Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ДУ

Китоби Муқаддас китоби илоҳист

Китоби Муқаддас китоби илоҳист
  • Китоби Муқаддас аз китобҳои дигар чӣ фарқ дорад?

  • Чӣ гуна Китоби Муқаддас дар ҳалли мушкилиҳо ёрӣ мерасонад?

  • Чаро пешгӯиҳои Китоби Муқаддас шоёни бовариянд?

1, 2. Аз кадом ҷиҳатҳо Китоби Муқаддас ҳадяи бебаҳоест аз ҷониби Худо?

МЕТАВОНЕД ягон мавридеро, ки дӯсти азизатон ҳадяи хубе ба шумо бахшид, ба хотир оред? Чунин лаҳзаҳо дилгармкунанда ҳастанд. Охир он шаҳодатест аз қадрдонии дӯстатон. Бешубҳа, шумо барои чунин қадрдонӣ ба дӯстатон миннатдории худро изҳор кардед.

2 Китоби Муқаддас ҳадяест аз ҷониби Худо ба мо ва барои он бояд аз Ӯ самимона миннатдор бошем. Ин китоби беҳамто чизҳоеро бароямон ошкор менамояд, ки фаҳмиданашон аз ҳеҷ манбаи дигар имконпазир нест. Масалан, он ба мо дар бораи офариниши замин, осмони пурситора ва нахустин марду зан нақл мекунад. Китоби Муқаддас принсипҳои боэътимодеро дар худ дорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои рӯзгор ва саришта кардани ташвишҳои он ба мо ёрӣ мерасонанд. Ин китоб ба мо мефаҳмонад, ки чӣ тавр Худо мақсадашро амалӣ гардонида, дар рӯи замин шароитҳои беҳтаринро фароҳам хоҳад овард. Чӣ ҳадяи бебаҳоест Китоби Муқаддас!

3. Аз ҷониби Офаридгор пешкаш гардидани Китоби Муқаддас чиро дар бораи Ӯ ба мо маълум менамояд ва чаро ин бароямон рӯҳафзо мебошад?

3 Ин ҳадя ба мо ҳамчунин шахсияти Ҳадядиҳанда — Яҳува Худоро ошно месозад. Пешкаш кардани ин ҳадя аз ҷониби Офаридгор далели он аст, ки Худо мехоҳад, то Ӯро хубтар бишносем. Ҳақиқатан Китоби Муқаддас барои наздик шудан ба Худо ба шумо кӯмак карда метавонад.

4. Дар масоҳати паҳншавии Китоби Муқаддас шуморо чӣ мутаассир кард?

4 Имрӯз Китоби Муқаддас қариб дар ҳар як хонадон вуҷуд дорад. Ин китоб пурра ё қисман ба зиёда аз 2600 забон нашр шудааст, аз ин рӯ он барои бештар аз 90 фоизи аҳолии рӯи замин дастрас мебошад. Ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта беш аз миллион нусхаи он паҳн карда мешавад! Ҳоло дар ҷаҳон миллиардҳо нусхаҳои пурраи Китоби Муқаддас ва ё қисмҳои алоҳидаи он аз чоп баромадаанд. Бале, ягон китоби дигар ба Китоби Муқаддас монанд нест!

«Тарҷумаи дунёи нав»-и Навиштаҳои Муқаддас ба забонҳои гуногун нашр шудааст

5. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Китоби Муқаддас «аз рӯи илҳоми илоҳӣ» навишта шудааст?

5 Беш аз ин, Китоби Муқаддас «аз рӯи илҳоми илоҳӣ» навишта шудааст. (2 Тимотиюс 3:16-ро хонед.) Чӣ тавр? Худи ин китоб мегӯяд: «муқаддасони Худо бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд» (2 Петрус 1:21). Намунае меорем; соҳибкор метавонад ба котибааш навиштани мактубро супориш диҳад. Ин мактуб фикру дархостҳои соҳибкорро дар худ дорад. Аз ин рӯ, муаллифи мактуб на котиба, балки худи соҳибкор мебошад. Ба мисли ин, Китоби Муқаддас на суханони нависандагонаш, балки пайғомҳои Худоро дар бар мегирад. Пас, тамоми гуфтаҳои Китоби Муқаддас ҳақиқатан «каломи Худо» мебошанд (1 Таслӯникиён 2:13).

ҲАМОҲАНГУ МУВОФИҚ ВА ДАҚИҚ

6, 7. Чаро ҳамоҳангии Китоби Муқаддас хеле ҷолиби диққат аст?

6 Китоби Муқаддас дар таи беш аз 1600 сол навишта шудааст. Нависандагони он дар замонаҳои гуногун зиндагӣ мекарданд ва аслу насабашон низ мухталиф буд. Баъзе аз онҳо деҳқон, моҳигир ё чӯпон буданд, баъзеи дигар пайғамбар, довар ё подшоҳ. Нависандаи Инҷил — Луқо табиб буд. Вале новобаста аз гузаштаҳои гуногуни нависандагонаш, Китоби Муқаддас аз аввал то ба охир ҳамоҳанг ва ба ҳам мувофиқ аст *.

7 Дар аввали Китоби Муқаддас, яъне дар китоби якуми он аз куҷо пайдо шудани мушкилиҳои инсоният нақл шудааст. Китоби охирини он бошад, нишон медиҳад, ки чӣ гуна тамоми замин ба боғи зебо, яъне биҳишт табдил меёбад. Китоби Муқаддас ҳазорсолаҳои таърихи инсониятро фаро гирифта, ҳар як қисми он бо тарзе ба мақсади Худо ва амалӣ гаштани он равшанӣ меандозад. Ҳамоҳангии Китоби Муқаддас ҳайратангез аст, вале китоб аз Худо бояд маҳз ҳамин гуна бошад, ҳамин тавр-не?

8. Мисолҳое оред, ки аз нуқтаи назари илм дуруст будани Китоби Муқаддасро нишон медиҳанд.

8 Китоби Муқаддас аз нуқтаи назари илм дақиқ аст. Маълумоти ин китоб аз назари илм хеле пешрафта аз тасаввуроти одамони он замона мебошад. Масалан, китоби Ибодат қонунҳоеро дар бар мегирад, ки исроилиёнро аз қоидаҳои тозагӣ ва карантин хабардор мекард, дар ҳоле ки мардумони атроф дар ин бора тасаввуроте надоштанд. Дар давраҳое, ки шакли сайёраи Заминро нодуруст тасаввур мекарданд, Китоби Муқаддас ба доирашакл ё кура будани он ишора намуда буд (Ишаъё 40:22). Дар он аниқ гуфта шуда буд, ки «замин бар нестӣ» овезон аст (Айюб 26:7). Албатта, Китоби Муқаддас асари илмӣ нест. Аммо гуфтаҳои он дар хусуси ҷузъиёти илм комилан дуруст мебошанд. Магар айнан чунин дурустиро зи китобе ки аз ҷониби Худост, интизор набояд буд?

9. a) Чӣ тавр Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки он аз назари таърих саҳеҳ ва боэътимод аст? б) Ростқавлии нависандагонаш чиро дар бобати Китоби Муқаддас нишон медиҳад?

9 Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас таърихан боэътимод ва саҳеҳ мебошад. Дар он маълумот ба таври махсус баён шудааст; китоб на танҳо ном, балки насабномаи шахсиятҳои таърихиро низ пешкаш мекунад *. Дар муқоиса бо таърихнигорони дунявӣ, ки аксар вақт мағлубиятҳои халқашонро зикр намекарданд, нигорандагони Китоби Муқаддас ҳатто дар вақти навиштани норасоиҳои худ ё халқашон ростқавл мемонданд. Масалан, дар китоби «Ададҳо» нависандаи он Мусо-пайғамбар, дар бораи хатои ҷиддии содир кардааш ва ҷазои барои он гирифтааш ошкоро навиштааст (Ададҳо 20:2–12). Чунин ростқавлӣ дар хабарҳои таърихӣ камёб мебошад, вале дар Китоби Муқаддас вуҷуд дорад, чунки он китоби илоҳист.

ХИРАДИ ИН КИТОБ ҚОБИЛИ КОРБУРД АСТ

10. Чаро тааҷҷубовар нест, ки Китоби Муқаддас қобили корбурд аст?

10 Азбаски Китоби Муқаддасро Худо илҳом бахшидааст, вай «барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст» (2 Тимотиюс 3:16). Бале, ин китоб қобили корбурд мебошад. Дар он табиати инсонӣ хело хуб инъикос шудааст. Ва ин тааҷҷубовар нест, зеро Муаллифи Китоби Муқаддас Яҳува Худо, яъне худи Офаридгор мебошад! Ва Ӯ андешаву эҳсосоти моро беҳтар аз худи мо мефаҳмад. Беш аз ин, Ӯ медонад ки барои хушбахт будан мо ба чӣ ниёз дорем ва аз кадом роҳҳои бад бояд даргурез бошем.

11, 12. a) Дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ Исо дар бобати кадом мавзӯъҳо сухан меронд? б) Принсипҳои Китоби Муқаддас дар кадом ҷонибҳои ҳаёт ёрирасонанд ва чаро маслиҳатҳои он бо гузашти вақт қадру қимати худро гум намекунанд?

11 Биёед, Мавъизаи Болоикӯҳии Исоро, ки дар бобҳои аз 5 то 7-и китоби Матто мавҷуд аст, дида бароем. Дар ин ганҷинаи ҳикмат Исо дар бобати мавзӯъҳои гуногун аз қабили дастрас кардани хушбахтии ҳақиқӣ, бартараф намудани муноқишаҳо, тарзи дуо гуфтан ва доштани назари дуруст ба чизҳои моддӣ сухан рондааст. Ва ин суханони Исо имрӯз низ чун дар он замонаҳо таъсирбахш ва қобили корбурданд.

12 Баъзе аз принсипҳои Китоби Муқаддас оиди ҳаёти оилавӣ, муносибати мо ба меҳнат ва ё созгорӣ дар робитаи байни инсонҳо мебошанд. Бале, принсипҳои ин китоб ҳамеша лоиқи корбурд ва маслиҳатҳои он дар ҳар ҳолат манфиатбахшанд. Ҳикматеро, ки Китоби Муқаддас дорост, бо ин гуфтаҳои дар китоби Ишаъё овардашудаи Худо хулоса метавон кард: «Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ» (Ишаъё 48:17).

КИТОБИ НУБУВВАТҲО

Яке аз нависандагони Китоби Муқаддас Ишаъё-пайғамбар шикасти Бобилро пешгӯӣ карда буд

13. Кадом ҷузъиёти шикасти Бобилро Яҳува ба воситаи Ишаъё ошкор карда буд?

13 Китоби Муқаддас нубувватҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки аксарияти онҳо аллакай ба иҷро расидаанд. Ба намунае таваҷҷӯҳ кунед. Яҳува ба воситаи пайғамбар Ишаъё, ки дар асри VIII қ. д. мо зиндагӣ мекард, харобшавии шаҳри Бобилро пешгӯӣ кард (Ишаъё 13:19; 14:22, 23). Инчунин Вай тарзи забт кардани ин шаҳрро бо тафсилоташ дақиқ пешгӯӣ намуд. Сипоҳи душман бояд дарёи Бобилро хушк карда, бе муҳориба ба шаҳр медаромад. Ғайр аз ин, Ишаъё подшоҳеро ки бар Бобил ғолиб хоҳад омад, ном бурд — Куруш. (Ишаъё 44:27–45:2-ро хонед.)

14, 15. Ба иҷрорасии баъзе аз ҷузъиёти пешгӯии Ишаъёро дар хусуси шикасти Бобил нақл кунед.

14 Тақрибан 200 сол пас аз ин, шаби байни 5 ва 6-уми октябри соли 539 қ. д. мо наздикии Бобилро лашкари бузурге ишғол намуд. Ва кӣ буд фармондеҳи ин лашкар? — Подшоҳи форс бо номи Куруш! Ҳамин тавр, пешгӯии аҷиби Китоби Муқаддас ба иҷроиш сар кард. Вале оё лашкари Куруш дар ҳақиқат бе муҳориба ба Бобил даромад?

15 Бобулиён дар он шом базме ороста буданд; онҳо худро дар паси деворҳои бузургу мустаҳками шаҳр аз хатар эмин ҳис мекарданд. Дар ин вақт, Куруш оби дарёеро ки аз Бобил мегузашт, бо маҳорат сӯи дигар равона кард. Оби дарё ба тезӣ ба қадри кофӣ паст шуд ва сарбозон аз он гузашта, ба деворҳои шаҳр наздик шуданд. Акнун сипоҳи Куруш монеаи деворҳои «фатҳнопазир»-и Бобилро чӣ тавр бартараф мекарда бошад? Он шаб дарвозаҳои шаҳрро бепарвоёна боз монда буданд.

16. a) Дар хусуси оқибати Бобил Ишаъё чӣ пешгӯӣ карда буд? б) Пешгӯиҳои Ишаъё дар бораи харобазор гардидани Бобил чӣ тавр ба иҷро расиданд?

16 Дар бораи Бобил нубувват шуда буд: «Вай ҳаргиз обод нахоҳад шуд, ва то абад маскун нахоҳад гардид; ва аъробӣ дар он ҷо хайма нахоҳад зад, ва чӯпонон рамаҳои худро дар он ҷо нахоҳанд хобонид» (Ишаъё 13:20). Ин нубувват на танҳо дар хусуси шикасти Бобил пешгӯӣ мекунад. Он ишора менамояд, ки Бобил ҳамешагӣ ба харобазор табдил хоҳад гашт. Ва имрӯз далелҳои амалӣ гаштани ин суханҳо аёнанд. Харобазори Бобили қадим, ки дар масофаи тақрибан 80 км аз самти ҷанубии Бағдод (Ироқ) мавҷуд аст, исботи иҷрошавии суханони ба воситаи Ишаъё гуфтаи Яҳува мебошанд: «Онро бо ҷорӯби ҳалокат хоҳам рӯфт» (Ишаъё 14:22, 23) *.

Бобили харобазор

17. Иҷрошавии нубувватҳои Китоби Муқаддас чӣ тавр имонро қавӣ мегардонад?

17 Дорои нубувватҳои боэътимод будани Китоби Муқаддас имони моро хеле қавӣ мегардонад, ҳамин тавр-не? Дар ҳақиқат, он ки Яҳува дар гузашта ваъдаҳои худро ҳамеша иҷро менамуд, моро итминон медиҳад, ки Ӯ ваъдаҳои дар бобати биҳишти рӯизаминӣ додаашро низ амалӣ хоҳад кард. (Ададҳо 23:19-ро хонед.) Бале, мо «умеди ҳаёти ҷовидонӣ»-ро дорем, аз «Худое, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд [ва] онро аз азал ваъда кардааст» (Титус 1:2) *.

«КАЛОМИ ХУДО ЗИНДА АСТ»

18. Дар хусуси тавоноии Каломи Худо Павлуси расул чӣ гуфт?

18 Санадҳои дар ин боб овардашуда нишон медиҳанд, ки Китоби Муқаддас дар ҳақиқат китоби беҳамто мебошад. Ба он ҳамоҳангии қисмҳо, дақиқии илмиву таърихӣ хос аст. Ин китоб дорои ҳикмати амалӣ ва пешгӯиҳои боварибахш мебошад. Беш аз ин, Павлуси расул навиштааст: «Каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад» (Ибриён 4:12).

19, 20. a) Чӣ гуна бо ёрии Китоби Муқаддас мо худро беҳтар шинохта метавонем? б) Чӣ тавр миннатдории худро ба Худо барои ҳадяи беҳамтои ато кардааш — Китоби Муқаддас изҳор карда метавонем?

19 Мутолиаи Каломи Худо — Китоби Муқаддас қодир аст, ки зиндагии моро тағйир диҳад. Он метавонад ба мо дар санҷиши ботинамон кӯмак намояд, то бидонем, ки чӣ фикрҳое дар диламон маҳфузанд. Шояд хитоб менамоем, ки Худоро дӯст медорем, вале андешаҳои ниҳониву ниятҳои ҳақиқии қалби моро тарзи муносибати мо ба гуфтаҳои Калом ошкор месозад.

20 Чуноне ки дидем, Китоби Муқаддас дар ҳақиқат аз Худо нозил шудааст. Ва онро бояд мутолиа намоем, биомӯзем ва қадр кунем. Доимо ба ин китоб муроҷиат намуда, шумо метавонед миннатдориатонро ба ин ҳадяи илоҳӣ изҳор кунед. Бо ин амал, шумо ниятеро ки Худо нисбати одамон дорад, хубтар хоҳед фаҳмид. Он чӣ ниятест ва чӣ гуна амалӣ хоҳад шуд? — Дар ин бора боби оянда нақл мекунад.

^ сарх. 6 Ақидаи баъзе шахсон дар бораи ба ҳам зиддият доштани қисматҳои Китоби Муқаддас беасос мебошад. Нигаред ба боби 7-уми китобе, ки Шоҳидони Яҳува бо номи «Китоби Муқаддас — Каломи Худост ё инсон?» (рус.) нашр кардаанд.

^ сарх. 9 Масалан, дар Луқо 3:23–38 насабномаи муфассали Исо оварда шудааст.

^ сарх. 16 Барои маълумоти бештар дар бораи нубувватҳои Китоби Муқаддас ба саҳифаҳои 27–29-и рисола бо номи «Китобе барои ҳама мардумон» (нашри Шоҳидони Яҳува, рус.) нигаред.

^ сарх. 17 Харобазор гардидани Бобил, танҳо яке аз нубувватҳои баиҷрорасидаи Китоби Муқаддас аст. Намунаи дигари ин пешгӯиҳо сарнагун шудани Сӯр ва Нинве мебошад (Ҳизқиёл 26:1–5; Сафанё 2:13–15). Ҳамчунин, дар нубуввати Дониёл-пайғамбар давлатҳое, ки баъд аз Бобил бояд ворисони шоҳаншоҳии ҷаҳон мешуданд, пешгӯӣ шуда буданд. Онҳо давлатҳои Модай, Форс ва Юнон буданд (Дониёл 8:5–7, 20–22). Дар замимаи «Ҳазрати Исо — Масеҳи ваъдашуда аст» ба нубувватҳои зиёде дар хусуси Масеҳ нигаред, ки дар ҳаёти Исо-пайғамбар иҷро шуданд.