Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ЧОР

Исои Масеҳ кист?

Исои Масеҳ кист?
  • Исо кадом мавқеъи хоссаеро ишғол мекунад?

  • Ӯ аз куҷо омад?

  • Чӣ гуна инсон буд Исо?

1, 2. a) Чаро шахси машҳуреро донистан маънои хуб шинохтани ӯро надорад? б) Чӣ ақидаҳои печдарпече дар хусуси Исо мавҷуданд?

ШАХСОНИ машҳур дар дунё зиёданд. Баъзеҳо дар миқёси ноҳия, шаҳр ё мамлакат номдор гардидаанд. Бархеи дигар дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардаанд. Вале танҳо номи шахси машҳурро донистан маънои онро надорад, ки шумо ӯро дар ҳақиқат хуб мешиносед. Охир ба шумо дар бораи ҷузъиёти гузаштаи ӯ ва чӣ гуна инсон будани вай чизе маълум нест.

2 Дар саросари ҷаҳон одамон дар бораи Исои Масеҳ чизе шунидаанд, ҳатто дар ҳоле ки замони зиндагии ӯ қариб 2000 сол қабл аз ин буд. Ба ҳар ҳол, каманд одамоне ки аслан кӣ будани Исоро медонанд. Баъзеҳо ақида доранд, ки ӯ як инсони хубе буд. Дигарон бошанд, мегӯянд ки Исо фақат яке аз пайғамбарон аст. Ҳастанд шахсоне, ки ӯро ҳамчун Худо парастиш мекунанд. Оё ин дуруст аст?

3. Чаро шинохтани Яҳува ва Исо хеле муҳим аст?

3 Донистани ҳақиқат дар бораи Исо басо муҳим аст. Чаро? Чунки Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳанно 17:3). Бале, дар ҳақиқат шинохтани Яҳува Худо ва Исои Масеҳ, моро ба сӯи ҳаёти ҷовидонӣ дар замини биҳиштӣ роҳнамоӣ мекунад (Юҳанно 14:6). Беш аз ин, Исо намунаи беҳтарине гузошт оиди тарзи зиндагонӣ ва муносибати тарафайни одамон (Юҳанно 13:34, 35). Аз боби аввали ин китоб мо ҳақиқат дар бораи Худоро фаҳмидем. Ҳоло бошад, биёед бубинем, ки Китоби Муқаддас дар бораи Исо чиро таълим медиҳад.

МАСЕҲИ ВАЪДАШУДА

4. Калимаҳои «Масеҳ» ва «Христос» чӣ маъно доранд?

4 Хеле пештар аз тавлиди Исо Китоби Муқаддас омадани фиристодаи Худо — Масеҳ (ё Христос)-ро пешгӯӣ карда буд. Унвонҳои «Масеҳ» (аз забони ибронӣ) ва «Христос» (юнонӣ) — маънои «тадҳиншуда»-ро доранд. Шахси дар пешгӯӣ ваъдашуда, яъне Масеҳ бояд аз ҷониби Худо барои гирифтани мақоми махсус тадҳин мешуд. Аз бобҳои минбаъдаи ин китоб дар бораи нақши муҳими Масеҳ дар иҷрошавии ваъдаҳои Худо бештар хоҳем донист. Ҳамчунин дар бораи баракатҳое мефаҳмем, ки тавассути Исо ато гардида, қодиранд ки худи ҳоло ҳаёти моро беҳтар гардонанд. Аммо то тавлиди Исо бешакк бисёре аз мардум ба саволи «кӣ Масеҳ мешавад?» мароқ зоҳир мекарданд.

5. Шогирдони Исо дар ҳаққи ӯ ба чӣ итминони комил доштанд?

5 Дар асри I д. мо шогирдони Исои носирӣ итминони комил доштанд, ки устодашон Масеҳи пешгӯишуда аст (Юҳанно 1:41). Яке аз пайравони ӯ — Шимъӯни Петрус ошкоро ба Исо гуфт: «Ту Масеҳ ҳастӣ» (Матто 16:16). Ин шогирдон аз куҷо чунин боварӣ доштанд? Чӣ гуна мо ба Масеҳ будани Исо боварӣ ҳосил карда метавонем?

6. Бо намунае шарҳ диҳед, ки чӣ тавр Яҳува барои шинохтани Масеҳ ба одамони содиқ кӯмак кард.

6 Хеле пештар аз тавлиди Исо пайғамбарони Худо тафсилоти зиёдеро дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда буданд. Маҳз ҳамин ҷузъиёти пешгӯиҳо барои беиштибоҳ шинохтани Масеҳ кӯмак мекунанд. Инро бо намунае шарҳ медиҳем: фарз кардем аз шумо илтимос шуд, ки дар истгоҳи серодами қатораҳо ё фурӯдгоҳ шахси пештар надидаатонро пешвоз гиред. Оё иҷроиши ин кор бароятон осонтар нахоҳад шуд, агар касе пешакӣ баъзе аз нишонаҳои ин шахсро ба шумо бигӯяд? Ҳамин гуна Яҳува ба воситаи пайғамбаронаш ҳаёт ва хидмати Масеҳро муфассал пешгӯӣ намуда буд. Иҷрошавии ин пешгӯиҳои зиёд бояд ба одамони содиқи Худо барои шинохтани Масеҳ кӯмак мекарданд.

7. Кадом ду пешгӯӣ дар Исо иҷро шуданд?

7 Ду мисоле аз он пешгӯиҳо меорем. 700 сол пеш аз вуқӯъ, пайғамбар Мико пешгӯӣ кард, ки Масеҳи ваъдашуда бояд дар яке аз шаҳрҳои хурди Яҳудия — Байт-Лаҳм таваллуд шавад (Мико 5:2). Хуб, Исо дар куҷо таваллуд шуд? Бале, маҳз дар ҳамин шаҳр! (Матто 2:1, 3–9). Ғайр аз ин, қарнҳо пештар аз он, соли зоҳир шудани Масеҳ дар китоби Дониёл 9:25 пешгӯӣ шуда буд — соли 29 д. мо *. Иҷрошавии ин ва дигар нубувватҳо исбот мекунанд, ки Исо дар ҳақиқат Масеҳи ваъдашуда аст.

Исо ҳангоми таъмид гирифтанаш Масеҳ гашт.

8, 9. Кадом далели Масеҳ будани Исо ҳангоми таъмиди ӯ равшан шуд?

8 Далелҳои минбаъдаи Масеҳ будани Исо дар охири соли 29 д. мо равшантар гардиданд. Он соле буд, ки Исо ба назди Яҳёи Таъмиддиҳанда барои гирифтани таъмид дар дарёи Ӯрдун омад. Яҳува ба Яҳё-пайғамбар ваъда дод, ки аломате барои шинохтани Масеҳ хоҳад дод. Яҳё ин аломатро ҳангоми таъмиди Исо дид. Дар ин бора Китоби Муқаддас мегӯяд: «Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад. Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: “Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст”» (Матто 3:16, 17). Баъд аз дидану шунидани ин рӯйдодҳо, Яҳё ба фиристодаи Худо будани Исо шубҳа надошт (Юҳанно 1:32–34). Ҳамон лаҳзае, ки рӯҳи Худо ё нерӯи фаъоли Вай бар Исо нозил шуд, ӯ Масеҳ гашт, оне ки Пешво ва Подшоҳ таъин шуд (Ишаъё 55:4).

9 Иҷрошавии нубувватҳои Китоби Муқаддас ва шаҳодати шахсии Яҳува Худо ба таври равшан нишон медиҳанд, ки Исо Масеҳи ваъдашуда мебошад. Аммо ӯ аз куҷо омад ва чӣ гуна инсон буд? Биёед бубинем, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд.

ИСО АЗ КУҶО ОМАД?

10. Дар хусуси вуҷудияти тозаминии Исо Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

10 Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки Исо то ба рӯи замин омаданаш дар осмон зиндагӣ мекард. Мико натанҳо дар Байт-Лаҳм таваллуд шудани Масеҳ, балки «аз қадим, аз айёми азал» омадани ӯро низ пешгӯӣ карда буд (Мико 5:2). Худи Исо маротибаҳои зиёд гуфтааст, ки пеш аз ба сурати инсон тавлид ёфтанаш ӯ дар осмон зиндагӣ мекард (Юҳанно 3:13; 6:38, 62-ро хонед; 17:4, 5). Дар осмон Исо ҳамчун офаридаи рӯҳӣ аз муносибати махсусе бо Худо бархурдор буд.

11. Чӣ тавр Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Исо Писари маҳбубтарини Яҳува аст?

11 Исо офаридаи маҳбубтарини Худо мебошад ва ин бесабаб нест. Вай «нахустзодаи тамоми махлуқот» номида мешавад, зеро офаридаи аввалини Худост * (Қӯлассиён 1:15). Сабаби дигаре низ барои бағоят азиз будани Исо вуҷуд дорад; ӯ «писари ягоназод»-и Худо мебошад (Юҳанно 3:16, ТДН). Ин чунин маъно дорад, ки Исо ягона офаридаест, ки ӯро Худо мустақиман бо дасти худ ба вуҷуд овардааст. Ва Исо ягона шахсест, ки Худо ӯро дар офариниши тамоми мавҷудоти дигар истифода бурдааст (Қӯлассиён 1:16). Ҳамчунин Исо «Калом» номида шудааст (Юҳанно 1:14). Ин унвон шаҳодат медиҳад, ки Исо аз номи Худо сухан гуфта, пайғому дастурҳои Падарро ба писарони дигари рӯҳӣ ва ҳамчунин ба инсонҳо мерасонид.

12. Аз куҷо маълум аст, ки Писари нахустзода ба Худо баробар нест?

12 Баъзеҳо эътиқод доранд, ки нахустзодаи Худо ба Падар баробар аст. Таълимоти Китоби Муқаддас тамоман дигар аст. Чӣ тавре ки дар сархати боло зикр гардид, Писар офарида шуда буд. Аён аст, ки ҳаёти ӯ оғоз дошт, аммо вуҷудияти Яҳува Худо на ибтидо дорад, на интиҳо (Забур 89:2). Писари ягоназод ҳатто фикри ба Падар баробар буданро ҳаргиз раво намедонист. Китоби Муқаддас кушоду равшан таълим медиҳад, ки Падар аз Писар бузургтар аст (Юҳанно 14:28-ро хонед; 1 Қӯринтиён 11:3). Танҳо Яҳува «Худои Абарқудрат» мебошад ва аз ин рӯ, ҳеҷ кас ба ӯ баробар шуда наметавонад (Ҳастӣ 17:1, ТДН) *.

13. Чаро Китоби Муқаддас ба Исо чун ба «сурати Худои нонамоён» ишора мекунад?

13 Яҳува ва Писари нахустзодааш дар тӯли миллиардҳо сол, хеле пештар аз офариниши замину осмони пурситора аз муоширати наздик бо ҳам бархурдор буданд. Бале, гусастанопазир аст пайванди муҳаббати онҳо! (Юҳанно 3:35; 14:31). Хеле монанд аст ин Писар ба Падараш. Ана барои чӣ Китоби Муқаддас ба Писар чун ба «сурати Худои нонамоён» ишора мекунад (Қӯлассиён 1:15). Ҳамон тавре ки писар аз бисёр ҷиҳатҳо ба падараш монанд буда метавонад, Исо низ чун писари осмонӣ хусусиятҳо ва шахсияти Падарашро инъикос мекард.

14. Чӣ гуна Писари ягоназоди Яҳува ба шакли инсон таваллуд шуд?

14 Писари ягоназоди Яҳува бо омодагӣ осмонро тарк карда ба замин омад, то чун инсон зиндагӣ кунад. Шояд ба тааҷҷуб оед, ки «чӣ тавр офаридаи рӯҳӣ чун одам таваллуд шуд?» — Тавассути мӯъҷизаи Худо. Илоҳӣ ҳаёти Писари нахустзодаашро аз осмон ба батни яҳудидухтари бокира — Марям гузаронид. Исо падари инсонӣ надошт. Аз ин сабаб, Марям кӯдаки комил таваллуд кард. Ӯро Исо номиданд (Луқо 1:30–35).

ИСО ЧӢ ГУНА ИНСОН БУД?

15. Чаро гуфтан мумкин аст, ки тавассути Исо мо Яҳуваро хубтар шинохта метавонем?

15 Маълумот дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Исо шахсияти ӯро равшантар ошкор мекунад. Беш аз ин, дониш оиди Исо моро бо Яҳува хубтар шинос мекунад. Чӣ тавр? Ба ёд оред: ин Писар чун сурати комили Падараш аст. Ҳатто боре Исо ба як шогирдаш гуфта буд: «Ҳар кӣ маро бинад, Падарро дидааст» (Юҳанно 14:9). Чор китоби Навиштаҳои Муқаддас, ки чун Инҷил маълуманд — Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанно — ба мо оиди зиндагиву фаъолият ва хусусиятҳои Исои Масеҳ хеле зиёд нақл мекунанд.

16. Исо асосан дар бораи чӣ мавъиза мекард ва таълимоти вай аз куҷо сарчашма мегирад?

16 Исо-пайғамбар чун «устод» машҳур буд (Юҳанно 1:38; 13:13). Ӯ чиро таълим медод? Асосан хушхабарро дар бораи Салтанати Худо — ҳукумати осмоние, ки бар тамоми замин ҳукм хоҳад ронд ва баракатҳои беҳисоберо бар инсоният ато хоҳад кард (Матто 4:23). Ин хабар аз кӣ буд? Худи Исо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст» (Юҳанно 7:16). Исо медонист, ки Падар мехоҳад одамон хушхабари Салтанатро бишнаванд. Дар хусуси Салтанати Худо ва амалиёти ояндаи он мо аз боби 8 бештар мефаҳмем.

17. Исо дар куҷо таълим медод ва чаро ӯ барои ин роҳҳои дарозро тай менамуд?

17 Исо дар куҷоҳо таълим медод? Дар ҳар ҷое ки одамон буданд; дар шаҳру деҳаҳо, бозорҳо ва хонаҳои онҳо. Исо ба наздаш омадани одамонро интизор шуда наменишаст. Ӯ худ ба назди онҳо мерафт (Марқӯс 6:56; Луқо 19:5, 6). Чаро Исо ин қадар қуввату вақтро барои мавъизаву таълимдиҳӣ сарф менамуд? — Зеро бо ин вай иродаеро, ки Худо нисбаташ дошт, иҷро мекард. Исо ҳамеша иродаи Падарро ба ҷо меовард (Юҳанно 8:28, 29). Вале ин сабаби ягонаи ба кори мавъиза машғул шудани ӯ набуд. Дили вай ба издиҳоми мардуме, ки ба диданаш меомаданд, месӯхт. (Матто 9:35, 36-ро хонед.) Ин мардум аз сарварони дин ба ҷои таълимоти ҳақиқати Худову ниятҳои Ӯ, нисбати худ беэътиноӣ медид. Исо медонист, ки одамон ба хушхабари Салтанат хеле ниёз доранд.

18. Кадом хусусиятҳои Исо шуморо мутаассир карданд?

18 Исо инсони мушфиқу хеле дилсӯзе буд. Ва меҳрубону дастрас буданаш одамонро ба ӯ ҷалб менамуд. Ҳатто кӯдакон майл ба ӯ доштанд (Марқӯс 10:13–16). Исо шахси беғараз буд. Ӯ ба ноинсофиву беадолатӣ нафрат дошт (Матто 21:12, 13). Гарчанде ки дар он замонаҳо занон дучори беэътиноӣ буданду ҳуқуқҳояшон поймол мегашт, Исо ба онҳо ҳамеша бо иззату эҳтиром муносибат мекард (Юҳанно 4:9, 27). Фурӯтании Исо самимӣ буд. Боре вай пойҳои расулони худро шуст; ин хидматро одатан ғуломони хона ба ҷо меоварданд.

Исо дар ҳар ҷое ки ба одамон вомехӯрд, мавъиза мекард

19. Намунае оред, ки ғамхориву ҳамдардии Исоро нисбати дигарон нишон диҳад.

19 Исо нисбати дигарон ҳамдарду ғамхор буд. Ӯ борҳо беморонро бо қудрати Худо шифо бахшид (Матто 14:14). Боре махавие назди Исо омада гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Дарду азоби ин мардро дида, Исо ба вай раҳм кард. Ва дилсӯзона дасташро дароз карда ба махавӣ расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав». Бемор шифо ёфт (Марқӯс 1:40–42). Чӣ эҳсосоте дошт ин мард аз чунин мӯъҷиза!

ТО БА ОХИР ВАФОДОР

20, 21. Чӣ гуна Исо намунаи садоқатмандӣ ва итоаткорӣ ба Худоро боқӣ гузошт?

20 Исо намунаи олитарини садоқатмандӣ ва итоаткорӣ ба Худоро боқӣ гузоштааст. Дар ҳар гуна ҳолатҳову зери фишори озмоишҳо ва азобҳо ӯ ба Падари осмониаш вафодор монд. Исо бо матонат васвасаҳои Шайтонро бомуваффақият рад мекард (Матто 4:1–11). Замоне хешовандони Исо ба ӯ имон наоварданд ва ҳатто гуфтанд, ки вай «бехуд [«девона», ТҲФ] шудааст» (Марқӯс 3:21). Вале Исо аз ин рӯҳафтода нашуда, иҷрои иродаи Худоро давом медод. Ӯ ба ҳар таҳқиру тамасхур бо худдорӣ тоб оварда, ҳаргиз барои қасдгирӣ аз бадхоҳонаш азм намекард (1 Петрус 2:21–23).

21 Исо то дами марг — марги пурдарду азоб аз дасти душманонаш вафодории худро ба Худо нигаҳ дошт. (Филиппиён 2:8-ро хонед.) Биёед бубинем, ки дар рӯзи охирини ҳаёти одамиаш ӯ чиро аз сар гузаронид. Ӯро ҳабс намуданд, бо шаҳодати бардурӯғ гунаҳкор карданд, нисбаташ ҳукми ноҳақ бароварданд, издиҳоми мардум вайро тамасхур, афсарони румӣ бошанд, истинтоқ кардандаш. Исои мехкӯб дар ғӯлачӯби шиканҷа, нафаси охирин бароварда, фиғон кард: «Иҷро шуд!» (Юҳанно 19:30). Рӯзи сеюми маргаш Худо ӯро аз нав ҳамчун махлуқи рӯҳӣ эҳё кард (1 Петрус 3:18). Пас аз чил рӯз Исо ба осмон баргашт. Дар он ҷо, вай «ба ямини Худо бинишаст» ва интизори гирифтани қудрати подшоҳӣ шуд (Ибриён 10:12, 13).

22. Бо туфайли то ба марг содиқ мондани Исо чӣ имконпазир шуд?

22 То ба марг содиқ мондани Исо чиро имконпазир кард? Марги Исо барои мо дари умед ба ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замини биҳиштиро кушод,— ҳамон тавре ки Яҳува дар ибтидо ният карда буд. Чаро барои имконпазир шудани ин ният марги Исо лозим буд? — Дар ин хусус боби оянда нақл мекунад.

^ сарх. 7 Пешгӯии Дониёл дар бораи Масеҳ дар замимаи «Пешгӯиҳои Дониёл-пайғамбар дар бораи зоҳир шудани Масеҳ» шарҳ дода шудааст.

^ сарх. 11 Яҳуваро Китоби Муқаддас Падар меномад, зеро Офаридгори мо Ӯст (Ишаъё 64:8). Азбаски Исо офаридаи Худо мебошад, ӯро Писари Худо меноманд. Ба ҳамин сабаб махлуқоти дигари рӯҳӣ ва ҳатто инсони нахустин — Одам низ писарони Худо номида шудаанд (Айюб 1:6; Луқо 3:38).

^ сарх. 12 Далелҳои дигари ба Худо баробар набудани Писари нахустзода дар замимаи «Ҳақиқат дар хусуси Падар, Писар ва рӯҳулқудс» оварда шудаанд.