Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 2

Мактуб аз Худои меҳрубон

Мактуб аз Худои меҳрубон

 БА ТУ кадом китоб аз ҳама бисёртар маъқул аст? ~ Ба баъзе кӯдакон китобҳое маъқуланд, ки дар бораи ҳайвонҳо нақл мекунанд. Дигарон бошанд, китобҳои расмдорро дӯст медоранд. Хондани ин хел китобҳо хурсандиовар аст.

2 Вале аз ҳама китобҳои беҳтарин дар ҷаҳон ин китобҳое мебошанд, ки ҳақиқатро дар бораи Худо ба мо нақл мекунанд. Лекин аз ҳамаи ин китобҳо яктояш қиматбаҳотар мебошад. Ту медонӣ, ки ин кадом китоб аст? ~ Ҳа, Китоби Муқаддас.

3 Барои чӣ Китоби Муқаддас ин қадар муҳим аст? ~ Барои он ки ин китобро ба мо Худо додааст. Ин китоб дар бораи Худо ва ҳамаи корҳои хубе, ки Ӯ барои мо карданӣ аст, нақл мекунад. Дар он инчунин фаҳмонда мешавад, ки барои Ӯро хурсанд кардан мо бояд чӣ кор кунем. Китоби Муқаддасро мактуби Худо номидан мумкин аст.

4 Худо метавонист Китоби Муқаддасро дар осмон худаш нависад ва баъд онро ба одамон фирсонад. Лекин Ӯ ин тавр накард. Дар навиштани қисми зиёди Китоби Муқаддас Худо хизматгорони заминиашро истифода бурд. Ва онҳо фикрҳои худашонро неву фикрҳои Ӯро навиштанд.

5 Чӣ тавр нависандагон фикри Худоро фаҳмида метавонистанд? ~ Барои инро фаҳмидан, биё мисолеро дида мебароем. Вақте ки мо радио гӯш мекунем, мо овози шахсонеро, ки аз ҷои дур гап мезанад, мешунавем. Ҳангоми тамошои телевизор бошад, мо ҳам овози одамонро мешунавем ва ҳам худи онҳоро мебинем, нигоҳ накарда ба он ки онҳо мумкин дар мамлакати дигаранд.

6 Бо киштиҳои кайҳонӣ одамон ҳатто ба Моҳ мепарранд ва аз он ҷо ба Замин хабар фирсонда метавонанд. Ту инро медонистӣ? ~ Агар одамон инро карда тавонанд, магар Худо аз осмон хабар фирсонда наметавонад? ~ Албатта, метавонад! Ва Ӯ инро дар замонҳои қадим, вақте ки одамон радио ва телевизор надоштанд, мекард.

Аз куҷо мо медонем, ки Худо аз ҷои дур бо одамон гап зада метавонад?

7 Як марде, ки овози Худоро шунида буд, Мусо ном дошт. Мусо Худоро дида наметавонист, лекин вай овози Ӯро шунид. Вақте ки Худо бо Мусо гап зад, миллионҳо одамон дар пеши ӯ буданд. Дар он вақт раъду барқ шуд ва кӯҳ ба ҷунбиш даромад. Одамон медонистанд, ки Худо гап зада истодааст, лекин онҳо ба тарсу ваҳм афтиданд. Барои ҳамин онҳо ба Мусо гуфтанд: «Худо бо мо гап назанад, то мабодо намурем». Баъдтар, Мусо чизҳоеро, ки Худо ба ӯ гуфт, навишт. Ва суханони навиштаи ӯ дар Китоби Муқаддас ҷой доранд (Хуруҷ 20:18–21).

8 Панҷ китоби аввали Китоби Муқаддасро Мусо навишт. Лекин ғайр аз Мусо дигарон низ дар навиштани Китоби Муқаддас иштирок карда буданд. Худо қариб 40 мардро барои навиштани қисмҳои Китоби Муқаддас истифода бурд. Ин мардон дар замонҳои қадим зиндагӣ мекарданд. Ва то пурра навишта шудани Китоби Муқаддас солҳои зиёде гузаштанд. Он дар давоми қариб 1 600 сол навишта шуд. Аҷибаш ин аст, ки гарчанд баъзеи ин мардон якдигарро намешинохтанд, чизҳои навиштаи онҳо бо ҳам пурра мувофиқанд.

Номи ин нависандагони Каломи Худо чист?

9 Баъзе мардоне, ки Худо онҳоро дар навиштани Китоби Муқаддас истифода мебурд, шахсони машҳур буданд. Масалан, нигоҳ накарда ба он ки Мусо чӯпон буд, вай роҳбари халқи Исроил шуд. Шоҳ Сулаймон бошад, шахси донотарин ва бойтарини ҷаҳон буд. Вале дигар мардоне, ки дар навиштани Китоби Муқаддас иштирок мекарданд, он қадар номдор набуданд. Масалан, Омӯс дарахтеро, ки мевааш ба анҷир монанд аст, нигоҳубин мекард.

10 Як нависандаи Китоби Муқаддас духтур буд. Ту номи ӯро медонӣ? ~ Номи ӯ Луқо буд. Нависандаи дигари он боҷгир буд, яъне шахсе, ки бояд аз халқ барои подшоҳ пул ҷамъ мекард. Ӯ Матто ном дошт. Боз як нависандаи Китоби Муқаддас ҳуқуқшинос буд, ки қонуни дини яҳудиро нағз медонист. Вай назар ба дигар нависандагони Китоби Муқаддас бисёр китобҳои онро навишта буд. Ту номи ӯро медонӣ? ~ Номи ӯ Павлус аст. Ва ҳамчунин шогирдони дигари Исо — Петрус ва Юҳанно, ки моҳигир буданд, дар навиштани Китоби Муқаддас иштирок карданд.

11 Бисёри ин одамон дар бораи он чизҳое навишта буданд, ки Худо дар оянда карданӣ аст. Лекин онҳо аз куҷо фаҳмиданд, ки чӣ рӯй медиҳад? ~ Ҳамаашро Худо ба онҳо гуфт.

12 Вақте ки Исо, Устоди Бузург, дар замин буд, қисми зиёди Китоби Муқаддас аллакай навишта шуда буд. Ба ёд ор, ки Устоди Бузург пеш дар осмон зиндагӣ мекард ва ӯ ҳама корҳои Яҳуваро дида буд. Оё ӯ боварӣ дошт, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст? ~ Ҳа, албатта!

13 Вақте ки Исо дар бораи корҳои Худо ба одамон нақл мекард, ӯ Китоби Муқаддасро истифода мебурд. Баъзан ӯ оятҳои Китоби Муқаддасро ба одамон аз ёд мегуфт. Ҳамчунин Худо ба воситаи Исо ба одамон боз чизҳои бисёрро мефаҳмонд. Исо гуфт: «Ман ҳар чи аз Худо шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям» (Юҳанно 8:26). Исо дар осмон бо Худо зиндагӣ мекард, барои ҳамин вай бисёр чизҳоро аз Ӯ шунида буд. Дар бораи он чизҳое, ки Исо нақл мекард, мо аз куҷо хонда метавонем? ~ Ҳа, суханони Исо дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд ва мо онҳоро аз он хонда метавонем.

14 Албатта нависандагони аз тарафи Худо интихобшуда Китоби Муқаддасро бо забони модарии худ навиштанд. Барои ҳамин қисми зиёди Китоби Муқаддас ба забони ибронӣ, баъзеаш ба забони арамӣ ва қисми боқимондааш ба забони юнонӣ навишта шуда буд. Азбаски имрӯз бештари одамон ба ин забонҳо хонда наметавонанд, Китоби Муқаддас ба дигар забонҳо тарҷума шудааст. Имрӯз қисмҳои Китоби Муқаддас ба зиёда аз 2 260 забон тарҷума гардидааст. Тасаввур кун, ки чӣ қадар шумораи зиёд аст ин! Китоби Муқаддас ин мактуби Худо ба ҳамаи одамон мебошад. Ва нигоҳ накарда ба он ки Китоби Муқаддас ба забонҳои бисёр тарҷума шудааст, он то ҳол Каломи Худо мебошад.

15 Ҳар он чизе ки Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд муҳим аст. Ин китоб дар давраи қадим навишта шуда буд. Аммо дар он оиди чизҳое, ки имрӯз рӯй дода истодаанд, навишта шудааст. Дар он боз гуфта мешавад, ки Худо дар ояндаи наздик чӣ кор карданӣ аст. Чӣ хабари хурсандиовар навишта шудааст дар он! Ин китоб ба мо умеди олиҷанобе медиҳад.

Аз хондани Китоби Муқаддас ту чиро ёд гирифта метавонӣ?

16 Аз Китоби Муқаддас мо ҳамчунин мефаҳмем, ки барои хурсанд кардани Худо мо бояд чӣ хел зиндагӣ кунем. Дар он фаҳмонда мешавад, ки чӣ хуб аст ва чӣ бад. Ва донистани ин ба ҳар яки мо хеле муҳим аст. Дар Китоби Муқаддас дар бораи одамоне, ки корҳои бад карданду баъд бо онҳо чӣ рӯй дод, нақл карда мешавад. Ҳамаи ин ба мо кӯмак мекунад, то ба нохушиҳое, ки ба сари ин одамон омаданд, наафтем. Китоби Муқаддас инчунин ба мо дар бораи одамоне нақл мекунад, ки дуруст рафтор мекарданд ва ин ба онҳо фоида меовард. Ҳа, ҳамаи он чизе, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, бисёр фоиданок аст.

17 Лекин барои аз Китоби Муқаддас фоидаи бештар гирифтан, ба мо донистани як чиз лозим аст. Китоби Муқаддасро ба мо кӣ додааст? Ту чӣ фикр мекунӣ? ~ Бале, Китоби Муқаддасро ба мо Худо додааст. Ва мо чӣ хел нишон дода метавонем, ки дар ҳақиқат одамони боақлу доноем? ~ Вақте ки ба гуфтаҳои Худо гӯш медиҳем ва мувофиқи гуфтаҳои Ӯ рафтор мекунем.

18 Мо бояд барои ҳамроҳ хондани Китоби Муқаддас вақт ҷудо кунем. Масалан, вақте ки мо аз одаме, ки сахт нағз мебинем, мактуб мегирем, мо онро гаштаву баргашта мехонем, зеро он бароямон азиз аст. Бо Китоби Муқаддас низ мо бояд чунин кунем, чунки ин мактуб аз Шахсе мебошад, ки моро хеле дӯст медорад. Ин мактуб аз Худои меҳрубон аст.

Ҳоло бошад, оятҳои Румиён 15:4; 2 Тимотиюс 3:16, 17 ва 2 Петрус 1:20, 21-ро хон ва бин, ки Китоби Муқаддас дар ҳақиқат ба фоидаи мо навишта шудааст.