Миллионҳо махлуқоти рӯҳӣ
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки махлуқоти зиёди рӯҳӣ вуҷуд доранд. Худи Яҳува рӯҳ аст — Юҳанно 4:24; 2 Қӯринтиён 3:17, 18.
Замоне дар Даҳр танҳо Яҳува буд. Баъд Ӯ ба офариниши шахсиятҳои рӯҳӣ оғоз кард, ки фариштаҳо ном доранд. Онҳо аз инсонҳо хеле тавонотару хирадмандтаранд. Яҳува фариштаҳои зиёде офарид; пайғамбари Худо Дониёл дар рӯъё сад миллион фариштаҳоро дид — Дониёл 7:10; Ибриён 1:7.
Худо ин фариштаҳоро ҳанӯз пеш аз офариниши замин сиришт (Айюб 38:4–7). Ягон нафари онҳо то дами офарида шуданашон инсони дар рӯи замин зиндагикардаву пасон фавтида набуданд.