Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ЯК

Ҳақиқат дар бораи Худо

Ҳақиқат дар бораи Худо
  • Оё Худо дар ҳақиқат ғамхори шумост?

  • Шахсияти Худо чӣ гуна аст? Оё Ӯ ном дорад?

  • Оё ба Худо наздик шудан имконпазир аст?

1, 2. Чаро аксар вақт додани саволҳо бамаврид аст?

ЯГОН БОР тарзи саволдиҳии кӯдаконро мушоҳида кардаед? Аксарияти онҳо ҳамин ки сухангӯ шуданд, ба саволдиҳӣ оғоз мекунанд. Чашмакони фароху ҷавобҷӯяшонро сӯи шумо бардошта, саволҳое медиҳанд, ба мисли: Чаро осмон нилобист? Ситораҳо аз чӣ сохта шудаанд? Кӣ ба паррандагон ғазалсароиро ёд дод? Дар ин гуна мавридҳо, шояд хеле бикӯшед, ки ба ин саволҳо ҷавоб ёбед, лекин на ҳамеша осон аст ин кор. Ҳатто ҷавобҳои беҳтарини шумо онҳоро ба «чаро»-ҳои нав ба нав бармеангезанд.

2 Саволҳо на танҳо дар сари кӯдакон пайдо мешаванд. Ҳар қадаре, ки ба камол бирасем, ҳамон қадар чизҳои нав ба навро меомӯзем; барои ёфтани роҳи зиндагӣ, ё эмин кардани худ аз хатар, ё барои қонеъ гардонидани кунҷкобиямон. Аммо бо мурури вақт, аксарият саволдиҳиро бас мекунанд (хусусан додани саволҳои муҳимро) ё билохир аз ҷустани ҷавобҳо даст мекашанд.

3. Барои чӣ аксарият ҷустуҷӯи ҷавоби саволҳои муҳимро қатъ мекунанд?

3 Дар бораи саволҳои дар муқаддима овардашуда ё он саволҳое, ки дар оғози боби мазкур омадаанд, мулоҳиза намоед. Инҳоянд саволҳои муҳимтарине, ки дар зиндагӣ пайдо мешаванд. Ва зиёданд одамоне, ки ҷустуҷӯи ҷавоби онҳоро қатъ кардаанд. Чаро? Оё Китоби Муқаддас ба ин саволҳои амиқ ҷавоб дода метавонад? Баъзеҳо Китоби Муқаддасро хеле душворфаҳм меҳисобанд. Дигарон бошанд, аз саволдиҳӣ шарм медоранд. Ва бархеи дигар ақида доранд, ки ба ин саволҳо танҳо коҳинону муллоҳо ҷавоб дода метавонанд. Шумо чӣ?

4, 5. Баъзе аз саволҳои муҳимтарини зиндагӣ кадоманд ва чаро ба онҳо ҷавоб ҷустан лозим аст?

4 Ғолибан, шумо ёфтани ҷавобҳо ба ин саволҳои муҳимро хоҳонед. Бешубҳа, баъзан ба худ савол медиҳед, ки «мақсад аз зиндагӣ дар чист? Оё марг анҷоми ҳастист? Шахсияти Худо чӣ гуна аст? На танҳо додани чунин саволҳо ба худ, балки то ёфтани ҷавоби қонеъкунанда ва қобили итминон бар онҳо, ҷаҳд мебояд кард. Устоди бузург — Исои Масеҳ гуфтааст: «Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд» (Матто 7:7).

5 Агар ҷустуҷӯи ҷавобҳо ба саволҳои ҳаётан муҳимро давом диҳед, дарк хоҳед кард, ки ин ҷустуҷӯҳоятон арзандаанд (Масалҳо 2:1–5). Чизе ки атрофиёнатон нагӯянд, ҷавобҳои ин саволҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд ва шумо онҳоро ёфта метавонед — дар Китоби Муқаддас. Ва ин ҷавобҳо душворфаҳм нестанд. Баръакс, онҳо умедбахшу хурсандиоваранд. Ва онҳо бароятон кӯмак карда метавонанд, ки аллакай имрӯз зиндагиатон қонеъкунанда гардад. Дар аввал, биёед ба саволе назар андозем, ки барои бисёр одамон саргиҷкунанда аст.

ОЁ ХУДО НИСБАТИ МО БЕПАРВОВУ САХТДИЛ АСТ?

6. Барои чӣ касони зиёд фикр мекунанд, ки Худо нисбати инсонияту мушкилиҳояш бетараф аст?

6 Касони зиёд фикр мекунанд, ки ҷавоб ба ин савол мусбӣ аст. «Агар Худо ғамхор мебуд,— мегӯянд онҳо,— магар ҷаҳон сурати дигар намедошт?» Ба атрофи хеш назар афканда, ҷаҳони пур аз ранҷу азоб, нафрат ва ҷангҳову қашшоқиро мебинем. Ва ҳар яке аз мо бемор мегардад, азоб мекашад ва ночор наздикони худро аз даст медиҳад. Барои ҳамин, бисёриҳо мегӯянд, ки «агар Худо дар бобати мо ғамхор мебуд, магар ба рӯй додани ин чизҳои ғамангез роҳ медод?»

7. a) Чӣ гуна зери таъсири сарварони дин бисёриҳо Худоро сангдил мешуморанд? б) Китоби Муқаддас дар бораи озмоишҳое, ки ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, чӣ мегӯяд?

7 Ва бадтараш ин аст, ки баъзан сарварони дин ба одамон талқин мекунанд, ки Худо сахтдил мебошад. Ҳангоми рӯй додани фоҷиаҳо онҳо мегӯянд, ки иродаи Худо чунин аст. Бо ин суханҳояшон онҳо дар воқеияти бадбахтиҳо Худоро гунаҳкор мекунанд. Оё ин ҳақиқат аст? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд? Иқтибос аз китоби Яъқуб 1:13: «Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд: «Маро Худо меозмояд»; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд». Яъне Худо ҳеҷ гоҳ манбаи шарорате, ки дар ҷаҳону атрофатон мебинед, буда наметавонад. (Айюб 34:10–12-ро хонед.) Ӯ ба вуҷудияти онҳо роҳ медиҳад. Байни роҳ додан ва сабабгор будан фарқияти калон вуҷуд дорад.

8, 9. a) Чӣ гуна фарқи байни ба вуҷудияти чизе роҳ додан ва сабабгори чизе буданро фаҳмонида метавонед? б) Чаро аз ҷониби мо танқид кардани қарори Худо дар бобати роҳ додани худрайъии инсоният беадолатона мебуд?

8 Барои намуна падари дӯстдору хирадманд ва писари бакамолрасидаашро меорем, ки бо волидон зиндагӣ мекунад. Ин фарзанд исёнкор гардида, тарки хона кардан мехоҳад ва падар ӯро бознамедорад. Писар роҳи бадро интихоб карда, ба нохушиҳо дучор мешавад. Оё ба мушкилиҳои вай падар сабабгор аст? Не (Луқо 15:11–13). Ба мисли ин, ҳангоме ки одамон роҳи бадро интихоб намуданд, Худо онҳоро аз ин боз надошт, аммо ба нохушиҳое, ки дар натиҷаи ин пайдо шуданд, Ӯ сабабгор нест. Аз ин лиҳоз, албатта Худоро дар рӯйдоди бадбахтиҳое, ки ба сари инсоният меоянд, гунаҳкор кардан аз рӯи адолат нест.

9 Худо барои роҳ додани он ки инсоният бо роҳи бади интихобкардааш равад, асос дошт. Чун Офаридгори хирадманду тавоно, Ӯ барои ба мо фаҳмонидани ин сабабҳо мутасаддӣ набуд. Вале аз рӯи муҳаббат, Ӯ фаҳмонд. Аз боби 11 шумо дар бораи ин асосҳо зиёдтар хоҳед фаҳмид. Ва мутмаин метавон буд, ки Худо ба ранҷуриҳое, ки дар ҳаётамон рӯй медиҳанд, гунаҳкор нест. Баръакс, Ӯ ягона умеди халосӣ аз онҳоро бароямон ато мекунад! (Ишаъё 33:2).

10. Чаро итминон дошта метавонем, ки Худо тамоми нишонаҳои бадиро аз байн хоҳад бурд?

10 Беш аз ин, Худо муқаддас аст (Ишаъё 6:3). Ин маънои онро дорад, ки Ӯ пок аст; яъне беолоиш аз бадӣ. Аз ин сабаб, ба Худо комилан бовар метавон кард, бале, комилан, на он гунае ки ба одамон — онҳо метавонанд фиреб диҳанд. Ҳатто агар шахсе аз доираҳои ҳукмрон бо боинсофии худ маълум бошад ҳам, ӯ ба ҷуброн ё нест кардани зараре, ки одамони бад мерасонанд, одатан қодир нест. Вале Худо Қодири мутлақ аст. Ӯ метавонад тамоми асарҳои бадиро дар ҳаёти инсоният аз байн бардорад ва Ӯ ҳатман ҳамин тавр хоҳад кард. Ҳамин ки вақташ расид, Худо барои ҳамешагӣ инсонҳоро аз ғаму дард халос хоҳад кард! (Забур 36:9–11-ро хонед.)

НАЗАРИ ХУДО БА БЕАДОЛАТӢ ЧӢ ГУНА АСТ?

11. a) Худо чӣ ҳиссиёте нисбати беадолатӣ дорад? б) Худо ба ғаму ранҷуриҳои шумо чӣ гуна менигарад?

11 Ба он воқеаҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон рӯй медиҳанд, Худо чӣ гуна менигарад? Ба рӯйдодҳои ҳаёти шумо-чӣ? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «Худованд адолатро дӯст медорад» (Забур 10:7). Нисбати ҳар некиву бадӣ Ӯ диққати хосса зоҳир мекунад. Худо ба ҳар намуди беадолатӣ нафрат дорад. Дар гузашта замоне ҷаҳон пур аз бадиву шарорат гашт ва Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар он вақт «Худованд ... дилаш маҳзун шуд» (Ҳастӣ 6:5, 6). Худо тағйир наёфтааст (Малокӣ 3:6). Ҳоло низ Ӯ ба ранҷу азобе, ки дар тамоми ҷаҳон ҷой дорад, бо дард менигарад. Худо азоб кашидани инсонҳоро чашми дидан надорад. «Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад»,— мегӯяд Китоби Муқаддас. (1 Петрус 5:7-ро хонед.)

Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки Яҳува Офаридгори Даҳр аст. Ӯ пурмеҳру муҳаббат мебошад.

12, 13. a) Чаро одамон хусусиятҳои хубе ба мисли муҳаббат доранд ва чӣ гуна муҳаббат ба нуктаи назари мо нисбати рӯйдодҳои ҷаҳон таъсир мекунад? б) Барои чӣ метавонем боварӣ дошта бошем, ки Худо ба ҳастии бадиву шарорат дар рӯи ҷаҳон хотима мебахшад?

12 Аз куҷо медонем, ки Худо ба азобҳои инсоният бо дард менигарад? Ин аст далел; дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки инсон ба шабоҳати Худо офарида шудааст (Ҳастӣ 1:26). Бинобар ин, хусусиятҳои хуби инсонӣ далели хусусиятҳои хуб доштани Худоянд. Масалан, азоб кашидани одамони бегуноҳ дар шумо чӣ ҳиссиётеро бедор мекунад? Агар шумо ба бадбахтиҳои дигарон бепарвоёна нигариста натавонед, итминон дошта бошед, ки Худо бештар аз ин ғамхор аст, охир ҳиссиёти Ӯ назар ба мо хеле бузургтар аст.

13 Яке аз хусусиятҳои беҳтарине, ки инсон дорост, муҳаббат мебошад. Ва бо ин низ мо хусусияти Худоро акс мекунем; Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Мо дӯст медорем, зеро Худо дӯст медорад. Оё шумо мехостед, ки ба ғаму дард ва беадолатии ҷаҳон поён диҳед? Агар барои ин кор тавоноӣ медоштед, ҳамин тавр мекардед? Албатта мекардед, зеро муҳаббат шуморо ба он бармеангезад! Бешак, Худо беадолативу ранҷуриҳоро аз миён хоҳад бардошт. Ваъдаҳои дар муқаддимаи ин китоб навишташудаи Худо орзуҳои пуч нестанд, онҳо албатта амалӣ мегарданд! Вале барои боварӣ ба ин ваъдаҳо, шумо бояд бо диҳандаи онҳо, яъне Худо хубтар шинос шавед.

ХУДО МЕХОҲАД, КИ ШУМО ӮРО БИШНОСЕД

Дар вақти шиносоӣ бо касе мо албатта номи худро муаррифӣ мекунем. Яҳува номашро ба воситаи Китоби Муқаддас бароямон ошкор месозад.

14. Номи Худо чист ва чаро мо бояд онро бихонем?

14 Шиносоӣ чӣ гуна сурат мегирад? Одатан аз донистани номи якдигар. Оё Худо ном дорад? Аксарияти динҳо мегӯянд, ки номи Худо «Худо» ё «Худованд» аст. Вале ин калимаҳо на ном, балки унвон ҳастанд, ба мисли калимаҳои «президент» ё «подшоҳ». Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо дорои унвонҳои зиёдест ва «Худо»-ву «Худованд» аз қабили онҳо мебошанд. Ва Каломи Худо таълим медиҳад, ки Худо дорои ном аст; Яҳува. Дар Забур 82:19 [83:18, ТФ] омадааст: «Ва бидонанд ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ». Агар дар тарҷумаи Китоби Муқаддас ба забони шумо номи Худо набошад, метавонед ба замимаи «Номи Илоҳӣ — истифода ва маънои он» нигаред ва бифаҳмед, ки чаро дар баъзе тарҷумаҳо номи Худо нест. Ҳақиқат ин аст, ки дар дастнависҳои қадимии Китоби Муқаддас номи Худо ҳазорҳо маротиба оварда шудааст. Аз ин бармеояд, ки Яҳува мехоҳад шумо номи Ӯро бидонед ва бихонед. Ӯ Китоби Муқаддасро барои шиносонидани худ бо шумо истифода мебарад.

15. Номи Яҳува чӣ маъно дорад?

15 Номе ки Худо ба худ додааст, маънои амиқ дорад. Номи Худо — Яҳува маънои онро дорад, ки Ӯ барои амалӣ гардонидани ҳар ваъдаи худ ва тамоми ниятҳояш қодир аст *. Номи Худо куллан беҳамтост. Ба ин ном танҳо Ӯ соҳиб шуда метавонад. Яҳува аз ҷонибҳои гуногун беҳамто мебошад. Аз кадом?

16, 17. Аз унвонҳои зерин дар бораи Яҳува чӣ омӯхта метавонем: а) «Қодири Мутлақ»? б) «Подшоҳи ҷовидонӣ»? в) «Офаридгор»?

16 Чуноне ки аз Забур 82:19 [83:18, ТФ] фаҳмидем, Яҳува «батанҳо бар тамоми замин Мутаол» аст. Ва Яҳува ягона шахсест, ки «Қодири Мутлақ» номида мешавад. Дар Ваҳй 15:3 омадааст: «Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон!». Унвони «Қодири Мутлақ» тавонотарин будани Яҳуваро меомӯзонад. Ба тавоноии Ӯ ҳеҷ кас баробар шуда наметавонад. Дар Ирмиё 10:10 Яҳува «Подшоҳи ҷовидонӣ» номида мешавад, ки як ҷабҳаи нотакрори дигари шахсияти Яҳуваро ошкор мекунад; Худо ибтидо надорад, вуҷудияти Ӯ ҳамешагист. Забур 89:2 мегӯяд: «Аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ, эй Худо». Ин гуфтор ҳаяҷоновар аст, ҳамин тавр-не?

17 Бештар аз ин, беҳамто будани Яҳува дар Офаридгор будани Ӯ таҷассум ёфтааст. Дар Ваҳй 4:11 мехонем: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст». Ҳар чизеро ки ба хаёл наоваред, аз махлуқоти рӯҳии ноаён дар осмон то ситораҳое, ки осмони шабонаро пур мекунанд, аз меваҳое, ки дарахтон ба бор меоранд то моҳиҳое, ки дар дарёҳову уқёнусҳо шино менамоянд,— вуҷудияти тамоми ин чизҳо ба туфайли Офаридгор будани Яҳува аст!

ОЁ НАЗДИК ШУДАНИ МО БА ЯҲУВА ИМКОНПАЗИР АСТ?

18. Чаро баъзеҳо фикр мекунанд, ки ба Худо ҳеҷ гоҳ наздик шуда наметавонанд ва Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ меомӯзонад?

18 Ҳангоми хониш дар бораи хусусиятҳои волои Худо баъзеҳо каме ба ваҳм меоянд. Онҳо Худоро дастнорас меҳисобанд ва ақида доранд, ки бузургии Худо ба Ӯ наздик шуданро барояшон имконнопазир мекунад. Вале оё ин ақида дуруст аст? Китоби Муқаддас онро инкор мекунад. Ва дар бораи Яҳува мегӯяд: «Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест» (Аъмол 17:27). Китоби Муқаддас ҳатто бармеангезад, ки «ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8).

19. a) Чӣ тавр ба Худо наздик шуда метавонем ва чаро ин кор муфид аст? б) Кадоме аз хусусиятҳои Худо шуморо мутаассир карданд?

19 Чӣ тавр шумо ба Худо наздик шуда метавонед? Пеш аз ҳама, бояд шиносоӣ бо Худоро давом диҳед — чуноне ки ҳоло мекунед. Исо гуфтааст: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳанно 17:3). Бале, Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки донишгирӣ дар бораи Яҳува ва Исо ба «ҳаёти ҷовидонӣ» роҳнамоӣ мекунад! Ҳамон гунае, ки ёдрас шуда буд, «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:16). Яҳува инчунин сифатҳои олии дигаре ҳам дорад. Масалан, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Яҳува — «Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо» аст (Хуруҷ 34:6). Ӯ «некӯ ва омурзгор ҳаст» (Забур 85:5). Худо пурсабр мебошад (2 Петрус 3:9). Ҳар қадаре, ки Китоби Муқаддасро бихонед, ҳамон қадар хоҳед дид, ки Яҳува ҳақиқатан дорои ин хусусиятҳо ва хислатҳои аҷиби дигар аст.

20–22. a) Оё ноаён будани Худо моро аз наздикӣ бо Ӯ бозмедорад? Фаҳмонед. б) Баъзе одамон аз рӯи ниятҳои нек шояд ба чӣ кор шуморо ташвиқ намоянд ва шуморо чӣ кор мебояд?

20 Албатта Худоро дидан номумкин аст, зеро Ӯ Рӯҳи ноаён мебошад (Юҳанно 1:18; 4:24; 1 Тимотиюс 1:17). Бо Ӯ шумо ба воситаи Китоби Муқаддас аз наздиктар шинос шуда метавонед, чунки шахсияти Худо дар саҳифаҳои он тасвир шудааст. Ҳамон тавре ки забурнависе гуфтааст, шумо метавонед «шавкати Худовандро мушоҳида намоед» (Забур 26:4; Румиён 1:20). Ҳар қадаре ки дар бораи Яҳува бештар омӯзед, ҳамон қадар воқеияти Ӯро ҳис мекунед ва барои дӯст доштани Ӯ сабабҳои зиёдтареро мебинед ва худро ба Вай наздиктар ҳис хоҳед кард.

Муҳаббате ки падари дӯстдор ба фарзандонаш эҳсос мекунад, акскунандаи муҳаббати бузурги Падари осмонӣ нисбати мост.

21 Тадриҷан шумо мефаҳмед, ки чаро Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, то Яҳуваро ҳамчун Падар қабул дорем (Матто 6:9). Худо на танҳо ба мо ҳаёт бахшидааст, Ӯ мехоҳад, ки мо хушбахт бошем,— ҳамон гунае ки падари дӯстдор барои фарзандонаш орзу мекунад (Забур 35:10). Китоби Муқаддас ҳамчунин мегӯяд, ки инсон метавонад дӯсти Худо гардад (Яъқуб 2:23). Лаҳзае тасаввур кунед; шумо метавонед дӯсти Офаридгори Даҳр шавед!

22 Шояд баъзеҳо бо ниятҳои нек шуморо аз омӯзиши Китоби Муқаддас боздоштанӣ шаванд. Онҳо эҳтимолан хавотир ҳастанд, ки шумо ақидаҳои динии худро дигар мекунед. Вале нагузоред, ки касе шуморо аз дӯстӣ бо чунин Дӯсти беҳтарин дар дунё маҳрум намояд.

23, 24. a) Чаро ҳангоми омӯзиш аз саволдиҳӣ набояд шарм дошт? б) Мавзӯи боби оянда дар бобати чист?

23 Албатта, ҳама чизро яку якбора фаҳмидан мумкин нест. Бинобар ин, аз пурсидан шарм надоред. Барои ин каме фурӯтанӣ лозим асту халос. Исо-пайғамбар фармуд, ки фурӯтаниро аз кӯдакон ёд гирем (Матто 18:2–4). Чуноне ки медонем, онҳо саволҳои зиёд медиҳанд. Худо мехоҳад, ки шумо ба саволҳоятон ҷавоб ёбед. Китоби Муқаддас касонеро, ки хоҳиши зиёде барои дониш андӯхтан дар бораи Худо доштанд, таҳсин мекунад. Ин шахсон бодиққат Навиштаҳоро санҷиданд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки ҳар чизи таълимгирифтаашон мувофиқи ҳақиқат аст. (Аъмол 17:11-ро хонед.)

24 Роҳи беҳтарини омӯзиш дар бораи Яҳува — омӯзиши Китоби Муқаддас аст. Он аз китобҳои дигар фарқ мекунад. Бо чӣ? — Инро аз боби оянда мефаҳмем.

^ сарх. 15 Дар бораи маънову талаффузи номи Худо аз замимаи «Номи Илоҳӣ — истифода ва маънои он» бештар хоҳед донист.