Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 36

Киҳо аз нав зинда мешаванд ва онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Киҳо аз нав зинда мешаванд ва онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

 ДАР ду боби гузашта мо дар бораи одамоне хондем, ки аз нав зинда шуда буданд. Дар хотират ҳаст, ки онҳо чанд нафар буданд? ~ Дуруст, панҷ кас. Чанд нафари онҳо кӯдак буд? ~ Се нафарашон. Чорумаш, чӣ хеле ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, писараки ҷавон буд. Ба фикри ту, ин чиро нишон медиҳад? ~

2 Ин нишон медиҳад, ки Худо кӯдакону ҷавононро дӯст медорад. Лекин Ӯ на танҳо кӯдаконро, балки ҳамчунин калонсолонро аз нав зинда мекунад. Ба фикри ту, оё Худо фақат одамони нағзро эҳё мекунад? ~ Дар аввал ба назар чунин тофта метавонад. Лекин, одамони бисёр дар бораи Яҳува Худо ва Писараш ҳақиқатро нафаҳмида буданд. Онҳо ба корҳои нодуруст даст мезаданд, чунки чизҳои нодурустро ёд гирифта буданд. Ба фикри ту, Яҳува чунин одамонро аз нав зинда мекунад? ~

3 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳам барои одамони бад ва ҳам барои одамони нағз эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15). Барои чӣ Яҳува одамони бадро аз нав зинда мекунад? ~ Барои он ки онҳо дар вақти зинда буданашон имконият надоштанд, ки дар бораи Ӯ ва талаботҳояш фаҳманд.

Барои чӣ Худо баъзеи одамонеро, ки ба корҳои нодуруст даст мезаданд, аз нав зинда мекунад?

4 Ба фикри ту, одамон кай аз нав зинда мешаванд? ~ Ба хотир биёр, ки вақте Лаъзор мурд, Исо ба хоҳари вай, Марто, чунин ваъда дод: «Бародари ту аз нав зинда мешавад». Марто бошад, дар ҷавоб гуфт: «Медонам, ки дар қиёмат... аз нав зинда мешавад» (Юҳанно 11:23, 24). Ин суханони Марто чӣ маъно доранд? ~

Биҳиште, ки Исо дар борааш ба ин мард гап мезанад, дар куҷо мешавад?

5 Марто ваъдаи зерини Исоро медонист: «Ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд... берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:28, 29). Ҳа, рӯзи қиёмат рӯзест, ки Худо ҳамаи одамонеро, ки дар хотираш ҳастанд, аз нав зинда мекунад. Ин рӯз аз 24 соат иборат нест. Рӯзи қиёмат ҳазор сол давом меёбад. Чӣ хеле ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, дар он рӯз Худо одамонро мувофиқи рафторашон доварӣ мекунад. Дар байни он одамон ҳамчунин онҳое хоҳанд буд, ки аз нав зинда мешаванд (Аъмол 17:31; 2 Петрус 3:8).

6 Танҳо тасаввур кун, ки чӣ қадар аҷоиб мешавад он рӯз! Дар давоми ҳазор сол миллионҳо одамоне, ки мурда буданд, аз нав ба ҳаёт бармегарданд. Ва Исо гуфта буд, ки одамони эҳёшуда дар Биҳишт зиндагӣ мекунанд. Биё мефаҳмем, ки Биҳишт дар куҷо ҷойгир мешавад ва он чӣ гуна хоҳад буд.

7 Тақрибан се соат пеш аз мурданаш Исо ба шахси ҷинояткоре, ки дар наздаш ба ғӯлачӯб овехта шуда буд, дар бораи Биҳишт гап зад. Ин мард барои корҳои бадаш ин хел ҷазо гирифта буд. Лекин вақте ки ӯ рафтори Исоро дид ва шунид, ки дигарон дар борааш чӣ мегӯянд, вай ба Исо имон овард. Ӯ ба Устоди Бузург гуфт: «Вақте ки подшоҳиро сар мекунӣ, маро ба ёд овар!» Ва Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям: ту бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:42, 43, ТДН).

Вақте ки дар бораи Биҳишт мехонем, мо онро бояд чӣ хел тасаввур кунем?

8 Вақте ки Исо ин суханонро гуфт, ӯ чиро дар назар дошт? Биҳишт дар куҷо мешавад? ~ Биё дар ин бора камтар фикр мекунем. Дар аввал Биҳишт дар куҷо буд? ~ Ба хотир ор: аввалин инсонҳо — Одаму Ҳавво дар Биҳишт зиндагӣ мекарданд ва он дар рӯи замин ҷойгир буд. Номи он ҷой боғи Адан буд. Дар он ҳайвонҳои зиёде буданд, лекин онҳо ба ягон кас зарар намерасонданд. Боз дар он ҷо дарахтоне мерӯиданд, ки меваҳои бомазза доштанд. Ва аз он боғ дарёи калоне мегузашт. Чӣ қадар хонаи аҷоибу зебое буд ин боғ! (Ҳастӣ 2:8–10).

9 Пас, вақте мо мехонем, ки он марди ҷинояткор дар оянда дар Биҳишт зиндагӣ мекунад, мо бояд онро чӣ хел тасаввур кунем? Мо бояд тасаввур кунем, ки тамоми замин чун боғи зебое мешавад. Оё Исо бо ин марде, ки пеш ҷинояткор буд, дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ мекунад? ~ Не. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ? ~

10 Барои он ки Исо аз осмон бар замини биҳиштӣ подшоҳӣ мекунад. Исо ба он маъно дар Биҳишт бо он марди ҷинояткор хоҳад буд, ки вай он мардро аз нав зинда мекунад ва дар борааш ғамхорӣ мекунад. Лекин барои чӣ Исо ба он марде, ки пеш корҳои бад мекард, иҷозат медиҳад, ки дар Биҳишт зиндагӣ кунад? ~ Биё инро мефаҳмем.

11 Оё он марди ҷинояткор пеш аз он ки бо Исо гап занад, дар бораи мақсадҳои Худо медонист? ~ Не. Вай ҳақиқатро дар бораи Худо намедонист, барои ҳамин ба корҳои бад даст мезад. Дар Биҳишт ба ӯ дар бораи мақсадҳои Худо нақл мекунанд. Ва ҳамин тавр барояш имконият пайдо мешавад, ки аз рӯи гуфтаҳои Худо зиндагӣ кунад ва нишон диҳад, ки Офаридгорашро аз таҳти дил дӯст медорад.

12 Оё ҳамаи эҳёшудагон дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ мекунанд? ~ Не. Медонӣ барои чӣ? ~ Барои он ки баъзеи онҳо эҳё шуда дар осмон бо Исо зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳамроҳи Исо бар замини биҳиштӣ подшоҳӣ мекунанд. Биё мебинем, ки барои чӣ ин хел гуфтан мумкин аст.

13 Шаби пеш аз мурданаш Исо ба ҳаввориёнаш гуфт: «Дар хонаи Падари Ман ҷои зист бисёр аст... меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам». Баъд ба онҳо ваъда дод: «Боз меоям ва шуморо бо худ мебарам, то дар он ҷое ки ман ҳастам, шумо низ бошед» (Юҳанно 14:2, 3).

14 Баъди аз нав зинда шуданаш Исо ба куҷо рафт? ~ Бале, ӯ боз ба осмон, ба пеши Падараш, рафт (Юҳанно 17:4, 5). Исо ба ҳаввориён ва дигар шогирдонаш ваъда дод, ки онҳоро аз нав зинда мекунад, то бо вай дар осмон бошанд. Онҳо дар он ҷо чӣ кор мекунанд? ~ Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки он шогирдони Исо, ки «дар эҳёи якум иштирок» мекунанд, дар осмон ҳамроҳи Исо ҳазор сол бар замин подшоҳӣ мекунанд (Ваҳй 5:10; 20:5, 6; 2 Тимотиюс 2:12).

15 Чанд нафар одамон «дар эҳёи якум иштирок» карда ҳамроҳи Исо подшоҳӣ мекунанд? ~ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Натарс, эй рамаи хурд! Зеро Падари шумо мехоҳад, ки подшоҳиро ба шумо диҳад» (Луқо 12:32). Ба «рамаи хурд» шумораи аниқи одамон дохил мешаванд. Онҳо баъди эҳё шуданашон бо Исо дар Салтанати осмонӣ подшоҳӣ мекунанд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «саду чилу чор ҳазор нафар» барои дар осмон зиндагӣ кардан эҳё мешаванд (Ваҳй 14:1, 3).

Одамони эҳёшуда дар куҷо зиндагӣ мекунанд ва бо кадом кор машғул мешаванд?

16 Дар Биҳишти рӯи замин бошад, чанд нафар одамон зиндагӣ мекунанд? ~ Ҳарчанд Китоби Муқаддас дар бораи ин чизе намегӯяд, мо медонем, ки дар боғи Адан Худо ба Одаму Ҳавво гуфт, ки фарзанд ба дунё оварда заминро пур кунанд. Афсӯс, ки онҳо ин супоришро иҷро накарданд. Лекин Худо ғамхорӣ мекунад, ки ин мақсадаш иҷро шавад ва замин аз одамони нағз пур шавад (Ҳастӣ 1:28; Ишаъё 45:18; 55:11).

17 Танҳо фикр кун, ки чӣ қадар ҳаёт дар Биҳишт хурсандиовар мешавад! Тамоми замин ба боғи зебое монанд мешавад. Он аз паррандаҳо, ҳайвонот ва дарахтону гулҳои зебо пур мешавад. Дигар ҳеҷ кас аз касалиҳо азоб намекашад, ҳатто марг аз байн меравад. Ҳамаи одамон ба якдигар дӯст мешаванд. Агар мо дар Биҳишт зиндагӣ кардан хоҳем, мо бояд аллакай аз ҳозир ба он тайёр шавем.

Оиди он ки Худо дар бораи замин чӣ ният дорад, аз ин оятҳо бисёртар фаҳмидан мумкин аст: Масалҳо 2:21, 22; Воиз 1:4 ва Ишаъё 2:4; 11:6–9; 35:5, 6; 65:21–24.