Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ СЕЗДАҲ

Агар оила наздик ба вайрон шудан аст...

Агар оила наздик ба вайрон шудан аст...

1, 2. Агар дар издивоҷ мушкилиҳо вуҷуд дошта бошанд, кадом саволро ба худ бояд дод?

 СОЛИ 1988 зани итолиёие бо номи Лючия гирифтори афсурдарӯҳӣ (депрессия) шуд *. Баъд аз даҳ соли издивоҷ оилаи вай наздик ба вайрон шудан буд. Ӯ чандин бор саъй кард, ки бо шавҳараш оштӣ шавад, вале натиҷае аз ин барнаомад. Аз ин рӯ, Лючия бо сабаби носозгории хулқу атвори ӯву шавҳараш аз вай ҷудо шуд ва акнун бояд ду духтарашро танҳо ба воя мерасонд. Ин давраро ба ёд оварда, Лючия мегӯяд: “Ман мутмаин будам, ки дигар ҳеҷ чиз издивоҷи моро нигаҳ дошта наметавонад”.

2 Агар шумо дар издивоҷатон мушкилиҳо дошта бошед, эҳсосоти Лючия бароятон хеле ошност. Шояд издивоҷатон нобарор аст ва нигоҳ доштани он аз вайронӣ ба назаратон амри маҳол метобад. Агар чунин аст, мулоҳиза оиди саволи зерин бароятон муфид хоҳад буд: “Оё ман ба ҳама маслиҳатҳое, ки Худо дар Китоби Муқаддас барои кӯмак ба хушбахт кардани ҳаёти оилавӣ додааст, пайравӣ кардам?” — Забур 118:105.

3. Гарчанде ки шумораи талоқ меафзояд, ҳамсарони ҷудошуда ва оилаҳои онҳо худро чӣ гуна эҳсос мекунанд?

3 Вақте ки байни зану шавҳар низоъҳои ҷиддӣ сар мезананд, шояд ҷудошавӣ ба назар роҳи осонтарини ҳалли онҳо тобад. Аммо ҳарчанд ки дар кишварҳои зиёд ҷаҳиши бузурге дар шумораи оилаҳои вайроншуда ба чашм мерасад, таҳқиқоти охир нишон медиҳанд, ки аксарияти занону мардони оилаашон пошхӯрда аз ҷудошавӣ пушаймон ҳастанд. Бисёре аз онҳо назар ба ҷуфтҳое, ки ҷудо нашуданд, бештар гирифтори бемориҳои ҷисмию рӯҳиянд. Кӯдаконеро, ки волидонашон аз ҳам ҷудо мешаванд, музтарибиву ошуфтагӣ солҳо тарк намекунанд. Волидону дӯстони ҳамсарони ҷудошуда низ ғам мехӯранд. Аммо Худо, ки Асосгузори оила аст, чӣ назаре ба ин вазъият дорад?

4. Мушкилиҳои издвоҷро чӣ гуна ҳал бояд кард?

4 Ҳамон тавре ки дар бобҳои пешин зикр шуд, мувофиқи нияти Худо пайванди издивоҷ бояд якумрӣ мебуд (Ҳастӣ 2:24). Пас чаро ин қадар издивоҷҳо шикаст мехӯранд? Ин дар як лаҳзаву ногаҳонӣ рӯй намедиҳад. Одатан, аломатҳои огоҳкунанда вуҷуд доранд. Мушкилиҳои хурде торафт бузургтару бузургтар шуда, билохир ба назар ҳалнашаванда метобанд. Вале агар ин мушкилиҳо саривақт бо кӯмаки Китоби Муқаддас ҳал гарданд, вайроншавии бисёри оилаҳоро пешгирӣ метавон кард.

ВОҚЕЪБИН БОШЕД

5. Дар дилхоҳ издивоҷ ба чӣ ҳолати воқеӣ тайёр бояд буд?

5 Баъзан омили ба мушкилӣ баранда интизориҳои ғайривоқеъбинонаи яке ё ҳарду ҳамсарон мебошад. Романҳои ишқӣ, маҷаллаҳои маъруф, барномаҳои телевизионӣ ва филмҳо орзуву умедҳоеро мепарваронанд, ки аз воқеият хеле дуранд. Ва ҳангоме ки чунин орзуҳо амалӣ намегарданд, кас худро фиребёфта, қонеънашуда эҳсос мекунад ва ҳатто азият мекашад. Пас, ду шахси нокомил чӣ гуна дар издивоҷ хушбахтӣ ёфта метавонанд? Барои ба даст овардани муносибатҳои хуби тарафайн ҷидду ҷаҳд дар талаб аст.

6. а) Китоби Муқаддас чӣ назари боэътидоле оиди издивоҷ дорад? б) Баъзе сабабҳои ихтилофот дар издивоҷ кадоманд?

6 Китоби Муқаддас китоби маслиҳатҳои амалист. Он шодиҳоеро, ки издивоҷ бо худ меорад, эътироф мекунад, аммо огоҳ менамояд, ки онҳое ки издивоҷ карданиянд, «дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт» (1 Қӯринтиён 7:28). Ҳамон тавре ки аллакай ишора шуд, ҳамсарон ҳарду нокомиланду гунаҳкорӣ ба ирс бурдаанд. Сохтори равонӣ ва тарбияи ҳар яке аз онҳо бо ҳам фарқ мекунад. Ҷуфти ҳамсарон баъзан дар мавриди пул, фарзандон ё хешовандон бо ҳам мунозира мекунанд. Сарчашмаи душвориҳо ҳамчунин мушкилиҳо дар муносибатҳои ҷинсии зану шавҳар ва ё бо ҳам кам вақт гузаронидани онҳо низ буда метавонад *. Барои ҳал кардани чунин мушкилиҳо вақт лозим аст, аммо рӯҳафтода нашавед! Бисёри ҷуфтҳои издивоҷкарда барои мубориза бо чунин мушкилиҳо қодиранд ва ҳаллеро, ки барои ҳардуяшон қобили қабул бошад, ёфта метавонанд.

МУШКИЛИҲОРО МУҲОКИМА НАМОЕД

7, 8. Агар байни ҳамсарон нофаҳмиҳо ё эҳсосоти озорёфта пайдо гарданд, мувофиқи Китоби Муқаддас ин мушкилиро чӣ гуна ҳал кардан мумкин аст?

7 Барои бисёриҳо ҳангоми гуфтугӯ дар бораи эҳсосоти озорёфтаашон, нофаҳмиҳо ё камбудиҳояшон худро ором нигаҳ доштан душвор аст. Ба ҷои он ки рӯирост бигӯянд: “Ба фикрам маро нафаҳмидед”, баъзан ҳамсарон ба эҳсосот дода шуда, аз пашша фил месозанд. “Ту фақат дар бораи худат фикр мекунӣ”, ё “Ту маро дӯст намедорӣ”,— мегӯянд онҳо дар чунин лаҳзаҳо. Ҳамсар ҳам, бо хоҳиши давом надодани баҳс шояд дар ҷавоб хомӯшӣ ихтиёр намояд.

8 Хеле беҳтар аст, ки аз рӯи панди Китоби Муқаддас амал кунед: «Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад» (Эфсӯсиён 4:26). Аз як ҷуфти ҳамсарон баъд аз 60 соли ҳаёти хушбахтонаи оилавиашон сирри муваффақияти издивоҷашонро пурсон шуданд. Шавҳар ҷавоб дод: “Мо қарор додем, ки ҳаргиз бе он ки ихтилофотамонро ҳал намоем, ба хоб наравем — ҳар қадаре ки онҳо хурд набошанд ҳам”.

9. а) Китоби Муқаддас ба чӣ чун ба ҷузъи муҳими муошират ишора мекунад? б) Чӣ суханеро, ки гуфтанаш фурӯтаниву далерӣ талаб менамояд, ҳамсарон бояд зуд–зуд ба ҳамдигар бигӯянд?

9 Вақте ки фикри зану шавҳар фарқ мекунад, ҳар яке аз онҳо бояд «дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад» (Яъқуб 1:19). Пас аз бодиққат гӯш додан, ҳардуи ҳамсарон шояд фаҳманд, ки бояд узр пурсанд (Яъқуб 5:16). Барои самимона гуфтани “Бубахш, ман туро ранҷондам”, фурӯтаниву далерӣ лозим аст. Аммо бо чунин тариқ ҳал кардани мушкилӣ барои ҳамсарон хеле муфид аст; он на танҳо барои бартараф кардани душворӣ, балки барои инкишофи муносибатҳои гарму самимии байни онҳо мусоидат мекунад, ки бо ҳам буданро барояшон форамтар хоҳад кард.

БАҶООРИИ ВАЗИФАИ ЗАНОШӮӢ

10. Кадом тавсияи ба қӯринтиён додаи Павлус ходимони имрӯзаи Худоро низ ҳифз карда метавонад?

10 Дар нома ба ҷамоати қӯринтиён Павлуси расул насиҳат кард, ки «барои пешгирӣ кардани зино» издивоҷ кунанд (1 Қӯринтиён 7:2). Ҷаҳони имрӯза аз Қӯринти қадим ҳам бадтар аст. Мавзӯъҳои фосиқонае, ки одамони дунёӣ ошкоро дар мавридашон сӯҳбат менамоянд, шакли бешармонаи либоспӯшии онҳо, қиссаҳои шаҳватангезе, ки маҷаллаҳо, китобҳо ва барномаҳои телевизиониву филмҳо аз онҳо пуранд,— ҳама эҳсосоти шаҳвонии нораворо бедор мекунанд. Ба қӯринтиёне, ки дар чунин муҳит зиндагӣ мекарданд, Павлуси расул навишт: «Никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст» — 1 Қӯринтиён 7:9.

11, 12. а) Ҳамсарон байни ҳамдигар чӣ вазифа доранд ва бояд чӣ назаре ба иҷроиши он дошта бошанд? б) Агар аз баҷоории вазифаи ҳамсарӣ муваққатан худдорӣ намудан лозим ояд, ин вазъиятро чӣ гуна ҳал бояд кард?

11 Аз ин рӯ, Китоби Муқаддас ба ходимони издивоҷкардаи Худо амр медиҳад: «Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ» (1 Қӯринтиён 7:3). Аҳамият диҳед, ки додан таъкид мешавад, на талаб кардан. Алоқаи ҷинсӣ дар издивоҷ фақат вақте ҳақиқатан қонеъкунанда аст, ки ҳар яке аз ҳамсарон дар хусуси нафъи дигарӣ фикр мекунад. Масалан, Китоби Муқаддас ба шавҳарон мефармояд, ки бо занонашон «бомулоҳиза» рафтор кунанд (1 Петрус 3:7). Ин бахусус дар мавриди муносибатҳои ҷинсӣ ҳаққ аст. Агар ба зан бо меҳру навозиш муносибат накунанд, аз ин ҷабҳаи издивоҷ лаззат бурдани ӯ зери шубҳа аст.

12 Вақтҳое мешаванд, ки ҳамсарон шояд маҷбуранд алоқаи ҷинсиро рад кунанд. Зан дар рӯзҳои муайяни моҳ, ё вақтҳое, ки хеле хаста мебошад, ҳамин тавр карданаш мумкин аст (қиёс кунед бо Ибодат 18:19). Ё шавҳар низ ҳангоми рӯбарӯгӣ бо мушкилиҳои ҷиддӣ дар ҷои кор ва хастагии сахти равонӣ чунин карда метавонад. Ҳангоми ин гуна худдориҳои муваққатӣ аз иҷро кардани вазифаи заношӯӣ беҳтарин роҳ гуфтугӯи ошкоро ва амал бо «ризогии ҳар ду» аст (1 Қӯринтиён 7:5). Ин ҳар ду ҳамсаронро аз хулосаҳои саросемавори нодуруст нигаҳ медорад. Вале агар зан якравона ба шавҳараш рад намояд ё агар шавҳар қасдан вазифаи ҳамсариро бомуҳаббат иҷро накунад, барои ҳамсар тобоварӣ ба васвасаҳо мушкилтар хоҳад шуд. Дар чунин вазъ дар издивоҷ душвориҳо пайдо шуда метавонанд.

13. Барои пок нигаҳдории афкори худ ходимони Худо чӣ кор карда метавонанд?

13 Мисли ҳама ходимони Худо, шахсони издивоҷкардае, ки мувофиқи аҳкоми Илоҳӣ зиндагӣ мекунанд, бояд аз ҳар филму адабиёти порнографӣ, ки дар инсон хоҳишҳои нопоку ғайритабиӣ ба вуҷуд меоранд, парҳез намоянд (Қӯлассиён 3:5). Ҳамчунин онҳо бояд фикру амалҳои худро ҳангоми муносибат бо ҷинси муқобил санҷанд ва идора кунанд. Исо огоҳ намуда буд: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Матто 5:28). Бо иҷроиши ҳукми Китоби Муқаддас оиди алоқаи ҷинсӣ, ҳамсарон бар васвасаҳо ғолиб омада, зино нахоҳанд кард. Онҳо баҳра бурдан аз муносибатҳои маҳрамона дар издивоҷро давом дода, онро чун як атои Асосгузори издивоҷ — Яҳува Худо қадр хоҳанд намуд — Масалҳо 5:15–19.

АСОСҲОЕ, КИ КИТОБИ МУҚАДДАС БАРОИ ТАЛОҚ МЕДИҲАД

14. Кадом вазъиятҳои ошуфтаангезе баъзан рӯй медиҳанд? Чаро?

14 Хушбахтона, дар аксарияти оилаҳое, ки ҳамсарон дар онҳо ходимони Худоянд, ҳар мушкилие, ки пеш наояд, ҳал мешавад. Аммо гоҳе воқеият дигар аст. Азбаски одамон нокомиланду дар дунёи пур аз гуноҳу зердасти Шайтон буда зиндагӣ мекунанд, баъзе издивоҷҳо дар марзи шикастанд (1 Юҳанно 5:19). Ходимони Худо чӣ гуна аз чунин вазъиятҳои мушкил баромада метавонанд?

15. а) Ягона сабабе, ки Китоби Муқаддас барои талоқу издивоҷи нав раво медонад, кадом аст? б) Чаро баъзеҳо бо ҳамсари хиёнаткарда ҷудо нашуданро қарор мекунанд?

15 Ҳамон тавре ки дар боби 2–юми китоби мазкур зикр шуд, мувофиқи Китоби Муқаддас зино ягона сабабест, ки барои талоқу издивоҷи нав иҷозат медиҳад * (Матто 19:9). Агар шумо далелҳои аниқ дошта бошед, ки ҳамсаратон зино кардааст, пас дар рӯбарӯгии қарори мушкиле меистед. Издивоҷро нигаҳ медоред, ё қарори талоқ мекунед? Ин ҷо қоидаи муайяне нест. Баъзе ходимони Худо ҳамсари сидқан тавбакардаашонро бахшиданд ва издивоҷи нигаҳдоштаашон баъдан хуб буд. Дигарон ба хотири фарзандон ҷудо намешаванд.

16. а) Баъзе омилҳое, ки бархе аз касони ҳамсарашон хиёнаткардаро ба талоқ бармеангезанд, кадоманд? б) Ҳангоме ки ҳамсари бегуноҳ қарори талоқ ё нигаҳ доштани издивоҷро мекунад, чаро касе набояд амали ӯро танқид намояд?

16 Аз ҷониби дигар, шояд зино ба ҳомиладорӣ ё мубталогӣ ба бемории бо алоқаи ҷинсӣ гузаранда анҷом ёфта бошад. Ё шояд фарзандон ба ҳимоя аз таҷовузи ҷинсии волиди бадахлоқ ниёз дошта бошанд. Равшан аст, ки пеш аз қарордод бисёр омилҳоро мулоҳиза бояд кард. Вале агар шумо аз хиёнати ҳамсаратон хабар ёфтед ва баъд аз он бо ӯ муносибати ҷинсиро барқарор кардед, ин нишон медиҳад, ки шумо ӯро бахшидед ва хоҳиши нигаҳ доштани издивоҷатонро доред. Дар ин ҳолат барои талоқе, ки пас аз он мувофиқи Китоби Муқаддас издивоҷи нав мумкин бошад, дигар асос вуҷуд надорад. Касе набояд кунҷкобию хирагӣ ва ба қароркунии шумо дахолат намояд, ё баъд аз қабули қарор онро танқид кунад. Ин шумоед, ки бояд бо натиҷаҳои қарори қабулкардаатон зиндагӣ кунед. «Ҳар кас бори худро хоҳад бардошт» — Ғалотиён 6:5.

АСОСҲО БАРОИ ЗИНДАГИИ ҶУДОГОНА

17. Ҳангоми бе мавҷудияти зино талоқгирӣ ё ҷудо зиндагӣ кардан, мувофиқи Китоби Муқаддас ҳамсарон ба чӣ ҳуқуқ надоранд?

17 Оё ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки зиндагии ҷудогона бо ҳамсар ё шояд талоқ бо ӯро, ҳатто дар сурати зино накарданаш мумкин месозанд? Бале, вуҷуд доранд, аммо дар ин ҳолатҳо ходими Худо ҳуқуқи ҷустани ҳамсари навро надорад (Матто 5:32). Китоби Муқаддас ҳангоми иҷозаи чунин ҷудоӣ, шарт мегузорад, ки шахси ҷудошуда «бояд муҷаррад бимонад» ё бо ҳамсараш «оштӣ шавад» (1 Қӯринтиён 7:11). Баъзе аз ҳолатҳои шадиде, ки зиндагии ҷудогонаи ҳамсаронро раво месозанд, кадоманд?

18, 19. Баъзе аз ҳолатҳои шадиде, ки ҳамсарро ба мулоҳиза оиди афзалияти зиндагии ҷудогона бурда метавонанд, кадоманд (ҳарчанд ки дар ин ҳолат ӯ ҳуқуқи аз нав издивоҷ карданро нахоҳад дошт)?

18 Оила метавонад бо сабаби танбалии нописандона ва одатҳои бади шавҳар қашшоқ шавад *. Шояд ӯ даромади оиларо дар қиморбозӣ бой медиҳад ё ба нашъамандиву майхорагӣ сарф мекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар касе ба ... аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст» (1 Тимотиюс 5:8). Агар чунин шахс тарзи зиндагиашро тағйир додан нахоҳад ва ҳатто ба корҳои бади худ пулҳои занаш коркардаро сарф намояд, шояд зан барои ҳимояи беҳбудии худу фарзандон зиндагии ҷудогонаро интихоб кунад. Дар баъзе кишварҳо ҳатто қонунан ин корро кардан мумкин аст.

19 Ин қарор ҳамчунин метавонад дар ҳолате қабул гардад, ки яке аз ҳамсарон нисбати дигараш аз ҳад бераҳмона рафтор намояд, ӯро такроран чунон занад, ки ин бар саломатӣ ва ҳатто ҳаёти ҳамсар таҳдид кунад. Ғайр аз ин, агар яке аз ҳамсарон доимо дигариро бо ин ё он роҳ ба шикастани қонуни Худо водор намояд, хусусан вақте ки вазъи рӯҳонии ҳамсари ҷабрбинанда дар хатар афтад, оиди зиндагии ҷудогона мулоҳиза метавон кард. Ҳамсаре, ки зери таҳдид аст, шояд ба хулоса ояд, ки ягона роҳи иҷрои амри «ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод», зиндагии ҷудогона аст — Аъмол 5:29.

20. а) Агар издивоҷ дар марзи шикаст бошад, дӯстони рӯҳан баркамол ва пирон чӣ пешкаш карда метавонанд ва чиро набояд пешниҳод кунанд? б) Барои шахсони дар издивоҷбуда бо кадом мақсад истифода бурдани оятҳои Китоби Муқаддас оиди зиндагии ҷудогона ва талоқ мумкин нест?

20 Дар ҳама ҳолатҳои муносибати аз ҳад бераҳмонаи яке аз ҳамсарон, касе набояд ба ҳамсари дигарии бегуноҳ фишор орад, ки бо ҳамсараш ҷудо шавад, ё баръакс бо ӯ бимонад. Ҳарчанд ки дӯстони рӯҳан баркамолу пирон дастгириву пандҳои дар Китоби Муқаддас асосёфтаро пешниҳод мекунанд, барои онҳо ҳама ҷузъиёте, ки байни зану шавҳар рӯй медиҳанд, номаълуманд. Танҳо Яҳува инро медонад. Албатта, зане ки ходими Худост, агар баҳонаҳову узрҳои беасосро барои хотима додан ба издивоҷ истифода барад, ин беҳурматӣ нисбати қарордоди Худо оиди издивоҷ мебуд. Аммо агар дар оила вазъ хатаровар мондан гирад, касе набояд занро барои интихоби ҷудошавӣ кардааш танқид кунад. Айнан ҳамин чизҳоро дар бобати марде метавон гуфт, ки ходими Худост ва интихоби ҷудошавӣ мекунад. «Ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд» — Румиён 14:10.

ЧӢ ТАВР ОИЛАИ НАЗДИК БА ВАЙРОНШАВӢ НИГАҲ ДОШТА ШУД

21. Кадом намуна нишон медиҳад, ки бакорбарии пандҳои Китоби Муқаддас дар издивоҷ кӯмаккунандаанд?

21 Пас аз 3 моҳи он ки Лючияи дар аввали боб ёдоваршуда шавҳарашро тарк кард, ӯ ба Шоҳидони Яҳува вохӯрд ва бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро шурӯъ намуд. “Ба тааҷҷуби бузурги ман, Китоби Муқаддас ҳалли амалии мушкилии маро пешниҳод мекард,— нақл намуд ӯ.— Пас аз фақат як ҳафтаи омӯзиш, ман хостам фавран бо шавҳарам оштӣ шавам. Имрӯз метавонам бигӯям, ки Яҳува медонад чӣ тавр оилаҳоро аз бӯҳронҳояшон халос кунад, зеро таълимоти вай ба ҳамсарон кӯмак менамоянд, ки эҳтиром кардани ҳамдигарро ёд гиранд. Ноҳаққанд онҳое, ки ба гуфташон Шоҳидони Яҳува гӯё оилаҳоро ҷудо мекарда бошанд. Дар мавриди ман, айнан баръакси ин шуд”. Лючия дар ҳаёти хеш ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд гирифт.

22. Ба чӣ тамоми ҳамсарон эътимоди комил дошта метавонанд?

22 Лючия ягона нест. Издивоҷ бояд баракат бошад, на бори гарон. Барои ин, Яҳува манбаи беҳтарини пандҳо оиди издивоҷро пешниҳод намуд, ки он Каломи бебаҳои Ӯст. Китоби Муқаддас «нодонро доно мегардонад» (Забур 18:8–12). Ин китоб издивоҷҳои зиёдеро аз шикаст нигаҳ дошт ва бисёри дигари онҳоро, ки мушкилиҳои ҷиддӣ доштанд, беҳтар намуд. Бигзор ҳама ҷуфтҳои издивоҷкарда бар пандҳое, ки Яҳува Худо ба оилаҳо медиҳад, эътимод кунанд. Онҳо дар ҳақиқат кӯмакрасонанд!

^ Ном ивазшуда аст.

^ Баъзе аз ин мавзӯъҳо дар бобҳои пешин муҳокима шудаанд.

^ Калимае, ки дар Китоби Муқаддас «зино» тарҷума шудааст, хиёнати ҳамсарӣ, гомосексуализм, ҷимоъ бо ҳайвон ва ҳар амали норавои истифодаи узвҳои ҷинсиро дар бар мегирад.

^ Ба ин ҳолатҳо вазъиятҳое, ки шавҳар хоҳиши коркунӣ дорад, аммо бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда, масалан беморӣ ё наёфтани ҷои кор оиларо таъмин карда наметавонад, дохил намешаванд.