 2:15–17).

    3. Сибти Левӣ бо иродаи қавӣ барои муҳофизати адолат баромада, чӣ гуна намунаро барои ибрат гузошт? (Хур. 32:25–28).

Ҳикояи 37

Хайма барои ибодат

  1. Ин иморати дар расмбуда чӣ ном дорад ва он бо кадом мақсад истифода мешуд?

  2. Барои чӣ Яҳува ба Мусо фармуд, то хаймаро чунон бисозанд, ки ба осонӣ ба қисмҳо ҷудо кардани он мумкин бошад?

  3. Сандуқе, ки дар ҳуҷраи хурди охири хайма ҷойгир аст, чӣ гуна сандуқ аст ва дар дарунаш чӣ дорад?

  4. Яҳува киро саркоҳин интихоб мекунад ва саркоҳин бояд ба чӣ кор машғул бошад?

  5. Се чизи дар ҳуҷраи калон мавҷуд бударо номбар бикун.

  6. Кадом ду чиз дар саҳни ҳавлии хайма ҷойгир аст ва онҳо барои чӣ истифода мешаванд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Хуруҷ 25:840; 26:137; 27:1–8 ва 28:1-ро хонед.

    Каррубиёне, ки дар болои “сандуқи шаҳодат”-анд, нишонаи чӣ буданд? (Хур. 25:20, 22; Ад. 7:89; 4 Подш. 19:15).

  2. Хуруҷ 30:110, 1721; 34:1, 2 ва Ибриён 9:1–5-ро хонед.

    1. Яҳува барои чӣ муҳиммияти тозагии ҷисмониро ба коҳинон таъкид мекард ва ин имрӯз бояд чӣ гуна таъсире ба мо дошта бошад? (Хур. 30:18–21; 40:30, 31; Ибр. 10:22).

    2. Чӣ тавр Павлуси ҳавворӣ нишон дод, ки хайма ва қонуни аҳд дар замони ба масеҳиёни ибрӣ нома навиштани ӯ, аз истифода баромада буданд? (Ибр. 9:1, 9; 10:1).

Ҳикояи 38

12 Ҷосус

  1. Дар хӯшаи ангури тасвиршуда чиро пайхас кардӣ ва он аз куҷост?

  2. Мусо барои чӣ 12 ҷосусро ба сарзамини Канъон мефиристад?

  3. Даҳ нафар аз ҷосусон баъд аз баргаштан ба Мусо чӣ хабар меоранд?

  4. Чӣ тавр ду нафар аз ҷосусон эътимоди худро нисбати Яҳува зоҳир мекунанд ва номи онҳо чист?

  5. Чаро Яҳува ба хашм меояд ва Ӯ ба Мусо чӣ мегӯяд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ададҳо 13:1–33-ро хонед.

    1. Кӣ барои ҷосусӣ интихоб шуд ва онҳо соҳиби чӣ имконияти хубе гаштанд? (Ад. 13:2, 3, 18–20).

    2. Барои чӣ нуқтаи назари Еҳушаъ ва Колеб аз ҷосусони дигар фарқ мекард ва мо аз ин чӣ меомӯзем? (Ад. 13:28–30; Мат. 17:20; 2 Қӯр. 5:7).

  2. Ададҳо 14:1–38-ро хонед.

    1. Чаро мо бояд аз шикваю норозигӣ нисбати намояндагони Яҳува дар рӯи замин эҳтиёт бошем? (Ад. 14:2, 3, 27; Мат. 25:40, 45; 1 Қӯр. 10:10).

    2. Чӣ тавр матн аз Ададҳо 14:24 нишон медиҳад, ки Яҳува бар ҳар як ходими худ шахсан диққат зоҳир мекунад? (3 Подш. 19:18; Мас. 15:3).

Ҳикояи 39

Асои Ҳорун гул мекунад

  1. Киҳо ба муқобили ҳокимияти Мусо ва Ҳорун бархостанд ва онҳо ба Мусо чӣ гуфтанд?

  2. Мусо ба Қӯраҳ ва 250 нафар пайравони ӯ чӣ кор фармуд?

  3. Мусо ба одамон чӣ гуфт ва ҳамон замоне, ки ӯ суханашро тамом кард, чӣ ҳодиса рӯй дод?

  4. Бо Қӯраҳ ва 250 нафар пайравони вай чӣ шуд?

  5. Писари Ҳорун Элъозор, бо оташдонҳои мардони кушташуда чӣ кор кард ва чаро?

  6. Барои чӣ Яҳува асои Ҳорунро гул кунонд? (Ба расм нигар).

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ададҳо 16:1–49-ро хонед.

    1. Қӯраҳ ва пайравони вай чӣ кор карданд ва барои чӣ ин рафтори онҳо исёне бар муқобили Яҳува буд? (Ад. 16:9, 10, 18; Иб. 10:1, 2; Мас. 11:2).

    2. Чӣ ақидаи нодурустеро Қӯраҳ ва 250 нафари «сардорони ҷамоат» дар худ инкишоф доданд? (Ад. 16:1–3; Мас. 15:33; Иш. 49:7).

  2. Ададҳо 17:1–11 ва 26:10-ро хонед.

    1. Гул кардани асои Ҳорун ба чӣ ишора мекард ва барои чӣ Яҳува фармуд, ки ин асо дар сандуқи аҳд нигоҳ дошта шавад? (Ад. 17:5, 8, 10; Ибр 9:4).

    2. Аз мӯъҷизае, ки бо асои Ҳорун рӯй дод, мо чӣ дарси муҳиме омӯхта метавонем? (Ад. 17:10; Аъм. 20:28; Фил. 2:14; Ибр. 13:17).

Ҳикояи 40

Мусо бо асо ба кӯҳпора мезанад

  1. Яҳува чӣ гуна ба исроилиён ҳангоми дар биёбон буданашон ғамхорӣ мекард?

  2. Ҳангоми дар қароргоҳи Қодеш буданашон, исроилиён нисбати чӣ шикваю норозигӣ мекарданд?

  3. Яҳува чӣ тавр қавми Худ ва ҳайвоноти онҳоро бо об таъмин мекунад?

  4. Ин марде, ки дар расм ба худ ишора мекунад, кист ва барои чӣ ӯ ин тавр мекунад?

  5. Барои чӣ Яҳува ба Мусо ва Ҳорун хашм кард ва онҳо чӣ тавр ҷазо дода шуданд?

  6. Дар назди кӯҳи Ҳӯр чӣ ҳодиса рӯй медиҳад ва кӣ саркоҳини қавми Исроил мегардад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ададҳо 20:113, 2229 ва Такрори Шариат 29:5-ро хонед.

    1. Аз он ки Яҳува дар бобати исроилиён дар биёбон ғамхорӣ мекард, мо чӣ меомӯзем? (ТШ 29:5; Мат. 6:31; Ибр. 13:5; Яъқ. 1:17).

    2. Яҳува ба оне ки Мусову Ҳорун дар назди халқи Исроил Ӯро ҷалол надоданд, чӣ гуна муносибат кард? (Ад. 20:12; 1 Қӯр. 10:12; Ваҳй 4:11).

    3. Аз муносибати Мусо ба ҷазои аз Яҳува гирифтааш мо чӣ омӯхта метавонем? (Ад. 12:3; 20:12, 27, 28; ТШ 32:4; Ибр. 12:7–11).

Ҳикояи 41

Мори мисин

  1. Ба расм нигар; дар атрофи хода чӣ печидааст ва чаро Яҳува ба Мусо дар ин ҷо гузоштани онро фармуд?

  2. Чӣ тавр одамон нисбати Худо ношукрӣ мекунанд?

  3. Баъд аз оне, ки Яҳува барои танбеҳ додани исроилиён морҳои заҳрдорро мефиристад, онҳо аз Мусо чӣ хоҳиш мекунанд?

  4. Чаро Яҳува ба Мусо сохтани мори мисинро фармуд?

  5. Мо аз ин ҳикоя чӣ дарсе барои худ гирифта метавонем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ададҳо 21:4–9-ро хонед.

    1. Аз шикваю шикояти исроилиён нисбати он чизе, ки Яҳува барояшон ато мекард, чӣ огоҳие барои худ мебинем? (Ад. 21:5, 6; Рум. 2:4).

    2. Исроилиён баъд аз чандин аср мори мисинро дар чӣ истифода мебурданд ва Ҳизқиёи подшоҳ чӣ кор кард? (Ад. 21:9; 4 Подш. 18:1–4).

  2. Юҳанно 3:14, 15-ро хонед.

    Барои чӣ мори мисини бар чӯб бардошташуда, тимсоли мувофиқи Исои Масеҳи дар сутун мехкӯбшуда мебошад? (Ғал. 3:13; 1 Пет. 2:24).

Ҳикояи 42

Хари сухангӯй

  1. Болоқ кист ва чаро ӯ барои овардани Билъом одам мефиристад?

  2. Барои чӣ хари Билъом дар рӯи роҳ дароз мекашад?

  3. Билъом аз хар чӣ суханҳо шунид?

  4. Фаришта ба Билъом чӣ мегӯяд?

  5. Ҳангоме ки Билъом барои лаънат кардани Исроил мекӯшад, чӣ воқеа рӯй медиҳад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ададҳо 21:2135-ро хонед.

    Барои чӣ Исроил бар подшоҳи амӯриён — Сиҳӯн ва подшоҳи Бошон — Ӯҷ ғолиб меояд? (Ад. 21:21, 23, 33, 34).

  2. Ададҳо 22:1–40-ро хонед.

    Чӣ Билъомро ба кӯшиш барои лаънат кардани Исроил бармеангезонид ва мо аз ин чӣ меомӯзем? (Ад. 22:16, 17; Мас. 6:16, 18; 2 Пет. 2:15; Яҳ. 11).

  3. Ададҳо 23:1–30-ро хонед.

    Ҳарчанд аз суханони Билъом хулоса кардан мумкин аст, ки ӯ ходими Худост, чӣ тавр рафтори вай баръакси инро нишон медиҳад? (Ад. 23:3, 11–14; 1 Подш. 15:22).

  4. Ададҳо 24:1–25-ро хонед.

    Чӣ тавр ин хабари Китоби Муқаддас имони моро бар он ки ниятҳои Яҳува албатта амалӣ хоҳанд гашт, қавитар мегардонад? (Ад. 24:10; Иш. 54:17).

Ҳикояи 43

Еҳушаъ сарвар мешавад

  1. Ин мардҳое, ки дар расм назди Мусо истодаанд, кистанд?

  2. Яҳува ба Еҳушаъ чӣ мегӯяд?

  3. Барои чӣ Мусо ба қуллаи кӯҳи Набӯ баромад ва Яҳува ба вай дар он ҷо чӣ гуфт?

  4. Мусо дар чандсолагияш мурд?

  5. Исроилиён барои чӣ дар андӯҳанд, вале онҳо чӣ сабабе барои хурсандӣ низ доранд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ададҳо 27:1223-ро хонед.

    Чӣ масъулияти муҳимеро Еҳушаъ аз Яҳува гирифт ва чӣ тавр Яҳува имрӯз нисбати халқи худ ғамхорӣ мекунад? (Ад. 27:15–19; Аъм. 20:28; Ибр. 13:7).

  2. Такрори Шариат 3:2329-ро хонед.

    Барои чӣ Яҳува ба Мусову Ҳорун даромадан ба замини Канъонро иҷозат надод ва мо аз ин чӣ дарсе барои худ гирифта метавонем? (ТШ 3:25–27; Ад. 20:12, 13).

  3. Такрори Шариат 31:1–8, 14–23-ро хонед.

    Чӣ тавр суханони охирини Мусо нишон медиҳанд, ки ӯ фурӯтанона ҷазоро аз Яҳува қабул кард? (ТШ 31:6–8, 23).

  4. Такрори Шариат 32:45–52-ро хонед.

    Каломи Худо ба зиндагии мо бояд чӣ тавр таъсир кунад? (ТШ 32:47; Иб. 18:5; Ибр. 4:12).

  5. Такрори Шариат 34:1–12-ро хонед.

    Ҳарчанд ки Мусо ҳеҷ гоҳ Яҳуваро аслан надида буд, навиштаҳо аз Такрори Шариат 34:10 дар бораи муносибатҳои ӯ бо Яҳува чиро ошкор мекунанд? (Хур. 33:11, 20; Ад. 12:8).

Ҳикояи 44

Роҳоб ҷосусонро пинҳон мекунад

  1. Роҳоб дар куҷо зиндагӣ мекард?

  2. Ду марди дар расм тасвиршуда кистанд ва онҳо барои чӣ ба Ериҳӯ омаданд?

  3. Шоҳи Ериҳӯ ба Роҳоб чӣ мефармояд ва Роҳоб дар ҷавоб чӣ мегӯяд?

  4. Роҳоб чӣ хел ба ду марди исроилӣ кӯмак мекунад ва аз онҳо чӣ хоҳиш мекунад?

  5. Ду марди ҷосус ба Роҳоб чӣ ҷавоб медиҳанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Еҳушаъ ибни Нун 2:1–24-ро хонед.

    Ваъдаи дар Хуруҷ 23:27 навишташудаи Яҳува чӣ тавр ҳангоми бар зидди Ериҳӯ баромадани исроилиён иҷро мешавад? (Еҳ. 2:9–11).

  2. Ибриён 11:31-ро хонед.

    Чӣ тавр намунаи Роҳоб ба муҳиммияти доштани имони қавӣ равшанӣ меандозад? (Рум. 1:17; Ибр. 10:39; Яъқ. 2:25).

Ҳикояи 45

Убур кардани дарёи Ӯрдун

  1. Барои он ки исроилиён аз дарёи Ӯрдун гузашта тавонанд, Яҳува чӣ мӯъҷизае ба амал овард?

  2. Пеш аз убур кардани дарёи Ӯрдун чӣ кори исроилиён бояд аз имони онҳо шаҳодат медод?

  3. Барои чӣ Яҳува ба Еҳушаъ фармуд, ки аз қаъри дарё 12 санги калон бигирад?

  4. Ҳамин ки коҳинон аз Ӯрдун баромаданд, чӣ ҳодиса рӯй дод?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Еҳушаъ ибни Нун 3:1–17-ро хонед.

    1. Чуноне ки аз ин воқеа бармеояд, барои соҳиб шудани кӯмак ва баракати Яҳува чӣ кор бояд кунем? (Еҳ. 3:13, 15; Мас. 3:5; Яъқ. 2:22, 26).

    2. Вақте ки исроилиён барои расидан ба замини ваъдашуда дарёи Ӯрдунро убур мекарданд, он дар чӣ ҳолат буд ва ин чӣ гуна номи Яҳуваро ҷалол дод? (Еҳ. 3:15; 4:18; Заб. 65:5–7).

  2. Еҳушаъ ибни Нун 4:1–18-ро хонед.

    Бо чӣ мақсад 12 санг аз Ӯрдун гирифта ва ба Ҷилҷол гузошта шуданд? (Еҳ. 4:4–7).

Ҳикояи 46

Деворҳои Ериҳӯ

  1. Яҳува ба коҳинон ва ҷанговарон кардани кадом корро дар муддати шаш рӯз мефармояд?

  2. Дар рӯзи ҳафтум онҳо бояд чӣ кор мекарданд?

  3. Бо деворҳои Ериҳӯ чӣ шуд? (Ба тасвир нигар).

  4. Барои чӣ аз тиреза ресмони сурхе овезон аст?

  5. Еҳушаъ ба ҷанговарон дар бобати шаҳр ва сокинони он чӣ мефармояд ва дар бораи тиллову нуқра, мис ва оҳани ба дастомада чӣ мегӯяд?

  6. Ба ду ҷосус чӣ кор фармуда шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Еҳушаъ ибни Нун 6:1–24-ро хонед.

    1. Гардиши исроилиён дар атрофи Ериҳӯ, аз кадом ҷиҳат ба мавъизаи Шоҳидони Яҳува дар ин рӯзҳои охир монанд аст? (Еҳ. 6:14, 15; Иш. 60:22; Мат. 24:14; 1 Қӯр. 9:16).

    2. Пешгӯии дар Еҳушаъ ибни Нун 6:25 навишташуда чӣ тавр баъд аз 500 сол ба анҷом расид ва ин чиро дар бораи каломи Яҳува ба мо нишон медиҳад? (3 Подш. 16:34; Иш. 55:11).

Ҳикояи 47

Дузд дар Исроил

  1. Марде, ки дар расм ғанимати аз Ериҳӯ гирифтаашро гӯр мекунад ва онҳое ки ба вай кӯмак карда истодаанд, кистанд?

  2. Барои чӣ кори Охон ва аҳли оилааш гуноҳи ҷиддӣ буд?

  3. Вақте ки Еҳушаъ аз Яҳува сабаби аз сокинони Ой шикаст хӯрдани исроилиёнро мепурсад, Худо ба вай чӣ ҷавоб медиҳад?

  4. Баъд аз он ки Охон ва аҳли оилааш ба назди Еҳушаъ меоянд, бо онҳо чӣ мешавад?

  5. Маҳкумияти Охон чӣ дарси муҳимеро ба мо меомӯзонад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Еҳушаъ ибни Нун 7:1–26-ро хонед.

    1. Дуоҳои Еҳушаъ дар бораи муносибатҳои тарафайни ӯ бо Офаридгор чиро ошкор мекунанд? (Еҳ. 7:7–9; Заб. 118:145; 1 Юҳ. 5:14).

    2. Мисоли Охон ба мо чиро нишон медиҳад ва чаро он бароямон огоҳкунанда аст? (Еҳ. 7:11, 14, 15; Мас. 15:3; 1 Тим. 5:24; Ибр. 4:13).

  2. Еҳушаъ ибни Нун 8:1–29-ро хонед.

    Нисбати ҷамъомадҳои масеҳӣ мо имрӯз чӣ гуна масъулиятҳо дорем? (Еҳ. 7:13; Иб. 5:1; Мас. 28:13).

Ҳикояи 48

Ҷибъӯниёни зирак

  1. Сокинони Ҷибъӯн аз сокинони шаҳрҳои дигари ҳамсоя чӣ фарқ доштанд?

  2. Чуноне ки дар расм тасвир шудааст, ҷибъӯниён чӣ кор карданд ва бо чӣ мақсад?

  3. Еҳушаъ ва сарварони исроилӣ ба ҷибъӯниён чӣ ваъда доданд ва баъд аз се рӯз аз чӣ огоҳ шуданд?

  4. Вақте ки подшоҳони шаҳрҳои ҳамсоя аз сулҳ бастани ҷибъӯниён бо Исроил хабардор шуданд, онҳо чӣ кор карданд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Еҳушаъ ибни Нун 9:1–27-ро хонед.

    1. Аз он ки Яҳува ҷибъӯниёнро нобуд накард, гарчанде ба Исроил «маҳв намудани ҳамаи сокинони ин замин»–ро фармуда буд, кадом хусусиятҳои Ӯ ба назар мерасанд? (Еҳ. 9:22, 24; Мат. 9:13; Аъм. 10:34, 35; 2 Пет. 3:9).

    2. Бо вафо кардан ба ваъдаи нисбати ҷибъӯниён додааш, Еҳушаъ чӣ намунаи хуберо барои масеҳиёни имрӯза гузошт? (Еҳ. 9:18, 19; Мат. 5:37; Эфс. 4:25).

  2. Еҳушаъ ибни Нун 10:1–5-ро хонед.

    Чӣ тавр «анбӯҳи бузург» имрӯз ба ҷибъӯниён пайравӣ мекунанд ва аз ин сабаб ҳадафи чӣ мегарданд? (Еҳ. 10:4; Зак. 8:23; Мат. 25:35–40; Ваҳй 12:17).

Ҳикояи 49

Офтоб бозмеистад

  1. Еҳушаи дар расм тасвиршуда чӣ мегӯяд ва барои чӣ?

  2. Яҳува чӣ тавр ба Еҳушаъ ва ҷанговарони вай ёрӣ медиҳад?

  3. Чанде аз подшоҳони душманро Еҳушаъ мағлуб мегардонад ва дар кадом муддат?

  4. Барои чӣ Еҳушаъ сарзамини Канъонро тақсим мекунад?

  5. Еҳушаъ дар чандсолагияш фавтид ва бо мардум баъд аз сари ӯ чӣ шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Еҳушаъ ибни Нун 10:6–15-ро хонед.

    Донистани он ки Яҳува офтобу моҳро барои Исроил аз ҳаракат боздоронд, чӣ эътимоде имрӯз барои мо медиҳад? (Еҳ. 10:8, 10, 12, 13; Заб. 17:4; Мас. 18:10).

  2. Еҳушаъ ибни Нун 12:7–24-ро хонед.

    Кӣ 31 подшоҳи Канъонро мағлуб намуд ва чаро имрӯз ин барои мо аҳамияти муҳим дорад? (Еҳ. 12:7; 24:11–13; ТШ 31:8; Луқ. 21:9, 25–28).

  3. Еҳушаъ ибни Нун 14:1–5-ро хонед.

    Замин дар байни сибтҳои Исроил чӣ гуна тақсим карда шуд ва ин нисбати мулкҳои меросӣ дар Биҳишт чиро нишон медиҳад? (Еҳ. 14:2; Иш. 65:21; Ҳиз. 47:21–23; 1 Қӯр. 14:33).

  4. Доварон 2:8–13-ро хонед.

    Кӣ мисли Еҳушаъ дар Исроил, имрӯз бар хоинон муқобил аст? (Дов. 2:8, 10, 11; Мат. 24:45–47; 2 Тас. 2:3–6; Тит. 1:7–9; Ваҳй 1:1; 2:1, 2).

Ҳикояи 50

Ду зани шуҷоъ

  1. Доварон кистанд ва баъзе аз онҳо чӣ ном доранд?

  2. Дебӯро чӣ афзалияти махсусе дошт ва он чиро дар бар мегирифт?

  3. Дар вақти ба Исроил таҳдиди ҷанг кардани подшоҳ Ёбин ва сарвари қӯшуни вай — Сисро, чӣ хабареро Дебӯро аз Яҳува ба Бороқ мерасонад ва мувофиқи гуфтаи вай ҷалоли ғолибиятро бояд кӣ соҳиб мешуд?

  4. Чӣ тавр Ёил аз зани шуҷоъ буданаш шаҳодат медиҳад?

  5. Баъд аз марги подшоҳ Ёбин чӣ мешавад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Доварон 2:14–22-ро хонед.

    Чӣ тавр исроилиён ғазаби Яҳуваро бар сари худ меоранд ва мо аз ин чӣ дарсе меомӯзем? (Дов. 2:20; Мас. 3:1, 2; Ҳиз. 18:21–23).

  2. Доварон 4:1–24-ро хонед.

    Занону духтарони масеҳӣ имрӯз аз намунаҳои Дебӯро ва Ёил нисбати зоҳир намудани имон ва шуҷоат чӣ омӯхта метавонанд? (Дов. 4:4, 8, 9, 14, 21, 22; Мас. 31:30; 1 Қӯр. 16:13).

  3. Доварон 5:1–31-ро хонед.

    Чаро ба суруди ғолибияти Бороқ ва Дебӯро имрӯз ҳамчун ба дуо дар бораи ҷанги омадаистодаи Ҳармиҷидӯн назар кардан мумкин аст? (Дов. 5:3, 31; 1 Вақ. 16:8–10; Ваҳй 7:9, 10; 16:16; 19:19–21).

Ҳикояи 51

Рут ва Ноомӣ

  1. Ноомӣ чӣ тавр дар замини Мӯоб муқимӣ гашт?

  2. Рут ва Орфо кистанд?

  3. Рут ва Орфо дар ҷавоби Ноомӣ дар бобати ба хона баргаштанашон чӣ кор мекунанд?

  4. Бӯаз кист ва ӯ чӣ тавр ба Руту Ноомӣ ёрӣ дод?

  5. Бӯаз ва Рут кӯдаки худро чӣ ном мегузоранд ва чаро мо бояд ин номро дар хотир дорем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Рут 1:1–17-ро хонед.

    1. Чӣ гуна Рут муҳаббати садоқатмандона зоҳир кард? (Рут 1:16, 17).

    2. Чаро гуфтан мумкин аст, ки тарзи рафтору муносибати Рут муносибати «гӯсфандони дигар»-ро ба тадҳиншудагоне, ки ҳоло дар замин зиндагӣ мекунанд, таҷассум мекунад? (Юҳ. 10:16; Зак. 8:23).

  2. Рут 2:1–23-ро хонед.

    Рут чӣ намунаи хубе барои ҷавонзанони имрӯза гузошт? (Рут 2:17, 18; Мас. 23:22; 31:15).

  3. Рут 3:5–13-ро хонед.

    1. Бӯаз ба оне, ки Рут бо омодагӣ барои ҳамсари вай шудан розигӣ дод (ҳарчанд ки ӯ метавонист бо ягон марди ҷавонтаре издивоҷ кунад), чӣ тавр нигоҳ кард?

    2. Тарзи фикррониву рафтори Рут ба мо дар бораи муҳаббати садоқатмандона чиро меомӯзонанд? (Рут 3:10; 1 Қӯр. 13:4, 5).

  4. Рут 4:7–17-ро хонед.

    Чӣ тавр мардони масеҳӣ ба намунаи Бӯаз пайравӣ карда метавонанд? (Рут 4:9, 10; 1 Тим. 3:1, 12, 13; 5:8).

Ҳикояи 52

Ҷидъӯн ва 300 навкари вай

  1. Чӣ тавр ва аз чӣ сабаб исроилиён ба мушкилиҳо дучор шуданд?

  2. Барои чӣ Яҳува ба Ҷидъӯн гуфт, ки ҷанговарони лашкараш аз ҳад зиёданд?

  3. Баъд аз оне, ки Ҷидъӯн мардони тарсуро ба хонаҳояшон ҷавоб дод, чӣ қадар ҷанговарон дар лашкар боқӣ монданд?

  4. Ба расм нигариста, фаҳмон, ки чӣ тавр Яҳува шумораи лашкари Ҷидъӯнро то 300 нафар ихтисор кард.

  5. Ҷидъӯн 300 ҷанговарашро бо кадом тартиб гузошт ва чӣ гуна Исроил дар набард ғолиб шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Доварон 6:36–40-ро хонед.

    1. Чӣ гуна Ҷидъӯн нисбати дар чӣ будани иродаи Яҳува эътимод ҳосил кард?

    2. Чӣ гуна мо имрӯз дар чӣ будани иродаи Яҳуваро фаҳмида метавонем? (Мас. 2:3–6; Мат. 7:7–11; 2 Тим. 3:16, 17).

  2. Доварон 7:1–25-ро хонед.

    1. Аз намунаи 300 ҷанговаре, ки ҳушёриро аз даст намедоданд ва мардоне, ки бар мухолифи онҳо бепарвоӣ зоҳир мекарданд, мо чӣ дарсе барои худ гирифта метавонем? (Дов. 7:3, 6; Рум. 13:11, 12; Эфс. 5:15–17).

    2. Мисли ҷанговарони Ҷидъӯн, ки ба ӯ нигариста, ба намунааш пайравӣ мекарданд, чӣ тавр мо имрӯз метавонем ба Ҷидъӯни Бузургтар — Исои Масеҳ нигариста, ба вай пайравӣ намоем? (Дов. 7:17; Мат. 11:29, 30; 28:19, 20; 1 Пет. 2:21).

    3. Матни Доварон 7:21 чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад, ки аз ҳар таъиноте, ки дар созмони Яҳува гирифтаем, қонеъ бошем? (1 Қӯр. 4:2; 12:14–18; Яъқ. 4:10).

  3. Доварон 8:1–3-ро хонед.

    Дар вақти рӯй додани носозгориҳои шахсӣ бо бародар ё хоҳаре, аз намунаи Ҷидъӯн — аз тарзи бо эфроимиён баҳсро ором кардани вай, мо чӣ омӯхта метавонем? (Мас. 15:1; Мат. 5:23, 24; Луқ. 9:48).

Ҳикояи 53

Қавли Йифтоҳ

  1. Йифтоҳ кист ва ӯ дар кадом замон зиндагӣ мекард?

  2. Йифтоҳ ба Яҳува чӣ қавле дод?

  3. Чаро Йифтоҳ ҳангоме ки бо ғолибият бар аммӯниён ба хонааш баргашт, андӯҳгин шуд?

  4. Вақте ки духтари Йифтоҳ аз қавли падараш огоҳ гашт, чӣ гуфт?

  5. Барои чӣ мардум духтари Йифтоҳро дӯст медоштанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Доварон 10:6–18-ро хонед.

    Аз хабарҳо дар бораи хиёнати исроилиён нисбати Яҳува, мо барои худ чӣ огоҳие мебинем? (Дов. 10:6, 15, 16; Рум. 15:4; Ваҳй 2:10).

  2. Доварон 11:1–11, 29–40-ро хонед.

    1. Мо аз куҷо медонем, ки ҳамчун «қурбонии сӯхтанӣ» духтарашро додани Йифтоҳ, маънои ӯро ҳамчун қурбонии одамӣ дар оташ сӯзонданро надошт? (Дов. 11:31; Иб. 16:24; ТШ 18:10, 12).

    2. Йифтоҳ ба кадом маъно духтарашро ҳамчун қурбонӣ пешкаш кард?

    3. Аз муносибати Йифтоҳ нисбати иҷро кардани қавли ба Яҳува додааш мо чӣ меомӯзем? (Дов. 11:35, 39; Воиз 5:3, 4; Мат. 16:24).

    4. Чаро духтари Йифтоҳ барои ҷавонони масеҳӣ дар бахшидани зиндагии худ ба хидмати пурравақт намунаи хубе аст? (Дов. 11:36; Мат. 6:33; Фил. 3:8).

Ҳикояи 54

Қавитарин мард

  1. Қавитарин марди ҷаҳон чӣ ном дорад ва ба ӯ ин қувватро кӣ додааст?

  2. Боре Шимшӯн бо шери калон чӣ кор кард? (Ба расм нигар).

  3. Шимшӯн дар расм ба Далило чӣ сирреро ошкор карда истодааст ва чӣ тавр ин кори ӯ сабаби асири фалиштиён шуданаш гашт?

  4. Чӣ тавр Шимшӯн рӯзи маргаш 3 000 нафар душманони фалиштиро кушт?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Доварон 13:1–14-ро хонед.

    Чӣ тавр Монӯаҳ ва зани вай дар тарбияи фарзанд намунаи хубе барои волидон гузоштанд? (Дов. 13:8; Заб. 126:3; Эфс. 6:4).

  2. Доварон 14:5–9 ва 15:9–16-ро хонед.

    1. Хабарҳо дар бораи он ки чӣ тавр Шимшӯн шерро кушт, ё ресмонҳои навро канд, ё бо ҷоғи хар 1 000 нафарро кушт,— дар бораи рӯҳулқудси Яҳува чиро аён месозанд?

    2. Рӯҳулқудс чӣ гуна имрӯз ба мо кӯмак мекунад? (Дов. 14:6; 15:14; Зак. 4:6; Аъм. 4:31).

  3. Доварон 16:18–31-ро хонед.

    Алоқа бо «ёрони бад» ба Шимшӯн чӣ гуна таъсир кард ва мо аз ин чӣ меомӯзем? (Дов. 16:18, 19; 1 Қӯр. 15:33).

Ҳикояи 55

Писараке ба Худо хидмат мекунад

  1. Номи ин писараки дар расмбуда чист ва онҳое, ки дар атрофаш истодаанд, кистанд?

  2. Ҳанно рӯзе ба зиёрати хаймаи муқаддас омада, дар дуо чӣ пурсид ва Яҳува чӣ тавр дуои ӯро мустаҷоб гардонд?

  3. Самуил ҳангоми ба хаймаи Яҳува барои хидмат оварда шуданаш чандсола буд ва модараш барои ӯ ҳар сол чӣ кор мекард?

  4. Номи писарони Элӣ чист ва онҳо чӣ гуна одам буданд?

  5. Яҳува чӣ тавр Самуилро хонд ва Ӯ чӣ хабаре ба Самуил дод?

  6. Вақте ки Самуил ба воя расид, кӣ шуд ва дар вақти пир шуданаш чӣ воқеа рӯй дод?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Подшоҳон 1:1–28-ро хонед.

    1. Элқоно барои сарварони оила чӣ намунаи хубе дар роҳбарии ибодати ҳақиқӣ нишон дод? (1 Подш. 1:3, 21; Мат. 6:33; Фил. 1:10).

    2. Аз намунаи Ҳанно дар ҳалли муаммоҳои зиндагӣ чиро омӯхта метавонем? (1 Подш. 1:10, 11; Заб. 54:23; Рум. 12:12).

  2. 1 Подшоҳон 2:11–36-ро хонед.

    Чӣ тавр Элӣ писаронашро аз Яҳува болотар мемонд ва ин чӣ огоҳиест барои мо? (1 Подш. 2:22–24, 27, 29; ТШ 21:18–21; Мат. 10:36, 37).

  3. 1 Подшоҳон 4:16–18-ро хонед.

    Кадом чор хабари нохушро аз ҷанг ба Элӣ расониданд ва бо ӯ пас аз ин чӣ шуд?

  4. 1 Подшоҳон 8:4–9-ро хонед.

    Исроилиён Яҳуваро бо чӣ кор хеле ранҷонданд ва чӣ гуна мо имрӯз метавонем садоқатмандона Салтанати Ӯро дастгирӣ намоем? (1 Подш. 8:5, 7; Юҳ. 17:16; Яъқ. 4:4).

Ҳикояи 56

Шоул — подшоҳи нахустини Исроил

  1. Самуил дар расм чӣ кор карда истодааст ва барои чӣ?

  2. Чаро Яҳува Шоулро интихоб кард ва Шоул чӣ хел одам буд?

  3. Номи писари Шоул чист ва ӯ чӣ кор мекард?

  4. Чаро Шоул ба ҷои он ки ба омадани Самуил интизор истад, маросими қурбониро худаш гузаронид?

  5. Аз руйдод бо Шоул чӣ меомӯзем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Подшоҳон 9:15–21 ва 10:17–27-ро хонед.

    Хоксории Шоул чӣ тавр ӯро аз амалҳои беандеша нисбати одамоне, ки дар ҳаққаш бадгӯӣ мекарданд, боздошт? (1 Подш. 9:21; 10:21, 22, 27; Мас. 17:27).

  2. 1 Подшоҳон 13:5–14-ро хонед.

    Шоул дар Ҷилҷол чӣ гуноҳе содир кард? (1 Подш. 10:8; 13:8, 9, 13).

  3. 1 Подшоҳон 15:1–35-ро хонед.

    1. Шоул дар муносибат бо Аҷаҷ, подшоҳи Амолеқ дар кадом гуноҳи ҷиддӣ айбдор шуд? (1 Подш. 15:2, 3, 8, 9, 22).

    2. Шоул чӣ гуна мекӯшид, ки худро сафед намояд ва ба гуноҳи кардааш дигаронро айбдор кунад? (1 Подш. 15:24).

    3. Ҳангоме ки ба мо насиҳат мекунанд, кадом огоҳиро бояд дар хотир дошта бошем? (1 Подш. 15:19–21; Заб. 140:5; Мас. 9:8, 9; 11:2).

Ҳикояи 57

Худо Довудро интихоб мекунад

  1. Писари дар расм тасвиршуда чӣ ном дорад ва мо аз куҷо медонем, ки ӯ ҷасур аст?

  2. Довуд дар куҷо зиндагӣ мекунад ва падару бобояш кистанд?

  3. Чаро Яҳува ба Самуил мефармояд, ки ба Байт–Лаҳм, ба хонаи Йисой равад?

  4. Баъд аз он ки Йисой ҳафт писари худро назди Самуил меорад, чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  5. Ҳангоме ки Довудро меоранд, Яҳува ба Самуил чӣ мегӯяд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Подшоҳон 17:34, 35-ро хонед.

    Ин ҳодисаҳо чӣ тавр шаҳодат медиҳанд, ки Довуд далер буд ва ба Яҳува такя мекард? (1 Подш. 17:37).

  2. 1 Подшоҳон 16:1–14-ро хонед.

    1. Суханҳои дар 1 Подшоҳон 16:7 навишташудаи Яҳува чӣ тавр ба мо кӯмак мекунанд, ки рӯйбин набошем ва аз бадгумоние, ки дар аломатҳои зоҳирии инсон асос меёбад, даргурез бошем? (Аъм. 10:34, 35; 1 Тим. 2:4).

    2. Мисоли Шоул чӣ хел нишон медиҳад, ки агар Яҳува касеро аз рӯҳулқудси Худ маҳрум кунад, холигии бавуҷудомада бо рӯҳи бадӣ ё ин ки бо майли ботиние, ки ба бадӣ бармеангезад, пур шуда метавонад? (1 Подш. 16:14; Мат. 12:43–45; Ғал. 5:16).

Ҳикояи 58

Довуд ва Ҷолёт

  1. Ҷолёт ба лашкари Исроил чӣ пешниҳод кард?

  2. Андоми Ҷолёт то кадом андоза калон буд ва ба касе ки Ҷолётро кушад, Шоули подшоҳ чӣ инъоме ваъда кард?

  3. Довуд дар ҷавоби суханҳои Шоул дар бораи он ки ӯ бо сабаби ҷавон буданаш бо Ҷолёт ҷанг карда наметавонад, чӣ гуфт?

  4. Чӣ тавр суханҳои бар Ҷолёт гуфтаи Довуд ба Яҳува эътимод доштани ӯро нишон медиҳанд?

  5. Ба расм нигар. Довуд барои куштани Ҷолёт аз чӣ истифода бурд ва бо фалиштиён баъди ин чӣ шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Подшоҳон 17:1–54-ро хонед.

    1. Сирри нотарсии Довуд дар чист ва мо чӣ тавр метавонем ба ҷасорати ӯ пайравӣ намоем? (1 Подш. 17:37, 45; Эфс. 6:10, 11).

    2. Чаро ҳангоми иштирок дар ягон намуди бозиҳо масеҳиён бояд аз рӯҳи рақобатангезе, ки Ҷолёт дошт, даргурез бошанд? (1 Подш. 17:8; Ғал. 5:26; 1 Тим. 4:8).

    3. Суханҳои Довуд чӣ тавр шаҳодат медиҳанд, ки ӯ бар мадади Худо эътимод дошт? (1 Подш. 17:45–47; 2 Вақ. 20:15).

    4. Чӣ гуна аз хабари додашуда бармеояд, ки ин ҷанг на фақат набарди байни ду қӯшун, балки ҷанги байни Худои ҳақиқӣ Яҳува ва худоёни козиб буд? (1 Подш. 17:43, 46, 47).

    5. Бақияи тадҳиншудагон чӣ тавр ба намунаи ба Яҳува такя кардани Довуд пайравӣ мекунанд? (1 Подш. 17:37; Ирм. 1:17–19; Ваҳй 12:17).

Ҳикояи 59

Чаро Довуд бояд гурезад

  1. Чаро Шоул ба Довуд ҳасад мебарад ва чӣ фарқе дар байни Шоул ва писараш Йӯнотон вуҷуд дорад?

  2. Боре, дар вақти барои Шоул барбат навохтани Довуд, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

  3. Шоул ба Довуд пеш аз он ки ӯ духтараш Микалро ба занӣ гирад, чӣ шарт гузошт ва сабаби ин кори ӯ дар чӣ буд?

  4. Ҳангоми барои Шоул барбат навохтани Довуд, чӣ ҳодисае бори сеюм рӯй дод? (Ба расм нигар).

  5. Чӣ тавр Микал барои наҷот додани Довуд кӯмак кард ва ҳафт соли минбаъда Довуд ба чӣ кор водор буд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Подшоҳон 18:1–30-ро хонед.

    1. Чӣ тавр муҳаббати шикастнопазири байни Йӯнотон ва Довуд рамзи муҳаббати байни «гӯсфандони дигар» ва «рамаи хурд» гашт? (1 Подш. 18:1; Юҳ. 10:16; Луқ. 12:32; Зак. 8:23).

    2. Аз он нуқтаи назар, ки аз рӯи қоида тахти Шоулро бояд Йӯнотон мерос мегирифт, матни 1 Подшоҳон 18:4 чӣ тавр аз итоаткории беҳамтои Йӯнотон нисбати подшоҳи интихобшуда шаҳодат медиҳад?

    3. Чӣ гуна мисоли Шоул нишон медиҳад, ки рашку ҳасад метавонад сабаби гуноҳи ҷиддӣ шавад ва мо аз ин чӣ огоҳие барои худ мебинем? (1 Подш. 18:7–9, 25; Яъқ. 3:14–16).

  2. 1 Подшоҳон 19:1–17-ро хонед.

    Аз чӣ бармеояд, ки Йӯнотон ҳангоми гуфтани суханҳои дар 1 Подшоҳон 19:4, 5 овардашуда, ҷони худро зери хатар мегузошт? (1 Подш. 19:1, 6).

Ҳикояи 60

Абиҷайл ва Довуд

  1. Зане, ки дар расм ба пешвози Довуд меояд, чӣ ном дорад ва ӯ чӣ гуна хусусиятҳо дорад?

  2. Нобол кист?

  3. Чаро Довуд чанде аз одамонашро барои пурсидани кӯмак назди Нобол фиристод?

  4. Нобол ба одамони Довуд чӣ гуфт ва ин ба Довуд чӣ гуна таъсир кард?

  5. Абиҷайл чӣ тавр оқилӣ зоҳир намуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Подшоҳон 22:1–4-ро хонед.

    Аҳли оилаи Довуд чӣ гуна ба мо намунаи хуби дастгирии ҳамдигарро дар бародарии масеҳӣ гузоштанд? (Мас. 17:17; 1 Тас. 5:14).

  2. 1 Подшоҳон 25:1–43-ро хонед.

    1. Барои чӣ Нобол чун як шахси нафратовар тасвир мешавад? (1 Подш. 25:2–5, 10, 14, 21, 25).

    2. Масеҳизанони шавҳардор аз намунаи Абиҷайл чӣ омӯхта метавонанд? (1 Подш. 25:32, 33; Мас. 31:26; Эфс. 5:24).

    3. Абиҷайл аз кардани кадом ду кори бад Довудро боздошт? (1 Подш. 25:31, 33; Рум. 12:19; Эфс. 4:26).

    4. Чӣ гуна муносибати Довуд ба суханҳои Абиҷайл ба мардони имрӯза ёрӣ мерасонад, ки дар муносибат ба занон нуқтаи назари Яҳуваро дошта бошанд? (Аъм. 21:8, 9; Рум. 2:11; 1 Пет. 3:7).

Ҳикояи 61

Довуд подшоҳ мешавад

  1. Ҳангоме ки Шоул дар ӯрдугоҳаш хоб буд, Довуду Абишой чӣ кор карданд?

  2. Довуд ба Шоул чӣ гуна саволҳо дод?

  3. Баъд аз ин гуфтугӯ бо Шоул, Довуд ба куҷо меравад?

  4. Довуд аз чӣ ин қадар ғамгин мешавад, ки ҳатто суруди таъсирбахше эҷод мекунад?

  5. Ҳангоми дар Ҳебрӯн подшоҳ шуданаш Довуд чандсола буд ва баъзе писарҳои вай чӣ номҳо доранд?

  6. Баъдтар Довуд дар куҷо ҳамчун подшоҳ ҳукмронӣ мекунад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Подшоҳон 26:1–25-ро хонед.

    1. Чӣ гуна суханҳои дар 1 Подшоҳон 26:11 овардашудаи Довуд муносибати ӯро ба тартиботи теократӣ маълум мекунанд? (Заб. 36:7; Рум. 13:2).

    2. Вақте ки мо барои зоҳир кардани меҳрубонии муҳаббатомез мекӯшем, аммо бо носипосӣ рӯбарӯ мешавем, суханҳои дар 1 Подшоҳон 26:23 овардашудаи Довуд чӣ гуна метавонанд ба мо дар нигоҳ доштани дурустии тарзи фикрронӣ ёрӣ диҳанд? (3 Подш. 8:32; Заб. 17:21).

  2. 2 Подшоҳон 1:26-ро хонед.

    Чӣ тавр масеҳиёни имрӯза метавонанд муҳаббати самимие мисли муҳаббати байни Довуду Йӯнотон нисбати ҳамдигар инкишоф диҳанд? (1 Пет. 4:8; Қӯл. 3:14; 1 Юҳ. 4:12).

  3. 2 Подшоҳон 5:110-ро хонед.

    1. Довуд чанд сол ҳукмронӣ кард ва ин вақт ба чанд давра тақсим мешавад? (2 Подш. 5:4, 5).

    2. Бузургии Довуд аз чӣ буд ва ин чиро бояд имрӯз ба мо ёдрас кунад? (2 Подш. 5:10; 1 Подш. 16:13; 1 Қӯр. 1:31; Фил. 4:13, ТОН).

Ҳикояи 62

Нохушиҳо дар хонадони Довуд

  1. Бо кӯмаки Яҳува сарзамини Канъон охиран ба кӣ мансуб шуд?

  2. Боре, ҳангоми дар боми қаср гардиш кардани Довуд, чӣ воқеа рӯй дод?

  3. Чаро Яҳува аз рафтори Довуд хеле ба ғазаб омад?

  4. Яҳува киро, ҳамон тавре ки дар расм тасвир шудааст, ба назди Довуд барои фош кардани гуноҳҳояш фиристод ва аз рӯи гуфтаҳои ин мард Довудро чӣ интизор аст?

  5. Довуд чӣ гуна нохушиҳоро аз сар гузаронд?

  6. Кӣ баъд аз Довуд подшоҳи Исроил мешавад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 2 Подшоҳон 11:127-ро хонед.

    1. Чаро банд будан бо хидмати Яҳува муҳофизи мост?

    2. Довуд чӣ гуна бар банди гуноҳ ғалтид ва ин чӣ огоҳиест барои ходимони имрӯзаи Яҳува? (2 Подш. 11:2; Мат. 5:27–29; 1 Қӯр. 10:12; Яъқ. 1:14, 15).

  2. 2 Подшоҳон 12:1–18-ро хонед.

    1. Барои пирони ҷамъомад ва волидон чӣ дарсе дар тарзи панд додани Нотон ба Довуд мавҷуд аст? (2 Подш. 12:1–4; Мас. 12:18; Мат. 13:34).

    2. Барои чӣ Яҳува нисбати Довуд раҳму шафқат зоҳир кард? (2 Подш. 12:13; Заб. 31:5; 2 Қӯр. 7:9, 10).

Ҳикояи 63

Сулаймон — подшоҳи хирадманд

  1. Яҳува аз Сулаймон чӣ пурсид ва ӯ чӣ ҷавоб дод?

  2. Азбаски талаби Сулаймон ба Худо писанд омад, Яҳува додани чиро ба ӯ ваъда кард?

  3. Барои ҳалли кадом мушкилии чигиле ду зан ба назди Сулаймон омаданд?

  4. Сулаймон ин мушкилиро чӣ тавр ҳал кард? (Ба расм нигар).

  5. Дар даврони ҳукмронии Сулаймон аҳволу шароити зиндагӣ дар мамлакат чӣ гуна буд ва аз чӣ сабаб?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 3 Подшоҳон 3:3–28-ро хонед.

    1. Мардоне, ки имрӯз дар созмони Худо масъулиятҳо доранд, аз гуфтаҳои самимии Сулаймон, ки дар 3 Подшоҳон 3:7 навишта шудаанд, барои худ чӣ омӯхта метавонанд? (Заб. 118:105; Мас. 3:5, 6).

    2. Барои чӣ талаби Сулаймон намунаи хубест бар мавзӯъҳое, ки дар бораашон дуо бояд гуфт? (3 Подш. 3:9, 11; Мас. 30:8, 9; 1 Юҳ. 5:14).

    3. Дар бораи тарзи аз ҷониби Сулаймон ҳал кардани баҳси ду зан мулоҳиза карда, мо дар чӣ метавонем нисбати ҳукмронии Сулаймони бузургтар — Исои Масеҳ эътимод дошта бошем? (3 Подш. 3:28; Иш. 9:6, 7; 11:2–4).

  2. 3 Подшоҳон 4:29–34-ро хонед.

    1. Яҳува ба дили хирадманд талаб кардани Сулаймон чӣ ҷавоб дод? (3 Подш. 4:29).

    2. Саъю кӯшишҳои зиёди одамон барои омада шунидани хиради Сулаймон, ба мо дар бобати муносибат ба омӯзиши Каломи Худо чиро меомӯзонанд? (3 Подш. 4:29, 34; Юҳ. 17:3; 2 Тим. 3:16).

Ҳикояи 64

Сулаймон маъбад месозад

  1. Сулаймон дар чанд муддат сохтмони маъбади Яҳуваро анҷом дод ва барои чӣ дар сохтмон маблағи то ин андоза зиёд сарф шуд?

  2. Дар маъбад чанд ҳуҷраи асосӣ вуҷуд дошт ва дар ҳуҷраи дарунӣ чӣ гузошта шуда буд?

  3. Сулаймон дар дуое, ки баъд аз анҷоми сохтмони маъбад кард, чӣ гуфт?

  4. Яҳува чӣ тавр аз дуои Сулаймон розӣ буданашро зоҳир намуд?

  5. Занони Сулаймон ӯро ба чӣ кор моил карданд ва бо Сулаймон чӣ шуд?

  6. Чаро Яҳува бар Сулаймон ғазаб кард ва Ӯ ба вай чӣ гуфт?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Вақоеънома 28:9, 10-ро хонед.

    Аз рӯи гуфтаҳои Довуд дар 1 Вақоеънома 28:9, 10 мо дар зиндагии ҳаррӯзаи худ бар чӣ бояд саъю кӯшиш кунем? (Заб. 18:15; Фил. 4:8, 9).

  2. 2 Вақоеънома 6:12–21, 32–42-ро хонед.

    1. Сулаймон чӣ гуна нишон дод, ки ҳеҷ як бинои бо дасти одамӣ сохташуда Ҳақ Таолоро ғунҷонида наметавонад? (2 Вақ. 6:18; Аъм. 17:24, 25).

    2. Суханҳои дар 2 Вақоеънома 6:32, 33 овардашудаи Сулаймон чиро дар бораи Яҳува аён месозанд? (Аъм. 10:34, 35; Ғал. 2:6).

  3. 2 Вақоеънома 7:1–5-ро хонед.

    Ҳамон тавре ки исроилиён ҷалоли Худоро дида, Ӯро ҳамд мекарданд, мулоҳиза дар бораи баракатҳое, ки Худо имрӯз ба халқи худ медиҳад, бояд моро бар чӣ барангезад? (2 Вақ. 7:3; Заб. 21:23; 33:2; 95:2).

  4. 3 Подшоҳон 11:9–13-ро хонед.

    Чӣ тавр намунаи зиндагии Сулаймон муҳиммияти то ба охир вафодор монданро нишон медиҳад? (3 Подш. 11:4, 9; Мат. 10:22; Ваҳй 2:10).

Ҳикояи 65

Салтанат тақсим мешавад

  1. Ду марди дар расм тасвиршуда кистанд ва онҳо чӣ ном доранд?

  2. Аҳиё бо ҷомаи худ чӣ кор мекунад ва ин кори ӯ чӣ маъно дорад?

  3. Сулаймон бо Ёробъом чӣ кор карданӣ мешавад?

  4. Мардум барои чӣ Ёробъомро бар 10 сибт подшоҳ мекунанд?

  5. Чаро Ёробъом ду гӯсолаи тиллоӣ месозад ва дар натиҷаи ин баъдтар мамлакат ба чӣ аҳвол меафтад?

  6. Бо салтанати дусибта ва маъбади дар Ерусалим будаи Яҳува чӣ мешавад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 3 Подшоҳон 11:26–43-ро хонед.

    Ёробъом чӣ гуна одам буд ва Яҳува ба вай чӣ ваъда кард (ба шарте ки ӯ қонунҳои Худоро риоя кунад)? (3 Подш. 11:28, 38).

  2. 3 Подшоҳон 12:1–33-ро хонед.

    1. Аз намунаи бади Ёробъом пирони ҷамъомад ва падару модарон нисбати сӯиистифода кардан аз ҳокимият чӣ дарсе барои худ гирифта метавонанд? (3 Подш. 12:13; Воиз 7:7; 1 Пет. 5:2, 3).

    2. Ҷавонон ҳангоми қабули қарорҳои ҷиддӣ дар ҳаёташон, барои роҳнамоӣ бояд ба кӣ муроҷиат кунанд? (3 Подш. 12:6, 7; Мас. 1:8, 9; 2 Тим. 3:16, 17; Ибр. 13:7).

    3. Ёробъом барои чӣ ду маркази ибодат бар гӯсолаи тиллоро бунёд кард ва чаро ин кор нишонаи норасоии имон ба Яҳува аст? (3 Подш. 11:37; 12:26–28).

    4. Кӣ дар исёни мардуми салтанати даҳсибта бар зидди ибодати пок сарвар буд? (3 Подш. 12:32, 33).

Ҳикояи 66

Маликаи шарир — Изобал

  1. Изобал кист?

  2. Чаро шоҳ Аҳъоб рӯзе ғамгин мешавад?

  3. Изобал барои ба токзори Нобӯт соҳиб шудани шавҳараш чӣ кор мекунад?

  4. Яҳува барои ҷазо додани Изобал киро мефиристад?

  5. Ҳангоме ки Еҳу ба қасри Изобал меояд, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? (Ба расм нигар).

Саволҳои иловагӣ:

  1. 3 Подшоҳон 16:29–33 ва 18:3, 4-ро хонед.

    Аҳволи Исроил дар вақти ҳукмронии шоҳ Аҳъоб то чӣ андоза бад буд? (3 Подш. 16:33).

  2. 3 Подшоҳон 21:1–16-ро хонед.

    1. Чӣ тавр Нобӯт ҷасорат ва нисбати Яҳува садоқат зоҳир кард? (3 Подш. 21:1–3; Иб. 25:23–28).

    2. Аз мисоли Аҳъоб дар бобати рафтор дар вақти маъюсӣ чӣ омӯхта метавонем? (3 Подш. 21:4; Рум. 5:3–5).

  3. 4 Подшоҳон 9:30–37-ро хонед.

    Аз ғайрати Еҳу нисбати иҷроиши иродаи Яҳува, мо чӣ меомӯзем? (4 Подш. 9:4–10; 2 Қӯр. 9:1, 2; 2 Тим. 4:2).

Ҳикояи 67

JЕҳӯшофот ба Яҳува такя мекунад

  1. Еҳӯшофот кист ва ӯ дар кадом замон зиндагӣ мекард?

  2. Барои чӣ исроилиён дар ҳаросанд ва зиёде аз онҳо чӣ кор мекунанд?

  3. Яҳува ба дуои Еҳӯшофот чӣ ҷавоб дод?

  4. Яҳува ҳанӯз то оне ки исроилиён ба ҷои набард мерасанд, чӣ кор мекунад?

  5. Мо аз Еҳӯшофот чӣ омӯхта метавонем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 2 Вақоеънома 20:1–30-ро хонед.

    1. Еҳӯшофот барои ходимони бовафои Худо дар вақти рӯбарӯ шуданашон бо ҳолатҳои таҳдидкунанда, чӣ намуна гузошт? (2 Вақ. 20:12; Заб. 24:15; 61:2).

    2. Азбаски Яҳува барои алоқа бо халқи худ ҳамеша воситаеро истифода мебарад, имрӯз Ӯ аз чӣ ҳамчун восита истифода мекунад? (2 Вақ. 20:14, 15; Мат. 24:45–47; Юҳ. 15:15).

    3. «Рӯзи ҷанги Худои Қодири Мутлақ» чӣ тавр ҳолати мо ба ҳолати Еҳӯшофот монанд хоҳад буд? (2 Вақ. 20:15, 17; 32:8; Ваҳй 16:14, 16; ТОН).

    4. Дар пайравӣ бар левизодагон чӣ тавр пешоҳангону миссионерон дар кори умумиҷаҳонии мавъиза имрӯз саҳми худро мегузоранд? (2 Вақ. 20:19; Рум. 10:13–15; 2 Тим. 4:2).

Ҳикояи 68

Ду писаре, ки аз нав зинда мешаванд

  1. Се шахси дар расм тасвиршуда кистанд ва бо ин писарак чӣ ҳодиса рӯй дод?

  2. Илёс дар бобати писарча чӣ дуое мекунад ва баъд аз ин чӣ мешавад?

  3. Дастёри пайғамбар Илёс чӣ ном дорад?

  4. Барои чӣ Элишоъ ба хонаи зани шунемӣ даъват мешавад?

  5. Элишоъ чӣ кор мекунад ва бо кӯдаки мурда чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  6. Ба воситаи Илёс ва Элишоъ ба кадом кор қудрат доштани Яҳува нишон дода шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 3 Подшоҳон 17:824-ро хонед.

    1. Итоату имони Илёс чӣ тавр озмуда шуд? (3 Подш. 17:9; 19:1–4, 10).

    2. Барои чӣ имони бевазани сорефотиро бузург номидан мумкин аст? (3 Подш. 17:12–16; Луқ. 4:25, 26).

    3. Чӣ тавр он чизе ки бо бевазани сорефотӣ рӯй дод, суханҳои дар Матто 10:41, 42 навишташудаи Исоро тасдиқ мекунад? (3 Подш. 17:10–12, 17, 23, 24).

  2. 4 Подшоҳон 4:8–37-ро хонед.

    1. Намунаи зани шунемӣ ба мо дар бобати меҳмоннавозӣ чӣ меомӯзонад? (4 Подш. 4:8; Луқ. 6:38; Рум. 12:13; 1 Юҳ. 3:17).

    2. Чӣ гуна мо метавонем имрӯз бар ходимони Худо некӣ кунем? (Аъм. 20:35; 28:1, 2; Ғал. 6:9, 10; Ибр. 6:10).

Ҳикояи 69

Духтараке ба марди бонуфуз кӯмак мекунад

  1. Духтараки дар расмбуда ба ин зан чӣ мегӯяд?

  2. Ин зани босалобати тасвиршуда кист ва ин духтарча дар хонаи вай чӣ кор мекунад?

  3. Элишоъ ходимашро бо чӣ суханҳо ба пешвози Наамон мефиристад ва барои чӣ Наамон ба хашм меояд?

  4. Вақте ки Наамон ба ходими худ гӯш медиҳад, чӣ мешавад?

  5. Чаро Элишоъ инъомҳои Наамонро намегирад ва хидматгори ӯ Ҷеҳазӣ бошад, чӣ кор мекунад?

  6. Бо Ҷеҳазӣ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 4 Подшоҳон 5:1–27-ро хонед.

    1. Намунаи духтарчаи исроилӣ чӣ тавр наврасону ҷавонони имрӯзаро рӯҳбаланд мекунад? (4 Подш. 5:3; Заб. 8:3; 148:12, 13).

    2. Чаро вақте ки мувофиқи Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳанд, хуб мешуд, ки мисоли Наамонро дар хотир дорем? (4 Подш. 5:15; Ибр. 12:5, 6; Яъқ. 4:6).

    3. Рафтори Элишоъ ва Ҷеҳазиро муқоиса намуда, мо чӣ ёд мегирем? (4 Подш. 5:9, 10, 14–16, 20; Мат. 10:8; Аъм. 5:1–5; 2 Қӯр. 2:17).

Ҳикояи 70

Юнус ва моҳии калон

  1. Юнус кист ва Яҳува ба вай чӣ фармуд?

  2. Азбаски Юнус ба ҷои фиристодаи Яҳува рафтан намехост, ӯ чӣ кор кард?

  3. Юнус ба маллоҳон барои ором шудани тӯфон чӣ пешниҳод кард?

  4. Ба расм нигар. Ҳангоми дар об ғарқ шудани Юнус чӣ ҳодиса рӯй дод?

  5. Юнус чанд вақт дар даруни моҳии калон мемонад ва ӯ дар он ҷо чӣ кор мекунад?

  6. Баъд аз берун шудан аз даруни моҳии калон Юнус ба куҷо меравад ва ин ба мо чиро меомӯзонад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Юнус 1:1–2:1-ро хонед.

    Юнус ба таъиноти худ барои мавъиза кардан бар сокинони Нинве чӣ гуна муносибат кард? (Юн 1:2, 3; Мас. 3:7; Воиз 8:12).

  2. Юнус 2:2, 3, 11-ро хонед.

    Мисоли Юнус чӣ тавр моро итминон медиҳад, ки Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб мегӯяд? (Заб. 21:25; 33:7; 1 Юҳ. 5:14).

  3. Юнус 3:1–10-ро хонед.

    1. Новобаста ба он ки Юнус дар аввал иҷроиши таъиноти худро рад кард, Яҳува ба вай эътимод мекард ва ба истифода бурдани ӯ давом медод,— донистани ин чӣ гуна моро рӯҳбаланд месозад? (Заб. 102:14; 1 Пет. 5:10).

    2. Намунаи Юнус чӣ тавр моро меомӯзонад, ки нисбати одамоне, ки дар маҳалли мо зиндагӣ мекунанд, бадгумон набошем? (Юн 3:6–9; Воиз 11:6; Аъм. 13:48).

Ҳикояи 71

Худо биҳишт ваъда медиҳад

  1. Ишаъё кӣ буд, дар кадом замон зиндагӣ мекард ва Яҳува чиро ба ӯ нишон дод?

  2. Маънои калимаи “биҳишт” чист ва он чиро ба ту ёдовар мекунад?

  3. Яҳува ба Ишаъё навиштани чиро дар бораи биҳишти нави оянда фармуд?

  4. Чаро Одаму Ҳавво хонаи зебои биҳиштии худро аз даст доданд?

  5. Яҳува барои онҳое, ки Ӯро дӯст медоранд, чӣ ваъда медиҳад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ишаъё 11:6–9-ро хонед.

    1. Каломи Худо чӣ тавр муносибати оромонаеро, ки дар байни одамону ҳайвонот дар дунёи нав хоҳад буд, тасвир мекунад? (Заб. 148:10, 13; Иш. 65:25; Ҳиз. 34:25).

    2. Гуфтаҳои Ишаъё чӣ гуна имрӯз ба маънои рӯҳонӣ дар байни халқи Яҳува иҷро мешаванд? (Рум. 12:2; Эфс. 4:23, 24).

    3. Шаъне, ки аз дигаргуниҳои хаёти одамон имрӯз бармеояд ва дар оянда низ бар хоҳад омад, ба кӣ тааллуқ дорад? (Иш. 48:17, 18; Ғал. 5:22, 23; Фил. 4:7).

  2. Ваҳй 21:3, 4-ро хонед.

    1. Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки бо одамон дар рӯи замин сокин будани Худо на ба маънои аслӣ, балки ба маънои маҷозӣ аст? (Иб. 26:11, 12; 2 Вақ. 6:18; Иш. 66:1; Ваҳй 21:2, 3, 22–24).

    2. Кадом дардҳову ашкҳо дигар нахоҳанд буд? (Луқ. 8:49–52; Рум. 8:21, 22; Ваҳй 21:4).

Ҳикояи 72

Худо ба Ҳизқиёи подшоҳ мадад мекунад

  1. Марди дар расм тасвиршуда кист ва ӯ барои чӣ ошуфтахотир аст?

  2. Чӣ гуна номаҳоро Ҳизқиё бар ҳузури Худо гузоштааст ва вай дар бораи чӣ дуо мегӯяд?

  3. Ҳизқиё чӣ гуна подшоҳ аст ва чӣ хабареро Яҳува ба воситаи пайғамбар Ишаъё ба ӯ мефиристад?

  4. Фариштаи Яҳува бо ашшуриён чӣ кор кард? (Ба расм нигар).

  5. Ҳарчанд ки салтанати дусибта муддате дар оромӣ зиндагӣ мекунад, баъди марги Ҳизқиё чӣ мешавад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 4 Подшоҳон 18:1–36-ро хонед.

    1. Чӣ тавр қосиди ашшуриён — Рабшоқ барои суст кардани имони исроилиён кӯшиш мекард? (4 Подш. 18:19, 21; Хур. 5:2; Заб. 63:4).

    2. Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува дар вақти муносибат бо мухолифон ба Ҳизқиё пайравӣ мекунанд? (4 Подш. 18:36; Заб. 38:2; Мас. 26:4; 2 Тим. 2:24).

  2. 4 Подшоҳон 19:1–37-ро хонед.

    1. Чӣ гуна халқи имрӯзаи Яҳува дар вақти душвориҳо ба Ҳизқиё пайравӣ мекунад? (4 Подш. 19:1, 2; Мас. 3:5, 6; Ибр. 10:24, 25; Яъқ. 5:14, 15).

    2. Чӣ тавр подшоҳ Санҳериб се маротиба шикаст хӯрд ва ӯ дар пешгӯиҳо киро ифода мекунад? (4 Подш. 19:32, 35, 37; Ваҳй 20:2, 3).

  3. 4 Подшоҳон 21:1–6, 16-ро хонед.

    Чаро гуфтан мумкин аст, ки Меннаше подшоҳи бадтарине буд, аз онҳое ки дар Ерусалим ҳукм меронданд? (2 Вақ. 33:4–6, 9).

Ҳикояи 73

Охирин подшоҳи хуби Исроил

  1. Йӯшиёҳу ҳангоми подшоҳ шуданаш чандсола буд ва баъд аз ҳафт соли подшоҳӣ ӯ ба чӣ кор шурӯъ кард?

  2. Дар расми якум Йӯшиёҳу чӣ кор карда истодааст?

  3. Дар вақти таъмири маъбад саркоҳин аз он ҷо чӣ меёбад?

  4. Чаро Йӯшиёҳу либосҳои худро чок кард?

  5. Ҳулдои набия чӣ хабареро аз Яҳува ба Йӯшиёҳу расонд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 2 Вақоеънома 34:1–28-ро хонед.

    1. Йӯшиёҳу чӣ тавр метавонад намунаи хубе бошад барои онҳое, ки кӯдакии душворро аз сар гузарондаанд? (2 Вақ. 33:21–25; 34:1, 2; Заб. 26:10).

    2. Кадом қадамҳои муҳимро Йӯшиёҳу барои пеш бурдани ибодати пок дар солҳои 8–ум, 12–ум ва 18–уми ҳукмронии худ гузошт? (2 Вақ. 34:3, 8).

    3. Аз намунаи шоҳ Йӯшиёҳу ва саркоҳин Ҳилқиё мо дар бобати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҷои ибодати худ чӣ меомӯзем? (2 Вақ. 34:9–13; Мас. 11:14; 1 Қӯр. 10:31).

Ҳикояи 74

Марди нотарс

  1. Ҷавомарди дар расмбуда кист?

  2. Ирмиё дар бобати пайғамбар таъин шуданаш чӣ фикр мекард ва Яҳува ба вай чӣ гуфт?

  3. Ирмиё чӣ хабареро пайваста ба мардум мерасонд?

  4. Коҳинон чӣ тавр барои аз сухан боздоштани Ирмиё мекӯшиданд ва ӯ чӣ гуна нотарсӣ зоҳир мекард?

  5. Аз сабабе, ки исроилиён ба бадкориҳояшон давом медоданд, бо онҳо чӣ шуд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ирмиё 1:1–8-ро хонед.

    1. Чуноне ки аз мисоли Ирмиё бармеояд, касро дар хидмати Худо чӣ лаёқатманд мекунад? (2 Қӯр. 3:5, 6).

    2. Намунаи Ирмиё ҷавонони масеҳии имрӯзаро чӣ гуна рӯҳбаланд мегардонад? (Воиз 12:1; 1 Тим. 4:12).

  2. Ирмиё 10:1–5-ро хонед.

    Барои нишон додани беҳудагии эътимод бар бутҳо, Ирмиё чӣ мисоле овард? (Ирм. 10:5; Иш. 46:7; Ҳаб. 2:19).

  3. Ирмиё 26:1–16-ро хонед.

    1. Бақияи тадҳиншудагоне, ки имрӯз хабари огоҳкунандаро мерасонанд, чӣ тавр ба ин фармудаи Худо ба Ирмиё — «калимае кам накун»,— итоат мекунанд? (Ирм. 26:2; ТШ 4:2; Аъм. 20:27).

    2. Ирмиё чӣ гуна барои Шоҳидони имрӯзаи Яҳува дар эълон кардани хабари огоҳкунандаи Худо, намунаи хубе гузошт? (Ирм. 26:8, 12, 14, 15; 2 Тим. 4:1–5).

  4. 4 Подшоҳон 24:1–17-ро хонед.

    Хиёнати Яҳудо нисбати Яҳува, чӣ натиҷаҳои баде ба бор овард? (4 Подш. 24:2–4, 14).

Ҳикояи 75

Чор ҷавонписар дар Бобил

  1. Ин чор писари дар расмбуда кистанд ва чаро онҳо дар Бобиланд?

  2. Набукаднесар дар бобати ин чор писар чӣ мақсад дорад ва дар вобастагӣ ба ин ӯ ба ходимони худ чӣ мефармояд?

  3. Дониёл дар бобати хӯрокиву нӯшокиҳо барои худу дӯстонаш чӣ хоҳише кард?

  4. Баъд аз истеъмол кардани сабзавот дар муддати даҳ рӯз, Дониёлу се дӯсташ дар муқоиса бо ҷавонони дигар ба назар чӣ гуна менамуданд?

  5. Дониёл ва се дӯсти вай чӣ тавр ба дарбор меафтанд ва онҳо дар чӣ аз коҳинону хирадмандон хубтар менамоянд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Дониёл 1:1–21-ро хонед.

    1. Барои муқобилият ба озмоишҳо ва сустиҳои худ аз мо то кадом андоза ҷидду ҷаҳд дар талаб аст? (Дон. 1:8; Ҳас. 39:7, 10; Ғал. 6:9).

    2. Ҷавонон чӣ тавр метавонанд зери озмоиш ё фишор барои “чашидан”-и “лаззатҳо” қарор гиранд? (Дон. 1:8; Мас. 20:1; 2 Қӯр. 6:17–7:1).

    3. Нақли Китоби Муқаддас дар бораи ин чор ҷавони ибрӣ дар фаҳмидани чӣ нисбати гирифтани маълумоти дунявӣ, ба мо ёрӣ мерасонад? (Дон. 1:20; Иш. 54:13; 1 Қӯр. 3:18–20).

Ҳикояи 76

Ерусалим валангор мешавад

  1. Бо Ерусалим ва исроилиён чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? (Ба расм нигар).

  2. Ҳизқиёл кист ва чӣ чизҳои мудҳишеро Яҳува ба ӯ нишон медиҳад?

  3. Азбаски исроилиён ба Яҳува эҳтиром намегузоранд, Ӯ чӣ ваъда медиҳад?

  4. Шоҳ Набукаднесар баъд аз шӯриши исроилиён бар зидди ӯ чӣ кор кард?

  5. Чаро Яҳува гузошт, ки бо исроилиён ин фалокати даҳшатнок рӯй диҳад?

  6. Чӣ тавр шуд, ки сарзамини Исроил беодам монд ва ин то кай бояд давом мекард?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 4 Подшоҳон 25:1–26-ро хонед.

    1. Сидқиёҳу кӣ буд, бо ӯ чӣ рӯй дод ва чӣ гуна ҳамин тавр пешгӯӣ иҷро шуд? (4 Подш. 25:5–7; Ҳиз. 12:13–15).

    2. Яҳува киро бар хиёнати Исроил масъул меҳисобид? (4 Подш. 25:9, 11, 12, 18, 19; 2 Вақ. 36:14, 17).

  2. Ҳизқиёл 8:1–18-ро хонед.

    Ба ном “масеҳият”-и ҷаҳонӣ ба исроилиёни хоин, ки ба офтоб саҷда мекарданд, чӣ монандӣ дорад? (Ҳиз. 8:16; Иш. 5:20, 21; Юҳ. 3:19–21; 2 Тим. 4:3).

Ҳикояи 77

Онҳо саҷда намекунанд

  1. Шоҳи Бобил Набукаднесар ба халқ чӣ фармоне медиҳад?

  2. Барои чӣ се дӯсти Дониёл бар ҳайкал саҷда намекунанд?

  3. Ҳангоме ки Набукаднесар ба се ибрӣ имконияти дигари саҷда кардан медиҳад, чӣ тавр онҳо ба Яҳува такя кардани худро нишон медиҳанд?

  4. Набукаднесар нисбати Шадрак, Мешак ва Абднаҷу чӣ фармоне ба ходимони худ медиҳад?

  5. Ҳангоми нигаристан ба даруни кӯраи сӯзон Набукаднесар чӣ мебинад?

  6. Шоҳ аз чӣ сабаб Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро ҳамду сано мехонад ва онҳо чӣ намунае барои мо гузоштанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Дониёл 3:1–30-ро хонед.

    1. Ба кадом нуқтаи назари се ибрии ҷавон ҳамаи ходимони Худо ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо озмоиши исмат бояд пайравӣ кунанд? (Дон. 3:17, 18; Мат. 10:28; Рум. 14:7, 8).

    2. Яҳува ба Набукаднесар чӣ дарси муҳиме дод? (Дон. 3:28, 29; 4:31, 32).

Ҳикояи 78

Навиштаҷоти даст дар девор

  1. Дар вақти базми пуршукӯҳи шоҳи Бобил ва дар он истифода бурдани зарфҳои аз Ерусалим, аз маъбади Яҳува овардашуда чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

  2. Балшасар ба ҳакимони худ чӣ мефармояд ва чаро онҳо ин корро карда наметавонанд?

  3. Модари шоҳ ба ӯ чӣ пешниҳод мекунад?

  4. Мувофиқи гуфтаҳои Дониёл ба подшоҳ, чаро Худо дастеро барои навиштан дар девор фиристод?

  5. Дониёл маънои навиштаҷоти деворро чӣ тавр фаҳмонд?

  6. Ҳангоме ки Дониёл ҳанӯз сухан мегуфт, чӣ ҳодиса рӯй дод?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Дониёл 5:1–31-ро хонед.

    1. Худотарсии Дониёл аз тарси Балшасар, ки ӯ ҳангоми дидани навиштаҷоти девор ҳис кард, чӣ фарқ дорад? (Дон. 5:6, 7; Заб. 18:10; Рум. 8:35–39).

    2. Чӣ тавр Дониёл ҳангоми сухан гуфтан бар шоҳ ва аъёну ашрофонаш шуҷоати бузург зоҳир кард? (Дон. 5:17, 18, 22, 26–28; Аъм. 4:29).

    3. Боби 5–уми китоби Дониёл чӣ тавр ҳокимияти Яҳуваро таъкид мекунад? (Дон. 4:14, 22; 5:21).

Ҳикояи 79

Дониёл дар чоҳи шерон

  1. Доро кист ва ӯ ба Дониёл чӣ гуна муносибат мекард?

  2. Шахсони ҳасадхӯр Дороро ба чӣ кор водор мекунанд?

  3. Вақте ки Дониёл дар бораи қонуни нав мефаҳмад, ӯ чӣ кор мекунад?

  4. Доро аз чӣ сабаб он қадар ошуфтахотир аст, ки ҳатто хобаш то саҳар намебарад ва субҳи рӯзи дигар ӯ чӣ кор мекунад?

  5. Дониёл ба Доро чӣ ҷавоб медиҳад?

  6. Бо мардони баде, ки Дониёлро куштанӣ буданд, чӣ мешавад ва Доро ба тамоми мардуми салтанаташ чӣ менависад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Дониёл 6:1–28-ро хонед.

    1. Дасисаҳои зидди Дониёл ба амаловардашуда чӣ тавр ба мо кӯшишҳои мухолифонро барои боздоштани кори Шоҳидони Яҳува дар замони имрӯза, ёдовар мекунад? (Дон. 6:7; Заб. 93:20; Иш. 10:1; Рум. 8:31).

    2. Чӣ гуна ходимони имрӯзаи Худо бар намунаи Дониёл дар итоат ба «ҳокимиятҳои боло» пайравӣ карда метавонанд? (Дон. 6:5, 10; Рум. 13:1; Аъм. 5:29).

    3. Чӣ тавр мо ба Дониёл дар хидмати «ҳамеша»-гӣ бар Яҳува, пайравӣ карда метавонем? (Дон. 6:16, 20; Фил. 3:16; Ваҳй 7:15).

Ҳикояи 80

Қавми Худо Бобилро тарк мекунад

  1. Ба расм нигар. Исроилиён чӣ кор карда истодаанд?

  2. Чӣ тавр Куруш пешгӯии Яҳуваро, ки ба воситаи Ишаъё гуфта шуда буд, иҷро кард?

  3. Ба исроилиёне, ки ба Ерусалим баргашта наметавонистанд, Куруш чӣ гуфт?

  4. Куруш ба онҳое, ки ба Ерусалим баргаштанӣ буданд, чӣ дод?

  5. Исроилиён дар чанд вақт ба Ерусалим расиданд?

  6. Аз бозе, ки сарзамин комилан беодам шуда буд, чанд сол гузашт?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ишаъё 44:28 ва 45:1–4-ро хонед.

    1. Чӣ тавр Яҳува таъкид кард, ки пешгӯӣ дар бораи Куруш ҳатман иҷро хоҳад шуд? (Иш. 55:10, 11; Рум. 4:17).

    2. Нубуввати Ишаъё дар бобати Куруш, дар бораи қудрати ояндаро пешгӯӣ кардани Яҳува чиро нишон медиҳад? (Иш. 42:9; 45:21; 46:10, 11; 2 Пет. 1:20).

  2. Эзро 1:1–11-ро хонед.

    Чӣ тавр мо метавонем ба намунаи онҳое, ки имконияти ба Ерусалим баргаштанро надоштанд, пайравӣ намуда, бародарону хоҳаронеро ки имконияти оғоз кардани хидмати пурравақтро доранд, «дастгирӣ кунем»? (Эзр. 1:4, 6; Рум. 12:13; Қӯл. 4:12).

Ҳикояи 81

Такя ба мадади Худо

  1. Чӣ қадар одамон роҳи дарози аз Бобил то Ерусалимро тай карданд ва ба он ҷо расида, онҳо чӣ диданд?

  2. Исроилиён баъд аз баргаштанашон аввалан ба сохтани чӣ сар мекунанд ва душманони онҳо ба чӣ кор мекӯшанд?

  3. Ҳаҷҷай ва Закарё кистанд ва онҳо ба мардум чӣ мегӯянд?

  4. Татнай бо чӣ мақсад ба Бобил нома мефиристад ва аз он ҷо чӣ ҷавобе мегирад?

  5. Ҳангоме ки Эзро дар бораи ба таъмир ниёз доштани маъбад бохабар мешавад, ӯ чӣ кор мекунад?

  6. Ба расм нигар. Эзро дар бобати чӣ дуо мегӯяд, дуои ӯ чӣ гуна мустаҷоб шуд ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Эзро 3:1–13-ро хонед.

    Агар ба маҳалле афтем, ки дар он ҷо ҷамъомади Худо нест, ба чӣ кор бояд давом диҳем? (Эзр. 3:3, 6; Аъм. 17:16, 17; Ибр. 13:15).

  2. Эзро 4:1–7-ро хонед.

    Зарубобил барои халқи Яҳува дар бобати ҳамкориҳои байни динҳо чӣ намунае гузошт? (Хур. 34:12; 1 Қӯр. 15:33; 2 Қӯр. 6:14–17).

  3. Эзро 5:1–5, 17 ва 6:1–22-ро хонед.

    1. Барои чӣ мухолифон барои боздоштани сохтмони маъбад қодир набуданд? (Эзр. 5:5; Иш. 54:17).

    2. Амалҳои пирони Исроил чӣ тавр метавонанд пирони масеҳии имрӯзаро дар бобати ҷустуҷӯи раҳбарияти Яҳува дар вақти рӯбарӯшавӣ бо мухолифон, рӯҳбаланд намоянд? (Эзр. 6:14; Заб. 31:8; Рум. 8:31; Яъқ. 1:5).

  4. Эзро 8:21–23, 28–36-ро хонед.

    Пеш аз он ки ба коре шурӯъ намоем, ба кадом амали Эзро пайравӣ карданамон хуб мебуд? (Эзр. 8:23; Заб. 126:1; Мас. 10:22; Яъқ. 4:13–15).

Ҳикояи 82

Мордахай ва Эстер

  1. Мордахай ва Эстер кистанд?

  2. Барои чӣ шоҳ Аҳашверӯш хост, ки зани нав бигирад ва ӯ киро интихоб кард?

  3. Ҳомон кист ва чӣ ӯро сахт хашмгин кард?

  4. Чӣ фармоне дода шуд ва Эстер баъди гирифтани хабар аз Мордахай чӣ кор мекунад?

  5. Бо Ҳомон ва Мордахай чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  6. Исроилиён аз дасти душманони худ чӣ тавр наҷот ёфтанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Эстер 2:12–18-ро хонед.

    Чӣ тавр Эстер баҳои инкишоф додани «рӯҳи ҳалиму сокит»-ро нишон дод? (Эст. 2:15; 1 Пет. 3:1–5).

  2. Эстер 4:1–17-ро хонед.

    Ҳамон тавре ки ба Эстер имконияти муҳофизати ибодати пок дода шуд, имрӯз мо чӣ гуна имконияти зоҳир кардани садоқату вафодорӣ нисбати Яҳуваро дорем? (Эст. 4:13, 14; Мат. 5:14–16; 24:14).

  3. Эстер 7:1–6-ро хонед.

    Чӣ тавр ходимони муосири Худо тайёр буданд, ки монанди Эстер ба таъқибот тоб оранд? (Эст. 7:4; Мат. 10:16–22; 1 Пет. 2:12).

Ҳикояи 83

Деворҳои Ерусалим

  1. Исроилиён аз сабаби он ки атрофи шаҳри Ерусалим девор надошт, худро чӣ гуна эҳсос мекарданд?

  2. Наҳемё кист?

  3. Наҳемё ба чӣ кор машғул буд ва чаро ин кори хеле бомасъулият аст?

  4. Аз кадом хабарҳо Наҳемё ғамгин шуд ва ӯ чӣ кор кард?

  5. Шоҳ Артаҳшасто ба Наҳемё чӣ некие кард?

  6. Наҳемё кори сохтмонро ба чӣ тартиб ташкил кард, ки душманон онро боздошта натавонанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Наҳемё 1:4–6 ва 2:1–20-ро хонед.

    Чӣ тавр Наҳемё роҳнамоии Яҳуваро меҷуст? (Наҳ. 2:4, 5; Рум. 12:12; 1 Пет. 4:7).

  2. Наҳемё 3:3–5-ро хонед.

    Пирон ва ходимони ёвар аз фарқияти байни тақӯиён ва “акобир”-и онҳо чӣ омӯхта метавонанд? (Наҳ. 3:5, 27; 2 Тас. 3:7–10; 1 Пет. 5:5).

  3. Наҳемё 4:1–23-ро хонед.

    1. Чӣ исроилиёнро водор мекард, ки ба мухолифати сахт нигоҳ накарда, сохтмонро идома диҳанд? (Наҳ. 4:6, 8, 9; Заб. 49:15; Иш. 65:13, 14).

    2. Намунаи исроилиён аз кадом ҷиҳатҳо моро рӯҳбаланд мекунад?

  4. Наҳемё 6:15-ро хонед.

    Дар муддати ду моҳ буд шудани сохтмони деворҳои Ерусалим дар бобати қувваи имон чиро нишон медиҳад? (Заб. 55:4, 5; Мат. 17:20; 19:26).

Ҳикояи 84

Назди Марям фаришта меояд

  1. Зани дар расм тасвиршуда кист?

  2. Ҷабраил ба Марям чӣ мегӯяд?

  3. Ҷабраил чӣ тавр ба Марям мефаҳмонад, ки ҳарчанд вай бо мард зиндагӣ намекунад, фарзанддор хоҳад шуд?

  4. Ҳангоме ки Марям ба дидори хешаш Элисобаъ меояд, чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  5. Вақте ки Юсуф дар бораи ҳомиладории Марям мефаҳмад, чӣ фикр мекунад ва барои чӣ баъдтар ин фикрашро тағир медиҳад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Луқо 1:26–56-ро хонед.

    1. Аз матни Луқо 1:35 нисбати нокомилияти Одам, ки дар тухмҳуҷайраи Марям ҳангоми ба он гузаронидани ҳаёти Писари Худо аз олами рӯҳонӣ, ҷой дошт, чӣ гуна хулоса бармеояд? (Ҳаҷ. 2:11–13; Юҳ. 6:69; Ибр. 7:26; 10:5).

    2. Чӣ тавр Исо ҳанӯз пеш аз таваллуд шуданаш иззату икром карда шуд? (Луқ. 1:41–43).

    3. Марям барои масеҳиёни имрӯзае, ки соҳиби таъинотҳои махсусе дар хидмат мегарданд, чӣ гуна намунаи хуберо барои ибрат гузошт? (Луқ. 1:38, 46–49; 17:10; Мас. 11:2).

  2. Матто 1:18–25-ро хонед.

    Гарчанде ки Исо аслан Имонуил номгузор нашуд, барои чӣ гуфтан мумкин аст, ки нақши вай дар рӯи замин ба ин ном мувофиқат мекард? (Мат. 1:22, 23; Юҳ. 14:8–10; Ибр. 1:1–3).

Ҳикояи 85

Исо дар молхона таваллуд мешавад

  1. Ин кӯдаки дар расмбуда кист ва Марям ӯро ба куҷо мегузорад?

  2. Чӣ тавр шуд, ки Исо дар молхона таваллуд шуд?

  3. Ба расм нигар; ин мардоне ки ба сӯи молхона меоянд, кистанд ва фаришта ба онҳо чӣ гуфт?

  4. Барои чӣ Исо кӯдаки ғайриоддӣ буд?

  5. Чаро Исоро Писари Худо номидан мумкин аст?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Луқо 2:120-ро хонед.

    1. Августи қайсар дар иҷроиши пешгӯӣ дар бораи тавлиди Исо чӣ нақше бозид? (Луқ. 2:1–4; Мик. 5:2).

    2. Чӣ тавр шахс метавонад яке аз онҳое бошад, ки мавриди «илтифоти Худо» ҳастанд? (Луқо 2:14, ТОН; Мат. 16:24; Юҳ. 17:3; Аъм. 3:19; Ибр. 11:6).

    3. Агар ба назар бигирем, ки таваллуд шудани Наҷотдиҳанда сабаби шодии чӯпонони хоксори яҳудӣ шуда буд, чӣ сабаби бузургтаре барои хурсандии ходимони имрӯзаи Худо вуҷуд дорад? (Луқ. 2:10, 11; Эфс. 3:8, 9; Ваҳй 11:15; 14:6).

Ҳикояи 86

Ситорае, ки мардонро роҳнамоӣ мекард

  1. Ин мардони тасвиршуда кистанд ва чаро яке аз онҳо ба ситораи дурахшон ишора мекунад?

  2. Шоҳ Ҳиродус аз чӣ сабаб ба изтироб омад ва ӯ чӣ кор кард?

  3. Ситораи дурахшон ин мардонро ба куҷо ҳидоят мекунад ва барои чӣ онҳо ба ватани худ бо роҳи дигар бармегарданд?

  4. Ҳиродус чӣ амре дод ва аз чӣ сабаб?

  5. Яҳува ба Юсуф чӣ фармуд?

  6. Ин ситораи навро ба мунаҷҷимон кӣ нишон дод ва барои чӣ?

Саволи иловагӣ:

  1. Матто 2:123-ро хонед.

    Ҳангоме ки мунаҷҷимон ба дидори Исо меоянд, вай чандсола буд ва дар куҷо зиндагӣ мекард? (Мат. 2:1, 11, 16).

Ҳикояи 87

Исои наврас дар маъбад

  1. Ба расм нигар. Исо дар куҷо аст ва ӯ дар он вақт чандсола буд?

  2. Юсуфу аҳли оилааш ҳар сол чӣ кор мекарданд?

  3. Барои чӣ пас аз як рӯзи сафари бозгашт ба хона, Юсуфу Марям боз ба Ерусалим рафтанд?

  4. Юсуфу Марям Исоро дар куҷо ёфтанд ва одамон дар он ҷо аз чӣ дар ҳайрат буданд?

  5. Исо ба модараш Марям чӣ мегӯяд?

  6. Чӣ тавр мо метавонем дар гирифтани дониш дар бораи Худо монанди Исо бошем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Луқо 2:41–52-ро хонед.

    1. Гарчанде ки қонун ба иди ҳарсола омаданро танҳо аз мардон талаб мекард, Юсуфу Марям чӣ гуна мисоли хуберо барои волидони имрӯза гузоштанд? (Луқ. 2:41; ТШ 16:16; 31:12; Мас. 22:6).

    2. Исо чӣ гуна ба фарзандон намунаи хуберо дар итоат ба волидон гузошт? (Луқ. 2:51; ТШ 5:16; Мас. 23:22; Қӯл. 3:20).

  2. Матто 13:53–56-ро хонед.

    Номҳои кадом чор бародари Исо дар Китоби Муқаддас оварда шудаанд ва ду нафари онҳо ба чӣ гуна таъинотҳо дар ҷамъомади масеҳӣ соҳиб шуданд? (Мат. 13:55; Аъм. 12:17; 15:6, 13; 21:18; Ғал. 1:19; Яъқ. 1:1; Яҳ. 1).

Ҳикояи 88

Яҳё Исоро таъмид медиҳад

  1. Ин ду марди дар расм тасвиршуда кистанд?

  2. Чӣ гуна шахс таъмид мегирад?

  3. Яҳё одатан киро таъмид медод?

  4. Бо чӣ сабаби махсусе Исо аз Яҳё хоҳиш кард, ки ӯро таъмид диҳад?

  5. Худо чӣ гуна аз таъмиди Исо розӣ буданашро зоҳир намуд?

  6. Ҳангоме ки Исо барои 40 рӯз ба ҷои хилвате меравад, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

  7. Баъзе аз пайравони нахустини Исо, ё шогирдони вай киҳоянд ва мӯъҷизаи аввалине, ки ӯ ба амал овард, чӣ гуна буд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 3:13–17-ро хонед.

    Бо таъмид гирифтан Исо ба шогирдони худ чӣ намунае гузошт? (Заб. 39:8, 9; Мат. 28:19, 20; Луқ. 3:21, 22).

  2. Матто 4:1–11-ро хонед.

    Чӣ тавр моҳирона аз Навиштаҳои Муқаддас истифода бурдани Исо моро ба мунтазам омӯхтани Китоби Муқаддас бармеангезад? (Мат. 4:5–7; 2 Пет. 3:17, 18; 1 Юҳ. 4:1).

  3. Юҳанно 1:29–51-ро хонед.

    Яҳёи Таъмиддиҳанда диққати шогирдонашро ба кӣ ҷалб мекард ва чӣ тавр мо имрӯз метавонем ба вай пайравӣ намоем? (Юҳ. 1:29, 35, 36; 3:30; Мат. 23:10).

  4. Юҳанно 2:1–12-ро хонед.

    Чӣ тавр мӯъҷизаи якуми Исо нишон медиҳад, ки Яҳува ходимони худро «аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард»? (Юҳ. 2:9, 10; Заб. 83:12; Яъқ. 1:17).

Ҳикояи 89

Исо маъбадро пок мекунад

  1. Барои чӣ ҳайвонҳоро дар маъбад мефурӯшанд?

  2. Исо аз чӣ сабаб ба хашм омад?

  3. Ба расм нигар; Исо чӣ кор мекунад ва ба кафтарфурӯшон чӣ мефармояд?

  4. Пайравони Исо ҳангоми дидани ин амалҳои вай чиро ба ёд меоранд?

  5. Исо кадом вилоятро дар роҳи бозгашт ба Ҷалил убур мекунад?

Саволи иловагӣ:

  1. Юҳанно 2:13–25-ро хонед.

    Хашми Исоро аз дидани пуливазкунандагон дар маъбад ба назар гирифта, ба корҳои тиҷорат дар Толори Салтанат чӣ гуна муносибат бояд кард? (Юҳ. 2:15, 16; 1 Қӯр. 10:24, 31–33).

Ҳикояи 90

Бо зане дар сари чоҳ

  1. Чаро Исо дар Сомария дар назди чоҳе истод ва ӯ ба зане, ки дар он ҷо вохӯрд, чӣ гуфт?

  2. Барои чӣ зан ҳайрон шуд? Исо ба вай чӣ мегӯяд ва барои чӣ?

  3. Ба фикри зан Исо дар бораи чӣ гуна об сухан мегуфт ва аслан Исо чиро дар назар дошт?

  4. Барои чӣ зан аз он ки Исо дар бораи вай бисёр чизҳоро медонист, тааҷҷуб мекунад ва Исо ин маълумотро аз куҷо медонист?

  5. Аз ин воқеа мо чӣ меомӯзем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Юҳанно 4:5–43-ро хонед.

    1. Агар хоҳем, ки ба Исо пайравӣ намоем, ба одамоне ки миллаташон ё сатҳи иҷтимоияшон дигар аст, чӣ гуна муносибат хоҳем кард? (Юҳ. 4:9; 1 Қӯр. 9:22; 1 Тим. 2:3, 4; Тит. 2:11).

    2. Шахсе, ки шогирди Исо мешавад, аз ҷиҳати рӯҳонӣ чӣ гуна манфиатҳоро соҳиб мешавад? (Юҳ. 4:14; Иш. 58:11; 2 Қӯр. 4:16).

    3. Чӣ тавр мо метавонем миннатдории худро мисли зани сомарӣ, ки дониши гирифтаашро қадр мекард ва бо майли том ба дигарон низ меомӯзонид, зоҳир кунем? (Юҳ. 4:7, 28; Мат. 6:33; Луқ. 10:40–42).

Ҳикояи 91

Исо дар болои кӯҳе таълим медиҳад

  1. Ба расм нигар. Исо дар куҷо таълим дода истодааст ва касоне, ки ба ӯ аз ҳама наздиктар нишастаанд, кистанд?

  2. 12 расул чӣ номҳо доранд?

  3. Исо дар бораи кадом Салтанат нақл мекунад?

  4. Исо дар бораи чӣ дуо карданро меомӯзонд?

  5. Дар бораи муносибат ба якдигар Исо ба одамон чӣ таълим дод?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 5:1–12-ро хонед.

    Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки аз ниёзҳои рӯҳонии худ бохабарем? (Мат. 5:3; Рум. 10:13–15; 1 Тим. 4:13, 15, 16).

  2. Матто 5:21–26-ро хонед.

    Матто 5:23, 24 чӣ тавр таъкид мекунад, ки муносибати мо бо бародаронамон ба муносибати мо бо Яҳува таъсир мерасонад? (Мат. 6:14, 15; Заб. 132:1; Қӯл. 3:13; 1 Юҳ. 4:20).

  3. Матто 6:1–8-ро хонед.

    Масеҳиён аз чӣ гуна зуҳуроти дар назари худ одил будан бояд дар гурез бошанд? (Луқ. 18:11, 12; 1 Қӯр. 4:6, 7; 2 Қӯр. 9:7).

  4. Матто 6:25–34-ро хонед.

    Чӣ тавр Исо нисбати таъминоти ниёзҳои моддиамон ба Яҳува такя карданро омӯзонд? (Хур. 16:4; Заб. 36:25; Фил. 4:6).

  5. Матто 7:1–11-ро хонед.

    Аз мисоли равшане, ки дар Матто 7:5 овардашуда аст, мо чӣ меомӯзем? (Мас. 26:12; Рум. 2:1; 14:10; Яъқ. 4:11, 12).

Ҳикояи 92

Исо мурдагонро эҳё мекунад

  1. Падари духтарчаи дар расм тасвиршуда кист ва чаро ӯву занаш хеле ғамгинанд?

  2. Ёир Исоро дарёб намуда, чӣ кор мекунад?

  3. Вақте ки Исо ба хонаи Ёир рафтанӣ мешавад, чӣ воқеа рӯй медиҳад ва чӣ хабареро ба Ёир аз хонааш меоранд?

  4. Барои чӣ одамоне, ки дар хонаи Ёир буданд, ба ҳоли Исо механданд?

  5. Исо пас аз он ки бо се расули худ ва волидони духтарча ба ҳуҷраи вай медарояд, чӣ кор мекунад?

  6. Исо боз киҳоро аз хоби марг бархезонд ва ин воқеаҳо аз чӣ шаҳодат медиҳанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Луқо 8:40–56-ро хонед.

    Исо чӣ тавр оқилӣ зоҳир намуда, нишон дод, ки ба зане ки аз хунравӣ азоб мекашид, ҳамдард аст ва пирони ҷамъомад аз ин чӣ омӯхта метавонанд? (Луқ. 8:43, 44, 47, 48; Иб. 15:25–27; Мат. 9:12, 13; Қӯл. 3:12–14).

  2. Луқо 7:11–17-ро хонед.

    Чӣ тавр онҳое, ки наздиконашон фавтидаанд, аз суханҳои ба бевазани ноинӣ гуфтаи Исо, тасаллӣ ёфта метавонанд? (Луқ. 7:13; 2 Қӯр. 1:3, 4; Ибр. 4:15).

  3. Юҳанно 11:17–44-ро хонед.

    Чӣ тавр Исо нишон дод, ки ҳангоми мурдани касе аз наздикон андӯҳгин будан эҳсоси комилан табиист? (Юҳ. 11:33–36, 38; 2 Подш. 18:33; 19:1–4).

Ҳикояи 93

Исо одамони бисёреро ғизо медиҳад

  1. Бо Яҳёи Таъмиддиҳанда чӣ ҳодисаи мудҳише рӯй дод ва ба Исо ин хабар чӣ гуна таъсир кард?

  2. Исо чӣ тавр издиҳоми мардумеро, ки аз ақиби вай мерафтанд, ғизо дод ва чӣ қадар хӯрок боқӣ монд?

  3. Барои чӣ шабҳангом шогирдон метарсанд ва бо Петрус чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  4. Чӣ тавр Исо ҳазорон нафарро дафъаи дуюм ғизо медиҳад?

  5. Чӣ сабабе барои хурсандӣ аз он ки Исо чун подшоҳи Худо таъинкарда бар рӯи замин ҳукмронӣ хоҳад кард, вуҷуд дорад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 14:1–32-ро хонед.

    1. Воқеаи дар Матто 14:23–32 нақлшуда чӣ гуна ба шахсияти Петрус равшанӣ меандозад?

    2. Навиштаҳо чӣ тавр шаҳодат медиҳанд, ки Петрус рӯҳан хеле ба камол расид ва феълу хӯи тези худро зердасти иродааш кард? (Мат. 14:27–30; Юҳ. 18:10; 21:7; Аъм. 2:14, 37–40; 1 Пет. 5:6, 10).

  2. Матто 15:29–38-ро хонед.

    Исо чӣ гуна нисбати додаҳои Худо эҳтиром зоҳир кард? (Мат. 15:37; Юҳ. 6:12; Қӯл. 3:15).

  3. Юҳанно 6:1–21-ро хонед.

    Масеҳиёни имрӯза чӣ гуна дар муносибат бо ҳокимиятҳои давлатӣ ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонанд? (Юҳ. 6:15; Мат. 22:21; Рум. 12:2; 13:1–4).

Ҳикояи 94

Исо кӯдаконро дӯст медорад

  1. Расулон ҳангоми бозгашт аз сафари дурудароз дар бобати чӣ баҳс мекарданд?

  2. Чаро Исо кӯдаки хурдеро даъват карда, дар мобайни расулон мегузорад?

  3. Аз кадом ҷиҳат расулон бояд мисли кӯдак мешуданд?

  4. Пас аз чанд моҳ, чӣ гуна Исо боз нишон медиҳад, ки ӯ кӯдаконро дӯст медорад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 18:1–4-ро хонед.

    Барои чӣ Исо ҳангоми таълим додан аз масалҳо истифода мебурд? (Мат. 13:34, 36; Марқ. 4:33, 34).

  2. Матто 19:13–15-ро хонед.

    Агар аз баракатҳои Салтанат баҳра бурдан бихоҳем, бояд ба кадом хусусиятҳои кӯдакон пайравӣ намоем? (Заб. 24:9; 1 Қӯр. 14:20; Забур 137:6 [Забур 138:6, ТФ: «Зеро ки Худованд Мутаол аст, лекин бар фурӯтанон назар мекунад; аммо мутакаббиронро аз дур мешиносад»]).

  3. Марқӯс 9:33–37-ро хонед.

    Исо ба шогирдони худ дар бобати хоҳиши мавқеи барҷаста доштан чӣ омӯзонд? (Марқ. 9:35; Мат. 20:25, 26; Ғал. 6:3; Фил. 2:5–8).

  4. Марқӯс 10:13–16-ро хонед.

    Исо то кадом андоза ба одамон дастрас буд ва пирони масеҳӣ аз намунаи ӯ чӣ омӯхта метавонанд? (Марқ. 6:30–34; Фил. 2:1–4; 1 Тим. 4:12).

Ҳикояи 95

Тарзи таълими Исо

  1. Марде ба Исо чӣ савол дод ва чаро?

  2. Исо дар таълим додан баъзан аз чӣ истифода мекард ва дар бораи муносибатҳои яҳудиён ва сомариён мо аз чӣ аллакай бохабар ҳастем?

  3. Дар ҳикояе, ки Исо нақл кард, бо яҳудии ба Ериҳӯ рафтаистода чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

  4. Коҳини яҳудӣ ва левизодае, ки аз ин роҳ мегузаштанд, чӣ гуна рафтор карданд?

  5. Ба яҳудии маҷрӯҳ кӣ мадад мерасонад? (Ба расм нигар).

  6. Баъд аз нақли ин ҳикоя, Исо аз марди саволдода чӣ пурсид ва он мард чӣ гуна ҷавоб дод?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Луқо 10:25–37-ро хонед.

    1. Ба ҷои он ки ҷавоби рӯирост диҳад, чӣ тавр Исо ба марди аз Қонунҳо бохабар кӯмак кард, ки дар бораи саволи додааш мулоҳиза кунад? (Луқ. 10:26; Мат. 16:13–16).

    2. Исо чӣ гуна барои рафъ кардани бадгумониҳои миллии шунавандагони худ аз мисолҳо истифода намуд? (Луқ. 10:36, 37; 18:9–14; Тит. 1:9).

Ҳикояи 96

Исо беморонро шифо мебахшад

  1. Исо дар вақти сафараш дар саросари мамлакат чӣ кор мекард?

  2. Баъд аз се соли таъмид гирифтанаш Исо ба расулони худ чӣ мегӯяд?

  3. Одамони дар расмбуда кистанд ва Исо барои ин зан чӣ кор кард?

  4. Барои чӣ ҷавоби Исо роҳбарони диниеро, ки бо вай баҳс менамуданд, шарманда кард?

  5. Вақте ки Исо бо расулони худ дар наздикии Ериҳӯ буд, ӯ барои ду гадои нобино чӣ кор кард?

  6. Исо барои чӣ мӯъҷизаҳо ба амал меовард?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 15:30, 31-ро хонед.

    Бо чӣ тарзи аҷибе қудрати Яҳува дар амалҳои Исо зоҳир мешавад ва ин чӣ гуна ба мо дар фаҳмиши ваъдаҳое, ки Яҳува нисбати Дунёи Нав медиҳад, кӯмак мекунад? (Заб. 36:29; Иш. 33:24).

  2. Луқо 13:10–17-ро хонед.

    Чӣ тавр мӯъҷизаҳои ҳайратангезе, ки Исо дар рӯзи шанбе ба амал меовард, чигунагии халосиву тасаллиеро, ки ӯ дар давоми ҳукмронии Ҳазорсолаи худ барои инсоният хоҳад овард, нишон медиҳанд? (Луқ. 13:10–13; Заб. 45:10; Мат. 12:8; Қӯл. 2:16, 17; Ваҳй 21:1–4).

  3. Матто 20:29–34-ро хонед.

    Чӣ гуна ин хабар ба мо шаҳодат медиҳад, ки Исо ҳеҷ гоҳ то он андозае банд набуд, ки ба одамони ба ёрӣ нигарон ҷавоби рад диҳад ва мо аз ин чӣ меомӯзем? (ТШ 15:7; Яъқ. 2:15, 16; 1 Юҳ. 3:17).

Ҳикояи 97

Исо ҳамчун Подшоҳ меояд

  1. Ҳангоме ки Исо ба деҳаи хурде дар наздикии Ерусалим омад, ӯ аз шогирдонаш чӣ хоҳиш кард?

  2. Ба расм нигар. Ҳангоме ки Исо ба қарибии шаҳри Ерусалим расид, чӣ воқеа рӯй дод?

  3. Бачаҳо ҳангоми дидани он, ки Исо лангону кӯронро шифо медиҳад, чӣ кор мекунанд?

  4. Исо ба коҳинони бағазабомада чӣ мегӯяд?

  5. Чӣ тавр мо метавонем, ки ба ин кӯдакони Исоро ҳамдкунанда монанд бошем?

  6. Шогирдони Исо чиро донистан мехостанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 21:1–17-ро хонед.

    1. Ҳамчун подшоҳ воридшавии Исо ба Ерусалим, аз воридшавии сарлашкарони ғолиби империяи Рум ба шаҳр, чӣ фарқ дошт? (Мат. 21:4, 5; Зак. 9:9; Фил. 2:5–8; [Қӯл. 2:15, ТОН: «Ӯ давлату ҳокимиятҳоро бараҳна намуд ва ба воситаи сутуни азоб онҳоро ҳамчун мағлубшудагон дар гашти тантанавии зафар намоиш дода, шармандаи олам кард»]).

    2. Наврасон аз оне, ки писарбачаҳои исроилӣ ҳангоми ба маъбад даромадани Исо матнҳои Забур 117-ро «хитоб мекарданд», чӣ омӯхта метавонанд? (Мат. 21:9, 15; Заб. 117:25, 26; 2 Тим. 3:15; 2 Пет. 3:18).

  2. Юҳанно 12:12–16-ро хонед.

    Шохаҳои нахле, ки одамони Исоро пешвозгиранда дар даст доштанд, рамзи чиянд? (Юҳ. 12:13; Фил. 2:10; Ваҳй 7:9, 10).

Ҳикояи 98

Дар кӯҳи Зайтун

  1. Кадоме аз тасвиршудагон Исо аст ва ҳамроҳонаш кистанд?

  2. Ҳангоми дар маъбад будани Исо коҳинон ба чӣ кор саъй мекарданд ва Исо ба онҳо чӣ гуфт?

  3. Расулон аз Исо дар бораи чӣ мепурсанд?

  4. Барои чӣ Исо ба расулонаш дар бораи рӯйдодҳое, ки ҳангоми ҳамчун подшоҳ дар осмон ҳукмронӣ кардани вай ба амал меоянд, нақл мекунад?

  5. Аз рӯи гуфтаҳои Исо, пеш аз он ки ба шарорати рӯи замин хотима гузошта шавад, кадом ҳодисаҳо рӯй медиҳанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 23:1–39-ро хонед.

    1. Гарчанде ки мувофиқи Навиштаҳо истифодаи унвонҳои дунявӣ қобили қабул аст, матни Матто 23:8–11 нисбати истифодаи унвонҳои хушомадгӯёна дар ҷамъомади масеҳӣ чиро зоҳир мекунад? (Аъм. 26:25; Рум. 13:7; 1 Пет. 2:13, 14).

    2. Фарисиён бо мақсади боздоштани одамон аз масеҳӣ шудан ба чӣ корҳо кӯшиш мекарданд ва чӣ гуна роҳбарони динии имрӯза низ аз чунин роҳҳо истифода мебаранд? (Мат. 23:13; Луқ. 11:52; Юҳ. 9:22; 12:42; 1 Тас. 2:16).

  2. Матто 24:1–14-ро хонед.

    1. Чӣ гуна дар Матто 24:13 муҳиммияти устуворӣ дар сабру тоқат таъкид мешавад?

    2. Ибораи «то охир» дар матни Матто 24:13 чӣ маъно дорад? (Мат. 16:27; Рум. 14:10–12; 2 Қӯр. 5:10).

  3. Марқӯс 13:3–10-ро хонед.

    Кадом калимаҳои матни Марқӯс 13:10 таъхирнопазирии мавъизаи хушхабарро нишон медиҳанд ва ин пешгӯии Исо бояд чӣ гуна таъсире ба мо дошта бошад? (Рум. 13:11, 12; 1 Қӯр. 7:29–31; 2 Тим. 4:2).

Ҳикояи 99

Дар болохона

  1. Ба расм нигар. Барои чӣ Исо ва 12 расули вай дар болохонаи калон ҷамъ шудаанд?

  2. Марде, ки аз хона баромада рафта истодааст, кист ва ӯ чӣ кор карданист?

  3. Баъд аз он ки чорабинии Фисҳ анҷом ёфт, Исо кадом чорабинии махсусеро оғоз мекунад?

  4. Фисҳ ба исроилиён чиро хотиррасон мекард ва ин чорабинии махсуси дигар ба пайравони Исо чиро ёдовар мекунад?

  5. Баъд аз хӯрдани таом Исо ба пайравони худ чӣ мегӯяд ва онҳо чӣ кор мекунанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 26:14–30-ро хонед.

    1. Чӣ тавр Матто 26:15 нишон медиҳад, ки хиёнати Яҳудо нисбати Исо барқасдона буд?

    2. Ду мақсаде, ки барои онҳо хуни Исо рехта шуд, кадоманд? (Мат. 26:27, 28; Ирм. 31:31–33; Эфс. 1:7; Ибр. 9:19, 20).

  2. Луқо 22:1–39-ро хонед.

    Ба кадом маъно ба дили Яҳудо Шайтон даромад? (Луқ. 22:3; Юҳ. 13:2; Аъм. 1:24, 25).

  3. Юҳанно 13:1–20-ро хонед.

    1. Аз рӯи хабари дар Юҳанно 13:2 овардашуда, оё Яҳудоро ба кори кардааш гунаҳкор кардан мумкин аст ва ходимони Худо аз ин воқеа чӣ омӯхта метавонанд? (Ҳас. 4:7; 2 Қӯр. 2:11; Ғал. 6:1; Яъқ. 1:13, 14).

    2. Исо чӣ намунаи олиҷаноберо барои шогирдони худ гузошт? (Юҳ. 13:15; Мат. 23:11; 1 Пет. 2:21).

  4. Юҳанно 17:1–26-ро хонед.

    Ба кадом маъно Исо дуо мегуфт, ки пайравонаш «ҳама як бошанд»? (Юҳ. 17:11, 21–23; Рум. 13:8; 14:19; [Қӯл. 3:14, ТОН: “...муҳаббат пайванди комили ягонагӣ аст”]).

Ҳикояи 100

Исо дар боғ

  1. Исо ва расулонаш баъд аз тарк кардани болохона ба куҷо равонаанд ва ӯ аз онҳо чӣ хоҳиш мекунад?

  2. Ҳангоме ки Исо ба назди расулон бармегардад, онҳоро дар чӣ ҳолат мебинад ва ин чанд маротиба такрор мешавад?

  3. Ба боғ кӣ меояд ва чуноне ки дар расм нишон дода шудааст, Яҳудои Исқарют чӣ кор мекунад?

  4. Чаро Яҳудо Исоро мебӯсад ва Петрус чӣ кор мекунад?

  5. Исо ба Петрус чӣ мегӯяд ва чаро аз Худо хоҳиш намекунад, ки барои наҷоти вай фариштаҳоро фиристад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 26:36–56-ро хонед.

    1. Барои чӣ тарзе, ки Исо шогирдони худро панду насиҳат кард, барои пирони масеҳии имрӯза мисоли олиҷанобе аст? (Мат. 20:25–28; 26:40, 41; Ғал. 5:17; Эфс. 4:29, 31, 32).

    2. Муносибати Исо нисбати истифодаи яроқи аслӣ бар зидди наздикон чӣ гуна буд? (Мат. 26:52; Луқ. 6:27, 28; Юҳ. 18:36).

  2. Луқо 22:39–53-ро хонед.

    Ҳангоме ки фариштае дар боғи Ҷатсамонӣ ба Исо зоҳир гардида, ӯро тақвият медод, магар ин нишондиҳандаи дар имон калобидани Исо буд? Бифаҳмон. (Луқ. 22:41–43; Иш. 49:8; Мат. 4:10, 11; Ибр. 5:7).

  3. Юҳанно 18:1–12-ро хонед.

    Чӣ тавр Исо шогирдони худро аз мухолифон муҳофизат кард ва мо аз ин мисол чӣ омӯхта метавонем? (Юҳ. 10:11, 12; 18:1, 6–9; Ибр. 13:6; Яъқ. 2:25).

Ҳикояи 101

Исо кушта мешавад

  1. Ба марги Исо пеш аз ҳама кӣ гунаҳкор аст?

  2. Ҳангоме ки роҳбарони дин Исоро дастгир намуданд, расулон чӣ кор карданд?

  3. Дар хонаи Қаёфои саркоҳин чӣ ҳодиса рӯй дод?

  4. Чаро Петрус баромада гиря мекунад?

  5. Баъд аз он ки Исо ба Пилат баргардонида шуд, коҳинон бо кадом суханон дод мезаданд?

  6. Нисфирӯзии ҷумъа чӣ ҳодиса рӯй медиҳад ва Исо ба яке аз ҷинояткороне, ки дар симчӯби дигар мехкӯб шуда буд, чӣ ваъда медиҳад?

  7. Биҳиште ки Исо дар борааш мегуфт, дар куҷо хоҳад буд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 26:57–75-ро хонед.

    Чӣ тавр аъзоёни шӯрои пирони ибрӣ, шарир будани дилҳояшонро зоҳир карданд? (Мат. 26:59, 67, 68).

  2. Матто 27:1–50-ро хонед.

    Чаро гуфтан мумкин аст, ки азоби виҷдоне ки Яҳудо ҳис мекард, самимӣ набуд? (Мат. 27:3, 4; Марқ. 3:29; 14:21; 2 Қӯр. 7:10, 11).

  3. Луқо 22:54–71-ро хонед.

    Аз воқеаи Исоро рад кардани Петрус дар шаби фурӯхтаву ҳабс шудани вай мо чӣ дарсе барои худ мебинем? (Луқ. 22:60–62; Мат. 26:31–35; 1 Қӯр. 10:12).

  4. Луқо 23:1–49-ро хонед.

    Исо ба беадолатии нисбати вай зоҳиршуда чӣ тавр муносибат кард ва мо аз ин чӣ омӯхта метавонем? (Луқ. 23:33, 34; Рум. 12:17–19; 1 Пет. 2:23).

  5. Юҳанно 18:12–40-ро хонед.

    Аз чӣ маълум аст, ки ҳарчанд Петрус боре ба тарс аз одамӣ дода шуд, бо гузашти вақт ӯ ислоҳ шуда, расули барҷастае гашт? (Юҳ. 18:25–27; 1 Қӯр. 4:2; 1 Пет. 3:14, 15; 5:8, 9).

  6. Юҳанно 19:1–30-ро хонед.

    1. Исо нисбати ҷиҳози моддӣ чӣ назари оқилонае дошт? (Юҳ. 2:1, 2, 9, 10; 19:23, 24; Мат. 6:31, 32; 8:20).

    2. Чаро суханҳои пеш аз лаҳзаи марг гуфтаи Исо, изҳороти ботантанае буданд, бар он ки ӯ ҳокимияти Яҳуваро то ба охир дастгирӣ намуд? (Юҳ. 16:33; 19:30; 2 Пет. 3:14; 1 Юҳ. 5:4).

Ҳикояи 102

Исо зинда аст

  1. Зани дар расм тасвиршуда ва ин ду мард киҳоянд ва онҳо дар куҷоянд?

  2. Чаро Пилат ба коҳинон гуфт, ки барои посбонии қабри Исо одам фиристанд?

  3. Субҳи барвақти рӯзи сеюм пас аз марги Исо, фариштае чӣ кор мекунад, вале коҳинон чӣ гуна рафтор мекунанд?

  4. Чаро занҳои ба сари қабр омада, ҳайрон мешаванд?

  5. Барои чӣ Петрусу Юҳанно назди қабри Исо давида мераванд ва онҳо дар он ҷо чӣ мебинанд?

  6. Бо ҷисми Исо чӣ мешавад, вале барои ба шогирдон нишон додани зинда будани худ ӯ чӣ кор мекунад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Матто 27:62–66 ва 28:1–15-ро хонед.

    Барои чӣ дар вақти эҳё шудани Исо сарварони коҳинон ва фарисиён дар гуноҳи зидди рӯҳулқудс айбдор шуданд? (Мат. 12:24, 31, 32; 28:11–15).

  2. Луқо 24:1–12-ро хонед.

    Чӣ тавр хабарҳои вобаста ба эҳё шудани Исо нишон медиҳанд, ки Яҳува занҳоро шоҳидони боэътимод меҳисобад? (Луқ. 24:4, 9, 10; Мат. 28:1–7).

  3. Юҳанно 20:1–12-ро хонед.

    Чӣ гуна матни Юҳанно 20:8, 9 ба мо дар фаҳмидани он ёрӣ медиҳад, ки ҳангоми то ба охир нафаҳмидани иҷроиши пешгӯиҳои Китоби Муқаддас, бояд босабру тоқат бошем? (Мас. 4:18; Мат. 17:22, 23; Луқ. 24:5–8; Юҳ. 16:12).

Ҳикояи 103

Даруни ҳуҷраи дарбаста

  1. Марям ба марде ки ба назараш боғбон намуд, чӣ гуфт ва ӯ чӣ тавр фаҳмид, ки дар ҳақиқат ин мард Исо аст?

  2. Бо ду шогирде, ки ба сӯи деҳаи Аммоус равона буданд, чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  3. Ҳангоме ду шогирд ба расулон нақл мекунанд, ки онҳо Исоро диданд, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

  4. Исо чанд маротиба ба пайравони худ зоҳир шуд?

  5. Вақте Тумо аз шогирдон мешунавад, ки онҳо Ҳазрати Исоро диданд, чӣ мегӯяд ва баъд аз ҳашт рӯз чӣ мешавад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Юҳанно 20:11–29-ро хонед.

    Оё суханҳои дар Юҳанно 20:23 овардашудаи Исо маънои онро доранд, ки одамон ба бахшидани гуноҳҳо ваколатдоранд? Фаҳмонед. (Заб. 48:3, 8; Иш. 55:7; 1 Тим. 2:5, 6; 1 Юҳ. 2:1, 2).

  2. Луқо 24:13–43-ро хонед.

    Чӣ гуна мо метавонем дилҳои худро барои қабули ҳақиқати Китоби Муқаддас моил намоем? (Луқ. 24:32, 33; Эзр. 7:10; Мат. 5:3; Аъм. 16:14; Ибр. 5:11–14).

Ҳикояи 104

Исо ба осмон бармегардад

  1. Чанд нафари шогирдон боре Исоро мебинанд ва ӯ ба онҳо дар бораи чӣ сухан мегӯяд?

  2. Салтанати Худо чист ва зиндагӣ дар рӯи замин ҳангоми ҳукмронии ҳазорсолаи Исо чӣ гуна хоҳад буд?

  3. Исо дар муддати чанд рӯз ба шогирдонаш зоҳир мешуд ва акнун ӯ бояд чӣ кор мекард?

  4. Пеш аз тарк кардани шогирдони худ, Исо аз онҳо чӣ хоҳиш кард?

  5. Дар расм кадом ҳодиса тасвир ёфтааст ва чӣ тавр Исо аз чашм пинҳон мешавад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. 1 Қӯринтиён 15:3–8-ро хонед.

    Барои чӣ Павлуси расул дар бораи эҳё шудани Исо бо итминон сухан мегӯяд ва масеҳиёни имрӯза дар бораи чӣ метавонанд бо боварии комил нақл кунанд? (1 Қӯр. 15:4, 7, 8; Иш. 2:2, 3; Мат. 24:14; 2 Тим. 3:1–5).

  2. Аъмол 1:1–11-ро хонед.

    Ҳамон тавре ки дар Аъмол 1:8 пешгӯӣ шуда буд, кори мавъиза то кадом андоза вусъат гирифт? (Аъм. 6:7; 9:31; 11:19–21; Қӯл. 1:23).

Ҳикояи 105

Интизорӣ дар Ерусалим

  1. Ба тасвир нигар. Бо пайравони Исо, ки дар Ерусалим интизор буданд, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

  2. Шахсони ба Ерусалим омада шоҳиди кадом мӯъҷиза мешаванд?

  3. Петрус ба мардум чиро мефаҳмонад?

  4. Баъд аз шунидани нутқи Петрус одамон чӣ эҳсос мекунанд ва ӯ онҳоро ба чӣ кор даъват кард?

  5. Дар “Иди рӯзи 50–ум”-и соли 33-и д. мо, чанд нафар аз мардум таъмид мегиранд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 2:1–47-ро хонед.

    1. Чӣ тавр суханҳои дар Аъмол 2:23, 36 овардашудаи Петрус нишон медиҳанд, ки ба марги Исо тамоми халқи яҳудӣ ҷавобгар аст? (1 Тас. 2:14, 15).

    2. Чӣ гуна Петрус намунаи хуби дар асоси Китоби Муқаддас муҳокима карданро гузошт? (Аъм. 2:16, 17, 29, 31, 36, 39; Қӯл. 4:6).

    3. Чӣ тавр Петрус аввалин шуда «калидҳои Малакути Осмонро», ки Исо ба вай ваъда дода буд, истифода кард? (Аъм. 2:14, 22–24, 37, 38; Мат. 16:19).

Ҳикояи 106

Озодӣ аз зиндон

  1. Рӯзе бо Петрус ва Юҳанно ҳангоми ба маъбад рафтанашон чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  2. Петрус ба марди ланг чӣ гуфт ва чӣ чизеро ба вай дод, ки хеле қиматбаҳотар аз пул аст?

  3. Чаро сарварони дин дарғазабанд ва онҳо бо Петрусу Юҳанно чӣ кор мекунанд?

  4. Петрус ба сарварони дин чӣ мегӯяд ва расулон аз онҳо чӣ огоҳие мегиранд?

  5. Барои чӣ сарварони дин ба расулон ҳасад мебаранд ва ҳангоми бори дуюм зиндонӣ шудани расулон чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

  6. Вақте ки расулонро ба шӯрои пирон меоранд, онҳо чӣ ҷавоб медиҳанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 3:1–10-ро хонед.

    Ҳарчанд ки мо имрӯз барои ба амал овардани мӯъҷизаҳо қодир нестем, чӣ тавр суханҳои дар Аъмол 3:6 навишташудаи Петрус ба мо кӯмак мекунанд, ки қимати хабари Салтанатро дарк намоем? (Юҳ. 17:3; 2 Қӯр. 5:18–20; Фил. 3:8).

  2. Аъмол 4:1–31-ро хонед.

    Ҳангоме ки дар вақти хидмат ба мухолифат дучор мешавем, чӣ тавр метавонем ба бародарони дар асри як зиста пайравӣ кунем? (Аъм. 4:29, 31; Эфс. 6:18–20; 1 Тас. 2:2).

  3. Аъмол 5:17–42-ро хонед.

    Шахсонеро мисол оред, ки дар замони гузашта ё имрӯза нисбати кори мавъиза оқилӣ зоҳир намуданд? (Аъм. 5:34–39).

Ҳикояи 107

Истефанусро сангсор мекунанд

  1. Истефанус кист ва бо кӯмаки Худо ӯ чӣ корҳо мекунад?

  2. Аз кадом суханҳои Истефанус сарварони дин хеле хашмгин мешаванд?

  3. Ин одамон Истефанусро кашолакунон ба беруни шаҳр бурда, чӣ кор мекунанд?

  4. Ҷавонмарде ки дар расм назди ҷомаҳо истодааст, кист?

  5. Истефанус пеш аз лаҳзаи маргаш ба Яҳува чӣ гуна дуо мекунад?

  6. Дар пайравии Истефанус ҳангоме ки касе ба мо бадӣ мекунад, бояд чӣ гуна рафтор кунем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 6:8–15-ро хонед.

    Сарварони дин барои боздоштани кори мавъизаи Шоҳидони Яҳува чӣ гуна макру ҳиллаҳоро ба кор мебурданд? (Аъм. 6:9, 11, 13).

  2. Аъмол 7:1–60-ро хонед.

    1. Чӣ ба Истефанус ёрӣ дод, ки хушхабарро дар назди шӯрои пирон моҳирона муҳофизат намояд ва мо аз мисоли вай чӣ омӯхта метавонем? (Аъм. 7:51–53; Рум. 15:4; 2 Тим. 3:14–17; 1 Пет. 3:15).

    2. Ба онҳое, ки ба кори мо мухолифат мекунанд, бояд чӣ гуна муносибат кунем? (Аъм. 7:58–60; Мат. 5:44; Луқ. 23:33, 34).

Ҳикояи 108

Дар роҳ сӯи Димишқ

  1. Баъди кушта шудани Истефанус, Шоул чӣ кор мекунад?

  2. Ҳангоме ки Шоул ба Димишқ равона буд, дар роҳ чӣ ҳодисаи аҷибе рӯй медиҳад?

  3. Исо ба Шоул чӣ амре дод?

  4. Чӣ дастуре Исо ба Ҳанониё дод ва чӣ тавр Шоул аз нав бино шуд?

  5. Шоул бо кадом ном машҳур мешавад ва ӯ чӣ кор мекунад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 8:1–4-ро хонед.

    Чӣ тавр мавҷи таъқиботе, ки бар зидди ҷамъомади масеҳии нав барпошуда ба амал омад, ба паҳн шудани масеҳият мусоидат кард ва оё дар замони муосир низ ҳамин тавр шуда аст? (Аъм. 8:4; Иш. 54:17).

  2. Аъмол 9:1–20-ро хонед.

    Супорише, ки Исо ба Шоул доданӣ буд, аз кадом се қисм иборат аст? (Аъм. 9:15; 13:5; 26:1; 27:24; Рум. 11:13).

  3. Аъмол 22:6–16-ро хонед.

    Чӣ тавр мо метавонем ба мисли Ҳанониё бошем ва чаро ин чиз муҳим аст? (Аъм. 22:12; 1 Тим. 3:7; 1 Пет. 1:14–16; 2:12).

  4. Аъмол 26:8–20-ро хонед.

    Чӣ гуна ба масеҳият рӯ овардани Павлус метавонад онҳоеро, ки ҳамсарашон ҳамимон нест, рӯҳбаланд намояд? (Аъм. 26:11; 1 Тим. 1:14–16; 2 Тим. 4:2; 1 Пет. 3:1–3).

Ҳикояи 109

Мулоқоти Петрус бо Корнилюс

  1. Марде, ки дар расм зону задааст, кист?

  2. Фаришта ба Корнилюс чӣ мегӯяд?

  3. Ҳангоми дар Ёфо, дар болои боми хонаи Шимъӯн будани Петрус Худо дар рӯъё ба вай чиро нишон медиҳад?

  4. Барои чӣ Петрус ба Корнилюс мегӯяд, ки ба ӯ саҷда карданаш нодуруст аст?

  5. Барои чӣ шогирдони яҳудии ҳамроҳи Петрус омада хеле ҳайрон мешаванд?

  6. Аз мулоқоти Петрус бо Корнилюс мо чӣ дарси муҳиме меомӯзем?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 10:1–48-ро хонед.

    Суханҳои дар Аъмол 10:42 овардашудаи Петрус дар бораи кори мавъизаи хушхабари Салтанат, чиро нишон медиҳанд? (Мат. 28:19; Марқ. 13:10; Аъм. 1:8).

  2. Аъмол 11:1–18-ро хонед.

    Петрус ҳангоми равшан шудани иродаи Худо нисбати халқҳои дигар, ба ин чӣ гуна муносибат кард ва мо чӣ тавр метавонем, ки ба намунаи ӯ пайравӣ намоем? (Аъм. 11:17, 18; 2 Қӯр. 10:5; Эфс. 5:17).

Ҳикояи 110

Тимотиюс — ёвари нави Павлус

  1. Ҷавонмарди дар расмбуда кист, ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад ва модару бибияш чӣ ном доранд?

  2. Вақте ки Павлус аз Тимотиюс мепурсад, ки оё вай хоҳиши ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба мардуми сарзаминҳои дур мавъиза карданро дорад ё не, Тимотиюс чӣ ҷавоб медиҳад?

  3. Дар куҷо пайравони Исо аввалин бор масеҳиён номида шуданд?

  4. Баъд аз тарк кардани Антиёхия, Павлусу Сило ва Барнаббо ба кадом шаҳрҳо сафар карданд?

  5. Тимотиюс чӣ гуна ба Павлус ёрӣ расонд ва кадом саволро ҷавонони имрӯза ба худ дода метавонанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 9:19–30-ро хонед.

    Чӣ гуна Павлуси расул ҳангоми дучор шудан бо мухолифат бар хушхабар, эҳтиёткорона амал кард? (Аъм. 9:22–25, 29, 30; Мат. 10:16).

  2. Аъмол 11:19–26-ро хонед.

    Чӣ гуна матни Аъмол 11:19–21, 26 шаҳодат медиҳад, ки кори мавъизаро рӯҳи Яҳува сарвариву роҳнамоӣ мекунад?

  3. Аъмол 13:13–16, 42–52-ро хонед.

    Чӣ тавр Аъмол 13:51, 52 нишон медиҳад, ки шогирдон нагузоштанд, ки таъқибот онҳоро рӯҳафтода кунад? (Мат. 10:14; Аъм. 18:6; 1 Пет. 4:14).

  4. Аъмол 14:1–6, 19–28-ро хонед.

    Чӣ тавр мулоҳиза дар бораи матни «онҳоро ба Яҳува супурданд», метавонад ба мо кӯмак кунад, ки ҳангоми расонидани ёрӣ ба навомадагон аз ҳад зиёд ташвиш накашем? (Аъм. 14:21–23; 20:32; Юҳ. 6:44).

  5. Аъмол 16:1–5-ро хонед.

    Чӣ тавр омодагии Тимотиюс барои хатна шудан, таъкид мекунад, ки омодагӣ ба ҳар коре ки барои Инҷил дар талаб аст, муҳим мебошад? (Аъм. 16:3; 1 Қӯр. 9:23; 1 Тас. 2:8).

  6. Аъмол 18:1–11, 18–22-ро хонед.

    Аз Аъмол 18:9, 10 мо дар бораи он ки дар раҳбарии кори мавъиза худи Исо шахсан то кадом андоза иштирок мекунад, чӣ мефаҳмем ва аз ин сабаб дар бобати чӣ эътимод дошта метавонем? (Мат. 28:20).

Ҳикояи 111

Писаре, ки хобаш бурд

  1. Писаре, ки дар расм ба замин дароз кашидааст, кист ва бо вай чӣ ҳодиса рӯй дод?

  2. Ҳангоме ки Павлус аз мурдани писар огоҳ мешавад, ӯ чӣ кор мекунад?

  3. Павлус, Тимотиюс ва ҳамсафарони онҳо ба куҷо равонаанд ва ҳангоми дар Милитус таваққуф карданашон чӣ воқеа рӯй медиҳад?

  4. Пайғамбар Оғобус Павлусро аз чӣ огоҳ мекунад ва чӣ тавр гуфтаҳои ин пайғамбар амалӣ мегарданд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 20:7–38-ро хонед.

    1. Чӣ тавр мо метавонем, ки мувофиқи гуфтаҳои Павлус дар Аъмол 20:26, 27 аз хуни ҳама пок бошем? (Ҳиз. 33:8; Аъм. 18:6, 7).

    2. Барои чӣ пирон дар вақти таълим додани дигарон «бояд ба каломи ҳақиқӣ қоим бошанд»? (Аъм. 20:17, 29, 30; Тит. 1:7–9; 2 Тим. 1:13).

  2. Аъмол 26:24–32-ро хонед.

    Чӣ тавр Павлус ҳуқуқи шаҳрванди Рум будани худро барои иҷро кардани амри Исо дар бобати мавъиза кардан, истифода бурд? (Аъм. 9:15; 16:37, 38; 25:11, 12; 26:32; Луқ. 21:12, 13).

Ҳикояи 112

Наҷотёфтагон дар ҷазира

  1. Бо киштие ки Павлус савораш буд, дар қарибии ҷазираи Крит чӣ ҳодиса рӯй дод?

  2. Павлус ба киштибудагон чӣ мегӯяд?

  3. Чӣ тавр киштӣ ба қисмҳо пора–пора мешавад?

  4. Мирисади масъул чӣ амр медиҳад ва чӣ қадари одамон саломат ба соҳил мерасанд?

  5. Ҷазирае ки наҷотёфтагон ба он баромаданд, чӣ ном дорад ва ҳангоми беҳтар шудани иқлим бо Павлус чӣ мешавад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 27:1–44-ро хонед.

    Хабари дар Китоби Муқаддас овардашуда дар бораи сафари Павлус ба Рум чӣ гуна боварии моро ба саҳеҳии навиштаҳои Китоби Муқаддас қавӣ мегардонад? (Аъм. 27:16–19, 27–32; Луқ. 1:3; 2 Тим. 3:16, 17).

  2. Аъмол 28:1–14-ро хонед.

    Агар бутпарастони ҷазираи Малта нисбати Павлуси расул ва онҳое ки бо вай дар киштӣ буданд, «хеле меҳрубониву пазироӣ» карда бошанд, масеҳиён чиро ва бо кадом тарз бояд зоҳир кунанд? (Аъм. 28:1, 2; Ибр. 13:1, 2; 1 Пет. 4:9).

Ҳикояи 113

Павлус дар Рум

  1. Ҳангоми дар маҳбаси Рум буданаш Павлус ба киҳо мавъиза мекард?

  2. Ба расм нигар. Дар сари миз кӣ нишастааст ва ӯ барои Павлус чӣ кор мекунад?

  3. Эпафрӯдитус кист ва ӯ дар вақти ба Филиппӣ баргаштанаш бо худ чӣ мебарад?

  4. Барои чӣ Павлус ба дӯсти наздикаш Филемӯн нома менависад?

  5. Ҳангоми озод шуданаш Павлус чӣ кор мекунад ва дертар бо ӯ чӣ мешавад?

  6. Яҳува навиштани охирин китобҳои Навиштаҳои Муқаддасро ба кӣ фармуд ва китоби Ваҳй дар бораи чӣ нақл мекунад?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Аъмол 28:16–31 ва Филиппиён 1:13-ро хонед.

    Павлус вақти маҳбусияшро чӣ тавр истифода мебурд ва имони устувори вай чӣ таъсире ба ҷамъомади масеҳӣ гузошт? (Аъм. 28:23, 30; Фил. 1:14).

  2. Филиппиён 2:19–30-ро хонед.

    Чӣ гуна Павлус зоҳир намуд, ки Тимотиюс ва Эпафрӯдитусро қадр мекунад ва чӣ гуна мо метавонем ба ӯ пайравӣ намоем? (Фил. 2:20, 22, 25, 29, 30; 1 Қӯр. 16:18; 1 Тас. 5:12, 13).

  3. Филемӯн 1–25-ро хонед.

    1. Павлус дар асоси чӣ Филемӯнро ба кардани кори дуруст даъват мекард ва чӣ тавр ин метавонад барои пирони имрӯза намуна бошад? (Филем. 9; 2 Қӯр. 8:8; Ғал. 5:13).

    2. Чӣ тавр суханҳои Павлус ба Филемӯн, ки дар нома ба Филемӯн 13, 14 оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки Павлус виҷдони аъзоёни дигари ҷамъомадро ба назар мегирифт? (1 Қӯр. 8:7, 13; 10:31–33).

  4. 2 Тимотиюс 4:7–9-ро хонед.

    Чӣ тавр мо метавонем мисли Павлуси расул итминон дошта бошем, ки агар то ба охир содиқ монем, Яҳува подоши моро хоҳад дод? (Мат. 24:13; Ибр. 6:10).

Ҳикояи 114

Хотимаи тамоми бадиҳо

  1. Барои чӣ Китоби Муқаддас дар бораи аспҳои осмонӣ нақл мекунад?

  2. Ҷанги Худо бо одамони бади рӯи замин чӣ номида мешавад ва мақсади Худо аз ин ҷанг чист?

  3. Ба расм нигар. Ин ҷангро кӣ сарварӣ хоҳад кард? Чаро ӯ тоҷ дар сар дорад ва шамшери дасташ ба чӣ маъност?

  4. Ҳикояҳои 10, 15 ва 33–юмро ба хотир овар; барои чӣ аз он ки Худо одамони бадро нест хоҳад кард, набояд ҳайрон шавем?

  5. Чӣ тавр ҳикояҳои 36 ва 76–ум шаҳодат медиҳанд, ки Худо одамони бадкирдорро ҳарчанд ки онҳо худро бандаи Ӯ ҳисобанд ҳам, нобуд хоҳад кард?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ваҳй 19:11–16-ро хонед.

    1. Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки савораи аспи сафед Исои Масеҳ аст? (Ваҳй 1:5; 3:14; 19:11; Иш. 11:4).

    2. Нишонаҳои хун дар либосҳои болоии Исо чӣ гуна тасдиқ мекунанд, ки ғолибияти ӯ қатъӣ ва пурра хоҳад буд? (Ваҳй 14:18–20; 19:13; Иш. 63:1–6).

    3. Лашкари осмоние, ки аз паи Исои савора дар аспи сафед меояд, эҳтимолан аз кӣ иборат аст? (Ваҳй 12:7; 19:14; Мат. 25:31, 32).

Ҳикояи 115

Биҳишти наве дар рӯи замин

  1. Мувофиқи Китоби Муқаддас, ҳангоме ки рӯи замин ба биҳишт мубаддал мегардад, мо дар чӣ гуна шароитҳо зиндагӣ хоҳем кард?

  2. Китоби Муқаддас ба онҳое ки дар Биҳишт сокин хоҳанд буд, чӣ ваъда медиҳад?

  3. Кай Исо барои амалӣ гаштани ин дигаргуниҳои аҷиб ғамхорӣ хоҳад кард?

  4. Кадом амалҳои дар рӯи замин анҷомдодаи Исо, корҳои дар оянда нақшадоштаи ӯро нишон медиҳанд?

  5. Исо ва онҳое, ки дар ҳукмронӣ бар рӯи замин аз осмон ба вай ҳамроҳӣ хоҳанд кард, нисбати чӣ ғамхорӣ мекунанд?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Ваҳй 5:9, 10-ро хонед.

    Чаро метавонем итминон дошта бошем, ки онҳое ки дар давоми Ҳазорсолаи Салтанат бар рӯи замин ҳукмронӣ мекунанд, подшоҳон ва коҳинони ҳамдарду бошафқат хоҳанд буд? (Эфс. 4:20–24; 1 Пет. 1:7; 3:8; 5:6–10).

  2. Ваҳй 14:1–3-ро хонед.

    Дар пешонаи 144 000 нафар навишта шудани номи Падар ва Барра ба чӣ ишора мекунад? (1 Қӯр. 3:23; 2 Тим. 2:19; Ваҳй 3:12).

Ҳикояи 116

Барои ҷовидона зиндагӣ кардан чӣ кор бояд кунем

  1. Агар хоҳиши ҷовидона зиндагӣ кардан дошта бошем, дар бораи кӣ дониш бояд гирем?

  2. Чӣ гуна мо мисли духтарчаи дар расмбуда ва дӯстони вай метавонем дар бораи Яҳува ва Исо дониш бигирем?

  3. Китоби дигаре, ки дар расм мебинӣ, кадом китоб аст ва чаро онро бояд мунтазам бихонем?

  4. Ба ғайр аз андӯхтани дониш дар бораи Яҳува ва Исо, барои соҳиб шудан ба зиндагии ҷовидона боз чӣ лозим аст?

  5. Аз ҳикояи 69 мо чӣ дарсе омӯхтем?

  6. Намунаи Самуили хурдакак, ки дар борааш аз ҳикояи 55–ум омӯхтем, чиро нишон медиҳад?

  7. Чӣ тавр мо метавонем, ки ба намунаи Исои Масеҳ пайравӣ намоем ва касонеро ки ин тавр мекунанд, дар оянда чӣ интизор аст?

Саволҳои иловагӣ:

  1. Юҳанно 17:3-ро хонед.

    Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки дониш андӯхтан дар бораи Яҳува Худо ва Исои Масеҳ маънои танҳо ба хотир гирифтани санадҳоро надорад? (Мат. 7:21; Яъқ. 2:18–20; 1 Юҳ. 2:17).

  2. Забур 144:1–21-ро хонед.

    1. Чанде аз сабабҳои зиёдеро, ки барои ҳамду санои Яҳува мавҷуданд, номбар бикун (Заб. 144:8–11; Ваҳй 4:11).

    2. «Барои ҳама некӯ» будани Яҳува дар чӣ зоҳир мешавад ва чаро ин бояд моро ба Ӯ боз ҳам наздиктар гардонад? (Заб. 144:9; Мат. 5:43–45).

    3. Агар Яҳува бароямон азиз бошад, ин моро бар чӣ бармеангезад? (Заб. 118:171, 172, 175; 144:11, 12, 21).