Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 28

Мо бояд ба кӣ итоат кунем?

Мо бояд ба кӣ итоат кунем?

 БАЪЗАН фаҳмидани он ки мо бояд ба кӣ итоат кунем, душвор аст. Мумкин падар ё модарат аз ту як чизро талаб мекунанд, лекин муаллим ё милиса чизи дигарро. Агар ин хел шавад, ту бояд ба кадоми онҳо итоат кунӣ? ~

2 Дар боби 7-уми ин китоб суханони ояти Эфсӯсиён 6:1–3 оварда шуда буданд. Он ҷо гуфта мешавад, ки фарзандон бояд падару модарашонро гӯш кунанд. Мо мехонем: «Ба падару модари худ дар Худованд итоат кунед». Оё ту мефаҳмӣ, ки «дар Худованд» итоат кардан чӣ маъно дорад? ~ Ин маънои онро дорад, ки вақте падару модарат ба ту ба Худо итоат карданро ёд медиҳанд, ту бояд онҳоро гӯш кунӣ.

3 Лекин баъзе калонсолон ба Яҳува итоат намекунанд. Пас агар ягон нафари онҳо гӯяд, ки дар имтиҳону корҳои хаттӣ рӯбардор кардан мумкин аст ё аз мағоза бепул гирифтани чизе ягон бадӣ надорад, он гоҳ-чӣ? Оё дуруст аст, ки кӯдак фиребгарӣ кунад ё ба дуздӣ даст занад? ~

4 Ба хотир биёр, ки боре шоҳ Набукаднесар фармон дод, ки ҳама ба ҳайкали тиллоии сохтааш саҷда кунанд. Лекин Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ин корро накарданд. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ? ~ Барои он ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки одамон бояд танҳо Яҳуваро ибодат кунанд (Хуруҷ 20:3; Матто 4:10).

Петрус ба Қаёфо чӣ мегӯяд?

5 Баъди мурдани Исо ҳаввориёни ӯро ба пеши шӯрои пирон, яъне суди олии яҳудиён бурданд. Саркоҳин Қаёфо ба онҳо гуфт: «Оё ба шумо ба таври қатъӣ нагуфтем, ки ба номи Исо таълим надиҳед? Шумо бошед, Ерусалимро бо таълимоти худ пур кардаед». Барои чӣ ҳаввориён ба фармони саркоҳин гӯш накарданд? ~ Петрус аз номи ҳамаи ҳаввориён ба Қаёфо ҷавоб дод: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:27–29).

6 Он замонҳо сарварони дини яҳудӣ қудрат ва обрӯю эътибори калон доштанд. Лекин мамлакати онҳо зери ҳокимияти Рум буд. Подшоҳи Румро қайсар мегуфтанд. Ҳарчанд яҳудиён намехостанд, ки қайсар бар онҳо подшоҳӣ кунад, ба ҳар ҳол ҳокимияти Рум барои онҳо бисёр корҳои нағз мекард. Имрӯз ҳам ҳокимиятҳо ба шаҳрвандони давлаташон ғамхорӣ мекунанд. Оё ту медонӣ, ки онҳо кадом корҳоро мекунанд? ~

7 Давлат роҳҳо месозад ва ба милисаҳою сӯхторхомӯшкунон пул медиҳад, то онҳо моро муҳофизат кунанд. Ҳамчунин давлат ғамхорӣ мекунад, то кӯдакон соҳиби маълумот шаванд ва ба пиронсолон нигоҳубин ва табобати лозима пешкаш карда шавад. Ва барои ин корҳо ба давлат пул даркор аст. Ба фикри ту, давлат пулро аз куҷо мегирад? ~ Аз одамон. Пулеро, ки одамон ба давлат медиҳанд, андоз меноманд.

8 Вақте ки Устоди Бузург дар замин зиндагӣ мекард, бисёри яҳудиён намехостанд, ки ба ҳокимияти Рум андоз супоранд. Барои ҳамин, рӯзе коҳинон одамонро ба пеши Исо фирсонданд, то онҳо ба вай саволе диҳанду дар ҷавобаш айбе ёбанд. Ин шахсон аз Устоди Бузург пурсиданд: «Оё мо бояд ба қайсар андоз супорем?» Ин саволи осон набуд. Агар Исо дар ҷавоб «Ҳа, шумо бояд андоз супоред» мегуфт, ин ба бисёри яҳудиён маъқул намешуд. Ҳамзамон, Исо «Не, ба шумо андоз супоридан лозим нест» гуфта наметавонист, зеро ин нодуруст мебуд.

9 Пас, Исо чӣ кор кард? Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба ман тангаеро нишон диҳед». Вақте ки ин одамон ба Исо тангаро нишон доданд, ӯ аз онҳо пурсид: «Дар он расм ва номи кист?» Он мардон ҷавоб доданд: «Аз они қайсар». Барои ҳамин Исо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо» (Луқо 20:19–26).

Исо ба саволи ин мардон чӣ ҷавоб медиҳад?

10 Ҳеҷ кас дар ҷавоби Исо айбе ёфта натавонист. Қайсар барои халқ корҳои нағз мекард. Ва пулҳоро ҳам, худи вай мебаровард. Барои ҳамин, аз рӯи адолат буд, ки одамон аз ин пулҳо ба вай андоз супоранд. Ҳамин тавр бо ҷавобаш Исо нишон дод, ки мо бояд ба давлат барои он корҳое, ки ба мо мекунад, андоз супорем.

11 Ту, албатта, барои андоз супоридан ҳоло хурд ҳастӣ. Лекин як коре ҳаст, ки ту бояд кунӣ. Ба фикри ту, ин чист? ~ Ин итоаткорӣ ба қонуну қоидаҳои давлат аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад». «Ҳокимиятҳои боло» ин касоне мебошанд, ки дар сари давлат мешинанд. Ҳа, худи Худо аз мо талаб мекунад, ки ба қонунҳои давлат итоат кунем (Румиён 13:1, 2).

12 Масалан, мумкин дар мамлакати шумо қонуне ҳаст, ки дар кӯча партофтани коғаз ё ягон чизи дигарро манъ мекунад. Оё ту бояд ба ин қонун итоат кунӣ? ~ Ҳа, зеро Худо мехоҳад, ки ту ин хел кунӣ. Оё ба ту лозим аст, ки ба милисаҳо ҳам итоат кунӣ? ~ Ин дуруст мебуд. Давлат ба милисаҳо пул медиҳад, то онҳо одамонро муҳофизат кунанд. Ба онҳо итоат карда, мо нишон медиҳем, ки ба ҳокимият итоат мекунем.

13 Пас агар ту аз роҳ гузаштанӣ бошию милиса ба ту «Ист!» гӯяд, ту бояд чӣ кор кунӣ? ~ Ҳатто агар дигарон давида аз роҳ гузаранд ҳам, оё дуруст мебуд, ки ту аз қафои онҳо равӣ? ~ Ту бояд ба милиса итоат кунӣ, ҳатто агар ғайр аз ту ҳеҷ кас ин корро накунад ҳам. Охир Худо ба ту мегӯяд, ки ин тавр кунӣ.

14 Шояд дар наздикии хонаатон чизе рӯй медиҳад ва милиса аз шумо хоҳиш мекунад: «Ба хонаатон дароед. Ба кӯча набароед». Лекин мумкин ту доду вои одамонро мешунавӣ ва фаҳмидан мехоҳӣ, ки дар берун чӣ рӯй дода истодааст. Оё дуруст мебуд, ки ба кӯча баромада инро тамошо кунӣ? ~ Агар ту ин хел мекардӣ, оё ин рафтори туро итоат ба «ҳокимиятҳои боло» номидан мумкин мебуд? ~

15 Дар бисёр ҷойҳо давлат мактабҳо месозад ва ба муаллимон маош медиҳад. Пас ба фикри ту, оё Худо мехоҳад, ки ту ба муаллимонат итоат кунӣ? ~ Биё дар ин бора камтар фикр мекунем. Давлат ба муаллим пул медиҳад, то ӯ ба ту дарс диҳад, ҳамон тавре ки ба милиса барои муҳофизат кардани одамон пул медиҳад. Ҳамин тавр, ҳам итоаткорӣ ба милиса ва ҳам итоаткорӣ ба муаллим, ба он баробар аст, ки мо ба ҳокимият итоат мекунем.

Барои чӣ мо бояд ба милиса итоат кунем?

16 Лекин агар муаллим кардани кореро талаб кунад, ки он ба парастиш кардани ягон чиз баробар аст, ту он вақт чӣ кор мекунӣ? ~ Се ҷавони ибрӣ ба ҳайкали тиллоӣ саҷда накарданд, нигоҳ накарда ба он ки инро худи шоҳ Набукаднесар фармуда буд. Оё дар хотир дорӣ, ки барои чӣ? ~ Онҳо намехостанд, ки ба Худо беитоатӣ кунанд.

17 Таърихчӣ Уилл Дюрант дар бораи масеҳиёни аввалин навишт, ки онҳо пеш аз ҳама ба Худо содиқу бовафо буданд, на ба қайсар. Пас, дар хотир дор, ки вафодорӣ ба Яҳува бояд дар ҷои аввали ҳаётамон истад.

18 Бале, мо аз он сабаб ба ҳокимият итоат мекунем, ки Худо аз мо инро интизор аст. Лекин агар касе аз мо кардани кореро талаб кунад, ки ба Худо маъқул нест, мо бояд чӣ гӯем? Ба мо лозим аст, ки мисли ҳаввориён ҷавоб диҳем: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:29).

Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки қонуни давлатро ҳурмату эҳтиром кунем. Биё мехонем, ки дар ин бора оятҳои зерин чӣ мегӯянд: Матто 5:41; Титус 3:1 ва 1 Петрус 2:12–14.