Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

«Рӯҳ» ва «ҷон» аслан чистанд?

«Рӯҳ» ва «ҷон» аслан чистанд?

БА ФИКРИ шумо калимаҳои «рӯҳ» ва «ҷон» чӣ маъно доранд? Бисёриҳо ақида доранд, ки онҳо як ҷузъи ноаёни ҷисми инсонанд, ки ҳангоми марги ҷисм онро тарк карда, ба зиндагӣ идома медиҳанд. Азбаски чунин эътиқод хеле паҳнгашта дар ҷаҳон мебошад, баъзеҳо аз донистани он ки таълимоти Китоби Муқаддас дар ин бора тамоман дигар аст, ба ҳайрат меоянд. Хуб, Каломи Худо дар хусуси рӯҳу ҷон чӣ мегӯяд?

«ҶОН» ЧИСТ

Аввалан, биёед бубинем, ки ҷон чист. Шояд дар хотир дошта бошед, ки Китоби Муқаддас аслан ба забони иброниву юнонӣ навишта шудааст. Дар ҷои калимаи «ҷон» дар матни ибронӣ néphesh (нефеш) ва дар юнонӣ psykhé (психи) омадааст. Ин ду калима дар Навиштаҳои Муқаддас зиёда аз 800 маротиба вомехӯранд, дар «Тарҷумаи дунёи нав» онҳо дар матни асосӣ ё дар эзоҳҳо «ҷон» тарҷума шудаанд. Агар тарзи калимаҳои «ҷон» ё «ҷонҳо»-ро истифода кардани Китоби Муқаддасро таҳлил бикунем, аён мегардад, ки ин калима асосан ба маънои 1) одамон, 2) ҳайвонот, 3) ҳаёти одамон ё ҳайвонот меояд. Таваҷҷӯҳ фармоед ба баъзе аз оятҳои Китоби Муқаддас, ки калимаи «ҷон» дар онҳо ба ин се маъно истифода шудааст.

Одамон. «Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид ва одам ҷони зинда шуд» (Ҳастӣ 2:7). Равшан аст, ки калимаи «ҷон» дар ин матн ба одам ишора мекунад. Ё таваҷҷӯҳ кунед ба ояте аз Забур: «Ҷонам аз андӯҳ об шудааст, аз рӯи каломи Худ маро қоим гардон» (Забур 118:28). Ин ҷо зери калимаи «ҷон» худи забурнавис дар назар аст. Мисолҳои дигаре, ки дар Китоби Муқаддас ба маънои одам омадани калимаи «ҷон»-ро тасдиқ мекунанд, дар оятҳои Доварон 16:16 ва Айюб 19:2 мавҷуданд.

Ҳайвонот. Ҳангоми тасвири офариниши ҳайвонот Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Ва Худо гуфт: “Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд”. Ва Худо гуфт: “Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, чорпоён, ва ҳайвоноти хазанда, ва ҳайвоноти ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад”. Ва чунин шуд» (Ҳастӣ 1:20, 24). Дар ин оятҳо калимаи «ҷон» барои тасвири ҳайвоноти обӣ, ваҳшӣ ва хонагӣ истифода шудааст. Дар ояти Ҳастӣ 9:10 низ ҳайвон «ҷон» номида мешавад.

Ҳаёти инсон. Баъзан зери калимаи «ҷон» дар Китоби Муқаддас ҳаёти инсон дар назар аст. Яҳува ба Мусо-пайғамбар гуфта буд: «Ҳамаи онҳое ки қасди ҷони ту доштанд, мурдаанд» (Хуруҷ 4:19). Душманони Мусо чӣ кор карданӣ буданд? Онҳо Мусоро аз ҳаёт маҳрум карданӣ буданд. Пештар аз ин, Роҳел ҳангоми таваллуд кардани писараш Бинёмин «ҷон» дод (Ҳастӣ 35:16–19). Дар он вақт риштаи ҳаёти Роҳел канда шуд. Ба ин суханони Исо низ таваҷҷӯҳ кунед: «Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад» (Юҳанно 10:11). Исо барои инсоният ҷони худ, яъне ҳаёташро фидо намуд. Чуноне ки аз ин оятҳо бармеояд, калимаи «ҷон» ба ҳаёти инсон ишора мекунад. Инро оятҳои зиёди дигаре низ тасдиқ мекунанд, масалан 3 Подшоҳон 17:17–23; Матто 10:39; Юҳанно 15:13 ва Аъмол 20:10.

Аз омӯзиши минбаъдаи Каломи Худо шумо эътимод ҳосил мекунед, ки дар ягон ҷои Китоби Муқаддас «ҷон» чун чизи намирандаву абадӣ тасвир нашудааст. Баръакс, Навиштаҳо мегӯянд, ки ҷон миранда аст (Ҳизқиёл 18:4, 20).

«РӮҲ» ЧИСТ

Акнун биёед бубинем, ки зери калимаи «рӯҳ» Китоби Муқаддас чиро дар назар дорад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки калимаи «рӯҳ» ҳаммаъно бо «ҷон» аст. Аммо аслан чунин нест. Аз Китоби Муқаддас бармеояд, ки ин мафҳумҳо дорои маъноҳои гуногунанд. Онҳо чӣ фарқе байни ҳам доранд?

Калимае, ки «рӯҳ» тарҷума шудааст, дар матни аслии Китоби Муқаддас ба забони ибронӣ чун rúach (руах) ва ба забони юнонӣ чун pneúma (пневма) омадааст. Худи Навиштаҳо шарҳ медиҳанд, ки ин калимаҳо чӣ маъно доранд. Масалан, дар Забур 103:29 навишта шудааст: «Рӯҳ [ruach]-и онҳоро кашида мегирӣ, мемиранд ва ба хоки худ бармегарданд». Дар Яъқуб 2:26 қайд шудааст, ки «ҷисм бе рӯҳ [pneuma] мурда аст». Мувофиқи ин оятҳо «рӯҳ» чизест, ки ҷисмро зинда нигоҳ медорад. Бе рӯҳ ҷисм мурда аст. Аз ин сабаб, калимаи руах дар Китоби Муқаддас на танҳо чун «рӯҳ», балки ҳамчун «нерӯи зиндагибахш» (ТДН) ё «рӯҳи ҳаёт» низ тарҷума шудааст, масалан пеш аз Тӯфони Нӯҳ Худо гуфта буд: «Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт [ruach] дар он бошад, аз зери осмон нест кунам» (Ҳастӣ 6:17; 7:15, 22). Ҳамин тавр, калимаи «рӯҳ» қувваи ноаён (шарораи ҳаёт) аст, ки махлуқотро зинда нигоҳ медорад.

Ҷон ва рӯҳ як чиз нестанд. Барои зиндагии ҷисм рӯҳ лозим аст, ҳамон гунае ки қувваи барқ барои кор кардани радио. Бе қувваи барқ радио кор намекунад. Монанди ин, рӯҳ низ қувваест, ки ҷисми моро зинда медорад. Мисли қувваи барқ рӯҳ низ ҳиссиёт ё ақл надорад. Он нерӯи бешахсият аст. Вале бе ин нерӯи ҳаёт ҷисми мо ба гуфти забурнависе «мемирад ва ба хоки худ бармегардад».

Дар хусуси он ки пас аз марг бо одам чӣ мешавад, ояти Воиз 12:7 чунин мегӯяд: «Хок [-и ҷисми ӯ] бар замин баргардад, ончунон ки буд; ва рӯҳ назди Худо, ки онро бахшида буд, баргардад». Ҳангоме ки рӯҳ ё нерӯи зиндагӣ баданро тарк мекунад, ҷисм мемирад ва ба хок мубаддал мегардад, ки аз он гирифта шудааст. Рӯҳ низ ба диҳандаи он — Худо бармегардад (Айюб 34:14, 15; Забур 35:10). Ин маънои онро надорад, ки нерӯи зиндагӣ ҳақиқатан ба осмон меравад. Баргаштани рӯҳ ё нерӯ ба Худо ба он маъност, ки умеди дар оянда аз нав зиндагӣ кардани инсон аз Яҳува Худо вобаста аст. Ба таври дигар гӯем, ҳаёти одам дар дасти Худост. Танҳо Худо қодир аст, ки рӯҳ ё нерӯи зиндагиро ба инсон баргардонад, яъне ӯро аз нав зинда кунад.

Чӣ тасаллибахш аст донистани он ки Худо «ҳамаи онҳоеро ки дар қабр мебошанд», зинда хоҳад кард! (Юҳанно 5:28, 29). Дар он вақти эҳё, Яҳува ба онҳо ҷисми нав мебахшад ва ба он рӯҳ ё нерӯи ҳаёт ато карда, зинда мекунад. Хеле шодиовар хоҳад буд он замон!

Агар бихоҳед, ки дар хусуси мафҳумҳои дар Китоби Муқаддас истифодашудаи «ҷон» ва «рӯҳ» бештар биомӯзед, бароятон хондани рисолаи «Баъд аз марг бо инсон чӣ мешавад?» (рус.) ва саҳифаҳои 131–135 ва 139–144-и китоби «Музокира дар асоси Китоби Муқаддас» (рус.) муфид хоҳад буд (ҳар ду ҳам нашри Шоҳидони Яҳува ҳастанд).