Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

Номи Илоҳӣ — истифода ва маънои он

Номи Илоҳӣ — истифода ва маънои он

ДАР нусхаи Китоби Муқаддаси шумо матни Забур 82:19 чӣ гуна тарҷума шудааст? Дар тарҷумаи форсии Навиштаҳои Муқаддас [83:18] ин матн чунин омадааст: «Ва бидонанд Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ». Дар баъзе тарҷумаҳои дигари Китоби Муқаддас, масалан «Тарҷумаи дунёи нав» низ дар ин матн номи Худо оварда шудааст. Ба ҳар ҳол, дар тарҷумаҳои зиёде номи Яҳува оварда нашуда, балки онро бо унвонҳое ба мисли «Худо», «Худованд» ё «Ҳаққи Таоло» иваз кардаанд. Пас, дар ин матн аслан бояд чӣ оварда шавад — унвон ва ё номи Худо — Яҳува?

Номи Худо, ки бо ҳарфҳои ибронӣ навишта шудааст

Дар ин матн сухан дар бораи ном меравад. Дар матни аслии Китоби Муқаддас, ки қисми зиёди он ба забони ибронӣ навишта шудааст, дар ин оят номи шахсии Худо омадааст. Он бо чор ҳарфи ибрӣ יהוה (ЙҲВҲ) навишта шудааст. Дар забони форсӣ-тоҷикӣ одатан чун Яҳува талаффуз мешавад. Оё ғайр аз ин оят, номи Худо дар дигар матнҳои Китоби Муқаддас вомехӯрад? — Бале. Дар нусхаи аслии Навиштаҳои Ибронӣ он тақрибан 7 000 маротиба зикр мешавад!

То чӣ андоза муҳим аст номи Худо? Ба дуои намунавие, ки Исои Масеҳ додааст, таваҷҷӯҳ фармоед. Он бо чунин суханон оғоз мешавад: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод» (Матто 6:9). Ҳамчунин, Исо-пайғамбар дуо карда буд, ки «Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дар ҷавоб Худо аз осмон садо дод: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол хоҳам дод» (Юҳанно 12:28). Яқин аст, ки аҳамияти номи Худо бузург мебошад. Пас чаро баъзе мутарҷимони Китоби Муқаддас ин номро дар тарҷумаҳои худ истифода накарда, онро бо унвонҳо иваз намудаанд?

Эҳтимол меравад, ки ду сабабе барои ин вуҷуд дорад. Аввалан, бисёриҳо иддао доранд, ки номи Худоро истифода кардан нашояд, зеро талаффузи аслии он имрӯз номаълум аст. Алифбои қадимии ибрӣ ҳарфҳои садонок надошт. Аз ин рӯ, имрӯз касе наметавонад бо боварии комил аниқ бигӯяд, ки дар давраҳои навишта шудани Китоби Муқаддас калимаи ЙҲВҲ чӣ тавр талаффуз мешуд. Вале магар ин чиз бояд моро аз хондани номи Худо боздорад? Тарзи аслии талаффузи номи Исо-пайғамбар низ аниқ маълум нест. Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас, онро шояд Ёшуа ё Ёҳошуа талаффуз мекарданд,— аниқашро ҳеҷ кас намедонад. Имрӯз ҳам одамони дунё номи Исоро ба таври гуногун талаффуз мекунанд, дар ҳамон шакле, ки дар забонашон қабул гаштааст. Ва онҳо чунин шаклҳои номи Исоро озодона истифода мебаранд, чунки аз тарзи талаффузи он дар асри I хабар надоранд. Шабеҳи ин, агар шумо ба мамлакати хориҷие сафар кунед, хоҳед дарёфт, ки талаффузи номи худи шумо дар забони дигар аз талаффузи аслии он фарқ мекунад. Пас, маълум набудани талаффузи қадимаи номи Худо набояд сабаби истифода накардани он бошад.

Сабаби дуввуми аксаран дар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас партофта шудани номи Худо бо урфу одати қадимаи яҳудиён алоқаманд аст. Аксарияти яҳудиён эътимод доранд, ки номи Худоро ба забон овардан мумкин нест. Ин эътиқод яқинан дар фаҳмиши нодурусти ҳукми зерини Китоби Муқаддас асос ёфтааст: «Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт» (Хуруҷ 20:7).

Ин қонун истифодаи ношоистаи номи Худоро манъ менамояд. Аммо оё ин ҳукм боэҳтиромона хондани номи Худоро манъ мекунад? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Нависандагони Навиштаҳои Ибронӣ («Аҳди Қадим») — ҳама мардони боимоне буданд, ки зери Шариати тавассути Мусо додаи Худо зиндагӣ мекарданд. Ва ҳар яки онҳо зуд-зуд номи Худоро истифода мекарданд. Масалан, ин ном дар таронаҳои зиёди Забур вомехӯрад, ки ходимони Худо ҷамъан месароиданд. Яҳува Худо ба ходимони худ ҳатто фармуда буд, ки номи Ӯро бихонанд ва содиқон ба ин амр итоат мекарданд (Юил 2:32; Аъмол 2:21). Бинобар ин, ходимони имрӯзаи Худо ҳам бедудилагӣ номи Худоро боэҳтиромона ба забон меоранд, ҳамон гунае ки Исо-пайғамбар мекард (Юҳанно 17:26).

Номи Худоро бо унвонҳои Ӯ иваз карда, тарҷумонҳои Китоби Муқаддас иштибоҳи бузурге карданд. Охир вақте ки одамон Китоби Муқаддасро мехонанду дар он номи Худо вонамехӯрад, Ӯ барояшон шахсияти дуре мегардад. Китоби Муқаддас бошад, моро ташвиқ мекунад, ки ба Худо наздик шавем (Яъқуб 4:8). Андеша кунед, ки агар номи дӯсти наздикатонро намедонистед, магар муносибати шумоён наздик буда метавонист? Монанди ин, агар одамон аз номи Худо бехабар монанд, чӣ тавр ба Ӯ ҳақиқатан наздик гашта метавонанд? Беш аз ин, одамоне ки номи Худоро истифода намебаранд, маънои аҷиби онро намедонанд. Номи Худо чӣ маъно дорад?

Худи Худо маънои номашро ба ходими содиқи худ — ҳазрати Мусо фаҳмондааст. Ҳангоме ки Мусо дар бораи номи Худо пурсид, Яҳува ҷавоб дод: «Ҳамоне хоҳам шуд, ки шуданашро мехоҳам» (Хуруҷ 3:14, ТДН). Дар тарҷумаи Ротерҳам ин матн чунин омадааст: «Ҳамоне ки хостам, хоҳам шуд». Бале, Яҳува метавонад ҳамоне гардад, ки барои иҷрои ниятҳояш лозим аст ва Ӯ барои иҷрои иродаи худ офаридаҳояшро барои кадом коре ки лозим аст, истифода мебарад.

Фарз мекунем, ки шумо ҳар касе ки лозим бошад, шуда метавонед. Дар ин сурат барои дӯстонатон чӣ кор хоҳед кард? Агар ягон нафари онҳо ба бемории сахте гирифтор шавад, магар табиби моҳире шуда, ӯро шифо намебахшед? Агар дигаре аз дӯстонатон ногаҳ аз моликияти худ маҳрум гардад, шумо метавонистед мутаваллии ӯ шавед. Дар ҳар сурат, имкониятҳои шумо, мисли ҳар яки мо маҳдуданд. Китоби Муқаддасро омӯхта, шумо хоҳед дид, ки чӣ гуна Яҳува ба таври ҳайратовар ҳамоне мегардад, ки барои иҷрои ниятҳояш лозим аст. Ва ба Яҳува истифодаи тавоноияш ба манфиати онҳое ки Ӯро дӯст медоранд, хуш меояд (2 Вақоеънома 16:9). Ин тарафҳои ҷолиби шахсияти Яҳува барои онҳое ки номи Ӯро намедонанд, пӯшидаанд.

Равшан аст, ки номи Яҳува бояд дар Китоби Муқаддас бошад. Донистану озодона дар ибодатамон истифода бурдани он моро ба Падари осмониамон — Яҳува Худо боз наздиктар месозад *.

^ сарх. 12 Маълумоти бештар дар хусуси номи Худо ва сабабҳои истифодаи он, дар рисолаи «Номи Илоҳӣ ҷовидонист» — нашри Шоҳидони Яҳува (рус.), мавҷуд аст. Ҳамчунин нигаред ба брошураи «Маълумотнома барои омӯзиши Каломи Худо», саҳ. 1–5.