Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 25

Оё онҳое, ки корҳои бад мекунанд, ислоҳ шуда метавонанд?

Оё онҳое, ки корҳои бад мекунанд, ислоҳ шуда метавонанд?

 БА ФИКРИ ТУ, агар одамон ҳама вақт кори нағз мекарданд, он вақт ҳаёт чӣ хел мешуд? ~ Лекин, афсӯс, касе нест, ки ҳама вақт кори нағз кунад. Баъзан мо корҳои бад мекунем, ҳарчанд мехоҳем, ки кори нағз кунем. Оё медонӣ барои чӣ? ~ Барои он ки ҳамаи мо гунаҳкор таваллуд мешавем. Лекин баъзе одамон бисёр вақт ба корҳои бад даст мезананд. Онҳо дигаронро чашми дидан надоранд ва дидаю дониста ба онҳо зарар мерасонанд. Ба фикри ту, оё ин хел одамон метавонанд ислоҳ шуда, нағзӣ карданро ёд гиранд? ~

2 Ба расм нигоҳ кун. Дар он ту мебинӣ, ки одамон яке аз шогирдони Исо — Истефанусро сангсор карда истодаанд. Марде, ки дар назди либоси ин одамон истодааст, Шоул мебошад. Номи румии вай Павлус аст. Ӯ хурсанд аст, ки ин мардон Истефанусро кушта истодаанд. Биё мефаҳмем, ки барои чӣ Шоул ин кори бадро дастгирӣ мекунад.

3 Шоул, аз як гурӯҳи диние мебошад, ки фарисиён ном доранд. Ба фарисиён Каломи Худоро дастрас аст, лекин онҳо бисёртар ба гуфтаҳои баъзе аз сарварони диниашон гӯш мекунанд. Ва ана ҳамин Шоулро ба кардани корҳои бад тела медиҳад.

4 Вақте ки Истефанусро дар Ерусалим дастгир карданд, Шоул дар он ҷо буд. Истефанусро ба пеши судяҳо, ки баъзеашон фарисӣ буданд, бурданд. Нигоҳ накарда ба он ки дар бораи Истефанус бисёр чизҳои бад гуфтанд, вай ба тарс дода нашуд. Ӯ рӯирост гап зада, ба судяҳо дар бораи Яҳува ва Исо чизҳои бисёрро нақл кард.

5 Лекин ба судяҳо суханони Истефанус маъқул нашуданд. Онҳо аллакай дар бораи Исо бисёр чизро медонистанд. Каме пеш аз ин, бо фармони онҳо Исо кушта шуда буд. Лекин Яҳува ӯро аз нав зинда кард ва ба осмон гирифт. Ҳоло бошад, ба ҷои он ки ислоҳ шаванд, ин судяҳо бар зидди шогирдони Исо мебароянд.

6 Судяҳо Истефанусро гирифта аз шаҳр берун бароварданд. Онҳо ӯро зада аз пой афтонданд ва сангсор карданд. Ва чӣ хеле ки дар расм мебинӣ, Шоул дар он ҷо истода ҳамаи инро тамошо мекунад. Вай фикр мекунад, ки куштани Истефанус дуруст аст.

Барои чӣ Шоул фикр мекунад, ки куштани Истефанус дуруст аст?

7 Оё медонӣ, ки барои чӣ вай ин хел фикр мекунад? ~ Тамоми умраш Шоул фарисӣ буд ва боварӣ дошт, ки он чизе, ки фарисиён таълим медиҳанд, дуруст аст. Онҳо барои Шоул намунаи ибрат буданд ва вай мисли онҳо рафтор мекард (Аъмол 7:54–60).

8 Баъди кушта шудани Истефанус Шоул чӣ кор мекунад? ~ Вай аз паи он мешавад, ки ҷазои дигар шогирдони Исоро ҳам диҳад. Шоул рост ба хонаи онҳо меравад ва ҳам зану ҳам мардро кашолакунон аз хонаҳояшон мебарорад ва баъд ба ҳабсхона мебарад. Бисёри шогирдони Исо маҷбур мешаванд, ки аз Ерусалим баромада раванд, лекин онҳо дар бораи Устоди Бузург нақл карданро бас намекунанд (Аъмол 8:1–4).

9 Аз ин сабаб Шоул шогирдони Исоро боз ҳам бисёртар бад мебинад. Ва ӯ ба пеши саркоҳин Қаёфо рафта иҷозат мепурсад, ки масеҳиёнро дар шаҳри Димишқ дастгир кунад. Шоул мехоҳад, ки онҳоро дастгир карда ба Ерусалим барад, то онҳо дар он ҷо ҷазо дода шаванд. Лекин дар роҳ як чизи аҷоибе рӯй медиҳад.

Кӣ бо Шоул гап зада истодааст ва ӯ ба Шоул чӣ мегӯяд?

10 Аз осмон нуре медурахшад ва овозе чунин мегӯяд: «Шоул, Шоул, барои чӣ ту маро азоб медиҳӣ?» Ин суханонро аз осмон худи Исо мегӯяд! Нур чунон баланд медурахшад, ки аз ин чашмони Шоул кӯр мешаванд. Ва ба ҳамроҳонаш лозим меояд, ки худашон ӯро гирифта ба Димишқ баранд.

11 Баъди се рӯз Исо аз осмон бо яке аз шогирдонаш, ки дар Димишқ зиндагӣ мекунад, гап мезанад. Номи ин шогирд Ҳанониё аст. Исо ба ӯ мегӯяд, ки ба назди Шоул рафта чашмонашро сиҳат кунад ва бо вай гап занад. Шоул ба суханони Ҳанониё гӯш медиҳад ва ҳақиқатро дар бораи Исо қабул мекунад. Акнун чашмони Шоул мисли пештара бино мешаванд. Ҳаёти Шоул тамоман дигар мешавад ва ӯ яке аз хизматгорони содиқу бовафои Худо мешавад (Аъмол 9:1–22).

12 Акнун ту мефаҳмӣ, ки барои чӣ Шоул корҳои бад мекард? ~ Барои он ки ба вай устодонаш нодуруст таълим дода буданд. Вай ба одамоне пайравӣ мекард, ки ба Худо содиқу вафодор набуданд. Ин шахсон гуфтаҳои одамонро аз гуфтаҳои Худо боло мегузоштанд. Лекин барои чӣ Шоул ҳаёташро дигар кард ва корҳои бадашро партофт? Охир, он вақт дигар фарисиён азоб додани шогирдони Исоро давом медоданд-ку? ~ Барои он ки Шоул нисбати ҳақиқат бадбинӣ надошт. Вақте ба вай фаҳмонданд, ки чӣ тавр рафтор кардан дуруст аст, вай даррав ҳамин хел рафтор мекардагӣ шуд.

13 Оё ту медонӣ, ки баъдтар бо Шоул чӣ шуд? ~ Ҳа, вай яке аз ҳаввориёни Исо шуд ва мо ӯро чун Павлус мешиносем. Ва чӣ хеле ки мо медонем, Павлус назар ба дигар нависандагони Китоби Муқаддас қисмҳои бисёртари онро навиштааст.

14 Дигар одамон ҳам мисли Шоул ислоҳ шуда метавонанд. Лекин ин осон нест, чунки як шахс сахт кӯшиш мекунад, ки одамонро ба кори бад тела диҳад. Ба фикри ту, ин кист? ~ Исо дар бораи вай дар роҳи Димишқ гап зада буд. Он вақт Исо ба Шоул аз осмон гуфт: «Ман туро ба пеши одамон мефирсонам, то ки ту чашмони онҳоро кушоӣ ва онҳоро аз торикӣ ба рӯшноӣ барорӣ ва аз таъсири Шайтон озод карда сӯи Худо барӣ» (Аъмол 26:17, 18).

15 Ҳа, шахсе, ки моро ба кардани корҳои бад тела медиҳад, Шайтон аст. Оё ту ҳис мекунӣ, ки баъзан кардани кори дуруст душвор аст? ~ Ҳамаи мо баъзан ин хел ҳис мекунем. Ҳа, Шайтон ба ҳамаи мо халал мерасонад, ки дуруст рафтор кунем. Лекин боз як сабаби дигаре ҳаст, ки барои кардани корҳои дуруст ба мо халал мерасонад. Ту онро медонӣ? ~ Сабаби дигар он аст, ки ҳамаи мо гунаҳкор таваллуд мешавем.

16 Бисёр вақт маҳз аз сабаби гунаҳкор буданамон ба мо назар ба кардани кори дуруст, кардани кори нодуруст осонтар аст. Пас мо бояд чӣ кор кунем? ~ Ҳа, мо бояд барои дуруст рафтор кардан мубориза барем, яъне ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Вақте ки мо ин хел мекунем, Исо ба мо ёрдам мекунад. Барои чӣ мо бо боварӣ чунин гуфта метавонем? Барои он ки ӯ моро дӯст медорад.

17 Вақте ки Исо дар замин буд, вай бо одамоне, ки пештар ба корҳои бад даст зада буданду баъд ислоҳ шуданд, меҳрубонона рафтор мекард. Вай медонист, ки ислоҳ шудан барои онҳо чӣ қадар душвор буд! Масалан, занҳое буданд, ки бо мардони бисёр алоқаи ҷинсӣ мекарданд. Ва ин рафтори онҳо, албатта, бад буд. Китоби Муқаддас ин хел занҳоро фоҳиша меномад.

Барои чӣ Исо ин занро, ки пеш корҳои бад мекард, бахшид?

18 Боре, вақте ки Исо дар хонаи як фарисӣ буд, зани фоҳишае ба дидани вай омад. Ин зан овозаи ӯро шунида буд. Дар хонаи фарисӣ зан гирякунон ба пойҳои Исо равған молид ва бо мӯйҳояш ашкашро аз пойҳои ӯ пок кард. Зани фоҳиша аз гуноҳҳои кардааш сахт пушаймон буд, барои ҳамин Исо ӯро бахшид. Лекин фарисиён фикр мекарданд, ки ин занро бахшидан лозим нест (Луқо 7:36–50).

19 Оё ту медонӣ, ки Исо ба баъзеи он фарисиён чӣ гуфт? ~ Ӯ ба онҳо гуфт: «Фоҳишаҳо пеш аз шумо ба Салтанати Худо медароянд» (Матто 21:31). Исо барои он ин хел гуфт, ки фоҳишаҳо ба вай имон оварданд ва корҳои бадашонро партофтанд. Фарисиён бошанд, дар ҳаққи шогирдони Исо кардани корҳои бадро давом медоданд.

20 Пас, агар Китоби Муқаддас гӯяд, ки ин ё он корамон нодуруст аст, мо бояд барои ислоҳ шудан тайёр бошем. Беш аз ин, вақте мефаҳмем, ки Яҳува аз мо чиро интизор аст, мо бояд бо хоҳиши сахт ин корро кунем. Он вақт Яҳува хурсанд мешавад ва ба мо ҳаёти беохирро медиҳад.

Биё якҷоя аз ин оятҳо мефаҳмем, ки чӣ тавр мо аз корҳои бад дурӣ ҷуста метавонем: Забур 118:9–11 ва Масалҳо 3:5–7; 12:15.