Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 29

Оё ҳамаи иду ҷашнҳо ба Худо маъқуланд?

Барои чӣ ин ид ба Худо маъқул буд?

Оё ҳамаи иду ҷашнҳо ба Худо маъқуланд?

 ОЁ БА ТУ бо дӯстонат ҷамъ шуда хурсандӣ ва рақсу бозӣ кардан маъқул аст? ~ Ин, албатта, ба кас хурсандии бисёр меорад. Ба фикри ту, оё Устоди Бузург мехост, ки мо идҳоро ҷашн гирифта дар онҳо шодиву хурсандӣ кунем? ~ Рӯзе худи Устоди Бузург ба ҷашни тӯе рафт ва баъзе шогирдонаш ҳам бо ӯ рафтанд. Яҳува Худои хушбахт аст, барои ҳамин вақте ки мо ягон иди хубро ҷашн гирифта, хурсандӣ мекунем, ин ба Ӯ маъқул аст (Юҳанно 2:1–11).

2 Масалан, дар саҳифаи 29-уми ин китоб мо хондем, ки Яҳува баҳри Сурхро ду тақсим кард, то ки исроилиён аз он гузашта тавонанд. Оё ту инро дар ёд дорӣ? ~ Он вақт исроилиён суруд хонданд, рақс карданд ва ба Яҳува шукр гуфтанд. Ҳа, он рӯз барои исроилиён ид буд! Халқ бисёр хушбахт буд ва ин, албатта, дили Яҳуваро хурсанд мекард (Хуруҷ 15:1, 20, 21).

3 Тақрибан баъди 40 сол исроилиён ба иди калони дигаре рафтанд. Ин дафъа идро шахсоне ҷашн мегирифтанд, ки ба Яҳува хизмат намекарданд. Ин одамон худоҳои дигарро парастиш мекарданд ва бо шахсоне, ки зану шавҳари онҳо набуданд, алоқаи ҷинсӣ мекарданд. Ба фикри ту, оё ба иди онҳо рафтани исроилиён дуруст буд? ~ Не, ин рафтори онҳо ба Яҳува маъқул нашуд ва Ӯ онҳоро ҷазо дод (Ададҳо 25:1–9; 1 Қӯринтиён 10:8).

4 Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин оиди ду ҷашни зодрӯз нақл карда шудааст. Оё ягонтои онҳо рӯзи таваллуди Устоди Бузург буд? ~ Не, ҳардуи онҳо ҷашни зодрӯзи мардоне буданд, ки ба Яҳува хизмат намекарданд. Яке аз онҳо зодрӯзи шоҳ Ҳиродуси Антипас буд. Вай дар рӯзҳои Исо дар вилояти Ҷалил ҳукмронӣ мекард.

5 Подшоҳ Ҳиродус бисёр корҳои бад мекард. Масалан, вай зани бародарашро ба занӣ гирифта буд. Ин зан Ҳиродия ном дошт. Як хизматгори Худо — Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Ҳиродус гуфт, ки ин кори вай нодуруст аст ва ин ба подшоҳ маъқул нашуд. Барои ҳамин, вай Яҳёи Таъмиддиҳандаро ба маҳбас партофт (Луқо 3:19, 20).

6 Ҳангоми дар маҳбас будани Яҳёи Таъмиддиҳанда Ҳиродус зодрӯзашро ҷашн гирифт. Вай зиёфати калоне ташкил карда ба он бисёр шахсони калоншавандаро ба меҳмонӣ ҷеғ зад. Ҳамаи онҳо мехӯрданд, менӯшиданд ва хушу хурсандӣ мекарданд. Баъд духтари Ҳиродия омада барои онҳо як рақси хушрӯ кард. Ин рақс ба ҳамаи меҳмонон сахт маъқул шуд ва шоҳ Ҳиродус хост, ки ба духтарак чизе тӯҳфа кунад. Вай ба духтарак гуфт: «Чизеро, ки аз ман хоҳиш накунӣ, ба ту медиҳам, ҳатто нисфи мамлакатамро».

7 Духтари Ҳиродия аз подшоҳ чиро хоҳиш мекарда бошад? Пул, либосҳои хушрӯ ё қаср? Духтарак надонист, ки чӣ пурсад. Барои ҳамин, вай ба назди модараш — Ҳиродия рафта аз вай пурсид: «Аз подшоҳ чӣ талаб кунам?»

8 Ҳиродия, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаро хеле бад медид, ба духтараш гуфт: «Каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун». Духтарак гашта ба пеши подшоҳ рафт ва чунин гуфт: «Ман мехоҳам, ки каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро худи ҳозир дар табақе оварда ба ман диҳӣ».

9 Шоҳ Ҳиродус Яҳёи Таъмиддиҳандаро куштан намехост, зеро медонист, ки вай одами хуб аст. Лекин ӯ аллакай ваъда дода буд, барои ҳамин ҳоло метарсид, ки агар ваъдаашро иҷро накунад, одамон дар борааш чӣ мегӯянд. Аз ин сабаб, вай як хизматгорашро ба маҳбас фирсонд, то сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро аз танаш ҷудо карда биёрад. Ин хоҳиши ӯро иҷро карданд. Хизматгори подшоҳ каллаи Яҳёро дар рӯи табақе гирифта овард ва онро ба духтари Ҳиродия дод. Баъд духтарак онро ба модараш бурд (Марқӯс 6:17–29).

10 Ҷашни дигари рӯзи таваллуд, ки мо дар борааш аз Китоби Муқаддас мехонем, аз зодрӯзи подшоҳ Ҳиродус ҳеҷ фарқияте надошт. Ин рӯзи таваллуди подшоҳи Миср буд. Дар ин ҷашн низ подшоҳ сари як одамро аз танаш ҷудо кард. Ва баъд мурдаро ба як дарахт овехт, то ки паррандаҳо гӯшти баданашро хӯранд (Ҳастӣ 40:19–22). Ба фикри ту, оё ин ду ҷашни зодрӯз ба Худо маъқул буд? ~ Оё ту дар он ҷашнҳо будан мехостӣ? ~

Дар рӯзи таваллуди Ҳиродус чӣ рӯй дод?

11 Албатта, ҳар чизе ки дар Китоби Муқаддас мехонем, бо як мақсад навишта шудааст. Дар Китоби Муқаддас мо танҳо дар бораи ду ҷашни зодрӯз мехонем. Ва дар ҳардуи он ҳам корҳои бад карда шуданд. Пас, ба фикри ту, Худо ба мо дар бораи ҷашн гирифтани зодрӯз чӣ гуфтанӣ аст? Оё Худо мехоҳад, ки мо рӯзи таваллудро ҷашн гирем? ~

12 Рост аст, ки имрӯз одамон дар ҷашни рӯзи таваллуд сари ягон касро аз танаш ҷудо намекунанд. Лекин дар аввал рӯзи таваллудро танҳо одамоне ҷашн мегирифтанд, ки ба Худои ҳақиқӣ хизмат намекарданд. Оиди ҷашни рӯзҳои таваллуд, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, як китоби динӣ ин хел мегӯяд: «Фақат гунаҳкорон... ба муносибати рӯзи таваллудашон зиёфатҳо ташкил мекунанд» («The Catholic Encyclopedia»). Оё мо мехоҳем, ки ба чунин одамон монанд бошем? ~

13 Дар бораи Устоди Бузург чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ӯ рӯзи таваллудашро қайд мекард? ~ Не, дар Китоби Муқаддас оиди рӯзи таваллуди Исо чизе гуфта нашудааст. Ҳатто шогирдони аввалини Исо рӯзи таваллуди вайро қайд намекарданд. Ва он рӯзе, ки бисёриҳо имрӯз чун зодрӯзи Исо қайд мекунанд, дар асл рӯзи таваллуди вай нест, зеро Исо дар фасли зимистон таваллуд нашудааст.

14 Оё ту медонӣ, ки барои чӣ ин хел гуфтан мумкин аст? ~ Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар вақти таваллуд шудани Исо, чӯпонон бо рамаи худ шабона дар саҳро буданд (Луқо 2:8–12). Онҳо, албатта, дар фасли зимистон, ки дар он ҷойҳо хунук ва сербориш аст, дар саҳро буда наметавонистанд.

15 Рӯзеро, ки одамон имрӯз чун зодрӯзи Исо қайд мекунанд, дар замонҳои пеш бутпарастон рӯзи таваллуди худои дурӯғинашон ҳисоб мекарданд. Дар асл, бисёри идҳоеро, ки одамон имрӯз ҷашн мегиранд, дар аввал фақат бутпарастон қайд мекарданд. Масалан, имрӯз бисёриҳо барои он Соли навро якуми январ қайд мекунанд, ки халқи Рум ин рӯзро ба худои худаш — Янус бахшида буд.

Мо аз куҷо медонем, ки Исо дар фасли зимистон таваллуд нашудааст?

16 Бисёриҳо медонанд, ки Соли нав пештар иди бутпарастон буд ва ин ид ба Худо маъқул нест. Лекин онҳо ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ин идро қайд мекунанд. Барои онҳо хушу хурсандиашон аз фикри Худо муҳимтар аст. Лекин мо мехоҳем, ки дили Яҳуваро хурсанд кунем, ҳамин тавр-не? ~

17 Барои ҳамин, вақте ки мо бо дӯстонамон ҷамъ шуда хушу хурсандӣ мекунем, мо дилпур будан мехоҳем, ки ин ба Яҳува маъқул аст. Ва барои чунин вақтхушиҳо ба мо як рӯзи аниқро интизор шудан даркор нест. Мо метавонем дар давоми сол, кадом рӯзе, ки хоҳем меҳмон ҷеғ занем, хӯроки бомазза хӯрем ва рақсу бозӣ кунем. Оё ту ин хел кардан мехоҳӣ? ~ Ту метавонӣ дар ин бора бо падару модарат гап занӣ ва бо ёрдами онҳо дӯстонатро ба меҳмонӣ ҷеғ занӣ. Ва ин, албатта, ба ту хурсандии бисёр мебиёрад, ҳамин хел-не? ~ Лекин пеш аз он ки дӯстонатро ба меҳмонӣ таклиф кунӣ, дилпур шав, ки ин вақтхушиатон ба Худо маъқул аст.

Чӣ тавр мо фаҳмем, ки оё ин ё он ҷашн ё вақтхушӣ ба Яҳува маъқул аст ё не?

Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки ҳама вақт ба таври ба Худо маъқул рафтор кардан муҳим аст: Масалҳо 12:2; Юҳанно 8:29; Румиён 12:2 ва 1 Юҳанно 3:22.