Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ҲАЖДАҲ

Таъмид ва дӯстии шумо бо Худо

Таъмид ва дӯстии шумо бо Худо
  • Таъмид чӣ тавр сурат мегирад?

  • Барои мувофиқат ба талаботи таъмид чӣ кор бояд кард?

  • Чӣ тавр худро ба Худо бахшидан мумкин аст?

  • Чаро таъмид гирифтан муҳим мебошад?

1. Чаро амалдори ҳабаш хост, ки таъмид бигирад?

«ИНАК, ОБ; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?» — Ин буд саволе, ки амалдори ҳабашӣ дар асри I аз ҳамсӯҳбаташ пурсон шуд. Лаҳзае пеш аз ин, ҳамсӯҳбати мард — пайрави Исо–пайғамбар бо номи Филиппус, ба ӯ собит кард, ки Масеҳи ваъдашуда Исо мебошад. Суханоне, ки марди ҳабаш ҳоло аз Китоби Муқаддас фаҳмид, ӯро чунон мутаассир карданд, ки вай хост мувофиқи онҳо амал намояд,— яъне таъмид бигирад! (Аъмол 8:26–36).

2. Чаро дар хусуси таъмид ҷиддан мулоҳиза бояд кард?

2 Агар бобҳои гузаштаи ин китобро бодиққат ҳамроҳи яке аз Шоҳидони Яҳува омӯхта бошед, шояд эҳсос кунед, ки шумо низ тайёред, то ба худ чунин савол диҳед: «Ба таъмид гирифтани ман чӣ монеъ аст?» То ба ҳол шумо аз Китоби Муқаддас дар бораи ваъдаи ҳаёти ҷовидонӣ дар Биҳишт фаҳмидед (Луқо 23:43, ТДН; Ваҳй 21:3, 4). Ҳамчунин дар хусуси ҳолати аслии мурдагон ва умеди эҳё дониш гирифтед (Воиз 9:5; Юҳанно 5:28, 29). Шояд аллакай бо Шоҳидони Яҳува дар ҷамъомадҳои онҳо ҳамсӯҳбат шудаед ва шахсан худатон дидед, ки чӣ тавр онҳо Худоро ба таври дуруст ибодат менамоянд (Юҳанно 13:35). Ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки шояд шумо бо Яҳува Худо муносибати дӯстонаро ривоҷ додаед.

3. a) Исо ба пайравонаш чӣ ҳукме дод? б) Таъмид чӣ гуна сурат мегирад?

3 Хоҳиши ба Худо хидмат карданатонро чӣ гуна зоҳир карда метавонед? Исо–пайғамбар ба пайравонаш гуфтааст: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ... таъмид диҳед» (Матто 28:19). Худи Исо низ дар об таъмид гирифта, дар ин кор намуна гузошт. Яҳё–пайғамбар ҳангоми таъмид додани Исо ба вай на қатраҳои об пошиду ва на аз сараш онро рехт (ҳамон гунае, ки имрӯз дар Калисоҳо мекунанд), балки худи Исоро пурра ба об ғӯтонид (Матто 3:16). Калимаи юноние, ки «таъмид» тарҷума шудааст, маънои “зери об кардан”–ро дорад, бинобар ин, ҳангоми таъмидгирӣ шахс пурра ба об ғӯтонида мешавад.

4. Таъмид аз чӣ шаҳодат медиҳад?

4 Барои ҳамаи онҳое, ки бо Яҳува Худо муносибати дӯстона доштан мехоҳанд, таъмид гирифтан шарт аст. Бо ин амал шумо хоҳиши ба Худо хидмат карданатонро дар назди омма аён месозед. Таъмидатон шаҳодат хоҳад дод, ки шумо ба иҷроиши иродаи Яҳува тайёр ҳастед (Забур 39:8, 9). Аммо пеш аз таъмид, ба баъзе талабот мувофиқат бояд кард.

ДОНИШ ВА ИМОН БОЯД ДОШТ

5. a) Қадами аввале, ки пеш аз таъмид бояд ниҳод, кадом аст? б) Чаро ташриф овардан ба ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува муҳим аст?

5 Шумо иҷроиши талаби аввалро аллакай сар кардед. Чӣ тавр? Ба туфайли омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас шумо Яҳува Худо ва Исои Масеҳро шинохта истодаед. (Юҳанно 17:3-ро хонед.) Вале барои омӯзиш ҳоло маълумоти зиёди дигаре мавҷуд аст. Ходимони Худо «аз дониши иродаи Ӯ [Худо] дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур» шудан мехоҳанд (Қӯлассиён 1:9). Ҳузур доштан дар ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува ба ин мусоидат хоҳад кард. Ташриф овардан ба чунин вохӯриҳо хело муҳим мебошад (Ибриён 10:24, 25). Агар ба ҷамъомадҳо мунтазам оед, ин ба шумо барои Худоро шинохтан кӯмак хоҳад кард.

Аз Каломи Худо омӯхтани дониш амали муҳимест барои мувофиқат ба талаботи таъмид.

6. Барои мувофиқат ба талаботи таъмид то кадом андоза дониш бояд дошт?

6 Албатта, барои мувофиқат кардан ба таъмид, донистани ҳар як чизе ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, дар талаб нест. Амалдори ҳабаш аз Навиштаҳои Муқаддас ба андозае дониш дошт, лекин барои фаҳмиши қисмҳои муайяни онҳо ба ӯ кӯмак лозим буд (Аъмол 8:30, 31). Мисли ин, ҳанӯз чизҳои зиёде барои омӯзиш шуморо дар пешанд. Аслан, донишандӯзӣ дар хусуси Худо амалест, ки анҷом надорад (Воиз 3:11). Лекин пеш аз он ки таъмид бигиред, бояд аққалан бо таълимоти асосии Китоби Муқаддас шинос шавед ва онҳоро қабул намоед (Ибриён 5:12). Баъзе аз ин таълимот чунин мавзӯъҳоро дар бар мегиранд: мурдагон аслан дар чӣ ҳолатанд, чаро донистан ва қабули номи Худо муҳим аст, ё Салтанати Худо чист.

7. Омӯзиши Китоби Муқаддас бояд чӣ таъсире ба шумо бирасонад?

7 Танҳо дониш андӯхтан кофӣ нест, зеро «бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест» (Ибриён 11:6). Китоби Муқаддас нақл мекунад, ки сокинони шаҳри қадимаи Қӯринтус хабари пайравони Масеҳро шунида, «имон оварданд ва таъмид гирифтанд» (Аъмол 18:8). Ба ҳамин тариқ, омӯзиши Китоби Муқаддас имони шуморо бар он ки ин китоб Каломи аз ҷониби Худо илҳомбахшидашуда аст, афзун менамояд. Инчунин, омӯзиши Китоби Муқаддас ба шумо ёрӣ хоҳад дод, ки ба ҳаққонияти ваъдаҳои Худо ва қувваи наҷотбахшанда доштани қурбонии Исои Масеҳ боварӣ ҳосил кунед (Еҳушаъ ибни Нун 23:14; Аъмол 4:12; 2 Тимотиюс 3:16, 17).

ҲАҚИҚАТИ КИТОБИ МУҚАДДАСРО БА ДИГАРОН НАҚЛ КУНЕД

8. Чӣ шуморо бармеангезад, ки дониши омӯхтаатонро ба дигарон нақл кунед?

8 Ҳар қадаре ки имон дар дилатон бузургтар гардад, ҳамон қадар дар хусуси дониши омӯхтаатон хомӯш будан душвортар хоҳад шуд (Ирмиё 20:9). Ва шумо дар вуҷуди худ хоҳиши калони ба дигарон дар хусуси Худову ниятҳои Ӯ нақл карданро эҳсос хоҳед кард. (2 Қӯринтиён 4:13-ро хонед.)

Имон бояд шуморо барангезад, ки ба дигарон дар хусуси донише ки омӯхтед, нақл намоед.

9, 10. a) Нақл кардани ҳақиқати Китоби Муқаддасро дар сӯҳбатҳо бо кӣ метавонед оғоз намоед? б) Агар бихоҳед, ки дар мавъизаи созмоншуда ба Шоҳидони Яҳува ҳамроҳ шавед, чӣ кор бояд кунед?

9 Нақли ҳақиқати Китоби Муқаддасро метавонед дар сӯҳбатҳои боилтифот бо хешовандон, дӯстон, ҳамсояҳо ва ҳамкоронатон оғоз намоед. Бо мурури вақт шумо хоҳиши дар мавъизаи созмоншуда ба Шоҳидони Яҳува ҳамроҳ гаштанро пайдо мекунед. Ин хоҳиши худро ба касе аз Шоҳидони Яҳува, ки дар омӯхтани Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мекунад, баён намоед. Агар ба талаботи ба кори мавъиза мувофиқат кардани шумо аён бошад, ду нафар аз пирони ҷамъомад бо шумоён вохӯрда, дар ин бора сӯҳбат мекунанд.

10 Ин вохӯрӣ ба шумо барои хубтар шинохтани пирони ҷамъомад, ки нигаҳбони «рамаи Худо» ҳастанд, ёрӣ мерасонад (Аъмол 20:28; 1 Петрус 5:2, 3). Агар ин пирон бубинанд, ки шумо таълимоти асосии Китоби Муқаддасро мефаҳмеду ба онҳо эътимод доред, мувофиқи принсипҳои Худо зиндагӣ мекунед ва дар ҳақиқат яке аз Шоҳидони Яҳува шудан мехоҳед, онҳо иҷозат хоҳанд дод, ки шумо ба сифати воизи таъмиднагирифта дар мавъизаи хушхабар ширкат варзед.

11. Барои баъзеҳо ба амал овардани чӣ гуна тағйирот шояд лозим ояд, то онҳо ба талаботи воизӣ мувофиқат кунанд?

11 Аз ҷониби дигар, барои мувофиқат ба талаботи воизӣ, шояд лозим бошад, ки тағйироте дар тарзи ҳаёт ва одатҳоятон дароваред. Ба ин дохил мешаванд қатъ кардани амалҳои нопоке, ки аз назари дигарон пӯшидаанд. Бинобар ин, пеш аз он ки хоҳиши воизи таъмиднаёфта шуданатонро баён намоед, зарур аст, ки гуноҳҳои ҷиддиро ба мисли бадахлоқии ҷинсӣ, бадмастӣ ва нашъамандӣ тарк намоед. (1 Қӯринтиён 6:9, 10 ва Ғалотиён 5:19–21-ро хонед.)

ТАВБА ВА РУҶӮЪ

12. Чаро тавба кардан муҳим аст?

12 Пеш аз он ки таъмид бигиред, қадамҳои дигаре ҳам бояд ниҳод. Петруси расул гуфтааст: «Тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв [«пок», ТТФ] гардад» (Аъмол 3:19). Тавба кардан маънои пушаймонии самимӣ аз амали кардаро дорад. Тавба кардан на фақат ба одамони бадахлоқ, балки ба онҳое ки ҳаёти нисбатан пок ба сар мебурданд, муҳим аст. Чаро? Чунки тамоми инсонҳо гунаҳкоранд ва ба бахшиши Худованд ниёз доранд (Румиён 3:23; 5:12). Пеш аз омӯзиши Китоби Муқаддас шумо намедонистед, ки иродаи Худо дар чист. Пас чӣ гуна метавонистед, ки ба таври пурра мувофиқ ба иродаи Худо зиндагӣ кунед? Аз ин рӯ, тавба кардан барои ҳар як инсон муҳим аст.

13. Руҷӯъ чист?

13 Баъд аз тавба руҷӯъ бояд кард. Танҳо пушаймонӣ аз амалҳои бад кофӣ нест. Бояд тарзи рафтори пешинро тарк карда, қотеъона қарор намоед, ки аз ин баъд ҳамеша барои аъмоли дуруст мекӯшед. Тавба ва руҷӯъ қадамҳоеанд, ки бояд пеш аз таъмид гузошта шаванд.

БА ХУДО БАХШИДАНИ ХУД

14. Қадами муҳими дигаре, ки пеш аз таъмид бояд гузошт, кадом аст?

14 Қадами муҳими дигаре ҳаст, ки пеш аз таъмид бояд ниҳод. Худро ба Яҳува бахшидан лозим аст.

Оё худро ба Худо дар дуо бахшидаед?

15, 16. «Худро ба Худо бахшидан» чӣ маъно дорад ва чӣ инсонро ба ин амал бармеангезад?

15 Вақте ки худро дар дуои самимӣ ба Яҳува Худо мебахшед, шумо ваъда медиҳед, ки абадан нисбати Ӯ садоқатмандии худро мутлақо нигаҳ хоҳед дошт (Такрори Шариат 6:15). Вале чаро инсон чунин хоҳиши ходими Худо шуданро пайдо мекунад? Барои ҷавоби ин савол, биёед ба намунае таваҷҷӯҳ кунем. Фарз мекунем духтаре ба ҷавоне маъқул мешавад. Ҳар қадаре ки хислатҳои хуби духтар ба назари ҷавон зиёдтар бирасанд, ҳамон қадар эҳсосоти ӯ нисбати духтар қавитар мегардад. Табиист, ки бо гузашти вақт ҷавон ба ӯ таклифи издивоҷ мекунад. Дуруст аст, ки издивоҷ масъулияти бештареро ба зиммаи ҷавон мегузорад. Лекин муҳаббати доштааш ӯро бармеангезад, ки чунин қарор бикунад.

16 Шиносоӣ бо Яҳува Худо ва муҳаббати ба Ӯ доштаатон шуморо бармеангезад, ки аз тамоми дил бечунучаро, яъне бе гузоштани шарту ҳудуд ба Ӯ хидмат намоед. Ҳар нафаре, ки мехоҳад ба ҳазрати Исо пайравӣ кунад, бояд «хештанро инкор» намояд (Марқӯс 8:34). «Инкор кардан»–и худ маънои онро дорад, ки чунин инсон итоат ба Худоро аз иҷроиши хоҳишу мақсадҳои шахсии худ авлотар медонад. Аз ин бармеояд, ки иҷроиши иродаи Худо бояд пеш аз таъмид гирифтанатон мақсади асосии ҳаёти шумо шуда бошад. (1 Петрус 4:2-ро хонед.)

АЗ НОБАРОРИҲО НАТАРСЕД

17. Барои чӣ баъзеҳо аз таъмид худдорӣ мекунанд?

17 Баъзеҳо дар бахшидани худ ба Яҳува дудилаанд, зеро ин амал хеле ҷиддист. Шояд онҳо аз бадӯшгирии масъулияте, ки баъд аз гузоштани ин қадам дар назди Худо хоҳанд дошт, меҳаросанд. Аз тарси он ки дар ҳар сурат Яҳуваро хафа мекунанд ва ё дар ин роҳ нобарор хоҳанд буд, ин гуна шахсон фикр мекунанд, ки таъмид нагирифтанашон беҳтар аст.

18. Чӣ шуморо бармеангезад, ки худро ба Яҳува Худо бубахшед?

18 Агар дар қалби худ муҳаббат ба Яҳуваро парварида бошед, он шуморо бармеангезад, ки худро ба Ӯ бубахшед ва барои мувофиқат ба он аз таҳти дил ҳаракат кунед (Воиз 5:3). Худро ба Худо бахшида, албатта шумо мехоҳед, ки «муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед» (Қӯлассиён 1:10). Азбаски Худоро дӯст медоред, иҷроиши иродаи Ӯ ба назари шумо аз ҳад душвор нахоҳад тофт. Бешакк, шумо бо суханҳои зерини Юҳаннои расул розӣ хоҳед буд: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3).

19. Чаро аз бахшидани худ ба Худо тарсидан лозим нест?

19 Барои худро ба Худо бахшидан бароятон инсони комил будан шарт нест. Яҳува ҳудуди имкониятҳои шуморо медонад ва ҳеҷ гоҳ аз шумо беш аз он ки карда метавонед, талаб намекунад (Забур 102:14). Ӯ некхоҳи шумост ва албатта шуморо дастгириву ёрӣ хоҳад дод. (Ишаъё 41:10-ро хонед.) Метавонед итминон дошта бошед, ки агар ба Яҳува бо тамоми дил такя намоед, «Ӯ роҳҳои шуморо ҳамвор хоҳад кард» (Масалҳо 3:5, 6).

ТАЪМИД: РАМЗИ БА ХУДО БАХШИДА ШУДАНИ ШУМО

20. Чаро ба Яҳува бахшида шудани шумо бояд ба дигарон низ аён гардад?

20 Мулоҳиза дар хусуси он чизҳое ки ҳоло муҳокима кардем, шояд шуморо ба қарори худро дар дуо ба Яҳува Худо бахшидан оварад. Вале ҳар нафаре, ки дар ҳақиқат Худоро дӯст медорад, бояд «[«дар назди халқ», ТДН] эътироф кунад, ки ин [имон] барои наҷоти ӯст» (Румиён 10:10). Чӣ гуна дар назди халқ эътироф кардани имон мумкин аст?

Таъмид рамзи мурдан барои тарзи пешини зиндагӣ ва зинда шудан барои иҷроиши иродаи Худоро дорад.

21, 22. Чӣ гуна имони худро дар назди халқ зоҳир карда метавонед?

21 Хоҳиши таъмид гирифтани худро ба координатори шӯрои пирон бигӯед. Ӯ вохӯрии шуморо бо пирони ҷамоат ташкил хоҳад кард, то бо ҳам таълимоти асосии Китоби Муқаддасро бори дигар дида бароед. Агар ин пирон розӣ гарданд, ки шумо ба талаботи таъмид мувофиқат мекунед, метавонед дар мавриди мусоиди наздиктарин таъмид бигиред *. Одатан, маърӯзае ки пеш аз таъмид садо медиҳад, маънои таъмидро бори дигар хотиррасон мекунад. Пас аз ин, нотиқ таъмидгирандагонро даъват менамояд, ки ба ду саволи оддӣ ҷавоб дода, дар назди халқ имонашонро эътироф намоянд.

22 Таъмид ба дигарон нишон медиҳад, ки шумо худро ба Худо бахшидаед ва акнун яке аз Шоҳидони Яҳува мебошед. Таъмидгиранда пурра ба об ғӯтонида мешавад, то ба дигарон шаҳодате бошад аз он ки ӯ ба Яҳува Худо бахшида шудааст.

МАЪНОИ ТАЪМИДИ ШУМО

23. Таъмид гирифтан «ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс» чӣ маъно дорад?

23 Исо гуфта буд, ки шогирдони вай «ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид» мегиранд (Матто 28:19). Ин чунин маъно дорад, ки таъмидгиранда ҳокимияти Яҳува Худо ва Исои Масеҳро эътироф мекунад (Забур 82:19; Матто 28:18). Ҳамчунин ӯ нақши нерӯи фаъоли Худо, яъне рӯҳулқудси Ӯро эътироф менамояд (Ғалотиён 5:22, 23; 2 Петрус 1:21).

24, 25. a) Таъмид рамзи чист? б) Ба кадом савол ҷавоб бояд ёфт?

24 Лекин таъмид танҳо амали ба об ғӯтонида шудан нест. Он рамзи басо муҳимест. Зери об шудан рамзи он аст, ки шумо барои ҳаёти пештараатон гӯё мурдед, яъне дигар мисли пешин зиндагӣ нахоҳед кард. Аз об бархостанатон ишора бар он мекунад, ки акнун шумо барои иҷроиши иродаи Худо гӯё эҳё шудед. Ҳамчунин дар хотир доред, ки шумо худро ба Худо бахшидед, на ба ягон кору ғоя, ё инсону ташкилоте. Бахшида шудану таъмид гирифтани шумо оғози дӯстии наздики шумо бо Худост (Забур 24:14).

25 Таъмид кафолати наҷот нест. Павлуси расул навиштааст: «Бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред» (Филиппиён 2:12). Таъмид фақат оғоз аст. Ин тавр бошад, чӣ гуна худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем? Ҷавоби ин саволро боби охирин пешниҳод мекунад.

^ сарх. 21 Маросими таъмид одатан дар анҷуманҳои ҳарсолаи Шоҳидони Яҳува мегузарад.