Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ШАШ

Ба беҳбудии фарзанди наврасатон мусоидат кунед

Ба беҳбудии фарзанди наврасатон мусоидат кунед

1, 2. Кадом мушкилӣ ва кадом хурсандиҳоро солҳои наврасӣ бо худ оварда метавонанд?

 МАВҶУДИЯТИ наврасе дар хона аз доштани кӯдакони панҷсола ва ё ҳатто даҳсола фарқ дорад. Ба айёми наврасӣ масъалаҳову мушкилиҳои худ хосанд, вале он метавонад хурсандиовару самарбахш бошад. Намунаҳои Юсуфу Довуд, Йӯшиёҳу ва Тимотиюс нишонгаранд, ки навҷавонон метавонанд бомасъулият рафтор намоянд ва робитаи хубе бо Яҳува Худо дошта бошанд (Ҳастӣ 37:2–11; 1 Подшоҳон 16:11–13; 4 Подшоҳон 22:3–7; Аъмол 16:1, 2). Имрӯз ҳам наврасони зиёде инро собит карда метавонанд. Шояд шумо низ баъзеи онҳоро бишиносед.

2 Ба ҳар сурат, барои баъзеҳо солҳои наврасӣ пурҷӯшу хурӯшанд. Ба наврасон пастию баландии эҳсосот хос аст. Писару духтарони наврас шояд истиқлоли бештар бихоҳанд ва оиди маҳдудиятҳо аз ҷониби волидонашон норозигӣ зоҳир намоянд. Вале ин гуна наврасон ҳанӯз хеле бетаҷриба ҳастанд ва ба кӯмаки бомеҳру босабронаи волидонашон эҳтиёҷ доранд. Бале, солҳои наврасӣ метавонанд ҳаяҷонангез ва дар айни ҳол изтиробомез бошанд,— ҳам барои волидон ва ҳам барои наврасон. Чӣ тавр ба наврасон дар давоми ин солҳо кӯмак метавон кард?

3. Чӣ тавр волидон метавонанд имконияти хубе барои насли наврасашон диҳанд?

3 Волидоне, ки бо маслиҳати Китоби Муқаддас амал мекунанд, ба насли навраси худ имконияти беҳтарине бар муваффақона аз сар гузаронидани ин озмоишҳо ва ба як шахси баркамоли бомасъулият табдил шудан медиҳанд. Дар ҳама давру замонҳо волидону фарзандоне, ки дар зиндагиашон аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас амал мекарданд, баракату муваффақият меёфтанд — Забур 118:1.

МУОШИРАТИ ОШКОРОВУ САМИМӢ

4. Чаро машварату муошират дар айёми наврасӣ бахусус муҳим аст?

4 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад» (Масалҳо 15:22). Агар машварату маслиҳат ҳангоми хурдтар будани фарзандатон лозим буд, пас акнун, ки ӯ ба синни наврасӣ расид, он муҳимтар аст, зеро дар ин вақт бача вақти бештарашро на дар хона, балки бо дӯстони мактабиву рафиқони дигараш мегузаронад. Агар байни волидону наврасон муошират — гуфтугӯи ошкорову самимӣ вуҷуд надошта бошад, — бачаҳо метавонанд бегона шаванд. Пас, дари муоширатро чӣ гуна боз нигаҳ доштан мумкин аст?

5. Муносибати наврасон ба муошират бо волидонашон бояд чӣ гуна бошад?

5 Дар ин кор бояд ҳам наврасону ҳам волидон саҳми худро гузоранд. Рост аст, ки шояд ба назари наврасон сӯҳбат бо волидон дар ин давра назар ба айёми кӯдакиашон душвортар тобад. Дар ҳар сурат, дар хотир дошта бошед, ки агар «тадбирсозӣ набошад, қавм фурӯ меғалтанд, вале наҷот аз машварати бисёр аст» (Масалҳо 11:14). Ин гуфтаҳо ба ҳама дахл доранд, ҳам ба ҷавонону ҳам ба пирон. Наврасоне, ки инро дарк мекунанд, мефаҳманд, ки эшон ҳанӯз ба тадбир мӯҳтоҷанд, зеро ҳоло онҳо бо масъалаҳои ҳаллашон душвортар рӯ ба рӯ мегарданд. Онҳо бояд эътироф намоянд, ки волидони боимонашон маслиҳатдиҳандагони хубанд, чунки таҷрибаи бойтаре дар зиндагӣ доранд ва тӯли вақти зиёде ғамхории бомеҳри худро собит намудаанд. Аз ин рӯ, дар ин давраи зиндагӣ наврасони бохирад аз волидони худ рӯй нахоҳанд гардонд.

6. Чӣ назареро падару модари бохираду бомеҳр нисбати муошират бо фарзандони наврасашон хоҳанд дошт?

6 Муоширати ошкоро маънои онро дорад, ки падару модарон хеле саъй мекунанд, то ҳангоми хоҳиши сӯҳбат доштани наврас ба ӯ гӯш диҳанд. Агар падар ё модар бошед, эътимод ҳосил намоед, ки дари муошират ақаллан аз ҷониби шумо ҳамеша боз аст. Шояд ин кор осон набошад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «вақте барои хомӯш мондан ва вақте барои сухан рондан» аст (Воиз 3:7). Шояд ҳангоме навраси шумо эҳсос кунад, ки ҳоло вақти сухан рондан аст, шумо хоҳиши хомӯшӣ дошта бошед. Эҳтимол шумо ин вақтро барои омӯзиши шахсӣ, истироҳат ё корҳои хона сарф карданиед. Аммо, агар наврас бо шумо гуфтугӯ кардан хоҳад, бикӯшед, ки нақшаҳоятонро тағйир намоед ва ба ҳарфаш гӯш диҳед. Вагарна шояд ӯ бори дигар саъй накунад. Намунаи Исоро дар хотир доред. Боре ӯ барои истироҳат вақт ҷудо кард. Вале ҳангоме ки мардум барои шунидани вай ҷамъ омаданд, ӯ истироҳатро мавқуф гузошта ба таълими онҳо оғоз намуд (Марқӯс 6:30–34). Аксарияти наврасон мефаҳманд, ки волидонашон кори хеле зиёд доранд, лекин онҳо бояд мутмаин бошанд, ки агар лозим ояд, падару модар ҳамеша омодаи кӯмаканд. Бинобар ин, дастрасу фаҳманда бошед.

7. Падару модар бояд аз чӣ даргурез бошанд?

7 Бикӯшед, ки ҳиссиёти дар овони наврасӣ доштаатонро ба хотир оред ва шӯхтабиатиатонро гум накунед. Падару модар бояд аз будан бо бачаҳо лаззат баранд. Агар вақти холигие пайдо шавад, волидон онро ба чӣ сарф мекунанд? Агар падару модар ҳамеша хоҳанд, ки ин вақтро бе аҳли оила гузаронанд, наврасон инро зуд пай хоҳанд бурд. Агар бачаҳо эҳсос намоянд, ки онҳо назар ба волидон барои рафиқони мактабиашон арзиши бештаре доранд, мушкилӣ ногузир аст.

МАВЗӮЪҲОИ СӮҲБАТ

8. Чӣ гуна ба бачаҳо эҳтиром нисбати инсофу меҳнатдӯстӣ ва рафтори муносибро таълим додан мумкин аст?

8 Агар падару модар то ҳанӯз ба фарзандонашон эҳтиром ба инсофкориву меҳнатдӯстиро таълим надода бошанд, таи даврони наврасӣ бояд ҳатман ин корро бикунанд (1 Таслӯникиён 4:11; 2 Таслӯникиён 3:10). Ҳамчунин волидон бояд ҳатман итминон ҳосил намоянд, ки фарзандонашон муҳиммияти зиндагии поку ахлоқан дуруст бурданро самимона мефаҳманд (Масалҳо 20:11). Нақши бузургеро дар ин намунаи худи падару модар мебозад. Айнан ҳамон тавре ки шавҳарони беимон «ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд», наврасон низ принсипҳои дурустро тавассути рафтори волидонашон аз худ менамоянд (1 Петрус 3:1–ро қиёс кунед). Ба ҳар сурат, фақат намуна кофӣ нест, охир берун аз хона ба сари бачаҳо намунаҳои баду таблиғоти васвосии зиёде мерезанд. Аз ин рӯ, падару модари ғамхор бояд бидонанд, ки муносибати наврасашон ба чизҳои дидаву шунидааш чӣ гуна аст ва барои ин сӯҳбати бамаъние лозим аст — Масалҳо 20:5.

9, 10. Чаро дар хусуси муносибатҳои ҷинсӣ волидон бояд фарзандони худро таълим диҳанд ва чӣ тавр ин корро карда метавонанд?

9 Ин кор махсусан дар мавриди тарбияи ҷинсӣ муҳим мебошад. Волидон, оё шумо аз гуфтугӯ бо кӯдаконатон дар хусуси муносибатҳои ҷинсӣ шарм медоред? Агар ҳамин тавр ҳам бошад, бикӯшед, ки бар шарми худ ғолиб оед, вагарна бачаҳо дар ҳар сурат ин мавзӯъро аз дигарон мефаҳманд. Агар онро аз шумо нагиранд, кӣ медонад, ки чӣ “маълумоте” ба дасташон мерасад? Дар Китоби Муқаддас Яҳува аз фаҳмонидани масъалаҳои ба робитаи ҷинсӣ дахлдошта худдорӣ накардааст ва волидон ҳам аз фаҳмонидани онҳо набояд худдорӣ кунанд — Масалҳо 4:1–4; 5:1–21.

10 Хушбахтона, Китоби Муқаддас ҳидояти рӯшане оиди муносибатҳои ҷинсӣ дорад ва созмони Шоҳидони Яҳува низ адабиёти муфиди зиёде ба нашр расонда, ки дар ҷаҳони муосир қобили корбурд будани ин ҳидоятро нишон медиҳанд. Чаро аз ин кӯмак истифода накунед? Масалан, чаро бо писар ё духтаратон қисмати “Муносибати ҷинсӣ ва ахлоқ”-ро аз китоби «Суолҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.) дида набароед? Натиҷаҳои хуб метавонанд шуморо ба ҳайрат оранд.

11. Роҳи таъсирбахштарине, ки волидон ба бачаҳо тарзи ба Яҳува хидмат карданро таълим дода метавонанд, кадом аст?

11 Вале мавзӯи муҳимтарини сӯҳбати байни волидон ва бачаҳо чист? Павлуси расул ба он чунин ишора намуд: «Онҳоро [фарзандонатонро] дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед» (Эфсӯсиён 6:4). Кӯдакон бояд Яҳуваро хубтар бишиносанд. Хусусан, онҳо бояд дӯст доштани Худоро биёмӯзанд ва хоҳиши ба Ӯ хидмат кардан дошта бошанд. Дар ин маврид низ тавассути намуна хеле зиёд таълим метавон дод. Агар наврасон бубинанд, ки падару модарашон Худоро бо тамоми дилу ҷону ҳуш дӯст медоранд ва ин дар ҳаёти волидон самари хуб ба бор меорад, онҳо низ хоҳиши пайравӣ ба ин намуна пайдо мекунанд (Матто 22:37). Инчунин, агар навҷавонон мушоҳида намоянд, ки волидон назари оқилонае нисбати пулу мол доранд ва Салтанати Худоро ба ҷои аввал мегузоранд, ин барояшон дар инкишофи чунин рӯҳияи ақл кӯмак мекунад — Воиз 7:12; Матто 6:31–33.

Омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас барои оила муҳим аст

12, 13. Барои он ки омӯзиши оилавӣ бомуваффақият бошад, чиро дар назар бояд дошт?

12 Омӯзиши оилавии ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас кӯмаки олиест дар пайванд кардани арзишҳои рӯҳонӣ бар ҷавонон (Забур 118:33, 34; Масалҳо 4:20–23). Муҳим аст, ки чунин омӯзишро мунтазам гузаронанд (Забур 1:1–3). Волидону фарзандон бояд фаҳманд, ки реҷаи корҳои дигар бояд ба реҷаи омӯзиши оилавӣ мутобиқ карда шавад, на баръакс. Баъдан, барои таъсирбахш шудани омӯзиш, муҳим аст, ки муносибати аҳли оила ба он дуруст бошад. Падаре гуфт: “Сирри ташвиқ дар он аст, ки барандаи омӯзиши оилавӣ муҳити осуда ва дар айни ҳол эҳтиромона ба вуҷуд оварад, ки ғайрирасмӣ аст, вале сабукфикрона нест. Ба даст овардани муҳити дуруст шояд на ҳамеша осон бошад ва эҳтимол наврасон зуд–зуд ба ислоҳи муносибаташон ниёз дошта бошанд. Агар ба як бору ду бор ба ҳадаф нарасед ҳам, ба пеш — ба дарси оянда нигаред”. Ин падар гуфт, ки пеш аз ҳар омӯзиш ӯ дар дуо аз Яҳува хоҳиш менамуд, ки ба ҳар як ширкаткунанда барои доштани назари дуруст кӯмак намояд — Забур 118:66.

13 Гузаронидани омӯзиши оилавӣ масъулияти волидони имондор мебошад. Рост аст, ки баъзе волидонро муаллими боистеъдод наметавон номид ва барои онҳо шавқовар гузаронидани омӯзиши оилавӣ мушкил аст. Новобаста аз ин, агар бачаҳоятонро «бо амал ва ростӣ» дӯст доред, шумо фурӯтанона ва самимона хоҳиши кӯмак ба пешрафти рӯҳонии онҳоро хоҳед дошт (1 Юҳанно 3:18). Шояд вақт аз вақт наврасон норозигӣ зоҳир намоянд, аммо ба эҳтимол онҳо эҳсос мекунанд, ки шумо беҳбудиашонро хоҳонед.

14. Чӣ тавр ояти Такрори Шариат 11:18, 19–ро барои ба наврасон талқин кардани мавзӯъҳои рӯҳонӣ ба кор метавон бурд?

14 Барои муҳокимаи мавзӯъҳои рӯҳонӣ омӯзиши оилавӣ имконияти ягона нест. Ҳукми ба волидон додаи Яҳуваро дар ёд доред? Ӯ амр дод: «Ин суханони Маро дар дили худ ва дар ҷони худ ҷо диҳед, ва онҳоро ҳамчун аломат бар дасти худ бибандед, ва онҳо ҳамчун нишона дар миёни чашмони шумо бошад. Ва онҳоро ба писарони худ таълим диҳед, ва ҳангоми нишастанатон дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанатон, хобиданатон ва бархостанатон дар бораи онҳо гуфтугӯ намоед» (Такрори Шариат 11:18, 19; инчунин ба Такрори Шариат 6:6, 7 нигаред). Ин чунин маъно надорад, ки падару модар бояд ба фарзандонашон ҳамеша мавъиза бигӯянд. Лекин сарвари бомуҳаббати оила бояд ҳамеша ҷӯёи имконият бар мукаммал кардани назари рӯҳонии хонаводааш бошад.

ТАРБИЯ ВА ЭҲТИРОМ

15, 16. а) Тарбия чиро дар бар мегирад? б) Кӣ ба тарбия ҷавобгар аст ва кӣ ба назорати он ки ин тарбия қабул мешавад, масъул мебошад?

15 Ҳангоми тарбия волидон бояд кӯдаконро таълими ислоҳкунанда диҳанд ва тарбия ҳамчунин муоширатро дар бар мегирад. Падару модарро лозим аст, ки бештар ба ислоҳи фарзандон аҳамият диҳанд, на ба ҷазо, гарчанде ки баъзан танбеҳу ҷазо додан низ лозим меояд. Бачаҳои шумо ҳангоми хурдтар буданашон ба тарбия ниёз доштанд ва акнун, вақте ки онҳо наврас шуданд, ҳанӯз ҳам ба дараҷае ба таълиму ислоҳ эҳтиёҷ доранд, ҳатто шояд бештар аз гузашта. Наврасони оқил дуруст будани инро медонанд.

16 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Беақл ба насиҳати падари худ беэътиноӣ менамояд, вале касе ки мазамматро риоя кунад, бофаросат аст» (Масалҳо 15:5). Аз ин оят чизи зиёде метавон омӯхт. Аз он бармеояд, ки насиҳат дода хоҳад шуд. Агар насиҳат дода намешуд, наврас ба он «беэътиноӣ» карда наметавонист. Яҳува волидон, бахусус падарро ба насиҳатдиҳӣ масъул менамояд. Вале масъулияти ба ин панду насиҳат гӯш овардан бар сари наврас аст. Агар ӯ ба насиҳати оқилонаи падару модар гӯш диҳад, чизи зиёде хоҳад омӯхт ва дар зиндагӣ камтар хато мекунад (Масалҳо 1:8). Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бенавоӣ ва нанг насиби касест, ки насиҳатро рад кунад; вале касе ки мазамматро қабул кунад, мӯҳтарам мешавад» — Масалҳо 13:18.

17. Ҳангоми тарбияи фарзандон чӣ мувозинатеро волидон бояд нигаҳ доранд?

17 Ҳангоми тарбияи наврасон волидон бояд бомувозинат бошанд. Падару модар набояд то он андоза сахтгирӣ кунанд, ки ин ба хашмгинии фарзандон оварад ва ё ҳатто ба эҳсоси ба худ эътимод доштанашон зарба расонад (Қӯлассиён 3:21). Ва дар ҳар сурат, волидон намехоҳанд то дараҷае сустгир бошанд, ки наврасонашон аз тарбияи лозима маҳрум бимонанд. Ин гуна сустгириҳо метавонанд фалокатбор шаванд. Дар ояти Масалҳо 29:17 гуфта мешавад: «Писари худро таъдиб намо ва ӯ боиси оромиши ту мегардад ва ҷони туро ҳаловат мебахшад». Ояти 21 бошад, мегӯяд: «Кас агар ғуломи худро аз бачагӣ нозпарвард кунад, вай оқибат мехоҳад писар шавад [«ношукр мегардад», ТДН]». Гарчанде сухан дар бораи ғулом меравад, оят ба ҳамон дараҷа лоиқи корбурд нисбати ҳар навраси хонадон мебошад.

18. Тарбия далели чист ва ҳангоми муназзам тарбия кардани фарзанд волидон аз чӣ бояд даргурез бошанд?

18 Дарвоқеъ, тарбияи мувофиқ далели муҳаббати волидон нисбати фарзанд аст (Ибриён 12:6, 11). Агар падар ё модаред, шумо медонед, ки чӣ қадар душвор аст муназзаму оқилона тарбия кардани бача. Шояд ба назар чунин расад, ки ба хотири нигоҳ доштани сулҳ осонтар аст, то ба навраси якрав чизи хостаашро иҷозат диҳед. Аммо вақте мерасад, ки волидони бо ин роҳ рафта, самари бади онро мечашанд; аҳли хонадони онҳо идоранашаванда мегарданд — Масалҳо 29:15; Ғалотиён 6:9.

КОР ВА БОЗӢ

19, 20. Чӣ тавр волидон ба интихоби намуди фароғати наврасашон оқилона муносибат карда метавонанд?

19 Пештар аз кӯдакон интизор мерафт, ки дар корҳои хоҷагии хона ё боғ кӯмак кунанд. Имрӯз бисёри наврасон вақти озоди зиёде доранд, ки онро беназорат мегузаронанд. Барои пур кардани ин вақт олами тиҷорат пешниҳодоти фаровоне барои фароғат пешкаш мекунад. Бар замми ин, агар ба назар гиред, ки ҷаҳон ба меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддас арзиши зиёд намедиҳад, сабаби фоҷиаҳое рӯшан мегардад, ки рух доданашон аз имкон дур нест.

20 Аз ин рӯ, волидони оқил қабули қарори охирин оиди фароғатро зери дасти худ медоранд. Лекин фаромӯш насозед, ки наврас бузургтар шуда истодааст. Шояд ӯ умед мекунад, ки бо гузашти ҳар сол ба вай ҳарчи бештар чун ба калонсол муносибат хоҳанд намуд. Бинобар ин, ҳар қадаре ки наврас бузургтар шавад, барои волидон оқилона аст, ки ба ӯ дар интихоби намуди фароғат озодии бештар диҳанд,— агар интихоби наврас аз пешрафти ӯ бар камолоти рӯҳонӣ шаҳодат диҳад. Баъзан наврас дар интихоби мусиқӣ, рафиқон ва ғайра иштибоҳ мекунад. Агар чунин рӯй диҳад, бо ӯ муҳокима бояд кард, то ки дар оянда интихоби вай дуруст бошад.

21. Чӣ тавр оқилӣ дар интихоби вақти барои фароғат сарфшаванда наврасро муҳофизат мекунад?

21 Барои фароғат чӣ қадар вақт ҷудо кардан лозим аст? Дар баъзе кишварҳо наврасон фикр мекунанд, ки онҳо ҳуқуқи бетанаффус фароғат намудан доранд. Барои ҳамин наврас вақти худро тавре нақша мекашад, ки “вақтхушиҳо”–яш яке паи дигар меоянд. Волидон бояд ба ӯ таълим диҳанд, ки ба корҳои дигар, аз қабили оила, мутолиаи шахсӣ, муошират бо шахсони рӯҳан баркамол, ҷамъомадҳои омӯзиши Китоби Муқаддас ва корҳои хона ҳам вақт ҷудо кардан лозим аст. Дар ин сурат, «кайфу сафои зиндагӣ» онҳоро пахш намекунад ва Каломи Худо дар дилашон бесамар намемонад — Луқо 8:11–15.

22. Фароғат дар зиндагии наврас бояд бо чӣ дар мувозинат бошад?

22 Сулаймони подшоҳ гуфтааст: «Донистам, ки барои онҳо чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд. Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад, — ин низ атои Худост» (Воиз 3:12, 13). Бале, хушҳолӣ кардан — қисмати зиндагии боэътидол аст. Вале боғайрат меҳнат кардан ҳам ҳаст. Наврасони зиёд аз қаноатмандие, ки зи меҳнат бармеояд, ё аз эҳсоси худэҳтиромие, ки пас аз ҳалли мушкилие пайдо мегардад, бехабаранд. Баъзе навҷавонон имконияти омӯхтани касбу ҳунареро, ки бо он дар оянда худро таъмин карда тавонанд, надоранд. Ин мушкилии воқеиест барои волидон. Оё шумо ба фарзанди худ чунин имконият хоҳед дод? Агар шумо ба наврасатон қадр кардани меҳнати боғайратона ва ҳатто лаззат бурдан аз онро ёд диҳед, ӯ назари солимеро инкишоф медиҳад, ки тамоми умр барояш муфид хоҳад буд.

АЗ НАВРАСӢ ТО КАЛОНСОЛӢ

Муҳаббату сипосгузории худро ба фарзандонатон зоҳир намоед

23. Волидон чӣ тавр наврасонашонро рӯҳбаланд карда метавонанд?

23 Ҳатто агар бо наврасатон мушкилиҳо дошта бошед, ояти «муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» дар ҳар сурат ҳаққ мемонад (1 Қӯринтиён 13:8). Муҳаббатеро, ки бешубҳа ба фарзандатон эҳсос мекунед, ҳаргиз пинҳон надоред. Аз худ бипурсед: “Оё ҳар як фарзандамро барои муваффақиятҳояш дар ҳалли мушкилиҳо ё бартараф кардани монеаҳо таъриф мекунам? Оё имкониятҳои мувофиқро барои зоҳир намудани муҳаббату миннатдории худ ба бачаҳо истифода менамоям, ё мемонам, ки ин фурсатҳо аз даст раванд?” Шояд баъзан нофаҳмиҳо ба вуҷуд оянд, вале агар наврасон мутмаин бошанд, ки шумо онҳоро дӯст медоред, эҳтимоли зиёд аст, ки онҳо низ ба шумо бо муҳаббат ҷавоб хоҳанд дод.

24. Кадом принсип аз Китоби Муқаддас оиди тарбияи фарзанд чун қоидаи умумӣ ҳаққ мемонад ва чиро дар ин ҳол дар назар бояд дошт?

24 Албатта, торафт ба синни балоғат расида, бачаҳо тадриҷан қарорҳои хеле муҳиме барои худ қабул мекардагӣ мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо ин қарорҳо шояд ба назари падару модар хуш наоянд. Агар фарзанд қарор кунад, ки ба Яҳува Худо хидмат намекунад, он гоҳ–чӣ? Рӯй додани чунин ҳолат мумкин аст. Ҳатто баъзе аз писарони рӯҳии худи Яҳува панди Ӯро рад намуда, исён бардоштанд (Ҳастӣ 6:2; Яҳудо 6). Бачаҳо робот нестанд, ки онҳоро тавре барномарезӣ намоед, то мувофиқи хоҳишҳои шумо рафтор кунанд. Онҳо офаридаҳо бо озодии иродаанд, ки барои қарорҳои қабулнамудаашон назди Яҳува ҷавобгарӣ доранд. Ва ба ҳар ҳол, ояти Масалҳо 22:6 чун қоидаи умумӣ ҳаққ мемонад: «Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад».

25. Кадом роҳи хубтарине барои волидон вуҷуд дорад, ки сипосгузории худро барои падару модар буданашон ба Яҳува зоҳир намоянд?

25 Инак, ба фарзандони худ муҳаббати фаровон зоҳир намоед. То қадре ки аз дастатон меояд, дар тарбияи онҳо ба принсипҳои Китоби Муқаддас пайравӣ кунед! Барояшон намунаи хуби ибрат дар рафтори худописандона бошед. Ин ба бачаҳои шумо имконияти беҳтарине барои чун шахсони баркамоли бомасъулияту худотарс бузург шудан медиҳад. Барои волидон ин роҳи хубтаринест, то сипосгузории хешро ба Яҳува барои неъмати атокардааш — афзалияти падару модар будан — баён намоянд.