Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

“На, ин тавр шуданаш ҳеҷ мумкин нест!”

“На, ин тавр шуданаш ҳеҷ мумкин нест!”

МАРДЕ аз Ню–Йорк (ИМА) нақл мекунад: «Писари ман Ҷонатан дар меҳмонии дӯстонаш, дар масофаи чанд километр аз хона буд. Зани ман Валентина аз ба он ҷо рафтани Ҷонатан хеле норозигӣ мекард. Ӯ аз хавотирии он ки дар роҳ ҳодисае рӯй доданаш мумкин аст, ҳамеша асабӣ мешуд. Вале писарам ба сарукор бо таҷҳизоти электронӣ шавқи зиёд дошт ва дар хонаи дӯстонаш устохонае буд, ки ӯ дар он таҷрибаи амалӣ гирифта метавонист. Дар он соат ман дар хона будам, ки дар қисми ғарбии Манҳеттан (ш. Ню–Йорк) ҷойгир аст. Занам ба дидори хешовандонаш ба Пуэрто–Рико рафта буд. “Ҷонатан ба зудӣ бармегардад”,— меандешидам ман. Ҳамин лаҳза занги дар садо дод. “Ана, омад”,— гуфтам ба худ. Аммо назди дар ӯ набуд. Он ҷо кормандони полис ва духтурони ёрии таъҷилӣ меистоданд. “Ин шаҳодатномаи ронанда бароятон шинос аст?”,— пурсид афсари полис. “Бале, аз они писарам Ҷонатан аст”.— “Мо хабари нохуш дорем. Дар роҳ садама рӯй дод ва... писари шумо... писари шумо... ҳалок гашт”. “Не, ин тавр шуданаш ҳеҷ мумкин нест!”,— ин буд нидои аввали ман. Ин хабари даҳшатбор захмҳои чуқуре дар дилҳои мо гузошт ва солҳост, ки он моро азият медиҳад...».

“Мо хабари нохуш дорем. Дар роҳ садама рӯй дод ва... писари шумо... писари шумо... ҳалок гашт”.

Падаре аз Барселона (Испания) менависад: “Солҳои 60–ум мо дар Испания мезистем ва як оилаи хушбахте будем. Ману ҳамсарам Мария се фарзанд доштем; Довуди 13–сола, Пакуитои 11–сола ва Изобали 9–сола.

Рӯзе, дар моҳи марти соли 1963 Пакуито аз мактаб баргашта, ба дарди сахти сар шикоят кард. Мо аз он ки сабаби чунин дардро фаҳмида наметавонистем, ошуфта будем, вале ин ошуфтагӣ дер тӯл накашид. Пас аз се соат Пакуито мурд. Хунрезӣ дар мағзи сар риштаи ҳаёти ӯро канд.

Аз марги Пакуито ҳоло беш аз 30 сол сипарӣ гаштааст. Вале то ҳанӯз дарди амиқи ин талафот бо мост. Номумкин аст, ки волидон ҳангоми аз даст додани фарзанд эҳсоси гум кардани як ҷузъи худро надошта бошанд ва ин эҳсос волидонро ҳамеша дунболагирӣ мекунад,— ҳатто агар муддати зиёде аз марги фарзандашон бигзарад ва ё агар фарзандони дигар дошта бошанд”.

Ин ду воқеа нишон медиҳанд, ки чӣ ҷароҳати амиқу тӯлкашандаеро марги фарзанд дар дили волидон мегузорад. Ҳақиқатанд гуфтаҳои духтуре, ки навиштааст: “Марги фарзанд одатан зарбаи мудҳиштару сахттарест, аз марги касони солхӯрда, чунки марги фарзандро касе дар оила интизор нест... Марги ҳар фарзанд бо худ барбод рафтани орзуҳои оянда, мурдани умед бар муносибатҳои хешовандии оянда (бо домоду арӯс, набераҳо) ва таҷрибаҳоест, ки ҳанӯз рӯй надодаанд”. Ҳамин гуна эҳсосот инчунин занҳоеро, ки кӯдаки батн афтондаанд, азоб медиҳад.

Зане, ки шавҳарашро аз даст додааст, нақл мекунад: “Шавҳари ман Рассел ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар минтақаи Уқёнуси Ором ба сифати дастёри духтур хизмат мекард. Ӯ шоҳиди якчанд набарди даҳшатбор гашт, ки аз онҳо ҷон ба саломат бурд. Баъдтар вай ба Иёлоти Муттаҳида баргашта, ба зиндагии оромона шурӯъ намуд. Дертар шавҳарам ба унвони ходими Худо хидмат мекард. Ҳамин ки синнаш каме аз 60 гузашт, дар ӯ нишонаҳои бемории дил пайдо шуданд. Ӯ саъй менамуд, ки тарзи зиндагияш фаъолона бошад. Вале рӯзе, дар моҳи июли соли 1988 вай ба сактаи шадиди дил гирифтор шуд ва мурд. Аз даст додани ӯ зарбае буд, ки маро аз по фитонд. Ҳатто барои видоъ имкон надоштем. Ӯ бароям на танҳо шавҳар, балки дӯсти беҳтарин низ буд. Мо бо ҳам 40 сол зиндагӣ кардем. Ба назарам чунин метофт, ки акнун маҷбурам ба танҳоии хосе гирифтор гардам, ки ҳанӯз ҳеҷ гоҳ эҳсос накарда будам”.

Инҳоянд фақат чанде аз ҳазорон фоҷиаҳое, ки ҳар рӯз дар рӯи олам ба сари хонаводаҳо мусибат меоранд. Аксарияти шахсоне, ки аз марги фарзанд, шавҳар, зан, яке аз волидон, ё дӯст мотам доранд, бо суханҳои яке аз нависандагони Китоби Муқаддас — Павлуси расул розӣ хоҳанд буд, ки маргро «душмани охирин» номидааст. Одатан, аввалин фикри табиие, ки баъд аз шунидани чунин хабари мудҳиш ба сар меояд, инкори воқеият аст: “На, ин тавр шуданаш мумкин нест! Ман ба ин бовар намекунам”. Баъд аз ин фикру эҳсосоти дигаре низ пайдо мешаванд, ки дар зер оиди онҳо мулоҳиза хоҳем ронд (1 Қӯринтиён 15:25, 26).

Вале пеш аз он ки эҳсосоти гуногуни ғаму андӯҳи аз марги шахси наздик пайдошавандаро дида бароем, биёед ба баъзе саволҳои муҳиме ҷавоб бигӯем. Оё марг хотимаи бебозгашт бар вуҷудияти инсон аст? Оё умеде барои боз дидани наздикони фавтидаамон вуҷуд дорад?

Умед воқеан вуҷуд дорад

Павлуси расул дар бораи умеди раҳоӣ аз ин «душмани охирин» — марг сухан гуфта буд. Ӯ навиштааст: «Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст» (1 Қӯринтиён 15:26). Ё «охирин душман — ӯ марг аст, ки он ҳам бояд мағлуб ва нобуд шавад» (ТТФ). Чаро Павлус ба ин итминон дошт? Чунки таълимгараш шахсе буд, ки худ аз мурдагон бархост, яъне Исои Масеҳ (Аъмол 9:3–19). Ана барои чӣ Павлус метавонист бигӯяд, ки «чунон ки мамот ба воситаи инсон [Одам] омад, эҳёи мурдагон низ ба воситаи инсон [Исои Масеҳ] омад. Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд» (1 Қӯринтиён 15:21, 22).

Ҳангоме ки Исо бо бевазане аз Ноин вохӯрд ва писари мурдаи ӯро дид, хеле маҳзун шуд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Вақте ки ӯ [Исо] ба дарвозаи шаҳр [Ноин] наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд». Ва дили Исо ба бевазан сӯхта, гуфт: «“Гиря накун”. Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва ӯ гуфт: “Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез”. Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва ӯ вайро ба модараш супурд. Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: “Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст“». Бубинед; Исо ба бевазан чунон раҳм кард, ки писарашро аз марг эҳё намуд! Тасаввур кунед, ки ба чӣ гуна ояндае ишора мекунад ин воқеа! (Луқо 7:12–16).

Он ҷо, дар пеши чашми шоҳидони зиёд Исо яке аз воқеаҳои фаромӯшношудании эҳёро ба амал овард. Он тасдиқоте буд бар эҳёе, ки Исо муддате пештар аз ин рӯйдод пешгӯӣ кард, яъне бозгашти мурдагон ба зиндагии рӯи замин зери «осмони нав». Чунин аст он пешгӯӣ: «Аз ин тааҷҷуб накунед: зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози ӯро хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад» (Ваҳй 21:1, 3, 4; Юҳанно 5:28, 29; 2 Петрус 3:13).

Дар байни шоҳидони воқеаи дигари эҳёшавӣ аз мурдагон, Петрус ва чанди дигаре аз 12 расулони Исои Масеҳ буданд, ки дар сафарҳо ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Онҳо ҳатто овози Исои эҳёшударо дар назди баҳри Ҷалил шуниданд. Дар ин хусус Китоби Муқаддас нақл мекунад: «Исо ба онҳо гуфт: “Биёед, хӯрок бихӯред”. Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз ӯ бипурсад: “Ту кистӣ?” Зеро медонистанд, ки ин Худованд [«Ҳазрат», ТДН] аст. Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро. Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳё шуданаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд» (Юҳанно 21:12–14).

Ин буд сабаб бар он ки Петрус бо итминони комил менавишт: «Муборак аст Худо ... ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда» (1 Петрус 1:3).

Павлуси расул бошад, умеди боэътимоди худро чунин иброз кард: «Бар ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқод дорам ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:14, 15).

Инак, миллионҳо нафар метавонанд умеди қавие дошта бошанд бар он ки наздикони фавтидаи худро аз нав зинда, дар рӯи замин, вале дар шароити куллан аз имрӯза фарқкунанда хоҳанд дид. Чӣ гуна шароит? Ҷузъиёти дигари ин умеди бар Китоби Муқаддас асосёфта дар хусуси наздикони фавтидаи мо, дар охири рисола, дар қисмати “Умеди воқеӣ дар хусуси мурдагон” муҳокима мешавад.

Ҳоло бошад, биёед саволҳоеро муҳокима намоем, ки шахси аз марги каси наздикаш ғамзадаро ташвиш медиҳанд; оё ин тавр ғаму андӯҳ эҳсос кардани ман табиист? Акнун бо ин ғам чӣ гуна зиндагӣ хоҳам кард? Чӣ гуна дигарон метавонанд ба ман кӯмак намоянд, то ғуссаву андӯҳ бар ман ғолиб наояд? Чӣ гуна ман метавонам, ки ба мотамзадагон аз марги касе кӯмак намоям? Ва муҳимтар аз ҳама; чӣ гуна Китоби Муқаддас собит мекунад, ки шахсони фавтида оянда доранд? Оё наздикони дар хоби марг будаамро аз нав хоҳам дид? Дар куҷо?