Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 31

Кӣ моро дилбардорӣ карда метавонад?

Кӣ моро дилбардорӣ карда метавонад?

 ОЁ ТУ худатро ягон бор зиқ ва яккаву танҳо ҳис карда будӣ? ~ Оё дар сарат чунин фикр пайдо мешуд, ки туро ҳеҷ кас нағз намебинад? ~ Баъзан кӯдакон ҳамин хел фикр мекунанд. Лекин Худо ваъда медиҳад: «Ман туро фаромӯш намекунам» (Ишаъё 49:15). Оё донистани ин дили моро гарм намекунад? ~ Ҳа, Худои мо — Яҳува моро аз таҳти дил дӯст медорад!

Ба фикри ту, ин баррачаи гумшуда чӣ ҳис мекунад?

2 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ҳатто агар дигарон аз мо рӯй гардонанд ҳам, Яҳува моро ҳеҷ гоҳ намепартояд (Забур 26:10). Донистани ин дар ҳақиқат моро дилбардорӣ мекунад, ҳамин хел-не? ~ Яҳува ба мо мегӯяд: «Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам... Ман ба ту ёрӣ медиҳам» (Ишаъё 41:10).

3 Лекин баъзан Яҳува роҳ медиҳад, ки Шайтон ба сари мо дарду азоб биёрад. Яҳува ба Шайтон ҳатто мегузорад, ки хизматгорони Ӯро бисанҷад. Як бор Шайтон тавре кард, ки Исо азоб кашид ва азобаш чунон сахт буд, ки вай ба Яҳува фарёд зада гуфт: «Худоям, Худоям, барои чӣ маро партофтӣ?» (Матто 27:46). Лекин нигоҳ накарда ба азобҳояш Исо медонист, ки Яҳува вайро нағз мебинад (Юҳанно 10:17). Ҳамзамон вай медонист, ки Худо ба Шайтон иҷозат додааст, то хизматгоронашро бисанҷад ва ба сари онҳо дарду азоб биёрад. Аз боби дигар мо мефаҳмем, ки барои чӣ Худо иҷозат медиҳад, ки Шайтон ин корро кунад.

4 Кӯдакон баъзан аз ин ё он чиз метарсанд. Масалан, оё ту ягон бор гум шуда будӣ? ~ Оё ту он вақт тарсидӣ? ~ Бисёри кӯдакон дар чунин вақт метарсанд. Рӯзе Устоди Бузург дар бораи гум шудани як баррача ҳикояеро нақл кард.

5 Аз як ҷиҳат ту ҳам ба баррача монандӣ. Ба кадом маъно? Баррачаҳо ва умуман, ҳамаи гӯсфандон одатан на он қадар калон ва бақувватанд. Онҳоро нигоҳубин ва муҳофизат кардан даркор аст. Шахсе, ки гӯсфандонро нигоҳубин мекунад, чӯпон ном дорад.

6 Дар ҳикояи худ Исо дар бораи чӯпоне нақл кард, ки сад гӯсфанд дорад. Рӯзе як баррачаи вай гум шуд. Мумкин ин баррача дидан хост, ки дар он тарафи теппа чӣ ҳаст. Лекин дере нагузашта вай фаҳмид, ки аз рамаи худ хеле дур рафтааст. Оё ту тасаввур карда метавонӣ, ки вақте ин баррача дид, ки тамоман танҳо мондааст, вай чӣ ҳис кард? Мумкин вай сахт тарсид, ҳамин хел-не? ~

7 Вақте чӯпон фаҳмид, ки як баррачааш гум шудааст, вай чӣ кор кард? Оё вай чунин гуфт: «Ҳамааш айби худи баррача, ин қадар дур наравад буд»? Ё баръакс, вай 99 гӯсфандашро дар ягон ҷои бехатар монда, ба кофтани он баррачаи гумшуда рафт? Оё як баррача ба ин қадар ташвиш меарзад? ~ Агар ту ба ҷои ҳамон баррачаи гумшуда мебудӣ, оё мехостӣ, ки чӯпон туро кобад? ~

Киро ба чӯпоне, ки баррачаи худро наҷот дод, монанд кардан мумкин аст?

8 Чӯпон ҳамаи гӯсфандонашро, ҳатто ҳамон баррачаи гумшударо хеле дӯст медошт. Барои ҳамин, ӯ ба кофтани вай рафт. Танҳо фикр кун, ки чӣ қадар баррача аз дидани чӯпонаш хурсанд шуд! Исо гуфт, ки чӯпон ҳам аз ёфтани баррача хурсанд шуд. Ва ҳарчанд ӯ боз 99 гӯсфанди дигар дошт, вай аз ёфтани баррачаи гумшудааш хурсандии бисёртар ҳис кард. Лекин кӣ ба он чӯпон, ки Исо дар борааш нақл кард, монанд аст? Кӣ ба мо мисли он чӯпон ғамхорӣ мекунад? ~ Исо гуфт, ки Падари осмонии ӯ ба мо ғамхорӣ мекунад. Падари Исо бошад, Яҳува аст.

9 Яҳува — Чӯпони Бузурги халқи худ мебошад. Худо ҳамаи онҳоеро, ки ба Ӯ хизмат мекунанд ва ҳамчунин ту барин кӯдаконро дӯст медорад. Ӯ намехоҳад, ки ягонтои мо зарар бинем ё бо мо ягон чиз шавад. Албатта, мо аз донистани он ки Худо ин қадар бароямон ғамхорӣ мекунад, хеле хурсанд мешавем! (Матто 18:12–14).

Оё ту боварӣ дорӣ, ки Яҳува чун Падари меҳрубон ба ту ғамхорӣ мекунад?

10 Оё ту дар ҳақиқат бовар мекунӣ, ки Яҳува вуҷуд дорад? ~ Оё ту ҳис мекунӣ, ки Ӯ барои ту чун падари ғамхору меҳрубон аст? ~ Албатта, мо Яҳуваро дида наметавонем, барои он ки Ӯ Рӯҳ аст. Лекин нигоҳ накарда ба ин мо боварӣ дорем, ки Ӯ шахсияти воқеӣ аст, яъне дар асл вуҷуд дорад. Ӯ аз он чизе, ки бо мо рӯй медиҳад, бохабар аст. Яҳува медонад, ки кай ба мо ёрдам даркор аст. Ва мо метавонем дар дуо бо Ӯ гап занем, ҳамон тавре ки бо одамон гап мезанем. Худи Яҳува мехоҳад, ки мо ин хел кунем.

11 Пас, агар ту худатро зиқ ва яккаву танҳо ҳис кунӣ, ба ту чӣ кор кардан даркор аст? ~ Бо Яҳува гап зан. Ба Ӯ наздик шав ва Ӯ туро дилбардорӣ мекунаду ба ту ёрӣ медиҳад. Дар хотир дор: Яҳува туро ҳама вақт дӯст медорад, ҳатто он вақте, ки ту худро тамоман танҳо ҳис мекунӣ. Акнун Китоби Муқаддасатро гир ва боби 22-юми китоби Забурро кушо. Дар оятҳои 1 ва 2 мо мехонем: «Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд. Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад, сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад».

12 Аҳамият деҳ, ки дар ояти 4 чӣ гуфта шудааст: «Дар водии зулмот роҳ равам ҳам, аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ; асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад». Ҳа, хизматгорони Яҳува худро айнан ҳамин хел ҳис мекунанд! Яҳува онҳоро дар вақтҳои душвор дастгирӣ мекунад. Оё ту ҳам инро ҳис мекунӣ? ~

13 Чӣ хеле ки чӯпони меҳрубон барои гӯсфандонаш ғамхорӣ мекунад, ҳамин хел Яҳува ҳам ғами халқашро мехӯрад. Ӯ ба хизматгоронаш роҳи ростро нишон медиҳад ва онҳо бо хурсандӣ аз паси Чӯпони худ мераванд. Ҳатто агар бо душвориҳо рӯ ба рӯ шаванд ҳам, ба онҳо аз чизе тарсидан даркор нест. Чӯпон ҳамеша тайёр аст, ки бо асояш гӯсфандони худро аз ҳайвонҳои ваҳшӣ муҳофизат кунад. Дар Китоби Муқаддас нақл карда шудааст, ки чӣ тавр Довуд ном чӯпони ҷавоне гӯсфандонашро аз шеру хирс муҳофизат мекард (1 Подшоҳон 17:34–36). Ва хизматгорони Худо медонанд, ки Яҳува онҳоро муҳофизат мекунад. Онҳо худро дар бехатарӣ ҳис мекунанд, чунки Худо бо онҳо аст.

Кӣ мисли чӯпони ғамхор ба мо дар вақти душворӣ ёрдам дода метавонад?

14 Ҳа, Яҳува гӯсфандонашро сахт нағз мебинад ва меҳрубонона дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ӯ мисли чӯпоне рамаи Худро мечаронад, баррачаҳоро бо дастони худ ҷамъ карда, ба оғӯши Худ мегирад» (Ишаъё 40:11).

15 Оё донистани он ки Яҳува ин қадар Худои ғамхор аст, туро хурсанд намекунад? ~ Оё ту мехоҳӣ, ки баррачаи Яҳува бошӣ? ~ Гӯсфандон овози чӯпонашонро гӯш мекунанд. Онҳо дар пеши ӯ меистанд ва аз ӯ дур намераванд. Оё ту Яҳуваро гӯш мекунӣ? ~ Оё ту кӯшиш мекунӣ, ки аз пеши Яҳува дур наравӣ? ~ Ин хел бошад, ба ту ҳеҷ гоҳ тарсидан даркор нест. Яҳува ҳама вақт бо ту хоҳад буд.

Яҳува меҳрубонона ба хизматгоронаш ғамхорӣ мекунад. Биё якҷоя мехонем, ки дар Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ гуфта шудааст: Забур 36:25; 54:23 ва Луқо 12:29–31.