Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ШАШ

Мурдагон дар чӣ ҳолатанд?

Мурдагон дар чӣ ҳолатанд?
  • Баъд аз марг бо мо чӣ мешавад?

  • Чаро одамон мемиранд?

  • Чаро донистани ҳақиқат дар бораи марг тасаллобахш аст?

1–3. Кадом саволҳоро одамон оиди марг медиҳанд ва чӣ гуна посухҳоро динҳои гуногун пешкаш мекунанд?

ИНҲОЯНД саволҳое, ки одамон ҳазорсолаҳо инҷониб дар бораашон андеша мекунанд. Новобаста аз он ки кӣ ҳастему дар куҷо умр ба сар мебарем, ҷавоби ин саволҳои муҳим ба ҳар яки мо таъсир менамоянд.

2 Дар боби гузашта сӯҳбатамон дар хусуси он буд, ки чӣ тавр қурбонии фидяи Исо ба ҳаёти ҷовидонӣ роҳ кушод. Ҳамчунин мо аз Китоби Муқаддас дар бораи замоне фаҳмидем, ки «мамот [марг] дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:4). Аммо ҳоло ҳар яки мо миранда ҳастем. «Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд»,— гуфта буд Сулаймони хирадманд (Воиз 9:5). Мо саъй мекунем, ки умрамон то қадри имкон дароз бошад. Вале ба ҳар ҳол моро саволи «баъд аз марг бо мо чӣ хоҳад шуд?», ба ташвиш меоварад.

3 Марги наздиконамон бо худ андӯҳу мотам меорад. Дар чунин лаҳзаҳо саволи «онҳо дар чӣ ҳолат бошанд?», моро оромӣ намедиҳад. Оё онҳо ранҷу азоб мекашанд? Онҳо моро медида бошанд? Барояшон кӯмак карда метавониста бошем? Ягон бори дигар бо онҳо вомехӯрем? Динҳои гуногун ба ин саволҳо посухҳои мухталиф медиҳанд. Баъзеи онҳо таълим медиҳанд, ки инсонҳои нек ба осмон мераванд, лекин бадкирдорон дар оташ хоҳанд сӯхт. Динҳои дигар тасдиқ мекунанд, ки пас аз марг одамон ба олами арвоҳ — ба «манзил»–и аҷдодон мераванд. Баъзеҳо ҳатто мегӯянд, ки мурдаҳо ба олами зеризаминӣ афтода, мавриди ҳукм қарор мегиранд ва баъд аз нав дар ҷисми дигар таваллуд мешаванд.

4. Таълимоти динҳо дар хусуси марг аз кадом ақида асос мегиранд?

4 Чунин таълимоти динҳо аз як ақида асос мегиранд; чизи намирандае дар инсон вуҷуд дорад, ки ҳангоми марги ҷисм аз он озод шуда, ба зиндагӣ идома медиҳад. Аз замонҳои гузашта то имрӯзҳо эътиқоде мавҷуд аст, ки инсон баъд аз марг ҳам ба таври номафҳум қобилияти дидану шунидан ва фикррониро нигоҳ медорад. Оё ин имконпазир аст? Ҳиссиёт ва фикрронии одам бо фаъолияти мағзи сар вобаста мебошад. Ҳангоми марг кори мағзи сар қатъ мегардад. Аз ин сабаб, хотирот ва эҳсосоти одам дар ин вақт нест мешаванд. Охир онҳо пас аз марги мағзи сар худ ба худ вуҷуд дошта наметавонанд.

ДАР АСЛ ПАС АЗ МАРГИ ИНСОН БО ВАЙ ЧӢ МЕШАВАД?

5, 6. Таълимоти Китоби Муқаддас дар бораи ҳолати мурдагон чӣ гуна аст?

5 Албатта, ҳолати инсон пас аз марг барои Яҳува — Офаридгори мағзи сари инсон асрор нест. Ӯ ҳақиқатро дар ин бора медонад ва дар Каломи Худ — Китоби Муқаддас ҳолати мурдагонро шарҳ медиҳад. Ин таълимот рӯшану фаҳмост: вақте ки инсон мемирад, ҳастии вай поён меёбад. Марг ҳолатест, баръакси зиндагӣ. Мурдагон қобилияти дидан, шунидан ва фикр карданро надоранд. Ва ягон чизи намирандае ҳангоми марг аз ҷисми инсон ҷудо намешавад. Мо рӯҳи намиранда надорем *.

Оташи шамъ куҷо шуд?

6 Сулаймон–пайғамбар баъд аз мушоҳидаи он ки зиндагон ногузир будани марги худро медонанд, қайд кард: «мурдаҳо чизе намедонанд». Ва шарҳ дод, ки мурдагон муҳаббат ё нафрат надоранд ва «дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат». (Воиз 9:5, 6, 10-ро хонед.) Ҳамин гуна, Забур 145:4 мегӯяд, ки ҳангоми марг «андешаҳои вай [одам] нест мешаванд». Мо инсонҳои миранда ҳастем ва баъд аз марги ҷисм зиндагии мо дар ягон шакл давом намекунад. Ҳаёте ки ба сар мебарем, монанди оташаки шамъ аст. Ҳангоми хомӯш кардани ин оташ он ба ягон ҷой намеравад ё дар ягон ҷои дигар фурӯзон намешавад, фақат мавҷудияти вай қатъ мегардад.

ГУФТАҲОИ ИСО ДАР ХУСУСИ МАРГ

7. Исо маргро ба чӣ монанд кард?

7 Гуфтаҳои Исои Масеҳ дар хусуси мурдагон барои фаҳмидани ҳолати онҳо кӯмак мекунанд. Боре Исо шунид, ки Лаъзор — инсони барояш наздик фавтидааст. Дар он лаҳза ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст». Шогирдон, ки аз бемории Лаъзор хабардор буданд, аз ин гуфтаҳо ба хулоса омаданд, ки ӯ хуфтааст, то сиҳат шавад. Вале Исо чизи дигарро дар назар дошт ва чун дид, ки шогирдон нафаҳмиданд, гуфт: «Лаъзор мурдааст». (Юҳанно 11:11–14-ро хонед.) Пайхас кардед, ки Исо маргро бо хоб қиёс намуд? Лаъзор на дар осмон буд, на дар дӯзахи оташин. Ӯ на бо фариштаҳо вохӯрду на бо арвоҳи аҷдодон. Лаъзор чун инсони дигар тавлид ҳам наёфт. Ӯ ба хоби гарони марг рафт. Китоби Муқаддас дар матнҳои дигараш ҳам маргро ба хоб ташбеҳ додааст. Масалан, дар Забур 12:4 Довуд чунин мегӯяд: «...мабодо хоби марг равам». Дониёл–пайғамбар ҳам гуфтааст: «Бисёре аз онҳое ки дар хоки замин хобидаанд, бедор хоҳанд шуд» (Дониёл 12:2).

Яҳува одамонро барои зиндагии ҷовидона дар рӯи замин офарид.

8. Аз куҷо донистан мумкин аст, ки марги одамизод дар мақсади Худо ҷой надошт?

8 Оё аз ибтидо Худо дар мақсуди худ марги одамонро дар назар дошт? Ҳаргиз! Нияти Яҳува ҷовидона дар рӯи замин зиндагӣ кардани одамизод буд. Ҳамон тавре, ки аз бобҳои гузаштаи ин китоб омӯхтем, Худо ҷуфти аввалини инсониро дар биҳишти фараҳафзо маскун намуд. Ӯ ба онҳо саломатии комил ато кард. Парвардигор нисбати онҳо танҳо орзуҳои нек дошт. Магар касе аз волидон мехоҳад, ки фарзандонаш пир шаванду бимиранд? Албатта, не! Яҳува фарзандони худро дӯст медошт ва мехост, ки онҳо абадан дар рӯи замин хушбахтона зиндагӣ кунанд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува «фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст» (Воиз 3:11). Худо моро бо хоҳиши ҷовидона зистан офаридааст ва Ӯ ин хоҳишро амалӣ хоҳад кард.

ЧАРО ОДАМОН МЕМИРАНД?

9. Яҳува чиро ба Одам манъ кард ва барои чӣ итоат ба ин амр мушкил набуд?

9 Пас барои чӣ одамон мемиранд? Барои ёфтани ҷавоб ба ин савол, бояд рӯйдодҳоеро ба хотир орем, ки ҳангоми мавҷудияти танҳо як марду як зан ба вуқӯъ омаданд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ва Худованд Худо ҳар гуна дарахти хушнамуд ва хушхӯрро аз замин рӯёнид» (Ҳастӣ 2:9). Фақат як амал мамнӯъ буд: «Ва Худованд Худо ба Одам амр фармуда гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир, аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд”» (Ҳастӣ 2:16, 17). Итоат ба ин амр мушкил набуд. Дарахтони зиёди дигаре буданд, ки Одаму Ҳавво аз меваҳои он хӯрда метавонистанд. Вале ин амр имконияти мувофиқе буд, барои зоҳир намудани сипосгузории эшон ба Оне, ки ҳар чиро, аз ҷумла ҳаёти ҷовидониро барояшон ато кард. Итоати Одаму Ҳавво ҳамчунин нишондиҳандаи эҳтироми онҳо бар ҳокимияти Падари осмонӣ мебуд ва хоҳиши ба ҳидояти пурмеҳри Худо пайравӣ кардани онҳоро аён мекард.

10, 11. a) Чӣ гуна ҷуфти аввалини инсонӣ ба Худо беитоатӣ зоҳир кард? б) Чаро беитоатии Одаму Ҳавво афвнопазир аст?

10 Мутаассифона, ҷуфти аввалини инсонӣ саркашӣ аз Яҳуваро интихоб намуд. Тавассути мор Шайтон аз Ҳавво пурсид: «“Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?» Зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем, лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред”» (Ҳастӣ 3:1–3).

11 «Не, нахоҳед мурд; балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд»,— посух дод Шайтон (Ҳастӣ 3:4, 5). Ӯ мехост Ҳавворо бовар кунонад, ки хӯрдани меваи мамнӯъ барояш фоидабахш хоҳад буд. Аз рӯи суханҳои вай, Ҳавво ҳақ дошт, ки чӣ будани неку бадро худаш муқаррар намояд ва чӣ коре ки хоҳад кунад. Шайтон инчунин натиҷаеро, ки мувофиқи суханҳои Яҳува бояд аз хӯрдани меваи мамнӯъ бармеомад, инкор карда, Яҳуваро дар дурӯғгӯӣ айбдор намуд. Ҳавво ба суханҳои Иблис бовар карда, меваро канду хӯрд. Ва ба шавҳари худ низ дод ва ӯ ҳам аз он мева хӯрд. Ин амалро онҳо дидаву дониста карданд. Эшон хуб медонистанд, ки кори кардаистодаашон бархилофи амри Худост. Бо хӯрдани мева, онҳо аз як амри оддиву оқилона қасдан саркашӣ карданд. Одаму Ҳавво нисбати Падари дӯстдори осмонӣ ва ҳокимияти Ӯ беҳурматӣ нишон доданд. Ин кори онҳо афвнопазир аст!

12. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки эҳсосоти Яҳуваро дар мавриди бар зидди Ӯ исён бардоштани Одаму Ҳавво бифаҳмем?

12 Намунае меорем. Агар фарзандони ғамхорона ба воя расонидаатон бо беитоатии худ нишон медоданд, ки шуморо дӯст намедоранд ва ҳурмат намекунанд, чӣ эҳсосе дар ин сурат медоштед? — Эҳсоси дилрешкунанда! Акнун тасаввур кунед, ки чӣ дардеро Яҳува эҳсос кард, ҳангоме ки Одаму Ҳавво роҳи исён бар зидди Ӯро интихоб намуданд.

Одам аз хок шуду ба хок баргашт.

13. Аз рӯи гуфтаи Яҳува бо Одам баъд аз марг бояд чӣ мешуд ва ин чӣ маъно дорад?

13 Яҳува барои дастгирии вуҷудияти Одаму Ҳаввои исёнгар дигар асосе надошт. Онҳо мурданд, ҳамон тавре ки Ӯ огаҳашон карда буд. Ҳастии Одаму Ҳавво ба охир расид. Онҳо ба олами арвоҳ нагузаштанд. Ин аз суханҳое бармеояд, ки Яҳува баъд аз ба муқобили Ӯ баромадани Одами саркаш гуфт: «Ба хок бармегардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт» (Ҳастӣ 3:19). Худо Одамро аз хоки замин сиришт (Ҳастӣ 2:7). То он дам Одам вуҷуд надошт. Бинобар ин, ҳукми Яҳува оиди ба хок бозгаштани Одам, маънои ба ҳолати нестӣ баргаштани вайро дошт. Одам бояд мисли хоки беҷоне мешуд, ки аз он сиришта шуд.

14. Сабаби марги инсонҳо чист?

14 Одаму Ҳавво метавонистанд то ба ҳол зиндагӣ намоянд, аммо онҳо мурданд, зеро роҳи беитоатӣ ба Худоро интихоб намуда гуноҳ карданд. Сабаби мурдани инсонҳо дар он аст, ки Одам гуноҳу маргро ба наслаш ба ирс гузаронд. (Румиён 5:12-ро хонед.) Ин гуноҳро бо бемории ирсии мудҳише қиёс метавон кард, ки аз он касе ҷон ба саломат бурда наметавонад. Натиҷаи он — марг, лаънати Худост. Марг душман аст, на дӯст (1 Қӯринтиён 15:26). Хеле сипосгузор бояд буд, ки Яҳува барои халосии мо аз ин душмани мудҳиш фидя фароҳам овард!

ДОНИСТАНИ ҲАҚИҚАТ ДАР БОРАИ МАРГ МУФИД АСТ

15. Чаро донистани ҳақиқат оиди марг тасаллибахш аст?

15 Таълимоти Китоби Муқаддас дар бораи ҳолати аслии мурдагон тасаллибахш аст. Ҳамон тавре ки дидем, мурдагон ранҷу азоб намекашанд. Сабабе барои тарсидан аз онҳо вуҷуд надорад, зеро мурдагон ба мо зарар расонида наметавонанд. Онҳо ба кӯмаки мо ниёз надоранд ва ба мо низ ёрӣ дода наметавонанд. На мо бо онҳо, на онҳо бо мо сухан ронда метавонанд. Коҳинони динҳои зиёд бардурӯғ хитоб менамоянд, ки ба шахсони фавтида ёрӣ дода метавонанд ва одамоне, ки ба онҳо бовар мекунанд, ба умеди кӯмак ба наздикони фавтидаашон ба чунин коҳинон пул медиҳанд. Донистани ҳақиқат дар хусуси марг моро аз чунин фиреби касоне, ки таълимоти бардурӯғ медиҳанд, муҳофизат мекунад.

16. Кӣ ба таълимоти аксарияти динҳо таъсир расондааст ва чӣ гуна?

16 Оё динҳо бо таълимоти Китоби Муқаддас оиди марг розиянд? Аксарияташон не. Барои чӣ? Барои он ки пайдоиши таълимоти онҳо зери таъсири Шайтон буд. Динҳои козибро Шайтон барои бовар кунонидани одамон ба он ки баъди марги ҷисмашон рӯҳи онҳо ба ҳастӣ идома медиҳад, истифода мебарад. Ин дурӯғест, ки Шайтон бо дурӯғҳои дигар омехта, одамонро гумроҳ ва аз Худо дур мекунад. Ба чӣ тарз?

17. Чаро таълимот дар бораи шиканҷаҳои абадӣ ба номи Яҳува нанг меорад?

17 Ҳамон тавре ки пештар зикр гардид, баъзеи динҳо таълим медиҳанд, ки одамони бадкирдор пас аз марг ба дӯзах афтода абадан азоб мекашанд. Ин таълимот ба номи Худо нанг меорад. Яҳува Худои муҳаббат аст ва ҳаргиз одамонро азобу шиканҷа намедиҳад. (1 Юҳанно 4:8-ро хонед.) Инсоне, ки барои ҷазои фарзанди гапнодаро дастони вайро дар оташ медорад, чӣ эҳсосеро дар шумо бармеангезад? Чунин шахсро шумо ҳурмат карда метавонед? Ва ё аққалан ӯро шинохтан мехостед? Асло! Эҳтимоли зиёд аст, ки ӯро сангдилу бераҳм ҳисобед. Айнан ҳамин сифатҳоро Шайтон ба Яҳува нисбат дода саъй менамояд, то мо бовар кунем, ки Яҳува одамонро дар оташ ҷовидона — миллиардҳо сол то ба беохир шиканҷа медиҳад!

18. Парастиши мурдагон дар кадом таълимоти нодуруст асос ёфтааст?

18 Шайтон ҳамчунин баъзе динҳоро дар таълими он ки баъд аз марг одамон ба рӯҳи намиранда табдил меёбанд, истифода мебарад. Чунин динҳо нодуруст таълим медиҳанд, ки ин арвоҳи мурдагон бояд аз ҷониби зиндаҳо иззату икром карда шаванд. Мувофиқи ин таълимот арвоҳи мурдагон метавонанд ё дӯсти тавоно ё душмани ашаддӣ гарданд. Аксарияти одамон ба ин дурӯғ бовар карда, аз мурдагон метарсанд ва онҳоро парастиш мекунанд. Бархилофи ин, Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки мурдагон дар хоби марганд ва ягона шахсе, ки ибодат бояд кард, Яҳува Худо — Офаридгору ризқдиҳандаи мо мебошад (Ваҳй 4:11).

19. Донистани ҳақиқат дар хусуси марг барои фаҳмиши кадом таълимоти Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад?

19 Донистани ҳақиқат дар хусуси мурдагон шуморо аз фиреби таълимоти динии бардурӯғ муҳофизат менамояд. Он ҳамчунин ба шумо дар фаҳмиши таълимоти дигари Китоби Муқаддас кӯмак мекунад. Масалан, вақте ки дар бораи баъд аз марг ба олами арвоҳ нарафтани инсонҳо фаҳмидед, ваъдаи зиндагии ҷовидона дар рӯи замин бароятон аҳамияти воқеӣ пайдо кард.

20. Чиро дар боби оянда муҳокима хоҳем кард?

20 Дар замонҳои қадим марди неке бо номи Айюб чунин савол дода буд: «Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?» (Айюб 14:14). Оё шахсе ки дар хоби марг аст, ба зиндагӣ бозгашта метавонад? Гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар ин бора хеле осудахотир мекунанд, дар боби оянда инро хоҳем дид.

^ сарх. 5 Дар бораи мафҳуми «рӯҳ» аз замимаи «“Рӯҳ” ва “ҷон” аслан чистанд?» маълумоти зиёдтар гирифта метавонед.