Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Исён дар олами рӯҳҳо

Исён дар олами рӯҳҳо

Вақте ки Шайтон ба воситаи мор ба Ҳавво сухан гуфт, Ҳавво ба исёни зидди Худо ба Иблис ҳамроҳ шуд

Тамоми шахсиятҳои рӯҳие, ки Яҳува офарид, нек буданд. Дертар яке аз фариштаҳо бад шуд. Ӯ Шайтон Иблис аст. Шайтон мехост, ки одамони рӯи замин вайро ибодат кунанд, на Яҳуваро. Чунин воқеъ шуд:

Дар боғи Адан дарахтони зиёде буданд, ки меваҳои лазиз ба бор меоварданд. Яҳува ба Одам ва занаш Ҳавво гуфт, ки онҳо озодона аз меваҳои ин дарахтон хӯрда метавонанд. Вале як дарахте буд, ки хӯрдани меваашро Худо ба онҳо манъ кард. Ӯ эшонро огоҳ намуд, ки агар меваи он дарахтро бихӯранд, ҳатман хоҳанд мурд — Ҳастӣ 2:9, 16, 17.

Рӯзе, ҳангоме ки Ҳавво танҳо буд, мор ба вай сухан гуфт. Албатта аслан суханро мор намегуфт; Шайтон Иблис вонамуд мекард, ки мор ҳарф мезанад. Шайтон морро истифода бурда, ба Ҳавво гуфт, ки агар аз меваи мамнӯъ бихӯрад, мисли Худо хирадманд хоҳад шуд. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки Ҳавво нахоҳад мурд. Ҳардуи ин гуфтаҳо дурӯғ буданд. Аммо Ҳавво ба Шайтон бовар кард ва он меваро хӯрд. Баъдтар ӯ аз он мева ба Одам дод ва Одам ҳам хӯрд — Ҳастӣ 3:1–6.

Аз ин ҳодисаи воқеӣ мо исёнгару дурӯғгӯй будани Шайтонро мефаҳмем. Ӯ ба Ҳавво гуфт, ки агар ба Худо беитоатӣ кунад, намемирад. Ин дурӯғ буд. Ҳавво мурд ва Одам низ ҳамчунин. Шайтон он вақт намурд, вале ӯро ба ҳар сурат марг интизор аст, чунки вай гуноҳ кард. Ҳоло ӯ зинда аст ва ба фиреб додани одамон давом медиҳад. Ӯ ҳамон дурӯғгӯй аст, ки одамонро ба вайрон кардани қонунҳои Худо бармеангезад — Юҳанно 8:44.

Исёни фариштагони дигар

Дертар фариштагони дигар низ бадкор шуданд. Ин фариштаҳо занҳои зебоеро дар замин диданд ва хостанд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунанд. Бо ин сабаб, ба рӯи замин фаромада, онҳо ба шакли одам даромаданд. Баъд он занҳоро ба занӣ гирифтанд. Ин амал бар муқобили иродаи Худо буд — Ҳастӣ 6:1, 2; Яҳудо 6.

Фариштагони шарир ба замин фаромаданд, то бо занон ба алоқаи ҷинсии нораво дароянд

Натиҷаи ин кор барои инсоният офатбор буд. Занҳои ин фариштаҳо фарзандон ба дунё оварданд, вале ин кӯдакон ғайриоддӣ буданд. Аз онҳо бузургҷуссаҳои зӯровару бераҳм ба воя мерасиданд. Билохир ҷаҳон аз зӯроварӣ чунон пур шуд, ки Яҳува қарор кард Тӯфони бузурге ба рӯи замин оварда, одамони шарирро нобуд кунад. Танҳо Нӯҳи одил ва аҳли оилааш аз Тӯфон наҷот ёфтанд — Ҳастӣ 6:4, 11; 7:23.

Фариштаҳои бад бошанд, намурданд; онҳо ба олами рӯҳӣ баргаштанд. Вале онҳо ҷазо дода шуданд. Ин фариштаҳо дигар иҷозат надоштанд, ки ба оилаи аз фариштагони одил иборатбудаи Худо баргарданд. Беш аз ин, Яҳува ба эшон ба шакли инсон даромаданро манъ кард. Онҳо охиран дар замони Доварии бузург нобуд карда мешаванд — Яҳудо 6.

Шайтон аз осмон сарнагун шуд

Шайтон ва фариштаҳои шарири вай аз осмон сарнагун карда шуданд

Дар аввали асри XX дар осмон ҷанг ба вуқӯъ омад. Китоби Ваҳй аз Навиштаҳои Муқаддас онро чунин тасвир мекунад: «Ва дар осмон ҷанг шуд: Микоил [Исои Масеҳи эҳёшуда] ва фариштаҳо [–и нек]–аш ба муқобили аждаҳо [Шайтон] меҷангиданд ва аждаҳо ва фариштаҳо [–и бад]–аш меҷангиданд, аммо натавонистанд истодагӣ кунанд ва дар осмон барои онҳо дигар ҷое ёфт нашуд. Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки Иблис ва Шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳо [–и бад]–аш бо вай сарнагун шуданд».

Натиҷаи ин набард чӣ гуна буд? Давоми хабар чунин аст: «Пас, шодӣ кунед, эй афлок ва сокинони он!». Фариштаҳои одил метавонанд хурсандӣ кунанд, зеро Шайтон ва фариштаҳо ё арвоҳи шарири вай дигар дар осмон нестанд. Вале чӣ таъсире ин ҳодиса ба одамони рӯи замин дошт? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» (Ваҳй 12:7–9, 12).

Бале, Шайтону фариштаҳои шарири вай дар ҳақиқат одамонро гумроҳ карда, ғаму андӯҳи зиёде бар сарашон меоранд. Ин фариштаҳои бад девҳо номида мешаванд. Онҳо душманони Худоянд. Ҳамаи онҳо бадкору шариранд.