Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ПОНЗДАҲ

Тарзи ибодате ки Худо қабул медорад

Тарзи ибодате ки Худо қабул медорад
  • Оё Худо тамоми динҳоро меписандад?

  • Чӣ тавр дини ҳаққониро шинохтан мумкин аст?

  • Ибодаткунандагони ҳақиқии Худо имрӯз киҳоянд?

1. Чаро ба тарзи дуруст ибодат кардани Худо бароямон муфид хоҳад буд?

ЯҲУВА ХУДО моро хело дӯст медорад ва хоҳони он аст, ки ҳидояти Ӯ дар зиндагӣ ба мо манфиату ёрӣ расонад. Агар Ӯро бо тарзи дуруст ибодат кунем, мо хушбахту аз мушкилиҳои зиёди зиндагӣ дар канор ва аз баракатҳову кӯмаки Худо баҳравар хоҳем буд (Ишаъё 48:17). Дар ҳар сурат, садҳо равияҳои диние мавҷуданд, ки пайравони онҳо ҳақиқат будани таълимоти диниашонро иддао мекунанд. Аммо дар хусуси Худову талаботи Ӯ аз мо, дар байни эътиқоду таълимоти ин динҳо фарқияти бузург дида мешавад.

2. Чӣ гуна роҳи дурусти ибодат кардани Худоро биомӯзем ва кадом намуна барои фаҳмиши ин ба мо кӯмак мекунад?

2 Аз куҷо бифаҳмем, ки кадом роҳи ибодатро Худо дуруст меҳисобад? Барои ин омӯзишу муқоисаи таълимоти динҳои зиёд лозим нест. Омӯзиши он ки Китоби Муқаддас дар бораи ибодати ҳақиқӣ чӣ мегӯяд, кофист. Мисоле меорем: дар мамлакатҳои зиёд мушкилии қалбакикунонии пул вуҷуд дорад. Агар муайян кардани қалбакӣ будани пул лозим ояд, шумо чӣ кор мекардед? Магар ҳар як намуди пули қалбакиро меомӯзед? Не. Беҳтар мебуд, ки вақти худро барои омӯзиши пули ҳақиқӣ сарф намоед. Агар бидонед, ки пули ҳақиқӣ чӣ намуд дорад, пули қалбакиро хоҳед шинохт. Ба мисли ин, агар муайян кардани дини ҳақро биомӯзем, ба шинохтани динҳои сохта қодир хоҳем буд.

3. Мувофиқи гуфтаҳои Исо, барои писанд омадан ба Худо чӣ кор бояд кунем?

3 Худованд Яҳуваро тарзе ибодат бояд кард, ки худи Ӯ мефармояд. Аксарияти одамон фикр мекунанд, ки тамоми динҳо ба Худо писанданд, аммо Китоби Муқаддас ин тавр таълим намедиҳад. Фақат “ман ба Худо имон дорам” гӯён хитоб кардан кофӣ нест. Павлуси расул гуфтааст: «Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд» (Титус 1:16). Барои мавриди илтифоти Худо будан, мо бояд талаботи Ӯро омӯзем ва иҷро кунем. Исо–пайғамбар онҳоеро ки иродаи Худоро ба ҷо намеоранд, «бадкорон» номидааст (Матто 7:21–23). Монанди пули қалбакӣ ибодати нодуруст арзиши ҳаққонӣ надорад. Бадтараш ин аст, ки чунин ибодат ҳатто хавфноку зараровар аст.

4. «Ду роҳ» дар нақли Исо чӣ маъно доранд ва онҳо ба куҷо мебаранд?

4 Яҳува ба ҳар як инсон имконияти ҷовидона дар Биҳишти рӯи замин зистанро медиҳад. Барои ба даст овардани чунин ҳаёт, бояд Худоро ба таври дуруст ибодат кунем ва бикӯшем, ки тарзи зиндагиямон ба Ӯ мақбул бошад. Мутаассифона, аксарият ин тавр кардан намехоҳанд. Ана барои чӣ Исо гуфтааст: «Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд; зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад ва ёбандагони он кам ҳастанд» (Матто 7:13, 14). Ибодати дуруст роҳнамои ҳаёти ҷовидонӣ аст. Ибодати нодуруст бошад, ба ҳалокат мебарад. Яҳува нобуд шудани ҳеҷ як инсонро намехоҳад ва аз ин сабаб ба ҳама имконият медиҳад, ки дар бораи Ӯ дониш андӯзанд (2 Петрус 3:9). Пас, тарзи Худоро ибодат карданамон барои мо ҳақиқатан маънои ё зиндагӣ ё маргро дорад.

ДИНИ ҲАҚҚОНИРО ЧӢ ТАВР ШИНОХТАН МУМКИН АСТ?

5. Чӣ тавр пайравони дини ҳаққониро шинохта метавонем?

5 Роҳеро ки «сӯи ҳаёт мебарад», чӣ гуна ёфтан мумкин аст? Мувофиқи суханони Исо–пайғамбар дини ҳақиқӣ бояд аз рафтори пайравонаш аён гардад. «Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт,— гуфт ӯ,— ҳар дарахти нек меваи нек меоварад» (Матто 7:16, 17). Яъне, пайравони дини ҳаққониро аз рӯи таълимот ва рафторашон шинохтан мумкин аст. Гарчанде ки ибодаткунандагони ҳақиқии Худо инсонҳои нокомиланд ва ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, ҷамоати онҳо дар якҷоягӣ барои ба ҷо овардани иродаи Худо саъй мекунад. Биёед шаш хусусиятеро, ки пайравони дини ҳаққониро муайян мекунанд, аз назар гузаронем.

6, 7. Назари ходимони Худо ба Китоби Муқаддас чӣ гуна аст ва Исо–пайғамбар дар ин бобат чӣ намунае барои ибрат гузоштааст?

6 Таълимоти ходимони ҳақиқии Худо бар Китоби Муқаддас асос меёбад. Худи Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, то ки мард [ё зан]–и Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад» (2 Тимотиюс 3:16, 17). Павлуси расул ба ҳамимононаш чунин навишта буд: «Чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст» (1 Таслӯникиён 2:13). Хуллас, таълимоту аъмоли дини ҳақиқӣ на бар ақидаҳои одамӣ ва урфу одатҳо, балки бар Каломи илҳомбахшидаи Худо — Китоби Муқаддас асос меёбад.

7 Исо–пайғамбар, ки таълимоташ ҳамеша бар Каломи Худо асос меёфт, намунаи хубе барои мост. Дар дуо ба Падари осмониаш ӯ гуфт: «Каломи Ту ростист» (Юҳанно 17:17). Исо ба Каломи Худо имон дошт ва ҳар як таълимоти ӯ мувофиқ ба Навиштаҳои Муқаддас буд. Ӯ зуд–зуд қайд мекард, ки «навишта шудааст» (Матто 4:4, 7, 10). Ва баъди ин, Исо аз Навиштаҳо иқтибос меовард. Ҳамин гуна, ходимони имрӯзаи Худо низ ақидаҳои шахсии худро таълим намедиҳанд. Онҳо ба Каломи Худо будани Китоби Муқаддас эътимод доранд ва аз ин сабаб таълимоти худро пурра бар он асоснок мекунанд.

8. Ибодат ба Яҳува чиро дар бар мегирад?

8 Онҳое, ки пайравони дини ҳаққониянд, танҳо Яҳуваро чун Худо мепарастанд ва дар хусуси номи Ӯ мавъиза мекунанд. «Ба Худованд [«Яҳува», ТДН] Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо»,— гуфтааст Исо–пайғамбар (Матто 4:10). Яъне, ходимони Худо бояд танҳо ба Паравардигори олам — Яҳува ибодат кунанд. Ибодати онҳо ҳамчунин мавъиза дар хусуси номи Худои ҳақиқӣ ва шахсияти Ӯро дар бар мегирад. Дар Забур 83:18, ТФ [82:19] омадааст: «Ва бидонанд Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ». Исо дар кӯмак ба дигарон барои шиносоӣ бо Худо, ба мо намунаи ибрат гузошт, ҳамон тавре ки худи вай дар дуо ба Яҳува гуфт: «Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардӣ, шиносондам» (Юҳанно 17:6). Ба мисли ин, ходимони имрӯзаи Худо низ дигаронро дар бораи номи Худо, мақсуд ва хусусиятҳои волои Ӯ таълим медиҳанд.

9, 10. Ходимони Худо чӣ тавр ба якдигар меҳру муҳаббат зоҳир менамоянд?

9 Ходимони Худо ба ҳамдигар меҳру муҳаббати самимию фидокорона зоҳир мекунанд. Исо–пайғамбар гуфтааст: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳанно 13:35). Дар байни пайравони нахустини Исо ҳамин гуна муҳаббат ҳукмфармо буд. Муҳаббате, ки Худо доштанашро ба мо мефармояд, монеаҳои нажодӣ, иҷтимоӣ ва миллиро мағлуб сохта, чуноне ки матни Қӯлассиён 3:14 (ТҲФ) мегӯяд, одамонро бо пайвандҳои гусастанопазир дар бародарии ҳақиқӣ муттаҳид мекунад: «муҳаббат ҳама чизро ба ҳам мепайвандад ва такмил мекунад». Пайравони дини козиб ин гуна бародарии пурмуҳаббатро надоранд. Чаро ин тавр мегӯем? Онҳо бо сабаби миллатчигиву маҳалгароӣ ҳатто даст ба куштори якдигар мезананд. Ходимони ҳақиқии Худо бошанд, барои ба қатл расонидани ҳамимонони худ ё касони дигар яроқ ба даст намегиранд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад... мо бояд якдигарро дӯст дорем, на ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт» (1 Юҳанно 3:10–12; 4:20, 21).

10 Меҳру муҳаббати асил албатта маънои бештаре дорад аз худдорӣ зи куштори дигарон. Ходимони ҳақиқии Худо вақт, қувват ва дороии худро фидокорона барои кӯмаку тақвияти ҳамдигар бо омодагии том сарф мекунанд (Ибриён 10:24, 25). Онҳо дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт ба якдигар дасти мадад дароз менамоянд. Муносибати онҳо бо дигарон ростқавлона аст. Онҳо дар ҳақиқат панди Китоби Муқаддасро дар зиндагиашон ба кор бурда, «ба ҳама некӣ» мекунанд (Ғалотиён 6:10).

11. Чаро зарур аст, ки Исои Масеҳро чун ягона василае ки Худо барои наҷот пешкаш мекунад, қабул дорем?

11 Ходимони Худо эътироф менамоянд, ки ягона роҳи наҷоте ки Худо пешкаш мекунад, ба василаи Исои Масеҳ аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем» (Аъмол 4:12). Аз боби 5 мо фаҳмидем, ки Исо ҳаёташро чун фидя барои одамони ба Худо итоаткор бахшид (Матто 20:28). Ба замми ин, Исо Подшоҳи таъиншуда бар Салтанати осмонист, ки он бар тамоми рӯи замин ҳукмронӣ хоҳад кард. Ва Худо талаб мекунад, ки агар хоҳиши ҷовидона зиндагӣ кардан дошта бошем, бояд ба Исо итоат кунем ва мувофиқи таълимоти ӯ зиндагӣ намоем. Ана барои чӣ Китоби Муқаддас мегӯяд: «Он касе ки ба Писар имон биоварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, аммо касе ки аз Писар итоат накунад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ҳамеша мавриди ғазаби Худо хоҳад буд» (Юҳанно 3:36, ТҲФ).

12. Ҷузъи ин ҷаҳон набудан чиро дар бар мегирад?

12 Ходимони Худо ҷузъи ин ҷаҳон нестанд. Дар муколама бо ҳокими Рум — Пилат, Исо чунин гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36). Пайравони ҳақиқии Исо дар кадом мамлакате ки зиндагӣ накунанд, тобеъи Салтанати осмониянд ва аз ин рӯ нисбати аъмоли сиёсии ин ҷаҳон мавқеи ҷиддии бетарафиро ишғол менамоянд. Онҳо дар низоъҳои дунё иштирок намекунанд. Дар ҳар ҳолат, ходимони Яҳува монеъ намешаванд, ки дигарон аъзои ҳизби сиёсӣ шаванд, ё номзадиашонро дар интихобот пешкаш кунанд ё ки дар раъйдиҳӣ иштирок намоянд. Ҳарчанд ки ходимони ҳақиқии Худо нисбати сиёсат мавқеи бетарафӣ доранд, онҳо ба қонунҳои давлат итоат мекунанд. Чаро? Чунки Каломи Худо амр медиҳад, ки «ба ҳокимиятҳои боло», яъне давлатӣ итоат кунем (Румиён 13:1). Агар байни талабҳои Худо ва қонунҳои давлатӣ зиддият пайдо шавад, ходимони ҳақиқии Худо ба намунаи расулони Исо пайравӣ мекунанд, ки гуфтаанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:29; Марқӯс 12:17).

13. Назари пайравони ҳақиқии Исо ба Салтанати Худо чӣ гуна аст ва аз ин рӯ онҳо ба чӣ фаъолияте машғуланд?

13 Пайравони ҳақиқии Исо мавъиза мекунанд, ки Салтанати Худо — умеди ягонаи инсоният аст. Исо пешгӯӣ карда буд: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Матто 24:14). Пайравони ҳақиқии Исо одамонро барои умед бастан ба ҳокимиятҳои инсонӣ ташвиқ намекунанд. Баръакс, онҳо эълон медоранд, ки танҳо Салтанати осмонии Худо барои бартараф сохтани мушкилиҳои инсоният қодир аст (Забур 145:3). Исо моро таълим медод, ки ба ин тарз дар хусуси омадани он Салтанат дуо гӯем: «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Матто 6:10). Каломи Худо пешгӯӣ кардааст, ки ин Салтанати осмонӣ «ҳамаи ин салтанатҳо [–и ҳоловуҷуддошта]–ро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод» (Дониёл 2:44; Ваҳй 16:14; 19:19–21).

14. Аз назари шумо кадом дин ба талаботи ибодати ҳаққонӣ мувофиқат мекунад?

14 Дар асоси муҳокимаи кардаамон ба худ савол диҳед, ки таълимоти кадом гурӯҳи динӣ ба Китоби Муқаддас пурра мувофиқат мекунад ва номи Яҳува Худоро ҷалол медиҳад? Пайравони кадом дин ба якдигар муҳаббати ҳақиқӣ зоҳир менамоянд, нақши Исоро эътироф мекунанд, ҷузъи ҷаҳон нестанд ва Салтанати Худоро ба ҳайси ягона умеди инсоният мавъиза мекунанд? Пайравони кадоме аз динҳои рӯи дунё ба ҳамаи ин талабот мувофиқат менамоянд? Далелҳо ба таври равшан нишон медиҳанд, ки ба ҳамаи ин талабот Шоҳидони Яҳува мувофиқат мекунанд. (Ишаъё 43:10–12-ро хонед.)

БА ЧӢ ҚАРОР ХОҲЕД ОМАД?

15. Худо ғайр аз имон ба вуҷудияти Ӯ боз чӣ талаб мекунад?

15 Барои писанди Худо гаштан, «ба Худо имон дорам» гуфтан кофӣ нест. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳатто девҳо ба мавҷудияти Худо имон доранд (Яъқуб 2:19). Ҳарчанд бегуфтугӯст, ки онҳо иродаи Худоро ба ҷо намеоранд ва мавриди илтифоти Ӯ нестанд. Барои он ки Худо аз мо розӣ бошад, бояд на танҳо ба вуҷудияти Ӯ имон дошта бошем, балки иродаи Вайро ба ҷо оварем. Моро зарур аст, ки аз ибодати нодуруст даст кашида, ба ходимони ҳақиқии Худо бипайвандем.

16. Китоби Муқаддас оиди иштирок дар ибодати нодурусти дини козиб чӣ мефармояд?

16 Павлуси расул гуфта буд, ки мо набояд дар ибодати козиб иштирок намоем. Ӯ навиштааст: «Аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард» (2 Қӯринтиён 6:17; Ишаъё 52:11). Бинобар ин, ходимони Худо аз ҳар чизе ки бо дини козиб алоқаманд аст, дурӣ меҷӯянд.

17, 18. «Бобили бузург» чист ва чаро бояд ҳар чӣ зудтар «аз вай берун оем»?

17 Китоби Муқаддас шаҳодат медиҳад, ки тамоми равияҳои гуногуни дини козиб қисме ҳастанд аз «Бобили бузург» * (Ваҳй 17:5). Бобил — шаҳрест аз замони қадим, ки маҳз дар он пас аз Тӯфони замони Нӯҳ вуҷудияти дини козиб сарчашма гирифт. Аксарияти таълимот ва урфу одатҳое, ки ҳоло умуман дар дини козиб истифода мешаванд, маҳз дар Бобил ба вуҷуд омаданд. Масалан, сокинони он шаҳр худоҳои сегонаро парастиш мекарданд. Имрӯз таълимоти асосии динҳои зиёд парастиши худои Сегона мебошад. Аммо Китоби Муқаддас ба таври равшан таълим медиҳад, ки Худои ҳақиқӣ — Яҳува яккаву ягона мебошад ва Исои Масеҳ фиристодаи Ӯст (Юҳанно 17:3). Сокинони Бобил ҳамчунин эътиқод доштанд, ки одам дорои рӯҳи намирандаест ва он баъд аз марги ҷисм вуҷудияташро идома дода, метавонад мавриди азобу шиканҷа қарор гирад. Имрӯз эътиқод ба мавҷудияти рӯҳи намиранда ва дар дӯзахи оташин ранҷ кашидани онро динҳои зиёд таълим медиҳанд.

18 Азбаски эътиқоди динҳои Бобили қадим дар тамоми рӯи замин паҳн шудааст, ҳоло маҷмӯи динҳои козиби ҷаҳон, ки муқобили Яҳува истодаанд, «Бобили бузург» ном дорад. Ва Худо пешгӯӣ кардааст, ки ин маҷмӯи динҳои козиб ногаҳонӣ нест хоҳад шуд (Ваҳй 18:8). Акнун муҳиммияти бо ягон ҷузъи Бобили бузург умумият надоштанатонро мебинед? Яҳува Худо мехоҳад, ки шумо ҳар чӣ зудтар,— ҳанӯз ки вақт ҳаст, «аз вай [Бобили бузург] берун оед». (Ваҳй 18:4, 8-ро хонед.)

Бо интихоби хидмат ба Яҳува ҳамроҳи халқи Ӯ, шумо аз ҳар чизе ки дар ин роҳ гум карданатон мумкин аст, бештар хоҳед ёфт

19. Хидмат ба Худо ба шумо чӣ меоварад?

19 Шояд баъзеҳо аз донистани он ки дини козибро тарк намуданиед, муоширатро бо шумо бас кунанд. Лекин агар шумо хидмат ба Яҳуваро интихоб намуда, ба халқи Ӯ бипайвандед, аз ҳар чизе ки бо ин сабаб гум карданатон мумкин аст, бештар хоҳед ёфт. Ба мисли шогирдони нахустини Исо, ки ҳама чизро тарк карда, ӯро пайравӣ намуданд, шумо низ хоҳару бародарони рӯҳонии зиёде пайдо хоҳед кард. Шумо ба оилаи бузурги умумиҷаҳонӣ, ки аз миллионҳо ходимони ҳақиқии Худо иборат аст ва нисбати якдигар муҳаббати самимӣ зоҳир мекунанд, аъзо хоҳед шуд. Ва умед бар ҳаёти ҷовидонӣ дар Дунёи Нави омадаистодаро пайдо хоҳед кард. (Марқӯс 10:28–30-ро хонед.) Ва кӣ медонад, шояд бо гузашти вақт онҳое, ки аз сабаби эътиқоди ба Китоби Муқаддас доштаатон муоширатро бо шумо бас кардаанд, ба таълимоти он шавқу рағбат пайдо кунанд ва ходимони Яҳува шаванд.

20. Онҳоеро ки Худоро ба таври дуруст ибодат мекунанд, чӣ дар пеш аст?

20 Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки Худо ба наздикӣ ба ин тартиботи шарирона хотима гузошта, дар ҷои он дунёи нави боадолатро зери ҳукмронии Салтанаташ барпо хоҳад кард (2 Петрус 3:9, 13). Зиндагӣ дар он замон хеле фараҳафзо хоҳад буд! Ва дар он тартиботи нави боадолат танҳо як тарзи ибодат — ибодати ҳаққонӣ вуҷуд хоҳад дошт. Оё худи ҳозир барои пайвастан ба ходимони ҳақиқии Худо кӯшиданатон аз рӯи хирад намебуд?

^ сарх. 17 Барои гирифтани маълумоти бештар дар хусуси он ки чаро Бобили бузург рамзи маҷмӯи динҳои козиб аст, ба замимаи «“Бобили бузург” чист?» нигаред.