Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 46

Оё дунё бори дигар бо об нест мешавад?

Оё дунё бори дигар бо об нест мешавад?

 ОЁ ТУ ягон бор дар бораи он ки дунё ба охир мерасад, шунида будӣ? ~ Имрӯз бисёриҳо дар ин бора гап мезананд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ҷанги калоне мешавад ва одамон бомбаҳои пурзӯрро истифода бурда заминро несту нобуд мекунанд. Ба фикри ту, оё Худо ягон вақт замину осмони зебо ва ситораҳои дурахшонро несту нобуд мекунад? ~

2 Чӣ хеле ки мо фаҳмидем, дар Китоби Муқаддас дар бораи ба охир расидани дунё нақл карда мешавад. Масалан, дар он навишта шудааст: «Дунё... гузарон аст» (1 Юҳанно 2:17). Ба фикри ту, оё ба охир расидани дунё маънои онро дорад, ки замин нест мешавад? ~ Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо заминро офарид, то «маскун бошад» (Ишаъё 45:18). Бале, Яҳува мехоҳад, ки дар замин одамон зиндагӣ кунанд ва аз ҳаёт лаззат баранд. Дар Забур 36:29 мо мехонем: «Росткорон заминро мерос мегиранд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд». Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин гуфта шудааст: «Замин то абад меистад» (Забур 103:5; Воиз 1:4).

3 Лекин агар замин то абад истад, пас ба кадом маъно дунё ба охир мерасад? ~ Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, мо бояд воқеаҳоеро, ки дар рӯзҳои Нӯҳ-пайғамбар рӯй дода буданд, бодиққат дида бароем. Дар Китоби Муқаддас мо мехонем: «Дунёи онвақта дар об ғарқ шуда, несту нобуд шуд» (2 Петрус 3:6).

4 Вақте ки дар замонҳои Нӯҳ Тӯфон дунёро нобуд кард, оё ягон кас зинда монд? ~ Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо «фақат ҳашт кас ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи адолат буд, наҷот дода, бар олам [яъне дунё]-и бадкорон тӯфон овард» (2 Петрус 2:5).

Дар замонҳои Нӯҳ кадом дунё несту нобуд шуд?

5 Пас, кадом дунё дар замонҳои Нӯҳ несту нобуд шуд? Оё замин несту нобуд шуд ё одамони бад? ~ Дуруст, одамони бад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «олами бадкорон» несту нобуд шуд. Ҳамчунин аҳамият деҳ, ки дар ин ҷо Нӯҳ воиз номида шудааст, яъне шахсе, ки мавъиза мекунад. Ба фикри ту, Нӯҳ дар бораи чӣ мавъиза мекард? ~ Нӯҳ одамонро аз он огоҳ мекард, ки «дунёи онвақта» ба охир мерасад.

6 Ҳангоми дар бораи Тӯфон нақл карданаш, Исо ба шогирдонаш фаҳмонд, ки он вақт рафтори одамон чӣ гуна буд. Ӯ гуфт: «Дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, одамон мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, ва ба чизе аҳамият намедоданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард». Баъд Исо гуфт, ки чӣ тавре ки одамон он вақт рафтор мекарданд, пеш аз ба охир расидани дунё ҳам айнан ҳамин хел рафтор мекунанд (Матто 24:37–39, ТДН).

7 Суханони Исо нишон медиҳанд, ки мо аз рафтори одамоне, ки пеш аз Тӯфон зиндагӣ мекарданд, барои худ дарс гирифта метавонем. Оё ту аз боби 10-уми ин китоб дар ёд дорӣ, ки он вақт одамон чӣ гуна буданд? ~ Дуруст, баъзеҳо бераҳм буданд ва дигаронро сахт азоб медоданд. Лекин чӣ хеле ки Исо гуфта буд, бисёриҳо чунин рафтор накунанд ҳам, ба мавъизаи Нӯҳ гӯш намедоданд.

8 Баъд аз чанд вақт, Худо ба Нӯҳ гуфт, ки тамоми одамони бадро бо об несту нобуд мекунад. Он вақт тамоми замин то ба қуллаҳои кӯҳ дар таги об мемонад. Яҳува ба Нӯҳ фармуд, ки киштии калоне созад. Ин киштӣ ба сандуқи калоне монанд буд. Ва ту расми онро дар саҳифаи 238 дида метавонӣ.

9 Худо ба Нӯҳ гуфт, ки киштии чунон калон созад, ки дар он ҳам ӯву оилааш ва ҳам ҳайвонҳои бисёр ғунҷанд. Барои сохтани ин хел киштӣ ба Нӯҳу оилааш даркор буд, ки бисёр меҳнат кунанд. Онҳо дарахтони калонро мебуриданд ва баъд аз тахтаҳои тайёркардаашон киштӣ месохтанд. Барои ин кор солҳои зиёд сарф шуд, чунки киштӣ хеле калон буд.

10 Оё ту дар ёд дорӣ, ки дар давоми ин солҳо Нӯҳ баробари сохтани киштӣ боз чӣ кор мекард? ~ Офарин, вай мавъиза карда одамонро аз омадани Тӯфон огоҳ мекард. Оё он вақт ягон кас Нӯҳро гӯш кард? Ба суханони вай ғайр аз оилааш дигар ҳеҷ кас гӯш надод. Дигарон бо корҳои худашон аз ҳад банд буданд. Оё ту дар ёд дорӣ, ки он одамон чӣ кор мекарданд? Исо дар бораи ин чӣ гуфта буд? ~ Онҳо мехӯрданд, менӯшиданд ва оиладор мешуданд. Ин шахсон худашонро одамони бад намеҳисобиданд ва барои ҳамин барои гӯш кардани Нӯҳ вақт ҷудо намекарданд. Биё мефаҳмем, ки оқибат бо ин одамон чӣ шуд.

11 Вақте ки Нӯҳ бо оилааш ба киштӣ даромад, Яҳува дари киштиро қулф кард. Одамоне, ки дар берун буданд, то ҳол бовар намекарданд, ки Тӯфон мешавад. Лекин ногаҳон аз осмон борон борид. Ва ин борони оддӣ набуд! Борон чунон сахт меборид, ки гӯё аз сатил мерехта бошад! Дере нагузашта об мисли дарёи калон шувваскунон ҷорӣ шуд ва ҳама чизро дар роҳаш шушта бурдан гирифт. Об ҳатто дарахтонро решакан мекард ва сангҳои калонро, гӯё ки онҳо сангчаҳои майда бошанд, ба осонӣ ғелонда мебурд. Ба фикри ту, бо одамоне, ки дар киштӣ набуданд, чӣ шуд? ~ Исо гуфт: «Тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард». Ҳа, ҳамаи он одамон мурданд. Медонӣ барои чӣ? ~ Чӣ хеле ки Исо гуфт, онҳо «ба чизе аҳамият намедоданд». Ин одамон Нӯҳро гӯш накарданд! (Матто 24:39; Ҳастӣ 6:5–7).

Чаро мо набояд танҳо дар бораи бозию хурсандӣ фикр кунем?

12 Акнун ба ёд биёр. Исо гуфта буд, ки чизе ки бо он одамон рӯй дод, барои мо бояд дарс шавад. Мо аз чизе, ки бо он одамон рӯй дод, чӣ гуна дарс мегирем? ~ Дар Тӯфон одамон на танҳо аз сабаби бадкирдориашон мурданд, балки ҳамчунин аз сабаби он ки аз ҳад серкор буданд. Онҳо вақт ҷудо намекарданд, то дар бораи Худо ва коре, ки Ӯ карданӣ буд, фаҳманд. Мо бояд эҳтиёт шавем, ки мисли он одамон рафтор накунем, ту бо ин розиӣ? ~

13 Ба фикри ту, оё Худо бори дигар дунёро бо об несту нобуд мекунад? ~ Не, намекунад. Худи Худо ваъда дода буд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ин корро намекунад. Ӯ гуфт: «Рангинкамони Худро дар абр мегузорам, то ки аломат... бошад». Яҳува гуфт, ки рангинкамон аломат, яъне нишонаи он мешавад, ки «дигар ҳеҷ вақт обхезӣ барои нобуд кардани ҷони зинда рӯй намедиҳад» (Ҳастӣ 9:11–17).

14 Барои ҳамин, мо боварӣ дошта метавонем, ки Худо дигар ҳеҷ гоҳ дунёро бо об несту нобуд намекунад. Лекин чӣ хеле ки мо фаҳмидем, дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дунё ба охир мерасад. Ба фикри ту, вақте ки Худо дунёро нест мекунад, кӣ зинда мемонад? ~ Оё одамоне, ки бо корҳои худашон банданду дар бораи Худо дониш гирифтан намехоҳанд ва ё барои омӯхтани Китоби Муқаддас вақт ҷудо намекунанд, зинда мемонанд? Ту чӣ фикр мекунӣ? ~

15 Албатта, мо дар қатори онҳое будан мехоҳем, ки Худо наҷот медиҳад, ҳамин тавр-не? ~ Агар оилаи мо мисли оилаи Нӯҳ бошаду Худо ҳамаи моро наҷот диҳад, ин зӯр мебуд-а? ~ Агар мо дар вақти нобудшавии ин дунё наҷот ёфтан хоҳем, мо бояд донем, ки чӣ хел Худо онро нест мекунад ва чӣ хел дунёи нави одилонааш меояд. Биё дар ин бора бисёртар мефаҳмем.

16 Дар ин ба мо Китоби Муқаддас ёрдам медиҳад. Дар китоби Дониёл, боби 2 ва ояти 44 оиди рӯзҳои мо чунин гуфта шудааст: «Ва дар рӯзҳои он подшоҳон Худои осмон салтанате [яъне ҳокимияте] барпо хоҳад кард, ки он то абад аз байн нахоҳад рафт; ва ин салтанат ба халқи дигаре дода нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард-гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод».

17 Оё ту ин оятро мефаҳмӣ? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳокимияти Худо ҳамаи ҳокимиятҳои рӯи заминро несту нобуд мекунад. Лекин барои чӣ ҳокимияти Худо ин корро мекунад? ~ Барои он ки онҳо ба шахсе, ки Худо ӯро Подшоҳ таъин кардааст, итоат намекунанд. Оё ту медонӣ, ки ин шахс кист? ~ Ҳа, ин шахс Исои Масеҳ мебошад.

Исои Масеҳ, Подшоҳи интихобшудаи Худо, ин дунёро дар Ҳармиҷидӯн несту нобуд мекунад

18 Яҳува ҳақ дорад, то худаш интихоб кунад, ки кадом ҳокимият бар замин ҳукмронӣ мекунад. Ва Ӯ Писараш — Исоро Подшоҳ интихоб кард. Ба қарибӣ Подшоҳи интихобкардаи Худо — Исои Масеҳ тамоми ҳокимиятҳои ҷаҳонро несту нобуд мекунад. Дар боби 19-уми китоби Ваҳй, дар оятҳои 11 то 16 нақл карда шудааст, ки чӣ тавр ӯ ин корро мекунад ва ту инро дар расм дида метавонӣ. Ҷанге, ки Худо дар он тамоми ҳокимиятҳои ҷаҳониро несту нобуд мекунад, Ҳармиҷидӯн ном дорад.

19 Дар ояндаи наздик, чӣ хеле ки мо аллакай фаҳмидем, Салтанати Худо ҳокимиятҳои одамиро несту нобуд мекунад. Лекин оё Худо мехоҳад, ки мо дар ин кор иштирок кунем? ~ Не, дар Китоби Муқаддас Ҳармиҷидӯн «ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ» номида шудааст (Ваҳй 16:14, 16). Ҳа, Ҳармиҷидӯн ҷанги Худо аст. Ва Ӯ Исоро вазифадор кардааст, ки дар ин ҷанг аскарони осмониро роҳбарӣ кунад. Оё ҷанги Ҳармиҷидӯн наздик аст? Биё аз боби оянда мефаҳмем, ки чӣ тавр мо инро фаҳмида метавонем.

Биё аз ин оятҳо якҷоя дар бораи замоне мехонем, ки Худо тамоми одамони бадро нест мекунад ва хизматгорони худашро наҷот медиҳад: Масалҳо 2:21, 22; Ишаъё 26:20, 21; Ирмиё 25:31–33 ва Матто 24:21, 22.