Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 45

Салтанати Худо чист? Чӣ тавр нишон диҳем, ки омадани онро интизорем?

Салтанати Худо чист? Чӣ тавр нишон диҳем, ки омадани онро интизорем?

 ОЁ ТУ дуоеро, ки Исо ба шогирдонаш ёд дода буд, медонӣ? ~ Агар не, биё якҷоя онро аз Китоби Муқаддас мехонем. Ин дуо дар Матто 6:9–13 навишта шудааст. Аҳамият деҳ, ки дар ин дуо яке аз хоҳишҳои Исо чунин буд: «Малакути Ту биёяд». Оё ту медонӣ, ки Малакут, яъне Салтанат чист? ~

2 Биё ман ба ту инро мефаҳмонам. Чӣ хеле ки медонӣ, подшоҳ касест, ки подшоҳӣ, яъне ҳукмронӣ мекунад. Ҳокимияти подшоҳ бошад, салтанат ном дорад. Мумкин ту бо калимаи президент шиносӣ, зеро дар баъзе мамлакатҳо сардори давлатро подшоҳ неву президент меноманд. Оё ту медонӣ, ки сардори ҳокимияти Худо чӣ номида мешавад? ~ Дуруст, подшоҳ. Барои ҳамин, ҳокимияти Худо салтанат номида шудааст.

3 Оё ту медонӣ, ки Яҳува киро Подшоҳи Салтанати худ интихоб кард? ~ Ҳа, Писараш, Исои Масеҳро. Барои чӣ Исо аз ҳамаи дигар сардорони давлат, ки аз тарафи одамон интихоб мешаванд, беҳтар аст? ~ Барои он ки Исо Падари худ — Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медорад ва ҳама вақт дуруст рафтор мекунад.

4 Садсолаҳо пеш аз он ки Исо дар шаҳри Байт-Лаҳм таваллуд шавад, дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки ӯ ҳокими аз тарафи Худо интихобшуда мешавад. Биё аз Ишаъё 9:6, 7 дар бораи ин мехонем. Он ҷо гуфта шудааст: «Кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат ба ӯҳдаи ӯ гузошта хоҳад шуд ва ӯ... Мир [«Шоҳзода», ТДН]-и осоиштагӣ номида хоҳад шуд. Афзоиши салтанат ва осоиштагии ӯ... охир нахоҳад дошт».

5 Оё медонӣ, ки барои чӣ Ҳокими Салтанати Худо «Шоҳзода» номида шудааст? ~ Шоҳзода ин писари подшоҳ аст. Ва Исо Писари Подшоҳи Бузург — Яҳува мебошад. Ғайр аз ин, Яҳува Исоро Подшоҳи Салтанати худ таъин кард, то ӯ ҳазор сол бар замин подшоҳӣ кунад (Ваҳй 20:6). Баъди таъмид гирифтанаш Исо мавъиза карданро сар кард ва ба одамон чунин мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Салтанати осмонӣ наздик аст» (Матто 4:17).

6 Ба фикри ту, чаро Исо ба одамон мегуфт, ки Салтанат наздик аст? ~ Зеро Подшоҳе, ки бояд дертар аз осмон ҳукмронӣ мекард, он вақт дар байни онҳо буд. Ана барои чӣ Исо гуфт: «Салтанати Худо дар байни шумост» (Луқо 17:21). Оё ту мехостӣ, ки дар пеши Подшоҳи интихобшудаи Яҳува бошӣ ӯро бо чашмони худат бинӣ? ~

7 Оё ту дар ёд дорӣ, ки Исо барои иҷро кардани кадом кори муҳим ба замин омад? ~ Худи вай гуфта буд: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар ҳам рафта хушхабарро дар бораи Салтанати Худо мавъиза кунам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқо 4:43). Исо мефаҳмид, ки як худаш аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонад. Пас, ба фикри ту, вай чӣ кор кард? ~

Исо барои иҷро кардани кадом кор ба замин омад?

8 Исо ҳамроҳи худ одамонро мегирифт ва ба онҳо нишон медод, ки чӣ тавр мавъиза кардан даркор аст. Аввалин шахсоне, ки Исо ба онҳо мавъизакуниро ёд дода буд, ин 12 ҳаввориёнаш буданд (Матто 10:5, 7). Лекин оё Исо ин корро танҳо ба ҳаввориёнаш ёд дода буд? Не. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо ҳамчунин ба бисёр одамони дигар мавъизакуниро ёд дод. Бо гузашти вақт Исо боз 70 каси дигарро дунафарӣ ба мавъиза фирсонд. Ба фикри ту, онҳо ба одамон чиро ёд медоданд? ~ Исо ба шогирдонаш фармуд: «Ба одамон бигӯед: “Салтанати Худо ба шумо наздик шудааст”» (Луқо 10:9). Ва ҳамин тавр одамон дар бораи Салтанати Худо мефаҳмиданд.

9 Дар замонҳои қадим, дар Исроил шоҳи нав ба курра, яъне бачаи хар савор шуда, ба шаҳр медаромад, то халқ ӯро бинад. Исо ҳам, вақте ки дафъаи охирон ба Ерусалим омад, айнан ҳамин хел кард. Ва ин дуруст буд, чунки Исо бояд дар оянда Подшоҳи Салтанати Худо мешуд. Лекин оё одамон мехостанд, ки Исо Подшоҳи онҳо шавад? ~

10 Вақте ки Исо ба шаҳр даромад, бисёри одамон ҷомаҳои худро кашида ба таги пои ӯ чун пойандоз партофтанд. Дигарон бошанд, шохаҳои дарахтонро бурида ба замин партофтанд. Ҳамин тавр онҳо нишон доданд, ки Исоро чун Подшоҳ қабул мекунанд. Онҳо бо хурсандӣ чунин мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Яҳува меояд!» Лекин на ҳамаи одамон аз ин хурсанд буданд. Баъзе сарварони динӣ ба Исо ҳатто чунин мегуфтанд: «Ба шогирдонат гӯй, ки хап шаванд» (Луқо 19:28–40).

Барои чӣ акнун одамон намехоҳанд, ки Исо Подшоҳи онҳо бошад?

11 Ҳоло бошад, воқеаеро, ки панҷ рӯз пас аз ин рӯй дод, тасаввур кун. Исоро дастгир мекунанд ва ба қаср, ба пеши ҳоким — Понтиюс Пилотус, мебаранд. Душманони Исо мегӯянд, ки ӯ худашро подшоҳ меномад ва ба ҳокимияти Рум зид аст. Пилотус донистан мехоҳад, ки оё ин гап рост аст ё дурӯғ. Исо мефаҳмонад, ки ӯ ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанӣ нест. Ӯ ба Пилотус мегӯяд: «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36).

12 Баъди ин Пилотус баромада ба халқ мегӯяд, ки вай дар Исо ягон айб наёфт. Лекин акнун одамон намехоҳанд, ки Исо Подшоҳи онҳо бошад. Онҳо намехоҳанд, ки Пилотус ӯро озод кунад (Юҳанно 18:37–40). Пилотус бори дигар бо Исо гап мезанад ва дилпур мешавад, ки вай ягон кори бад накардааст. Барои ҳамин Пилотус Исоро бори охир ба пеши одамон бароварда, мегӯяд: «Ана Подшоҳи шумо!» Лекин одамон дод мезананд: «Ӯро нест кун, нест кун, мехкӯб кун!»

13 Пилотус аз онҳо мепурсад: «Оё Подшоҳи шуморо мехкӯб кунам?» Саркоҳинон ҷавоб медиҳанд: «Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем». Танҳо тасаввур кун: ин коҳинони бадкор тавонистанд фикри одамонро нисбати Исо дигар кунанд! (Юҳанно 19:1–16).

14 Имрӯз ҳам вазъият айнан ҳамин хел аст. Бисёри одамон намехоҳанд, ки Исо Подшоҳи онҳо бошад. Мумкин онҳо мегӯянд, ки ба Худо боварӣ доранд, лекин гуфтаҳои Худо ва Масеҳро иҷро кардан намехоҳанд. Онҳо дар замин ҳокимияти худашонро доштан мехоҳанд.

15 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Вақте ки мо дар бораи Салтанати Худо ва корҳои аҷоибе, ки он дар оянда иҷро мекунад, дониш мегирем, мо чӣ ҳис мекунем? ~ Дар дили мо нисбати Худо муҳаббат пайдо мешавад, ҳамин хел-не? ~ Лекин чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Худоро дӯст медорем ва дар вақти ҳукмронии Салтанати Ӯ зиндагӣ кардан мехоҳем? ~

Чаро Исо таъмид гирифт ва чӣ тавр Худо нишон дод, ки аз ин розӣ аст?

16 Мо бояд мисли Исо рафтор кунем. Исо барои нишон додани муҳаббати худ ба Яҳува чӣ кор мекард? ~ Худи ӯ гуфта буд: «Ман ҳамеша кори ба Худо маъқулро мекунам» (Юҳанно 8:29). Ҳа, Исо ба замин омад, то хости Худоро иҷро кунад ва кори Ӯро ба охир расонад (Ибриён 10:7; Юҳанно 4:34). Биё мебинем, ки Исо пеш аз сар кардани кори мавъиза чӣ кор кард.

17 Исо ба лаби дарёи Ӯрдун, ба пеши Яҳёи Таъмиддиҳанда омад. Онҳо ба даруни дарё даромаданд ва Яҳё Исоро пурра таги об карда баъд аз он баровард. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ Яҳё Исоро таъмид дод? ~

Дар куҷо мо ба дигарон дар бораи Салтанати Худо гап зада метавонем?

18 Худи Исо аз Яҳё инро хоҳиш карда буд. Лекин мо аз куҷо медонем, ки Худо мехост, то Исо таъмид гирад? ~ Вақте ки ӯ аз даруни об баромад, аз осмон овози Худо шунида шуд, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ, ва Ман аз ту розиам». Худо ҳатто рӯҳи муқаддаси худро фирсонд ва он аз осмон дар намуди кабӯтар фаромад. Бо таъмидгириаш Исо нишон дод, ки тамоми умр, яъне ҳамеша ба Яҳува хизмат кардан мехоҳад (Марқӯс 1:9–11).

19 Ту ҳоло кӯдак ҳастӣ. Лекин, вақте ки калонтар мешавӣ, ту чӣ кор кардан мехоҳӣ? ~ Оё ту мисли Исо таъмид гирифтан мехоҳӣ? ~ Таъмид гирифтан муҳим аст, чунки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо ба мо «намунаи ибрат гузошт, то ки аз паи ӯ равона» шавем (1 Петрус 2:21). Бо таъмид гирифтанат ту нишон медиҳӣ, ки дар вақти ҳукмронии Салтанати Худо зиндагӣ кардан мехоҳӣ. Лекин танҳо таъмид гирифтан бас нест.

20 Ба мо ҳамчунин лозим аст, ки ба ҳамаи гуфтаҳои Исо итоат кунем. Исо гуфта буд, ки мо — шогирдони ӯ набояд «аз ин ҷаҳон» бошем. Пас, агар мо ба корҳои ин ҷаҳон даст занем, оё гуфтан мумкин аст, ки мо гапи Исоро иҷро мекунем? Исо ва ҳаввориёнаш ба корҳои ин ҷаҳон даст намезаданд (Юҳанно 17:14). Набошад, онҳо чӣ кор мекарданд? ~ Онҳо ба одамон дар бораи Салтанати Худо гап мезаданд. Ин дар ҳаёти онҳо аз ҳама кори муҳим буд. Оё мо ҳам мисли онҳо рафтор карда метавонем? ~ Ҳа. Ва агар мо омадани Салтанати Худоро дар ҳақиқат интизор бошем ва дар бораи он дуо гӯем, мо ба дигарон дар бораи он нақл мекунем.

Биё аз ин оятҳо мефаҳмем, ки барои нишон додани он ки омадани Салтанати Худоро интизорем, мо чӣ кор карда метавонем: Матто 6:24–33; 24:14 ва 1 Юҳанно 2:15–17; 5:3.