Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 44

Бо шахсоне дӯстӣ кун, ки Худоро дӯст медоранд

Бо шахсоне дӯстӣ кун, ки Худоро дӯст медоранд

 ДӮСТОН — ин шахсоне мебошанд, ки ба мо бо онҳо гап задан ва вақт гузарондан маъқул аст. Лекин хеле муҳим аст, ки дар вақти интихоб кардани дӯстон мо хато накунем. Ба фикри ту, аз ҳама дӯсти беҳтарини мо кист? ~ Дуруст гуфтӣ, ин Яҳува аст.

2 Лекин оё бо Худо дӯстӣ кардан мумкин аст? ~ Китоби Муқаддас дар бораи Иброҳим-пайғамбар мегӯяд, ки ӯ «дӯсти Худо» буд (Яъқуб 2:23). Оё медонӣ, ки барои чӣ Иброҳим «дӯсти Худо» номида шуд? ~ Барои он ки ӯ ба Худо итоат мекард. Вай ҳама вақт гуфтаҳои Худоро иҷро мекард, ҳатто вақте ки ин барояш хеле душвор буд. Пас, агар мо хоҳем, ки дӯсти Яҳува бошем, мо бояд мисли Иброҳим ва Исо дили Ӯро хурсанд кунем (Ҳастӣ 22:1–14; Юҳанно 8:28, 29; Ибриён 11:8, 17–19).

Барои чӣ Иброҳим «дӯсти Худо» номида шуд?

3 Устоди Бузург ба ҳаввориёнаш гуфта буд: «Шумо дӯстони ман ҳастед, агар гуфтаҳои маро иҷро кунед» (Юҳанно 15:14). Ҳамаи он чизеро, ки Исо таълим медод, ӯ аз Яҳува фаҳмида буд. Барои ҳамин он суханони Исо маънои онро доштанд, ки дӯстони вай — шахсоне мебошанд, ки гуфтаҳои Худоро иҷро мекунанд. Ҳа, Исо бо шахсоне дӯстӣ мекард, ки Худоро дӯст медоштанд.

4 Дӯстони наздики Устоди Бузург ҳаввориёни ӯ буданд ва расми онҳоро дар саҳифаи 75-уми ин китоб дидан мумкин аст. Онҳо ҳамроҳаш ба ҷойҳои гуногун мерафтанд ва дар кори мавъиза ба ӯ ёрдам медоданд. Исо вақти зиёдашро бо шогирдонаш мегузаронд. Онҳо якҷоя хӯрок мехӯрданд, дар бораи Худо гап мезаданд ва боз корҳои дигарро мекарданд. Лекин Исо дӯстони зиёди дигар низ дошт. Ӯ гоҳ-гоҳ дар хонаи онҳо меҳмон мешуд ва ҳамроҳи онҳо вақт мегузаронд.

5 Як оилае, ки Исо бо аъзоёни он дӯстӣ мекард, дар наздикии Ерусалим, дар қишлоқи Байт-Ҳинӣ, зиндагӣ мекард. Ту аъзоёни ин оиларо дар хотир дорӣ? ~ Ин дӯстони Исо — Марям, Марто ва Лаъзор ном доштанд. Исо Лаъзорро дӯсти худ меномид (Юҳанно 11:1, 5, 11). Лаъзор ва апаҳояш Худоро дӯст медоштанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд. Аз ин рӯ Устоди Бузург онҳоро сахт нағз медид ва бо онҳо вақт гузаронидан ба вай хеле маъқул буд.

Барои чӣ Исо ҳангоми ба Ерусалим рафтанаш бисёр вақт дар хонаи ин оила меистод? Оё ту номи онҳоро медонӣ?

6 Лекин ин маънои онро надорад, ки Исо танҳо ба хизматгорони Худо нағзӣ мекард. Исо ба ҳар гуна одамон некӣ мекард. Вай ҳатто ба хонаи шахсоне, ки ба Худо хизмат намекарданд, мерафт ва ҳамроҳи онҳо хӯрок мехӯрд. Аз ин сабаб баъзеҳо ҳатто мегуфтанд, ки Исо «дӯсти боҷгирон [яъне шахсоне, ки андоз ҷамъ мекарданд] ва гуноҳкорон аст» (Матто 11:19). Исо ба хонаи ин одамон на барои он мерафт, ки тарзи ҳаёти онҳо ба вай маъқул буд, балки барои он ки ба онҳо дар бораи Яҳува гап задан мехост. Устоди Бузург ба ин шахсон кӯмак мекард, ки корҳои бадашонро партоянд ва ба Худо хизмат кунанд.

Барои чӣ Заккай ба болои дарахт баромад?

7 Масалан, инро аз як воқеае, ки дар роҳ бо Исо рӯй дод, дидан мумкин аст. Он вақт вай аз шаҳри Ериҳӯ гузашта ба Ерусалим мерафт. Одамони зиёде дар назди Исо ҷамъ шуданд. Дар байни онҳо як марде буд, ки Заккай ном дошт. Вай сахт мехост, ки Исоро бинад. Лекин аз сабаби он ки қадаш паст буд, вай дар байни одамони бисёр Устоди Бузургро дида натавонист. Барои ҳамин Заккай давида ба болои дарахте баромад, зеро умед дошт, ки дар вақти аз пеши дарахт гузаштани Исо ӯро мебинад.

8 Вақте ки Исо ба он дарахт наздик шуд, ӯ ба боло нигоҳ карда ба Заккай гуфт: «Тезтар ба поён фаро, чунки имрӯз ман ба хонаи ту меоям». Ҳама медонист, ки Заккай марди сарватманд буд ва ӯ аз ҳисоби пули бо роҳи беинсофӣ коркардааш бой шуда буд. Пас, барои чӣ Исо хост, ки дар хонаи вай меҳмон шавад? ~

9 Исо на барои он ба хонаи Заккай рафт, ки тарзи ҳаёташ ба вай маъқул буд, балки барои он ки бо вай дар бораи Худо гап задан мехост. Исо дид, ки Заккай барои дидани вай сахт кӯшиш кард. Барои ҳамин, Устоди Бузург фикр кард, ки шояд Заккай суханони ӯро қабул мекунад. Ва ин имконияти хуб буд, то Исо бо вай дар бораи Худо ва дар бораи он ки чӣ гуна тарзи ҳаёт ба Ӯ маъқул аст, гап занад.

Барои чӣ Исо ба хонаи Заккай омад ва Заккай ба ӯ чӣ ваъда дод?

10 Ба фикри ту, баъди ин чӣ шуд? ~ Ба Заккай суханони Исо маъқул шуданд. Вай аз он ки одамонро фиреб медод, сахт пушаймон шуд. Ва ба Исо ваъда дод, ки пули бо роҳи беинсофӣ бадастовардаашро ба соҳибонаш гашта медиҳад. Баъд вай шогирди Исо шуд. Танҳо он вақт Исою Заккай дӯст шуданд (Луқо 19:1–10).

11 Оё мо ба Устоди Бузург пайравӣ карда ба назди одамоне, ки дӯсти мо нестанд, меравем? ~ Ҳа. Лекин ин маънои онро надорад, ки тарзи ҳаёти онҳо ба мо маъқул аст. Мо ба чунин одамон дар ягон кори бадашон ҳамроҳ шудан намехоҳем. Мо барои он ба пеши ин шахсон меравем, то ба онҳо дар бораи Худо гап занем.

12 Дӯстони наздик бошанд, шахсоне мебошанд, ки бо онҳо вақт гузарондан ба мо сахт маъқул аст. Ва танҳо он шахсе, ки Худо аз ӯ розӣ аст, бароямон дӯсти наздик буда метавонад. Баъзеҳо мумкин ҳатто намедонанд, ки Яҳува кист. Лекин агар онҳо дар бораи Ӯ фаҳмидан хоҳанд, мо ба онҳо ёрдам мекунем. Ва вақте ки онҳо Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медоранд, онҳо дӯстони наздики мо шуда метавонанд.

13 Пеш аз он ки бо касе дӯстӣ кунем, хуб мебуд, ки боз як чизро ба назар гирем. Ба мо лозим аст, ки ба рафтори шахс аҳамият диҳем. Масалан, оё ин шахс ба дигарон бадӣ карда баъд ба ҳоли онҳо механдад? ~ Ба фикри ту, оё ин хел рафтор кардан дуруст мебуд? ~ Ва ё ин шахс доимо ба сараш ягон бало меорад? Ту, албатта, намехоҳӣ, ки ҳамроҳи ӯ барои корҳои кардааш ҷазо гирӣ, ҳамин хел-не? ~ Ё чунин шуда метавонад, ки он шахс ба корҳои бад даст мезанад ва баъд ман-манӣ карда мегӯяд, ки ба даст наафтод. Лекин ҳатто агар дигарон корҳои ӯро набинанд ҳам, оё Худо инро намебинад? ~ Ба фикри ту, оё ин хел одам барои мо дӯсти хуб буда метавонад? ~

14 Биё Китоби Муқаддасро мегирем ва 1 Қӯринтиён, боби 15 ва ояти 33-ро мехонем. Аз ин оят мо мефаҳмем, ки чӣ тавр дӯстон ба ҳаёти мо таъсир мекунанд. Ин оятро кушодӣ? ~ Мо мехонем: «Фирефта нашавед: “Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд”». Ин маънои онро дорад, ки агар мо ба одамони бад ҳамроҳ шавем, худамон ҳам одамони бад мешавем. Ва баръакс, вақте ки мо бо одамони хуб дӯстӣ мекунем, онҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки одамони хуб бошем.

15 Пас, биё ҳеҷ гоҳ аз ёд набарорем, ки Шахси муҳимтарини ҳаётамон бояд Яҳува бошад. Мо намехоҳем, ки ягон чиз ба дӯстии мову Ӯ зарар расонад, ҳамин тавр-не? ~ Барои ҳамин, мо бояд танҳо бо шахсоне дӯстӣ кунем, ки Яҳуваро дӯст медоранд.

Дар ин оятҳо гуфта шудааст, ки барои чӣ мо бояд дар интихоби дӯстон бодиққат бошем: Забур 118:115; Масалҳо 13:20; 2 Тимотиюс 2:22 ва 1 Юҳанно 2:15.