Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

Пешгӯиҳои Дониёл-пайғамбар дар бораи зоҳир шудани Масеҳ

Пешгӯиҳои Дониёл-пайғамбар дар бораи зоҳир шудани Масеҳ

ДОНИЁЛ-ПАЙҒАМБАР зиёда аз 500 сол пеш аз тавлиди Исои Масеҳ зиндагӣ мекард. Бо вуҷуди ин, Яҳува ба Дониёл маълумотеро ошкор кард, ки тавассути он муайян кардани вақти бо рӯҳулқудс чун Масеҳ тадҳин гаштани Исо имконпазир шуд. Дониёл гуфта буд: «Бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола» (Дониёл 9:25).

Барои муайян кардани вақти зоҳир шудани Масеҳ, дар аввал бояд санаеро муайян кунем, ки дар он пешгӯии Дониёл дар хусуси омадани Масеҳ ба иҷроиш сар мекунад. Мувофиқи пешгӯӣ ҳисобро «аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим» оғоз бояд кард. Ин фармон кай баромад? Яке аз нависандагони Китоби Муқаддас пайғамбар Наҳемё шаҳодат медиҳад, ки қарор дар бораи аз нав бино кардани деворҳои Ерусалим дар «соли бистуми подшоҳ Артаҳшасто» баромад (Наҳемё 2:1, 5–8). Таърих далел аст, ки соли 474 қ. д. мо соли якуми ҳукмронии Артаҳшасто буд. Пас, соли бистуми ҳукмронии ӯ ба соли 455 қ. д. мо рост меояд. Акнун санае, ки дар он пешгӯии Дониёл дар хусуси Масеҳ ба иҷроиш сар кард, ба мо маълум шуд, — он соли 455- и қ. д. мо мебошад.

Дониёл муддати вақтеро, ки бояд то омадани «Масеҳи Раис» мегузашт, нишон дод. Дар пешгӯӣ гуфта мешавад, ки ин муддат ҳафт ҳафтсола ва шасту ду ҳафтсола — ҳамагӣ 69 ҳафтсола аст. Мафҳуми «ҳафтсола» барои яҳудиёни қадим чун воҳиди вақт хуб шинос буд. Масалан, онҳо ҳар соли ҳафтумро чун соли Шанбе, ҳар рӯзи ҳафтумро рӯзи Шанбе қайд мекарданд (Хуруҷ 23:10, 11). Хулоса, 69 ҳафтсолаи пешгӯишуда 483 солро дар бар мегирад.

Акнун метавонем ҳисоб кунем. 483 сол баъд аз соли 455 - уми қ. д. мо соли 29-уми д. мо меояд. Ин маҳз ҳамон солест, ки Исо таъмид гирифта, Масеҳ гашт! * (Луқо 3:1, 2, 21, 22). Ин пешгӯии Китоби Муқаддас ба таври аҷибе айнан иҷро шуд!

^ сарх. 6 Аз соли 455-и қ. д. мо то соли 1-уми қ. д. мо 454 сол сипарӣ гашт. Аз соли 1-уми қ. д. мо то соли 1-уми д. мо як сол гузаштааст (зеро соли сифрӣ вуҷуд надорад). Ва аз соли 1-уми д. мо то соли 29-уми д. мо 28 сол гузаштааст. Ҳосили ҷамъи ин се давраи вақт (454+1+28) 483 солро ташкил медиҳад. Дар соли 33 д. мо, дар давоми ҳафтсолаи 70-ум Исо «талаф» шуд (Дониёл 9:24, 26). Нигаред ба боби 11-уми китоби «Ба пешгӯиҳои Дониёл таваҷҷӯҳ кунед!» (рус.) ва энсиклопедияи «Назари амиқ ба Навиштаҳои Муқаддас» (рус.), мақолаи «Семьдесят недель». Ҳар ду китоб нашри Шоҳидони Яҳува аст.