Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ҲАБДАҲ

Дар дуо ба Худо наздик шавед

Дар дуо ба Худо наздик шавед
  • Чаро бояд ба Худо дуо гӯем?

  • Барои он ки Худо дуоҳои моро мустаҷоб гардонад, чӣ кор бояд кунем?

  • Худо чӣ тавр ба дуоҳо ҷавоб медиҳад?

Парвардигори замину осмон ба дуоҳои мо гӯш медиҳад

1, 2. Чаро ба дуо чун ба имтиёзи бузурге назар бояд кард ва барои чӣ донистани таълимоти Китоби Муқаддас дар хусуси дуо бароямон муҳим аст?

ДАР муқоиса бо Коиноти азим сайёраи мо хеле хурд аст. Ҳақиқатан, барои Яҳува, ки «осмон ва заминро офаридааст», ҳамаи халқҳо «мисли қатрае аз сатил»–анд (Забур 113:23; Ишаъё 40:15). Бо вуҷуди ин, Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд, ба ҳамаи онҳое ки Ӯро ба ростӣ мехонанд. Хоҳиши тарсгорони худро ба ҷо меоварад, ва истиғосаи онҳоро мешунавад, ва онҳоро наҷот медиҳад» (Забур 144:18, 19). Дарк кардед, ки чӣ маъно доранд ин суханҳо?! — Офаридгори абарқудрат ба ҳар яки мо наздик аст ва ба мо гӯш медиҳад, ба шарте ки «Ӯро ба ростӣ» хонем. Имконияти ба Худо муроҷиат кардан дар дуо, имтиёзи бузургест барои мо.

2 Аммо агар бихоҳем, ки Яҳува ба дуоҳоямон гӯш диҳад, зарур аст тарзи дуохониямон мувофиқ ба хоҳиши Ӯ бошад. Инро бошад мо бе омӯзиши таълимоти Китоби Муқаддас оиди дуо, фаҳмида наметавонем, ҳамин тавр–не? Донистани ин таълимот бароямон хеле муҳим аст, зеро дуо ба мо кӯмак мекунад, ки ба Худо наздик шавем.

ЧАРО БОЯД БА ЯҲУВА ДУО ГӮЕМ?

3. Яке аз сабабҳои муҳими ба Яҳува дуо гуфтан кадом аст?

3 Яке аз сабабҳои асосӣ ин аст, ки Яҳува худ моро ташвиқ мекунад, то ба Ӯ дар дуо муроҷиат намоем. Каломи Ӯ моро даъват мекунад: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо нигоҳ хоҳад дошт» (Филиппиён 4:6, 7). Албатта мо ба чунин имконияти хубе, ки Ҳокими Даҳр бароямон пешкаш мекунад, беэътиноӣ карданӣ нестем.

4. Чӣ тавр дуоҳои мунтазам ба Яҳува дӯстии моро бо Ӯ мустаҳкам месозанд?

4 Сабаби дигари дуогӯӣ ин аст, ки дуоҳои мунтазам ба Яҳува дӯстии моро бо Ӯ мустаҳкам месозанд. Дӯстони ҳақиқӣ на фақат ҳангоми ба ягон чиз эҳтиёҷ доштан муошират мекунанд, балки барои онҳо умуман бо ҳам будан писанд аст ва ҳар қадаре ки онҳо андешаву ташвишҳо ва эҳсосоти худро ба якдигар озодона баён карда тавонанд, ҳамон қадар дӯстии байнашон қавитар мегардад. Дӯстӣ бо Яҳува Худо низ айнан ҳамин тавр сурат мегирад. Бо кӯмаки ин китоб, шумо чизҳои зиёдеро ки Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува Худо, шахсият ва ниятҳои Ӯ таълим медиҳад, омӯхтед. Акнун шумо бо Шахсияти Худо хубтар шинос шудед. Дуо бароятон имконият медиҳад, ки фикру эҳсосоти амиқтарини худро ба Падари осмониатон иброз доред. Дар дуоҳо шумо ба Яҳува наздиктар хоҳед шуд (Яъқуб 4:8).

ШАРТҲОЕ, КИ ИҶРО БОЯД КАРД

5. Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува ба ҳамаи дуоҳо гӯш намедиҳад?

5 Оё Яҳува ба тамоми дуогӯяндаҳо гӯш медиҳад? Бубинед, ки Ӯ ба исроилиёни саркаш дар рӯзҳои зиндагии Ишаъё–пайғамбар чӣ гуфтааст: «Дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст» (Ишаъё 1:15). Аз ин бармеояд, ки аъмоли муайяни одамон сабаби ба дуоҳояшон гӯш надодани Худо мегардад. Аз ин рӯ, барои он ки Худо бомарҳамат ба дуоҳоямон гӯш диҳад, мо бояд баъзе шартҳои муҳимро иҷро кунем.

6. Шарти асосӣ бар он ки Худо ба дуоҳои мо гӯш диҳад, чист ва мо чӣ гуна онро иҷро карда метавонем?

6 Шарти асосӣ — доштани имони самимӣ мебошад. (Марқӯс 11:24-ро хонед.) Павлуси расул навиштааст: «Бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод» (Ибриён 11:6). Доштани имони ҳақиқӣ бештар аст аз танҳо боварӣ ба он ки Худо вуҷуд дорад ва дуоҳоро мешунаваду ба онҳо ҷавоб медиҳад. Имон бо амал тасдиқ мешавад. Тарзи ҳаёти ҳаррӯзаи мо бояд шаҳодате бошад бар он ки мо боимон ҳастем (Яъқуб 2:26).

7. a) Барои чӣ ҳангоми дуогӯӣ ба Яҳува Худо бояд боиззату эҳтиром бошем? б) Чӣ тавр дар вақти дуогӯӣ фурӯтанӣ ва самимиятро зоҳир карда метавонем?

7 Ҳамчунин Яҳува Худо талаб мекунад, то дуогӯянда бо фурӯтанӣ ва самимият дуо гӯяд. Сабабҳо барои фурӯтан будан ҳангоми дуо ба Худо кофиянд, ҳамин тавр–не? Вақте ки одамон бо подшоҳ ё президент гуфтугӯ мекунанд, одатан мақоми олии ӯро дар назар дошта, бо вай эҳтиромона сухан мегӯянд. Пас то чӣ дараҷа бояд иззату эҳтиромгузор бошем ҳангоми муроҷиат ба Яҳува Худо! (Забур 137:6). Охир Ӯ «Худои Абарқудрат» аст (Ҳастӣ 17:1, ТДН). Ҳангоми дуо гуфтан бояд аз тарзи муроҷиатамон ба Худо, маълум бошад ки мо мавқеъи худро дар назди Ӯ фурӯтанона эътироф менамоем. Ин гуна фурӯтанӣ моро ҳамчунин бармеангезад, то аз самими дил дуо гӯем, на ин ки ҳамон як суханҳоро пай дар пай такрор намоем. Исо–пайғамбар гуфтааст: «Вақте дуо мекунед, ҳамон як чизҳоро такрору батакрор нагӯед» (Матто 6:7, 8, ТДН).

8. Мувофиқ ба дуо амал намудан чӣ маъно дорад?

8 Шарти дигаре, ки иҷроишаш барои мустаҷоб шудани дуоҳоямон муҳим мебошад,— мувофиқи онҳо амал кардан аст. Яҳува интизор аст, ки мо бо ҷидду ҷаҳд барои ин ҳаракат хоҳем кард, ҳамон тавре ки дар зарбулмасале гуфта мешавад: «Аз шумо ҳаракат, аз Худо баракат». Масалан, агар ба Худо дуо гӯем, ки «ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ», бояд ба ҳар гуна меҳнате, ки аз дастамон меояд, тайёр бошем ва боғайратона онро иҷро намоем (Матто 6:11; 2 Таслӯникиён 3:10). Агар дар дуо барои ғолиб шудан бар заифие аз Худо кӯмак бипурсем, бояд боэҳтиётона аз ҳар вазъияте, ки моро ба васваса андохтанаш мумкин аст, дурӣ ҷӯем (Қӯлассиён 3:5). Ба ғайр аз ин шартҳои асосӣ боз чиро дар бораи дуо бояд бидонем?

БОЗ ЧИРО ДАР БОРАИ ДУО БОЯД БИДОНЕМ

9. Бояд ба кӣ дуо бигӯем ва тавассути номи кӣ?

9 Ба кӣ дуо бояд гуфт? Исо–пайғамбар ба пайравонаш таълим медод, ки ба Падари осмонӣ, дуо кунанд (Матто 6:9). Аз ин сабаб, мо бояд танҳо ба Яҳува Худо дуо гӯем. Дар ҳар сурат, Яҳува талаб мекунад, ки мо мавқеъи Исои Масеҳро эътироф намоем. Дар боби 5 омӯхта будем, ки Исо ба замин фиристода шуд, то худро чун фидя қурбон карда, моро аз асорати гуноҳу марг озод намояд (Юҳанно 3:16; Румиён 5:12). Ӯ Саркоҳин ва Довар аст (Юҳанно 5:22; Ибриён 6:20). Барои ҳамин Навиштаҳои Муқаддас моро таълим медиҳанд, ки тавассути номи Исои Масеҳ дуо гӯем. Худи Исо гуфтааст: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳанно 14:6). Пас, барои он ки ба дуоҳоямон гӯш диҳанд, зарур аст фақат ба Яҳува тавассути номи Исои Масеҳ муроҷиат намоем.

10. Чаро ҳангоми дуо гуфтани мо ягон мавқеъу ҳаракати махсуси ҷисм дар талаб нест?

10 Оё дуоро бо ягон ҳаракату мавқеъи махсуси ҷисм бояд гӯем? Не. Худо ҳеҷ мавқеъи махсуси ҷисм, ё ягон ҳаракати дастҳову танро талаб намекунад. Аз Китоби Муқаддас маълум аст, ки ҳар гуна ҳолатҳои ҷисм ҳангоми дуогӯӣ мавриди қабуланд; нишаста, бо сари хам, зону зада ва рост истода (1 Вақоеънома 17:16; Наҳемё 8:6; Дониёл 6:10; Марқӯс 11:25). Омили муҳим на мавқеъи махсусу ба дигарон аёни ҷисм, балки ҳолату рӯҳияи дурусти дил аст. Хоҳ ба корҳои рӯзмарра банд бошем, хоҳ дучори хатар гардем, мо дар ҳар ҷо метавонем дар дили худ дуо гӯем. Яҳува ин гуна дуоҳоро мешунавад, ҳатто дар сурате, ки атрофиён аз онҳо заррае пай намебаранд (Наҳемё 2:1–6).

11. Баъзе аз ниёзу ташвишҳои шахсии мо, ки дар бораашон дуо карда метавонем, кадоманд?

11 Дар хусуси чӣ дуо метавон кард? Китоби Муқаддас мефаҳмонад: «Агар мо мувофиқи иродаи Ӯ [Яхува Худо] чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳанно 5:14). Аз ин бармеояд, ки дар хусуси ҳар чизе ки ба иродаи Худо мувофиқ аст, дуо гуфтан мумкин аст. Он чизе ки моро ба ташвишу изтироб меорад, оё ба иродаи Ӯ дахл дорад? — Албатта! Дуо ба Яҳува монанд аст ба гуфтугӯ бо дӯсти наздик. Мо метавонем ошкоро бо Худо сухан гуфта, «дили худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунем» (Забур 61:9). Ҷоиз аст, ки аз Худо рӯҳулқудси Ӯро бипурсем, чунки он ба мо барои дурустрафторӣ ёрӣ хоҳад дод (Луқо 11:13). Инчунин метавонем аз Парвардигор барои бохирад будани қарорҳоямон ҳидоят ва барои истодагарӣ бар муқобили душвориҳо қуввату тавоноӣ хоҳиш кунем (Яъқуб 1:5). Агар гуноҳ содир кардем, бояд аз Худо дар асоси қурбонии фидяи Исои Масеҳ бахшиш пурсем (Эфсӯсиён 1:3, 7). Албатта ниёзу ташвишҳои шахсии мо набояд ягона мавзӯи дуоҳоямон бошанд. Дар хусуси дигарон — аъзоёни оила ва ҳамимонон низ дуо бояд кард (Аъмол 12:5; Қӯлассиён 4:12).

12. Дар хусуси чӣ пеш аз ҳама дуо бояд гуфт?

12 Лекин он чизҳое, ки мустақиман ба Яҳува Худо дахолат доранд, бояд мавзӯи асосии дуоҳои мо бошанд. Ӯро барои тамоми некиҳояш самимона ҳамду сано ва шукргузорӣ бояд кард (1 Вақоеънома 29:10–13). Исо дуои намунавие дод, ки дар Матто 6:9–13 навишта шудааст. (Хонед.) Дар он Исо моро меомӯзонад, ки дар хусуси муқаддас гаштани номи Худо дуо гӯем. Хоҳиши дигар дар ин дуо, омадани Салтанати Худо ва иҷроиши иродаи Ӯ дар замин чун дар осмон аст. Танҳо баъд аз номбарии ин мавзӯъҳои муҳим Исо оиди ниёзҳои шахсӣ забон кушод. Агар асоси дуоҳои моро низ аввалан иродаи Худо ташкил диҳад, ин нишондиҳанда бар он хоҳад буд, ки мо танҳо дар бораи манфиати худ фикр намекунем.

13. Китоби Муқаддас оиди давомнокии дуо чӣ мегӯяд?

13 Давомнокии дуо чӣ қадар бояд бошад? Китоби Муқаддас ҳудуду дарозии дуоҳои шахсӣ ё оммавиро муқаррар накардааст. Дуо метавонад ба таври кӯтоҳ гуфта шавад,— масалан пеш аз хӯрок, ё давомнок бошад,— масалан ҳангоми холӣ кардани дил ба Яҳува (1 Подшоҳон 1:12, 15). Лекин Исо–пайғамбар шахсони назарбаланду дар назари худ дурусткорро, ки худнамоишкорона дуоҳои дуру дароз мегуфтанд, маҳкум кард (Луқо 20:46, 47). Ин гуна дуоҳо ба Яҳува хуш намеоянд. Барои Ӯ муҳим аст, ки дуо аз самими қалби инсон барояд. Ҳамон тавре ки дидем, давомнокии дуо аз ниёзҳову вазъиятҳои мо вобаста аст.

Дар ҳар ҷое ки набошед, Худо ба дуоҳоятон гӯш медиҳад

14. «Ҳамеша дуо гӯед» гуфтани Китоби Муқаддас чӣ маъно дорад ва чӣ дар ин хусус тасаллибахши мост?

14 Чанд маротиба дар давоми рӯз дуо гуфтан лозим аст? Китоби Муқаддас моро ташвиқ менамояд: «пайваста дуо гӯед» (Румиён 12:12; 1 Таслӯникиён 5:17). Албатта пайваста дуо гуфтан маънои ҳар лаҳзаи шабу рӯз дар дуо буданро надорад. Бо истифодаи калимаи «ҳамеша», Китоби Муқаддас моро ташвиқ менамояд, ки Яҳуваро барои некӯияш гаштаву баргашта шукр бигӯем ва ҳидояту тасаллӣ ва қувват аз Ӯ биҷӯем. Магар донистани он ки Яҳува бар дуоҳо ҳудуди давомнокӣ ва миқдори муайяне дар давоми рӯз муқаррар накардааст, тасаллибахши мо нест? Агар дар ҳақиқат барои доштани ин имтиёз — дуо гуфтан ба Худо,— миннатдор бошем, мо барои сӯҳбат бо Падари осмониамон имкониятҳои зиёде хоҳем ёфт.

15. «Омин» гуфтан дар охири дуои шахсӣ ё оммавӣ чӣ маъно дорад?

15 Чаро дар охири дуо «омин» гуфтан лозим аст? Калимаи «омин» маънои «ҳаққ аст» ё «ҳамин тавр шавад»–ро дорад. Намунаҳо аз Навиштаҳои Муқаддас нишон медиҳанд, ки дар охири дуои шахсӣ ё оммавӣ «омин» гуфтан ҷоиз аст (1 Вақоеънома 16:36; Забур 40:14). Дар охири дуоямон «омин» гуфта, мо тасдиқ менамоем, ки суханҳоямон самимӣ буданд. Агар дар охири дуои оммавӣ «омин» бигӯем,— хоҳ дар дил, хоҳ шунаво,— ин маънои бо суханҳои дар дуо гуфташуда розӣ будани моро хоҳад дошт (1 Қӯринтиён 14:16).

ХУДО ЧӢ ГУНА БА ДУОҲОИ МО ҶАВОБ МЕДИҲАД

16. Нисбати дуо дар чӣ мӯътакид метавон буд?

16 Оё Яҳува Худо ба дуоҳо дар ҳақиқат ҷавоб медиҳад? Бале, бешубҳа! Пурра мӯътакид метавон буд; Худо, ки «дуоро мешунавад», ба дуоҳои самимии миллионҳо одамон ҷавоб медиҳад (Забур 64:3). Ҷавобе, ки Ӯ бар дуо медиҳад, метавонад бо тарзҳои гуногун зоҳир гардад.

17. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Худо барои ҷавоб додан ба дуоҳои мо аз фариштагон ва ходимони заминии худ истифода мекунад?

17 Яҳува Худо ҳангоми ҷавоб додан ба дуоҳои одамон аз фариштаҳо ва ходимони заминии худ истифода мекунад (Ибриён 1:13, 14). Хеле зиёданд воқеаҳое, ки дар онҳо одамон Худоро илтиҷо мекарданд, то ҳақиқатро барояшон кушояд ва дере нагузашта, эшон бо ходимони Яҳува вомехӯрданд. Ин гуна мисолҳо далел бар онанд, ки дар кори мавъизаи Салтанат фариштаҳо иштирок мекунанд (Ваҳй 14:6). Ҳангоме ки ба сахтие дучор мешавем ва ё эҳтиёҷи воқеие дар зиндагиямон пайдо мегардад, Яҳува дар ҷавоби дуои мо метавонад ҳамимонамонро ба кӯмаки мо барангезад (Масалҳо 12:25; Яъқуб 2:16).

Дар ҷавоб ба дуоҳоямон Яҳува метавонад ҳамимонамонро барои кӯмак ба мо барангезад

18. Чӣ гуна Яҳува рӯҳулқудс ва Каломи худро ҳангоми ҷавоб додан ба дуоҳои ходимонаш ба кор мебарад?

18 Яҳува инчунин рӯҳулқудс ва Каломи Худро низ барои ҷавоб додан ба дуоҳои ходимонаш ба кор мебарад. Дар ҷавоби хоҳиши тоб овардан ба озмоиш, ки дар дуо мепурсем, Ӯ метавонад ба воситаи рӯҳулқудсаш ба мо ҳидоят ва қувват бахшад (2 Қӯринтиён 4:7). Аксар вақт ҷавоб бар дуоҳои мо аз Китоби Муқаддас меояд; дар он Яҳува қонунҳоеро додааст, ки барои ба қарори дуруст омадани мо кӯмак мекунанд. Матнҳои даркориро метавонед ҳангоми омӯзиши мустақилонаи Китоби Муқаддас ё хондани адабиёти бар он асосёфта (мисли ин китоби дар дастдоштаатон) ёбед. Маслиҳати лозимӣ аз Китоби Муқаддас метавонад дар ҷамъомади масеҳӣ ё ҳангоми гуфтугӯ бо пирони ғамхори ҷамоат садо диҳад (Ғалотиён 6:1).

19. Агар баъзан дуоҳои мо ба назар беҷавоб намоянд, чиро бояд дар хотир дорем?

19 Агар Яҳува дар мустаҷоб кардани дуои мо таъхир намояд, ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки Худо ба ҷавоб додан ба дуои мо қодир нест. Дар хотир бояд дошт, ки Худо ба дуоҳо мувофиқ ба иродааш ва дар вақте ки худи Ӯ лозим медонад, ҷавоб медиҳад. Ӯ аз ниёзҳои мо бохабар аст ва роҳи қаноатманд кардани онҳоро аз мо беҳтар медонад. Аксар вақт Ӯ ба мо имконияти «талабидан, ҷустан ва кӯфтан» медиҳад (Луқо 11:5–10). Чунин суботкорӣ ба Худо нишон медиҳад, ки хоҳиши мо қавӣ ва имони мо самимӣ мебошад. Беш аз ин, Яҳува метавонад ба дуоҳои мо тавре ҷавоб диҳад, ки мо интизор нестем. Масалан, дар ҷавоб ба дуо оиди озмоиши сахте, Ӯ шояд на бо халос кардани мо аз ин озмоиш, балки бо додани қувват барои тобоварӣ ҷавоб диҳад. Ба гуфти Павлуси расул: «Ба туфайли Оне, ки қувват мебахшадам, ҳама кор аз дастам меояд» (Филиппиён 4:13, ТДН).

20. Чаро имтиёзи бузурги дуогӯиро бояд қадр намоем?

20 То чӣ андоза шукргузорем, ки Парвардигори олам наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро дар дуо дар ростӣ мехонанд! (Забур 144:18-ро хонед.) Биёед ҳамеша ин имтиёзи бузургро қадр карда, мунтазам ба Худо дуо бигӯем. Ин амал моро ба Парвардигор Яҳува, ки Гӯшдиҳанда ба дуоҳост, наздиктар хоҳад кард.