Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

Оё идҳоро ҷашн гирифтан лозим аст?

Оё идҳоро ҷашн гирифтан лозим аст?

ИДҲОИ динӣ ва дунявие, ки имрӯз дар ҳама ҷой маъмул гаштаанд, дар Китоби Муқаддас асос намеёбанд. Пас онҳо аз куҷо реша мегиранд? Бо ёрии адабиёти маълумотдиҳанда тадқиқ карда, пайдоиши ин идҳоро фаҳмидан мумкин аст. Таваҷҷӯҳ кунед ба чанд мисол.

Пасха. «Дар ҳеҷ ҷои Аҳди Ҷадид ишора дар бораи ҷашни эҳёи Исо намеравад»,— иқтибос аз «Энсиклопедияи бритониёӣ». Иди Пасха чӣ гуна пайдо шуд? Он аз дини козиб реша мегирад. Гарчанде ки ин идро гӯё ба шарафи эҳёи Исо қайд мекунанд, расму одатҳои ҷашн аз дини козиб омадаанд. Масалан, дар китоби «Энсиклопедияи католикӣ» гуфта мешавад, ки «харгӯш (он таоми идонаи ин ҷашн аст) нишонаи бутпарастона ва ҳамеша рамзе бар борварӣ буд».

Иди Соли Нав. Рӯзу одатҳои ҷашни Соли Нав дар мамлакатҳои гуногун фарқ мекунанд. Дар бораи пайдоиши ин ид «Энсиклопедияи Уорлд Бук» чунин мегӯяд: «Ҳокими Рум Юлий Тсезар дар соли 46-и қ. д. мо қарор кард, ки 1-уми январ аввали сол ҳисобида шавад. Румиён ин рӯзро ба Янус — худои дароишу бароиш, дару дарвозаҳо ва ибтидоҳо бахшиданд. Моҳи январ ба шарафи худо Янус номида шудааст, ки ӯро бо ду қиёфа тасвир мекарданд — яке ба пеш менигарист, дигаре ба қафо». Хулоса, баромади иди Соли Нав аз одатҳои бутпарастона мебошад.

Ҳеллоуин. «Энсиклопедияи амрикоӣ» мегӯяд: «Ҷузъиёти урфу одатҳои иди Ҳеллоуин ба давраҳои томасеҳӣ мансуб буда, аз урфу оинҳои друидҳо — коҳинони келтҳои қадим реша гирифтаанд. Келтҳо ба шарафи ду худои асосиашон — худои офтоб ва худои мурдагон ид меоростанд, ки ҷашни бахшида ба дуввумӣ рӯзи 1-уми ноябр (рӯзи соли нави келтҳо) қайд мешуд. Тадриҷан ин ҷашн дар қатори идҳои масеҳӣ ҷой гирифт».

Идҳои дигар. Муҳокима кардани тамоми идҳое, ки имрӯз ҷашн мегиранд, имконнопазир аст. Дар ҳар сурат, идҳое ки одамон ё созмонҳои одамиро ҳамд мекунанд, мавриди қабули Яҳува нестанд (Ирмиё 17:5–7; Аъмол 10:25, 26). Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки решаи идҳои динӣ нишон медиҳад, ки Худо онҳоро қабул медорад, ё не (Ишаъё 52:11; Ваҳй 18:4). Принсипҳои Китоби Муқаддас, ки дар боби 16-и ин китоб оварда шудаанд, ба шумо барои муайян кардани нуқтаи назари Худо ба ин ё он ид кӯмак мекунанд.