Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 38

Барои чӣ мо бояд Исоро дӯст дорем?

Барои чӣ мо бояд Исоро дӯст дорем?

 ТАСАВВУР КУН, ки ту дар киштие шиштаӣ ва он ғарқ шуда истодааст. Оё ту мехостӣ, ки касе туро наҷот диҳад? ~ Лекин агар барои наҷот додани ту ба он одам ҳаёти худро аз даст додан лозим ояд, ту чӣ ҳис мекардӣ? ~ Айнан ҳамин корро Исои Масеҳ карда буд. Чӣ хеле ки аз боби 37-уми ин китоб фаҳмидем, вай ҳаёташро чун фидия қурбон кард, то ки мо наҷот ёфта тавонем.

2 Лекин оё ту дар ёд дорӣ, ки вай моро аз чӣ наҷот дод? ~ Ҳа, аз гуноҳу марге, ки аз Одам ба ҳамаи мо гузашт. Исо ҳаёти худро ҳатто барои он одамоне, ки корҳои хеле бад карда буданд, қурбон кард. Оё ту ҳаётатро барои наҷот додани ин хел одамон дар хатар мемондӣ? ~

3 Мо дар Китоби Муқаддас мехонем: «Барои одами росткор мурдани касе дар гумон аст, вале барои одами некӯкор шояд касе ба мурдан тайёр бошад». Лекин, чӣ хеле ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, Исо «барои шахсоне, ки аз Худо дуранд, мурд». Ҳа, Исо ҳаёташро ҳатто барои шахсоне, ки ба Худо хизмат намекунанд, қурбон кард! Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин гуфта шудааст: «Ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем [корҳои бад мекардем], Масеҳ барои мо мурд» (Румиён 5:6–8).

4 Оё ту медонӣ, ки кадом ҳаввории Исо пештар ба корҳои хеле бад даст мезад? ~ Дуруст, ин ҳавворӣ — Павлус буд. Худи ӯ чунин навишта буд: «Исои Масеҳ ба дунё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам». Павлус ҳамчунин гуфт, ки пеш аз шогирди Исо шуданаш вай беақлона рафтор мекард ва дар ҳаёташ ба бисёр корҳои бад даст мезад (1 Тимотиюс 1:15; Титус 3:3).

5 Танҳо фикр кун, ки чӣ қадар Худо одамонро дӯст дошт, ки Писарашро барои гунаҳкорон қурбон кард! Биё Китоби Муқаддасро кушода аз боби 3-юми китоби Юҳанно ояти 16-умро мехонем. Дар он ҷо гуфта шудааст: «Худо ҷаҳонро [яъне одамонеро, ки дар замин зиндагӣ мекунанд] чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, нобуд нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад».

Пеш аз он ки ҳаёташро барои мо қурбон кунад, Исо чиро аз сар гузаронид?

6 Исо исбот кард, ки ӯ ҳам мисли Падараш одамонро дӯст медорад. Дар боби 30-юми ин китоб мо дар бораи он хондем, ки Исо шаби дастгир шуданаш бисёр азоб кашид. Ӯро ба хонаи саркоҳин Қаёфо бурда суд карданд. Дар он ҷо одамон дар борааш суханони дурӯғ гуфтанд ва ӯро бо мушт заданд. Он вақт ҳатто Петрус аз Исо рӯй гардонд. Акнун биё фарз мекунем, ки мо дар ҳавлии саркоҳин ҳастем ва мебинем, ки чӣ рӯй медиҳад.

7 Ҳоло саҳар аст. Исо тамоми шаб хоб накард. Суде, ки шабона гузашт, аз рӯи қонун набуд, барои ҳамин коҳинон саросемавор суди олии яҳудиёнро ҷамъ мекунанд ва бори дигар Исоро суд мекунанд. Ин дафъа ҳам онҳо Устоди Бузургро айбдор карда мегӯянд, ки вай бар зидди Худо гуноҳ кардааст.

8 Баъд коҳинон дастони Исоро баста назди Пилотус — ҳокими Рум мебаранд. Онҳо ба Пилотус мегӯянд: «Исо ба подшоҳ муқобил аст. Ӯ бояд кушта шавад». Лекин Пилотус мефаҳмад, ки коҳинон дурӯғ гуфта истодаанд. Барои ҳамин вай ба онҳо мегӯяд: «Ман дар ин шахс ягон айбе наёфтам. Ман ӯро озод мекунам». Лекин коҳинон ва дигар одамон дод зада мегӯянд: «Не! Куш ӯро!»

9 Баъдтар, Пилотус боз ба одамон мегӯяд, ки ӯ Исоро озод карданӣ аст, лекин коҳинон мардумро ба шӯр андохта дод мезананд: «Агар ту ӯро озод кунӣ, ту ҳам ба подшоҳ муқобилӣ! Куш ӯро!» Ғавғои одамон боз ҳам баландтар мешавад. Оё ту медонӣ, ки акнун Пилотус чӣ кор мекунад? ~

10 Пилотус ба гапи одамон дода мешавад. Аввал ӯ фармон медиҳад, ки Исоро қамчинкорӣ кунанд. Баъд Пилотус Исоро ба дасти аскарон месупорад, то онҳо ӯро кушанд. Онҳо аз хор тоҷ сохта ба сари Исо мепӯшонанд ва мазоҳу масхара карда ба вай таъзим мекунанд. Баъд ба китфи Исо ғӯлачӯби вазнинеро бор мекунанд ва ӯро аз шаҳр берун, ба ҷое, ки «Ҷои косахонаи сар» ном дошт, мебаранд. Дар он ҷо онҳо дасту пойҳои Исоро ба ғӯлачӯб мехкӯб мекунанд. Вақте ки ғӯлачӯбро мебардоранд, Исо бо тамоми вазни худ бар он овезон мешавад ва дарди ӯ чунон сахт мешавад, ки тоқат карданаш номумкин аст. Дар ин вақт аз дасту пойҳои Исо хун мерезад.

11 Исо яку якбора намемурад. Вай якчанд соат дар ғӯлачӯб овезон меистад ва аз дарди сахт азоб мекашад. Дар ин вақт саркоҳинон ӯро мазоҳу масхара мекунанд. Роҳгузарон бошанд, ба вай мегӯянд: «Агар ту писари Худо бошӣ, худро аз ғӯлачӯб озод кун!» Лекин Исо медонад, ки Падараш бо кадом мақсад ӯро ба замин фирсонд. Ӯ медонад, ки бояд ҳаёти комилашро қурбон кунад, то ки мо ҳаёти беохир дошта бошем. Оқибат, рӯзона тақрибан соатҳои се Исо бори охир ба Падараш муроҷиат мекунад ва баъд мемурад (Матто 26:36–27:50; Марқӯс 15:1; Луқо 22:39–23:46; Юҳанно 18:1–19:30).

12 Чӣ қадар Исо аз инсони аввалин — Одам фарқ мекард! Одам ба Худо муҳаббат надошт, барои ҳамин ба гапи Ӯ гӯш накард. Мо медонем, ки аз сабаби гуноҳи вай ҳамаи мо гунаҳкор таваллуд мешавем. Ин нишон медиҳад, ки Одам моро ҳам дӯст намедошт. Исо бошад, ҳам нисбати Худо муҳаббат дорад, ҳам нисбати мо. Вай ҳама вақт ба Худо итоат мекунад. Ӯ ҳаёташро қурбон кард, то моро аз гуноҳе, ки аз Одам мерос гирифтем, халос кунад.

Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Исоро дӯст медорем?

13 Оё ту он кореро, ки Исо барои мо кард, қадр мекунӣ? ~ Оё вақте ки дуо мегӯӣ, ту ба Худо барои он ки Писарашро барои мо дод, раҳмат мегӯӣ? ~ Павлус корҳоеро, ки Масеҳ барояш карда буд, қадр мекард. Вай навишта буд: «Писари Худо... маро дӯст дошт ва худро барои ман қурбон кард» (Ғалотиён 2:20). Исо ҳаёташро барои туву ман ҳам қурбон кард. Ӯ ҳаёти комилашро дод, то ки мо ҳаёти беохир дошта тавонем! Ана барои чӣ мо бояд Исоро дӯст дорем.

14 Павлус ба масеҳиёни шаҳри Қӯринтус навишт: «Муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд». Ба фикри ту, муҳаббати Масеҳ моро ба кардани кадом кор тела медиҳад? ~ Аҳамият деҳ, ки Павлус чӣ гуфт: «Масеҳ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд [яъне на барои он ки хоҳишҳои худашонро иҷро кунанд], балки барои ӯ» (2 Қӯринтиён 5:14, 15).

15 Ту чӣ хел нишон дода метавонӣ, ки барои Масеҳ зиндагӣ карда истодаӣ? ~ Масалан, ту метавонӣ ба дигарон чизҳои дар бораи Устоди Бузург фаҳмидаатро нақл кунӣ. Биё боз дар бораи як чизи дигар фикр мекунем. Тасаввур кун, ки ту дар хона танҳоӣ. Падарат, модарат ё ягон одами дигар намебинанд, ки ту чӣ кор карда истодаӣ. Оё ту дар ин вақт аз телевизор ё Интернет чизҳоеро, ки ба Исо маъқул нест, тамошо мекунӣ? ~ Аз хотир набарор, ки Исо зинда аст ва ӯ ҳама корҳои моро мебинад!

Кӣ ҳамаи корҳои моро мебинад?

16 Як сабаби дигар, ки барои чӣ мо Исоро бояд нағз бинем, ин аст, ки мо ба Яҳува пайравӣ кардан мехоҳем. «Падар Маро дӯст медорад», гуфта буд Исо. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ Худо Исоро дӯст медорад ва чаро мо ҳам бояд ин хел кунем? ~ Зеро Исо барои иҷро кардани хоҳиши Падараш бо тайёрӣ ҳаёти худро барои мо қурбон кард (Юҳанно 10:17). Барои ҳамин, биё, аз рӯи гуфтаҳои Китоби Муқаддас рафтор кунем. Дар он мо мехонем: «Чун фарзандони дӯстдошта, ба Худо пайравӣ кунед ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо... қурбон кард» (Эфсӯсиён 5:1, 2).

Ин оятҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки Исоро дӯст дорем ва корҳои кардаи ӯро қадр кунем: Юҳанно 3:35; 15:9, 10 ва 1 Юҳанно 5:11, 12.