Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

«Бобили бузург» чист?

«Бобили бузург» чист?

КИТОБИ Ваҳй дар худ ибораҳое дорад, ки онҳо набояд айнан фаҳмида шаванд. Масалан, он дар хусуси зане нақл мекунад, ки дар пешониаш номи вай — «Бобили Бузург» навишта шудааст. Ин зан бар «одамон ва қавмон» нишастааст (Ваҳй 17:1, 5, 15). Азбаски ягон зани воқеӣ ин тавр карда наметавонад, Бобили Бузург мафҳумест рамзӣ. Хуб, рамзи чист ин фоҳиша?

Дар матни Ваҳй 17:18 ин зани маҷозӣ чун «шаҳри бузург аст, ки бар подшоҳони замин салтанат меронад». Калимаи «шаҳр» ба ҷамъи одамони дар як гурӯҳ муташаккил ишора мекунад. Азбаски ин «шаҳри бузург» бар «подшоҳони замин салтанат меронад», зане ки «Бобили Бузург» ном дорад, бояд созмони бонуфузе дар миқёси ҷаҳонӣ бошад. Онро империяи ҷаҳонӣ номидан дуруст мебуд. Доираи таъсири он чиро дар бар мегирад?

— Динро. Биёед, хабарҳои ба он дахлдоштаи китоби Ваҳйро бубинем, ки моро ба чунин хулоса меоранд.

Империя метавонад сиёсӣ, тиҷоратӣ ва динӣ бошад. Зане, ки «Бобили Бузург» номида шудааст, империяи сиёсӣ нест, зеро Каломи Худо мегӯяд, ки «подшоҳони замин», яъне унсурҳои сиёсии ин ҷаҳон, «бо вай зино карданд». Вай чунин бадахлоқиро истифода бурда бо ҳокимони замин аҳду созишҳо бастааст ва ба хотири ба даст овардани қудрат ва таъсир ба онҳо, ҳар кори аз дасташ меомадаро кардааст. Ана барои ҳамин вай «фоҳишаи бузург» номида шудааст (Ваҳй 17:1, 2; Яъқуб 4:4).

Бобили Бузург империяи тиҷоратӣ буда наметавонад, чунки «тоҷирони замин», ки унсурҳои тиҷоратианд, ҳангоми нобудшавии он «гиряву навҳа хоҳанд кард». Аслан Китоби Муқаддас ҳам подшоҳону ҳам тоҷиронро чун онҳое тасвир менамояд, ки аз Бобили Бузург «дуртар истода», ба он менигаранд (Ваҳй 18:3, 9, 10, 15–17). Аз ин рӯ, хулосаи дуруст ин аст, ки Бобили Бузург империяи сиёсиву тиҷоратӣ не, балки фақат динӣ аст.

Далели дигаре ҳаст, ки дин будани Бобили Бузургро тасдиқ мекунад. Китоби Ваҳй мегӯяд, ки аз «ҷодуи» ин зан «ҳамаи халқҳо дар иштибоҳ афтодаанд» (Ваҳй 18:23). Азбаски ҳама шаклҳои робита бо арвоҳ аз дину аз девҳо сарчашма мегиранд, дар Китоби Муқаддас «маскани девҳо» номида шудани Бобили Бузург тааҷҷубовар нест (Ваҳй 18:2; Шариат 18:10–12). Ин империя ҳамчунин чун муқовиматгаре бар дини ҳақ ва таъқибгари «анбиё ва муқаддасон» тасвир шудааст (Ваҳй 18:24). Адовати Бобили Бузург ба дини ҳақ то андозае бузург аст, ки ин фоҳишаи рамзӣ «шоҳидони Исо»-ро ба таъқиботи бераҳмона ва ҳатто ба марг гирифтор мекунад (Ваҳй 17:6). Ҳамон тавре ки мебинем, зан бо номи «Бобили Бузург» рамзи маҷмӯи динҳои козиб ва ё ҳамаи динҳоест, ки ба Яҳува Худо муқовимат мекунанд.