Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ҲАФТ

Оё бачаи саркаше дар хона доред?

Оё бачаи саркаше дар хона доред?

1, 2. а) Бо чӣ масале Исо бевафоии пешвоёни дини яҳудиро рӯшан сохт? б) Аз масали Исо дар бораи наврасон чӣ омӯхта метавонем?

 ЧАНД рӯз пеш аз маргаш, Исо ба гурӯҳи сарварони дини яҳудӣ саволи мулоҳизаталабе дод: «Фикри шумо чист? Марде ду писар дошт; ва назди нахустин омада, гуфт: “Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун”. Дар ҷавоб гуфт: “Намехоҳам”; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт. Назди дигаре омада, ҳамон гапро гуфт. Вай дар ҷавоб гуфт: “Меравам, оғо”; ва нарафт. Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Пешвоёни яҳудӣ ҷавоб доданд: «Нахустин» — Матто 21:28–31.

2 Бо ин масал Исо рӯшан кард, ки пешвоёни дини яҳудӣ вафодор нестанд. Онҳо мисли писари дуввумӣ буданд, яъне ба Худо ваъдаи иҷро кардани иродаашро дода, дар асл баъдан онро ба ҷо намеоварданд. Волидони зиёде дарёфтанд, ки ин масал дар фаҳмиши хуби ҳаёти оилавӣ асос ёфтааст. Ҳамон тавре, ки Исо хуб тасвир намуд, одатан донистани фикре, ки ҷавонон дар сар доранд, ё пешгӯӣ намудани рафтори онҳо душвор аст. Дар айёми наврасӣ шояд навҷавон мушкилиҳои зиёде пеш орад, аммо баъдтар, аз ӯ як шахси бомасъулияту соҳибэҳтироме ба воя расида метавонад. Ин омилест, ки ҳангоми муҳокимаи мавзӯи исёни наврасон дар хотир бояд дошт.

САРКАШӢ ЧИСТ?

3. Чаро падару модар набояд шитобкорона ба фарзандашон тамғаи «саркаш»–ӣ зананд?

3 Гоҳ–гоҳ шояд ба гӯшатон расад, ки наврасе рӯирост бар зидди волидонаш исён мебардорад. Ё шояд худ шахсан оилаеро мешиносед, ки дар он фарзанди наврасе ба назар идоранашаванда метобад. Дар ҳар сурат, муайян кардани он ки фарзанд воқеан исёнгар аст, ё не, на ҳамеша осон аст. Беш аз ин, фаҳмидани он ки чаро баъзе кӯдакон саркаш мешаванду дигарашон не, — баъзан ҳатто дар ҳамон як хонавода,— мушкил буда метавонад. Агар падару модар дарк намоянд, ки яке аз фарзандонашон ба як саркаши ашаддӣ мубаддал мешавад, онҳо чӣ кор карда метавонанд? Барои ҷавоб ба ин савол, бояд аввал чӣ будани саркаширо муайян намоем.

4–6. а) Саркашӣ чист? б) Агар фарзанди наврас гоҳ–гоҳ саркашӣ кунад, волидон чиро бояд дар ёд доранд?

4 Ба таври содда бигӯем, саркаш шахсест, ки қасдан, якравона ва қатъан ба ҳокимияти боло итоат намекунад ё бар зидди он исён менамояд. Албатта, «беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст» (Масалҳо 22:15). Бинобар ин, ҳамаи кӯдакон вақт аз вақт ба волидон ё ягон ҳокимияти дигар муқобилият мекунанд. Ин бахусус ба давраи инкишофи ҷисмию равонии кӯдак — ба синни наврасии ӯ хос аст. Тағйирот дар зиндагии дилхоҳ одам изтироб ба вуҷуд меорад, ҳаёти наврасӣ бошад, пур аз тағйирот аст. Духтар ё писари навраси шумо аз даврони бачагӣ ба роҳи камолот қадам мениҳад. Аз ин сабаб, тӯли айёми наврасии фарзандон баъзан байни онҳову волидонашон ихтилофот пайдо мешаванд. Одатан падару модарон беихтиёрона мехоҳанд, ки равиши ин давраро суст кунанд, наврасон бошанд, саъй менамоянд, ки онро суръат диҳанд.

5 Навраси саркаш аз арзишҳое, ки барои волидонаш қадр доранд, рӯй мегардонад. Вале дар хотир доред, ки чанд рафтори гапнодароӣ ҳанӯз исён нест. Дар хусуси мавзӯъҳои рӯҳонӣ, баъзе бачаҳо дар аввал ба ҳақиқати Китоби Муқаддас шояд шавқи на он қадар зиёд ё умуман шавқе зоҳир накунанд, аммо дар айни ҳол шояд онҳо саркаш набошанд. Чун падар ё модар, ба бачаатон саросема тамғаи “саркаш”–ро назанед.

6 Оё ба давраи наврасии ҳама бачаҳо исён бар зидди волидайн хос аст? Барои аксарият на. Аслан, ҳаёт нишон медиҳад, ки фақат шумораи ками наврасон саркашии ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Ба ҳар ҳол, агар бача доимо бо якравӣ ба саркашӣ идома диҳад, чӣ бояд кард? Сабаби чунин исён чист?

САБАБҲОИ САРКАШӢ

7. Дар иҳотаи ҷаҳони шайтонӣ будан наврасро чӣ гуна ба исён бармеангезад?

7 Сабаби асосии саркашӣ дар иҳотаи дунёи шайтонӣ будан аст. «Тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳанно 5:19). Дунёи дар дасти Шайтонбуда ахлоқи бадеро парвариш кардааст, ки бо он ходимони Худо бояд мубориза баранд (Юҳанно 17:15). Аксаран ин ахлоқ фосид ва хатарнок буда, таъсири баде, ки мерасонад, бештар аз замони гузашта аст (2 Тимотиюс 3:1–5, 13). Агар волидон фарзандони худро таълим надиҳанд, огоҳ ва муҳофизат накунанд, «рӯҳе ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад», ба осонӣ наврасонро зердаст хоҳад кард (Эфсӯсиён 2:2). Фишори ҳамсолон низ ба ин мансуб аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад» (Масалҳо 13:20). Яъне, касе ки бо шахси аз рӯҳи ин ҷаҳон пурбуда муошират мекунад, ба эҳтимоли зиёд таҳти таъсири ин рӯҳ қарор хоҳад гирифт. Барои дарк намудани он ки итоат ба принсипҳои Худо асоси беҳтарини роҳи зиндагӣ аст, наврасон ба кӯмаки ҳамешагӣ эҳтиёҷ доранд — Ишаъё 48:17, 18.

8. Кадом омилҳо кӯдакро ба исён майл мекунонанд?

8 Сабаби дигари саркашӣ муҳити оила буда метавонад. Масалан, агар яке аз волидон майхора ё нашъаманд бошад ё ба ҳамсараш зӯроварӣ кунад, назари наврас ба ҳаёт мумкин аст нодуруст инкишоф ёбад. Ҳатто дар хонаҳои нисбатан ором, агар наврас эҳсос кунад, ки падару модар аз ӯ парвое надоранд, исён рӯй дода метавонад. Вале саркашии наврасон на ҳамеша бо сабаби таъсири беруна аст. Баъзе бачаҳо ба арзишҳои волидони худ пушт мегардонанд, гарчанде ки падару модарашон шахсони худотарсанду то ҳадди зиёде фарзандонро аз таъсири бади дунёи атроф ҳифз кардаанд. Сабаб чист? Шояд дар нокомилияти инсонист, ки он як решаи дигари мушкилиҳои мост. Павлуси расул гуфт: «Чунон ки ба воситаи як одам [Одам] гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд» (Румиён 5:12). Одам исёнгари худхоҳ буд, ӯ ба тамоми наслаш мероси бад гузошт. Баъзе наврасон ҳамон роҳи исёнро интихоб мекунанд, ки бобокалонашон — Одам кард.

ЭЛИИ СУСТГИРУ РАҲАБЪОМИ САХТГИР

9. Кадом намудҳои азҳадгузариҳо кӯдакро ба саркашӣ бармеангезанд?

9 Чизи дигаре, ки наврасонро ба саркашӣ бармеангезад, назари нодурусти волидон ба тарбияи кӯдак аст (Қӯлассиён 3:21). Баъзе аз волидони бовиҷдон дар танбеҳу маҳдуд намудани фарзандон сахтгирии аз ҳад зиёд мекунанд. Дигарон бошанд, ҳидояти лозимаеро, ки наврасони бетаҷрибаи онҳоро ҳифз карда тавонанд, намедиҳанд. Нигоҳ доштани мувозинати дуруст дар байни ин ду ҳадд на ҳамеша осон аст. Ва кӯдакони гуногун ниёзҳои гуногун доранд. Яке шояд назар ба дигаре ба назорати бештар эҳтиёҷ дошта бошад. Дар ҳар сурат, ду намуна аз Китоби Муқаддас кӯмак мекунад, ки хатари сустгирӣ ё сахтгирии аз ҳад зиёдро бубинем.

10. Чаро Элӣ, гарчанде ки аз афташ саркоҳини содиқ буд, падари хуб набуд?

10 Элии саркоҳин, ки дар Исроили қадим зиндагӣ мекард, соҳиби фарзанд буд. Ӯ 40 сол хидмат намуда буд ва бешубҳа Аҳкоми Худоро хуб медонист. Аз афташ, Элӣ вазифаҳои коҳинии худро содиқона адо мекард ва шояд ҳатто муфассал Аҳкоми Худоро ба писаронаш Ҳофнӣ ва Финҳос таълим дода буд. Аммо нисбати писаронаш Элӣ хеле сустгир буд. Ҳофнӣ ва Финҳос расман вазифаҳои коҳиниро ба ҷо меоварданд, вале аслан онҳо «шахсони нобакор»–е буданд, ки фақат ба қонеъ кардани иштиҳову хоҳишҳои фосиқонаашон саъй менамуданд. Ва ҳатто ҳангоме ки дар замини муқаддас шармандагиҳо мекарданд, Элӣ ҷуръат надошт, ки онҳоро аз каҳонат маҳрум намояд. Ӯ фақат каме сарзанишашон карду бас. Бо сустгирии худ Элӣ писаронашро бештар аз Худо мӯҳтарам дошт. Дар натиҷа, писарони вай бар зидди ибодати поки Яҳува исён карданд ва тамоми хонаводаи Элӣ ба мусибат гирифтор шуд — 1 Подшоҳон 2:12–17, 22–25, 29; 3:13, 14; 4:11–22.

11. Падару модарон аз намунаи бади Элӣ чӣ омӯхта метавонанд?

11 Ҳангоми рӯй додани ин ҳодисаҳо писарони Элӣ аллакай калонсол буданд, вале ин воқеа таъкид менамояд, ки беэътиноӣ бар ҷорӣ кардани интизом хатарнок аст (қиёс кунед бо Масалҳо 29:21). Баъзе падару модарон муҳаббатро аз сустгирӣ фарқ намекунанд ва қоидаҳои аниқ, мантиқан асоснок ва оқилонаро муқаррар ҳам наменамоянду риояашонро талаб ҳам намекунанд. Ин волидон ба бакорбарии танбеҳу ҷазои дар муҳаббат асосёфта беэътиноӣ менамоянд, ҳатто дар вақтҳое ки принсипҳои худоӣ зери по мегарданд. Оқибати чунин саҳлгириҳо ин аст, ки бачаҳо заррае ба ҳокимияти волидон ё бар ягон ҳокимияти дигар аҳамият намедиҳанд — бо Воиз 8:11 қиёс кунед.

12. Чӣ иштибоҳе Раҳабъом дар ҳокимиятдорӣ кард?

12 Мисоли дигар — Раҳабъом, намунаи дар ҳокимият гузаштан аз ҳадди дигар аст. Ӯ ҳокими охирини салтанати муттаҳиди Исроил буд, вале подшоҳи хуб набуд. Раҳабъом мамлакатеро ба мерос гирифт, ки сокинонаш аз бори гарони бар дӯшашон гузоштаи падараш — Сулаймон норозӣ буданд. Оё Раҳабъом ба халқ дилсӯзӣ зоҳир кард? Не. Вақте ки намояндагони халқ аз ӯ хоҳиши сабук гардонидани баъзе андозҳои фишороварро хоҳиш намуданд, ӯ бо маслиҳати оқилонаи мушовирони куҳансол амал накарда, амр дод, ки юғи бар гардани халқбуда вазнинтар карда шавад. Ҳавобаландии Раҳабъом ба ошӯби даҳ сибти шимолӣ овард, ки дар натиҷа салтанат ду тақсим шуд — 3 Подшоҳон 12:1–21; 2 Вақоеънома 10:19.

13. Волидон чӣ гуна аз такрори иштибоҳи Раҳабъом дурӣ карда метавонанд?

13 Аз воқеае, ки Китоби Муқаддас дар бораи Раҳабъом нақл мекунад, падару модарон чанд дарси муҳиме омӯхта метавонанд. Онҳо бояд дар дуо «Худовандро ҷӯё» шаванд ва тарзҳои тарбияашонро аз дидгоҳи принсипҳои Китоби Муқаддас бисанҷанд (Забур 104:4). «Истисмор хирадмандро сабукмағз мегардонад»,— мегӯяд китоби Воиз 7:7. Маҳдудиятҳои ҳаматарафа санҷидашуда ба наврасон ҳам имконияти инкишоф медиҳанд ва ҳам онҳоро аз бадӣ эмин медоранд. Вале муҳите, ки бачаҳо зиндагӣ мекунанд, набояд чунон сахтгирона ва маҳдудкунанда бошад, ки ба қадри кофӣ инкишоф ёфтани эҳсоси эътимод ба худу қувваи худро дар онҳо халал расонад. Агар падару модарон бикӯшанд, ки дар байни ба қадри кофӣ додани озодӣ ва маҳдудиятҳои қатъиву равшан муқарраркарда мувозинати дуруст нигаҳ доранд, аксари наврасон камта́р ба саркашӣ майл хоҳанд кард.

ҒАМХОРӢ БА НИЁЗҲОИ АСОСӢ САРКАШИРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД

Агар волидон ба фарзандон дар мубориза бо мушкилиҳои айёми наврасӣ кӯмак кунанд, бачаҳо ба эҳтимоли зиёд чун шахсони ботамкину босубот ба воя мерасанд

14, 15. Волидон бояд чӣ назаре ба бузургшавии кӯдакашон дошта бошанд?

14 Гарчанде ки волидон аз мушоҳидаи он ки фарзандашон аз бачагӣ ба камолот мегузарад, шодӣ мекунанд, шояд аз он ки ӯ торафт аз ҳолати вобастагӣ ба онҳо сӯи мустақилият қадам мениҳад ва ба худ эътимод пайдо мекунад, хавотир шаванд. Агар тӯли ин давраи гузариш наврасатон гоҳ–гоҳ якравӣ намояд, ё хоҳиши ҳамкорӣ бо шумо надошта бошад, ҳайрон нашавед. Дар ёд доред, ки вазифаи волидони худотарс аз фарзанд бузург кардани шахси рӯҳан баркамол, ботамкин ва бомасъулият аст — қиёс кунед бо 1 Қӯринтиён 13:11; Эфсӯсиён 4:13, 14.

15 Ҳар қадаре ки душвор набошад, волидон бояд одати изҳори норозигӣ ба ҳар як хоҳиши озодии бештар хостани наврасро партоянд. Фарзанд ба солим рушд кардани шахсияташ ниёз дорад. Баъзе бачаҳо дар синни нисбатан ҷавон ақидаҳо ва назари ҳақиқатан ба калонсолӣ хосбударо доранд. Масалан, Китоби Муқаддас дар бораи подшоҳи ҷавон Йӯшиёҳу нақл мекунад: «Вақте ки ҳанӯз навҷавон [тақрибан 15 сола] буд, ба ҷустани Худои падараш Довуд оғоз кард». Ин навҷавони намоён бешубҳа шахси пурмасъул буд — 2 Вақоеънома 34:1–3.

16. Агар масъулияти бештаре ба бачаҳо бовар карда шавад, онҳо чиро бояд бифаҳманд?

16 Ба ҳар ҳол, озодӣ бо худ масъулият меорад. Бинобар ин, бигузоред, ки «калонсолшаванда» натиҷаҳои баъзе қарору амалҳои худро бичашад. Принсипи «он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид», на фақат ба калонсолон, ба наврасон низ дахл дорад (Ғалотиён 6:7). Бачаҳоро наметавон як умр муҳофизат намуд. Лекин агар фарзандатон кори тамоман аз одоб берунро анҷом доданӣ шавад, чӣ бояд кард? Чун волидони бомасъулият, шумо бояд «не» гӯед. Ва гарчанде ки метавонед сабаби инро фаҳмонед, чизе набояд «не»–и шуморо ба «ҳа» табдил диҳад (қиёс кунед бо Матто 5:37). Дар ҳар сурат, орому оқилона «не» гӯед, зеро «ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад» — Масалҳо 15:1.

17. Баъзе аз эҳтиёҷоти наврасон, ки волидон онҳоро бояд қонеъ гардонанд, кадоманд?

17 Навҷавонон ба ҳимояе, ки аз муназзамии тарбия бармеояд, ниёз доранд, ҳатто агар онҳо на ҳамеша бо маҳдудияту қоидаҳо бо майл розӣ шаванд ҳам. Вақте ки қоидаҳо вобаста аз кайфияти волидон зуд–зуд иваз мешаванд, ин боиси ошуфтагист. Ғайр аз ин, агар наврасон дар мубориза бо беҷуръативу шармгинӣ ва надоштани эътимод ба худ кӯмаки лозимӣ бигиранду рӯҳбаланд карда шаванд, ба эҳтимоли зиёд чун шахсони батамкину боэътидол ба воя мерасанд. Ҳамчунин наврасон боварии арзандаеро, ки волидон нисбаташон зоҳир менамоянд, қадр мекунанд — қиёс кунед бо Ишаъё 35:3, 4; Луқо 16:10; 19:17.

18. Чӣ ҳақиқати рӯҳбаландкунандае оиди наврасон вуҷуд дорад?

18 Падару модаронро донистани он ки агар дар хонадон оромиву субот ва муҳаббат ҳукмфармо бошанд, одатан бачаҳо чун гул мешукуфанд, осудагии хотир мебахшад (Эфсӯсиён 4:31, 32; Яъқуб 3:17, 18). Ҳатто аз оилаҳое, ки муҳити баде бо сабаби майхорагӣ ё зӯроварӣ ё ягон таъсири нохуби дигар доштанд, баъзе бачаҳо чун шахсони хубе ба камол расиданд. Аз ин рӯ, агар наврасони шумо дар хона амният эҳсос кунанд ва донанд, ки онҳо дар он ҷо муҳаббат, ҳамдардӣ ва таваҷҷӯҳ мегиранд, ҳатто дар сурате ки ғамхориатон бо маҳдудиятҳои оқилона ва ҷорикунии интизоми бар принсипҳои Китоби Муқаддас асосёфта ҳамроҳ шавад,— ба эҳтимоли зиёд аз фарзандонатон шахсоне ба камол мерасанд, ки боиси фахри шумо хоҳанд шуд — қиёс кунед бо Масалҳо 27:11.

ҲАНГОМЕ КИ БАЧАҲО БА ФАЛОКАТ МЕАФТАНД

19. Гарчанде ки волидон фарзандро бояд ба роҳе ҳидоят намоянд, ки бо он рафтанаш лозим аст, чӣ масъулияте бар дӯши худи бача аст?

19 Хуб ба ҷо овардани вазифаи волидайнӣ аҳамияти бузург дорад. Ояти Масалҳо 22:6 мегӯяд: «Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад». Лекин оиди бачаҳое, ки қатъи назар аз доштани волидони хуб ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд, чӣ метавон гуфт? Оё чунин шуданаш мумкин аст? Бале. Гуфтаҳои ояти болоро оятҳои атрофи он, ки масъулияти итоат кардани фарзандро таъкид менамоянд, рӯшанӣ меандозанд (Масалҳо 1:8). Ҳам волидону ҳам фарзандон бояд дар бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас ҳамкорӣ намоянд, то дар хона ягонагиву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, вагарна мушкилиҳо ба миён хоҳанд омад.

20. Дар ҳолати бо сабаби кӯтоҳандешӣ хато кардани бачаҳо аз ҷониби волидон чӣ гуна рафтор оқилона мебуд?

20 Муносибати волидон ба ҳолате, ки бача хато карда, ба нохушие дучор мегардад, бояд чӣ гуна бошад? Дар ин вазъ наврас бахусус ба кӯмак эҳтиёҷ дорад. Агар волидон ба назар гиранд, ки бо навраси бетаҷриба сарукор доранд, барояшон мубориза бо майли тундиву воҳимаи аз ҳад зиёд кардан осонтар хоҳад шуд. Павлус ба шахсони рӯҳан баркамоли ҷамоат чунин панд дод: «Агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед» (Ғалотиён 6:1). Волидон низ ба навраси кӯтоҳандешона ба иштибоҳ роҳдода ба ҳамин тариқ муносибат карда метавонанд. Вақте падару модар ба ӯ мефаҳмонанд, ки чаро рафтораш хато асту чӣ гуна аз такрори он парҳез кардан мумкин аст, онҳо бояд ба бача равшан нишон диҳанд, ки на худи ӯ, балки рафторашро бад меҳисобанд — қиёс кунед бо Яҳудо 22, 23.

21. Мувофиқи намунаи ҷамоати ходимони Худо, ҳангоми гуноҳи ҷиддӣ содир кардани касе аз фарзандон рафтори волидон бояд чӣ гуна бошад?

21 Вале агар гуноҳи наврас хеле ҷиддӣ бошад–чӣ? Дар ин ҳолат бача ба ёрии махсусу ҳидояти пуртаҷриба ниёз дорад. Вақте ки ягон аъзои ҷамоат гуноҳи ҷиддие содир мекунад, ӯ ташвиқ мешавад, ки тавба намояд ва барои кӯмак ба пирон муроҷиат кунад (Яъқуб 5:14–16). Баъд аз он ки тавба кард, пирон барои рӯҳан барқарор шуданаш ёрӣ медиҳанд. Дар оила масъулияти кӯмак ба навраси гуноҳкарда бар зиммаи волидон аст, ҳарчанд шояд масъаларо бо пирон муҳокима кардан лозим ояд. Дар сурати гуноҳи ҷиддӣ содир кардани касе аз фарзандон, волидон набояд онро аз шӯрои пирон махфӣ доранд.

22. Агар фарзанд гуноҳи ҷиддие содир кунад, волидон дар пайравӣ ба Яҳува барои нигоҳ доштани чӣ гуна рӯҳия кӯшиш хоҳанд кард?

22 Мушкилии ҷиддие, ки ба сари фарзанд меояд, барои волидон хеле дардовар аст. Аз ошуфтагӣ шояд дар падару модар хоҳиши ба бачаи худсарашон ғазабона таҳдид кардан пайдо гардад, аммо ин амал ӯро бештар ба хашм меорад. Фаромӯш накунед; аз он ки бо навҷавон дар ин давраи бӯҳронии ҳаёташ чӣ гуна муносибат хоҳанд кард, ояндаи ӯ вобаста буда метавонад. Ҳамчунин дар ёд дошта бошед, ки Яҳува тайёр буд, то ҳамин ки қавмаш тавба кунад, гуноҳҳояшро бахшад. Суханҳои пурмеҳри Ӯро бубинед: «Биёед исбот намоем,— мегӯяд Худованд,— агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд» (Ишаъё 1:18). Чӣ намунаи олиест барои волидон!

23. Ҳангоми гуноҳи ҷиддӣ содир кардани яке аз фарзандон, волидон бояд чӣ кор кунанд ва аз чӣ худдорӣ намоянд?

23 Аз ин рӯ, бикӯшед, ки навраси гумроҳшударо барои тағйири рафтораш ташвиқ кунед. Аз волидони пуртаҷриба ва пирони ҷамоат маслиҳати солим биҷӯед (Масалҳо 11:14). Бикӯшед, ки бемулоҳиза амал нанамоед ва бо гуфтор ё рафторе барои фарзандатон роҳи бозгашт ба шуморо мушкил накунед. Аз қаҳру ғазаби боздоштанашавандаву талхзабонӣ парҳез намоед (Қӯлассиён 3:8). Умеди худро зуд гум накунед (1 Қӯринтиён 13:4, 7). Ба бадӣ нафрат намоед, аммо дар айни ҳол нисбати фарзандатон бераҳму сангдил набошед. Муҳимтар аз ҳама, волидон бояд барои намунаи хубе ба фарзандон будан ҷаҳд кунанд ва имони худро нисбати Худо қавӣ нигаҳ доранд.

МУНОСИБАТ БО НАВРАСЕ, КИ ҚАСДАН САРКАШӢ МЕКУНАД

24. Чӣ вазъи мушкиле баъзан дар хонадони ходимони Худо рӯй медиҳад ва рафтори волидон дар ин ҳангом бояд чӣ гуна бошад?

24 Дар баъзе ҳолатҳо ба чашм мерасад, ки наврас қарори қатъии саркашиву исёнкорӣ мекунад ва арзишҳои худоиро тамоман қабул намедорад. Дар ин вазъ бикӯшед, ки таваҷҷӯҳи худро ба нигоҳ доштан ё барқарор намудани некӯаҳволии фарзандони дигар равона кунед. Эҳтиёт бошед, ки тамоми қувваи худро сарфи исёнкор накунед, ки ин беэътиноӣ ба фарзандони дигаратон хоҳад буд. Ба ҷои он ки мушкилиро аз аъзоёни хонавода пинҳон созед, бикӯшед, ки масъаларо бе тафсилоти муфассал бо онҳо муҳокима кунед ва эшонро хотирҷамъ намоед — қиёс кунед бо Масалҳо 20:18.

25. а) Дар пайравӣ ба намунаи тартиботи барои ҷамоати ходимони Худо муқарраршуда, волидоне, ки фарзандашон қасдан исёнкорӣ мекунад, шояд чӣ кор карданашон лозим ояд? б) Агар яке аз фарзандон исёнкор шавад, волидон чиро бояд дар ёд доранд?

25 Юҳаннои расул оиди касе, ки дар ҷамоат исёнкори ислоҳнашаванда мегардад, гуфт: «Варо ба хонаи худ қабул накунед ва ба вай салом надиҳед» (2 Юҳанно 10). Волидон шояд ишғоли чунин мавқеъро нисбати фарзандашон лозим шуморанд, агар ӯ ба синни балоғат расидаву куллан исёнкор шуда бошад. Ҳар қадаре ки ин амал душвору дардовар набошад, баъзан он барои ҳифзи аъзоёни дигари оила лозим аст. Хонаводаатон ба муҳофизату назорати минбаъдаи шумо ниёз дорад. Аз ин рӯ, ба нигоҳ доштани маҳдудиятҳои аниқ муайяншудаву дар айни ҳол оқилонаи рафтор давом диҳед. Бо фарзандони дигар муошират намоед. Ба кору бори онҳо дар мактабу ҷамъомад таваҷҷӯҳ зоҳир кунед. Ҳамчунин, ба онҳо нишон диҳед, ки гарчанде рафтори фарзанди саркаш писандатон нест, ба худи ӯ шумо нафрат надоред. Рафтори бади фарзандро маҳкум кунед, на ӯро. Вақте ки дар натиҷаи рафтори золимона ду писари Яъқуб–пайғамбар ба сари оила фалокат оварданд, ӯ ғазаби бераҳмонаи писаронро лаънат кард, на худи онҳоро — Ҳастӣ 34:1–31; 49:5–7.

26. Ҳангоми исён кардани яке аз фарзандон волидони боинсоф аз чӣ тасаллӣ ёфта метавонанд?

26 Шояд аз вазъияте, ки дар оила ба амал омад, худро гунаҳкор ҳисобед. Лекин агар шумо бо дуо ҳар кори чун волид аз дастатон меомадаро анҷом додед ва то оне ки аз дастатон омад панди Яҳува Худоро иҷро кардед, ба худтанқидкунии беасос дода нашавед. Бигзор шуморо донистани он ки касе падар ё модари комил шуда наметавонад ва шумо то ҳадди имкон барои волиди хуб будан ҷаҳд кардед, тасаллӣ диҳад (қиёс кунед бо Аъмол 20:26). Доштани фарзанди саркаш дар хона — озмоиши сахтест ва агар шумо дар чунин ҳолат ҳастед, мутмаин бошед, ки Худо шуморо мефаҳмад ва ҳаргиз ходимони бовафои худро танҳо намегузорад (Забур 26:10). Бинобар ин, қатъан қарор диҳед, ки хонадонро чун як ошёни рӯҳонии бехатаре барои бақияи фарзандон нигаҳ хоҳед дошт.

27. Масали Исоро дар бораи писари нохалаф дар хотир дошта, волидони фарзанди саркаш ба чӣ ҳамеша умед дошта метавонанд?

27 Беш аз ин, шумо ҳаргиз набояд умедатонро гум кунед. Ҷидду ҷаҳде, ки шумо пеш дар таълиму тарбия карда будед, шояд билохир ба дили фарзанди исёнкор таъсир расонад ва ӯро ба худ орад (Воиз 11:6). Баъзе аз оилаҳои ходимони Худо ба чунин вазъият афтода буданд ва чанде аз онҳо, мисли падар аз масали Исо оиди писари нохалаф, бозгашти фарзандашонро диданд (Луқо 15:11–32). Шояд бо шумо низ ҳамин тавр шавад.