Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Девҳо қотиланд!

Девҳо қотиланд!

Шайтон ва девҳо ҳамеша золиму хатарнок буданд. Дар замонҳои қадим Шайтон хидматгорон ва рамаҳои Айюб–пайғамбарро нобуд кард. Баъд вай бо «боди азиме» хонаеро, ки даҳ фарзанди Айюб дар он буданд, валангор карда, онҳоро кушт. Пас аз ин, Шайтон Айюбро «аз кафи пояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард» — Айюб 1:7–19; 2:7.

Дар рӯзҳои Исо–пайғамбар, девҳо одамонро гунгу кӯр мекарданд (Матто 9:32, 33; 12:22). Онҳо мардеро хеле азият медоданд ва ӯро маҷбур менамуданд, ки худро бо сангҳо бизанад (Марқӯс 5:5). Писареро дев водор мекард, ки наъраву фарёд занад ва ӯро «ба замин ғалтонида, сахт печутоб [ме-]дод» — Луқо 9:42.

Дар гузашта девҳо баъзеҳоро ба бемориҳо мубтало мекарданд, дигаронро ба хурӯҷҳои саръӣ гирифтор менамуданд

Имрӯз Шайтон ва девҳои вай беш аз ҳарвақта золиманд. Аз ҳамон вақте ки аз осмон сарнагун карда шуданд, аъмоли бадашон зиёдтар гашт. Хабарҳо аз тамоми ҷаҳон нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза девҳо бераҳманд. Баъзе одамонро онҳо ба бемориҳо гирифтор мекунанд. Дигаронро шабҳо безобита карда аз хоб маҳрум месозанд, ё боиси хобҳои даҳшатнок диданашон мешаванд. Баъзе одамонро девҳо аз ҷиҳати ҷинсӣ азоб медиҳанд. Ҳамчунин баъзе инсонҳоро онҳо то ба девонагӣ мерасонанд, ба куштор ё худкушӣ васваса меандозанд.

Имрӯз девҳо баъзеҳоро ба зӯроварӣ бармеангезанд, дигаронро шабҳо бо хобҳои даҳшатнок азоб медиҳанд

Линтина, сокини Суринам, нақл мекунад, ки дев ё рӯҳи шарир 16 нафари хонаводаашро кушт ва худи ӯро 18 сол ҷисману рӯҳан азият дод. Линтина шахсан эътимод ҳосил намуд, ки девҳо аз “то ба марг азоб додани қурбониҳои бечораи худ лаззат мебаранд”.

Лекин Яҳува ба муҳофизат кардани ходимони худ аз ҳамлаҳои Шайтон қодир аст — Масалҳо 18:10.